Китобхонаи парламент. Дар он усулҳои нави хизматрасонӣ ҷорӣ мегардад

№34 (3671) 30.03.2017

DSC_0582Китобхонаи парламенти Тоҷикистон аз як толори калон иборат аст. Мудири он Меҳринисо Аҳмадова, ки собиқадори соҳаи китобу китобдорӣ мебошад, гуфт, ки айни замон шумораи аъзои доимии онҳо 120 нафарро ташкил медиҳад ва дар хазина 13976 нусха адабиёту нашрияҳои гуногун мавҷуд аст.

Аз ин шумора 1160 нусха ба адабиёти бадеӣ, 1360 ба соҳаи ҳуқуқ, 140 ба иқтисод, 750-тои дигар ба соҳаи таърих ва ғайра мутааллиқ мебошанд. Илова бар ин, 1026 адад рӯзномаю маҷалла, 132 энсиклопедия, 131 луғат ва 3550 ахбори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд аст. Дар як гӯшаи китобхона нашрияҳои даврӣ, аз ҷумла «Садои мардум», «Ҷумҳурият», «Минбари халқ», «Народная газета», «Аргументы и факты», «Тоҷикистон», «Боҷу хироҷ», «Миллат», «Азия плюс», «Халқ овози», «Оила» ва «Парламентская газета» (Россия) ҷой дода шудааст.

- Мо бо китобхонаҳои парламенти Федератсияи Россия, дигар ҷумҳуриҳои ИДМ ҳамкорӣ карда, додугирифти адабиёти гуногун ва нашрияҳои расмиро ба роҳ мондаем. Ба китобхонаҳои якдигар нусхаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла, қонунҳои амалкунанда, шартномаву созишнома, рӯзномаву маҷалла ва дигар адабиёти расмиро ирсол менамоем. Масалан, «Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва рӯзномаи «Народная газета» ба китобхонаи Думаи давлатӣ ­дастрас мегардад, — мегӯяд мудири китобхона М. Аҳмадова.

Чун дар бораи фаъолнокии хонандагони китобхона пурсон шудем, М. Аҳмадова иброз дошт, ки қисми зиёди вакилон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон аъзои китобхонаанд. Таваҷҷуҳи онҳо асосан ба адабиёти соҳаи ҳуқуқ, иқтисод ва бадеӣ зиёд аст. Вакилони Маҷлиси намояндагон Олимҷон Бобоев, Зуфар Исмоилзода, Мусаллам Қодирова, Ҷамшед Муртазоқулов, Дилрабо Мансурӣ, Дилшод Исматуллоев, Абдуҳалим Ғаффоров, Абдуғаффор Раҳмонзода, Ҷаббор Ахмедов, Миралиён Қиёмиддин, Мавзуна Шарофидинова, Ҳаёт Одинаев, Абдураҳим Холиқзода ва кормандони Дастгоҳ — Колчина Галина, Занҷира Элиева, Суханоро Абдумамадова, Шариф Шарифов, Рухшона Холова, Шабнам Айниддинова, Шукрулло Асроров, Зулфия Баротова, Машҳура Усмонова, Гулнора Алиева, Фирӯз Холов, Хайриниссо Аҳмадова, Воҳид Аслонов, Гулрухсор Сайдалиева, Шамсия Ҳалимова ва Наҷибулло Оқилзода аз зумраи хонандагони фаъоли китобхона маҳсуб меёбанд.

Вобаста ба он ки Хазинаи китобхона аз кадом ҳисоб пурра мегардад, М. Аҳмадова ҷавоб дод, ки бо китобхонаҳои ҷумҳурӣ ва Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҳамкорӣ дорем. Чанде пеш аз Маркази миллии қонунгузорӣ ба китобхона 46 адад китоб вобаста ба соҳаи ҳуқуқ ворид гардид. Аз китобхонаи илмии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бошад, 20 нусха адабиёти гуногунсоҳа фиристоданд. Бояд зикр намуд, ки дар ғанӣ гардонидани хазинаи китобҳо саҳми вакилон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон низ зиёд аст. Аз ҷумла, вакилони Маҷлиси намояндагон Абдураҳим Холиқзода, Ҷамшед Муртазоқулов, Эмомалӣ Насриддинзода, Қиёмиддин Миралиён, инчунин, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов, корманди шуъбаи тарҷума, таҳрир ва нашри Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Мирзоамин Мирсаидов ба китобхона даҳҳо нусха китоб тақдим намуданд.

Меҳринисо Аҳмадова афзуд, ки аз ҷумлаи рӯйдодҳои тозаи китобхона дар робита ба усулҳои ҳозиразамони хизматрасонӣ ҷорӣ гардидани барномаи «ИРБИС» мебошад. Ин имкон медиҳад, ки хонандагон аз тариқи шабакаи интернетӣ оид ба мавҷуд будани ин ё он китоб дар китобхона маълумот пайдо намоянд. Вакилон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон метавонанд бевосита аз ҳуҷраи корӣ адабиёти заруриро фармоиш диҳанд. Айни замон 1125 китоб ба барномаи «ИРБИС» ворид карда шудааст. Бовар дорам, ки дар оянда китобхона шакли электронии китобҳоро ба хонандагон дастрас менамояд.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ