Робитаҳои байнипарламентӣ

Ивета Григули: «Иттиҳоди Аврупо Тоҷикистонро шарики боэътимод меҳисобад»

№130 (3767) 04.11.2017

DSC_7919Дуюми ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе бо ҳамраисии раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода ва раиси ҳайати парлумонии Иттиҳоди Аврупо хонум Ивета Григули ҷаласаи шашуми Кумитаи ҳамкории парлумонии Тоҷикистон – Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид.

Шариф Раҳимзода зимни ифтитоҳ ҳайати парлумонии Иттиҳоди Аврупоро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, иброз дошт, ки ҳамоиши шашуми Шӯрои ҳамкории парлумонии Тоҷикистон – Иттиҳоди Аврупо барои тақвияти муносибатҳои гуногунсамт мусоидат намуда, заминаи гуфтугӯ ва мубоҳисот байни аъзои Шӯрои ҳамкории парлумонии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро фароҳам оварда, ҳамчунин мавриди муносиб ҷиҳати баҳс ва баррасӣ дар мавзӯъҳои гуногун ба шумор меравад.

DSC_7902Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон Иттиҳоди Аврупоро шарики  муҳимтарини байналмилалӣ барои Тоҷикистон унвон карда, афзуд, ки нақши он дар имзои  Созишномаи  умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, таҳкими раванди демократикунонии ҷомеа, ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаҳои муҳимтарини ҷумҳурӣ, аз ҷумла иқтисод, рушди бахши иҷтимоӣ ва ҳифзи муҳити зист ниҳоят арзанда мебошад.

Хонум Ивета Григули баргузории ҷаласаро қадами муҳим дар рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо маънидод карда, аз рушду инкишофи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат изҳори қаноатмандӣ намуд ва фароҳам овардани шароити боз ҳам  мусоидро ба хотири таъмини пешрафтҳои муносиб орзуманд шуд. Номбурда, ҳамчунин иброз дошт, ки Иттиҳоди Аврупо Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз шарикони боэътимод ва муҳим дар Осиёи Марказӣ дониста,  омода аст дар ҳама самт аз мавқеи он пуштибонӣ намояд. «Мо шоҳиди пешрафтҳои иқтисодӣ ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардуми Тоҷикистон тайи солҳои охир ҳастем ва умед дорем, ки ин раванд дар оянда низ беҳтару хубтар ҷараён хоҳад гирифт», — гуфт хонум Ивета Григули.

Сипас, аъзои Шӯрои  ҳамкории  парлумонии Тоҷикистон – Иттиҳоди Аврупо масъалаҳо дар бораи  вазъи сиёсӣ дар Тоҷикистон ва муносибатҳо миёни Парламенти Иттиҳоди Аврупо ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазъи иқтисодӣ ва мушкилиҳои Тоҷикистон, ислоҳоти иқтисодию иҷтимоӣ, муҳити сармоягузорӣ ва ҷалби сармоя аз кишварҳои аврупоӣ, рушди минтақавӣ ва ҳолати имрӯзаи  ҳамкориҳои Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин, вобаста ба масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони Иттиҳоди Аврупо, мубориза бар зидди хатарҳои инсонӣ, аз қабили терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, масъалаҳои аграрӣ ва имкони воридшавӣ ба бозорҳои аврупоӣ, таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, туризм, кишоварзӣ, афзоиши ҳаҷми тиҷорат, аз ҷумла боло бурдани мизони содироту воридот, густариши муносибот дар бахшҳои обу энергетика, фароҳам овардани фазои мусоиди ҳуқуқӣ дар Тоҷикистону кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо, рушди демократия, озодии сухан, мавзӯъҳои марбут ба илму маориф, техникаю технология ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор сурат гирифт.

Дар хотима оид ба натиҷаҳои ҷаласа Эъломияи муштарак қабул ва раисони ҳайатҳои парлумонии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо Шариф Раҳимзода ва Ивета Григули барои рӯзноманигорон нишасти матбуотӣ баргузор намуданд.

 Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ