Иттилоия

№32 (4138) 14.03.2020

Дар бораи кушодашавии ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 

Ба маълумоти вакилони тозаинтихоби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон расонда мешавад, ки ҷаласаи якуми Иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум 17 марти соли 2020, соати 10:00 дар толори маҷлисгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 марти соли 2020 аз соати 8:00 то 17:00 дар ошёнаи якум, утоқи 1, бинои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта мешаванд.

 

Телефонҳо барои маълумот: 23 — 57; 221- 30 — 84.