Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Кодекси нақлиёти автомобилӣ қабул гардид

№21 (4127) 15.02.2020

Вакилони Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳрири нав пазируфтанд

Дувоздаҳуми феврали соли 2020 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум доир шуд.


DSC_5813
РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 48 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 — уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Дар бораи лоиҳаи Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

2. Дар бораи лоиҳаи Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

РАИС: - Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Дар бораи лоиҳаи Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ба вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Худоёр Завқибек дода мешавад.

ХУДОЁРЗОДА Худоёр Завқибек:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади мутобиқ намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи конвенсияю созишномаҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, таҳия гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки бо дарназардошти рушди бемайлони соҳаи нақлиёт дар минтақа ва навоварию механизмҳои муосир, ки қаблан дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа пешбинӣ нагардида буданд, дар идоракунӣ ва танзими давлатии нақлиёти автомобилӣ баъзе мушкилиҳо ба миён омад. Вобаста ба ин, дар лоиҳаи Кодекси нақлиёти автомобилӣ механизми васеи шарикии давлат ва бахши хусусӣ, механизмҳои нав барои таъмини рушди устувори соҳа ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои нақлиёти автомобилӣ ба аҳолӣ, ки қаблан дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа пурра фаро гирифта нашуда буданд, аз ҷумла, истифодабарии нақлиёти автомобилӣ барои эҳтиёҷоти худӣ пешбинӣ гардид.

Масъалаи мазкур барои аз байн бурдани нофаҳмиҳо байни мақомоти назоратӣ, бористеҳсолкунанда ва интиқолдиҳанда, ки дар санадҳои амалкунанда умуман пешбинӣ нагардидааст ва пайваста дар ин хусус баҳсҳо ба вуқӯъ мепайванданд, нигаронида шудааст.

Ҳамчунин, дар раванди ҳамлу нақл дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ ширкатҳои беэътимод ва каммасъулияте фаъолият менамуданд, ки пешниҳоди хизматрасонии нақлиётӣ аз ҷониби онҳо дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда намешуд. Аз ин рӯ, дар лоиҳаи кодекс талаботи эътибори мусбӣ (деловая репутация) ва салоҳиятнокии касбии кормандон (профессиональная компетентность) пешбинӣ шудааст. Механизмҳои мазкур бо мақсади таъмини рақобати озод ва солим, рушди ширкатҳои боэътимод дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ ва фарогирии аҳолӣ бо хизматрасонии самарабахшро дар бар мегиранд.

Хушбахтона, солҳои охир соҳаи хизматрасонӣ тариқи нақлиёти сабукрави таксӣ дар кишварамон рушд ва ба ин восита ҳазорҳо ҷойи нави корӣ таъсис ёфт (хусусан, дар пойтахти кишварамон — шаҳри Душанбе). Айни замон 11 ширкати таксӣ бо усули муосир ба шаҳрвандон хизмат мерасонанд. Аз ин рӯ, дар лоиҳаи кодекс масъалаҳои танзим ва идоракунии давлатии хизматрасонӣ бо нақлиёти таксӣ пешбинӣ шудааст.

Қобили қайд аст, ки бо зиёд шудани шумораи воситаҳои нақлиёт дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла, нақлиёти истифодаи умум, масъалаи таъмини бехатарӣ дар раванди ҳамлу нақл яке аз масъалаҳои аввалиндараҷа маҳсуб меёбад. Аз ин лиҳоз, дар лоиҳа талабот нисбат ба таъмини бехатарии ҳамлу нақл муайян ва дар доираи он ҳангоми амалӣ намудани ҳамлу нақл бо нақлиёти ҷамъиятӣ механизмҳои асосӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ инъикос гардидааст.

Инчунин, дар лоиҳа талабот нисбат ба ҳамлу нақли мусофирони имконияташон маҳдуд, аз ҷумла, маъюбон, ташкили таваққуфгоҳҳо (парковка), нобудсозии воситаҳои нақлиёт (утилизация) ва дигар намуди хизматрасониҳои муосир муайян шудааст.

Бо дарназардошти релефи кишварамон, ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ яке аз самтҳои муҳими рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Бо мақсади рушди минбаъдаи ин самти муҳим ва таъмини муқаррароти конвенсияву созишномаҳое, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, дар лоиҳа механизмҳои татбиқи онҳо, аз ҷумла, ҳамлу нақли борҳои хатарнок, зудвайроншаванда, калонҳаҷм ва вазнин, инчунин, механизмҳои муосири ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ, ба таври васеъ дарҷ гардидааст.

Қобили қайд аст, ки лоиҳаи кодекс таҳияи зерсанадҳоро пешбинӣ менамояд, ки татбиқнамоии онро пурра ва саҳеҳ мегардонанд. Бинобар ин, барои қабули лоиҳаи Кодекси нақлиёти автомобилӣ мусоидат ва дастгирии шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагонро, хоҳиш менамоем.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Асозода Хайрулло дода мешавад.

Хайрулло АСОЗОДА:

- Муҳтарам Раис, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 октябри соли2019, №2354 барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва хулосаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда буд.

Мақсади асосӣ аз таҳияи лоиҳаи кодекс ноил шудан ба ҳадафи то соли 2030 ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон ва дар ҳамин асос мутобиқгардонии қонунгузории миллии соҳаи нақлиёти автомобилӣ ба талаботи конвенсия, созишномаҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, инчунин, таъмини рушди устувори соҳа ва беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои нақлиёти автомобилӣ ба аҳолӣ мебошад. Ҳамзамон, дар лоиҳа механизми муосири сис­темаи идоракунии давлатӣ, бо дар назар доштани таҷрибаи давлатҳои пешрафта, пешбинӣ ва бо мақсади дастгирии соҳибкории хурду миёна масъалаи татбиқи амалишавии механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ ба инобат гирифта шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳояшон лоиҳаи Кодекси нақлиёти автомобилиро ҷонибдорӣ намуданд. Ҷиҳати пурратар гардидани лоиҳаи кодекси мазкур 130 пешниҳод ворид гардид, ки 98 адади он пурра ва 5 адади дигараш қисман қобили қабул дониста шуд.

Фикру мулоҳизаҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров ба инобат гирифта, лоиҳаи кодекси мазкур такмил дода шуд.

Қабули лоиҳаи кодекси мавриди баррасӣ аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд ва ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Бинобар гуфтаҳои боло, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Маърӯзаҳо пешниҳод шуданд. Кӣ оид ба масъалаи мавриди баррасӣ савол дорад? Сухан ба вакил Сафаров Зайниддин дода мешавад.

Зайниддин САФАРОВ: - Масъули равшаннамоии дохили нақбҳои автомобилӣ кадом ташкилот аст? Чаро дохили нақбҳо ба қадри зарурӣ равшан нестанд?

ХУДОЁРЗОДА Худоёр Завқибек: - Эроди муҳтарам вакил ҳаққонӣ аст. Ҳоло барои ислоҳи ин вазъ тибқи супориши протоколии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мо муассисаи нав — Муассисаи нигоҳдории нақбҳо, равшаннамоӣ ва чароғакҳои роҳнаморо таъсис додем. Соли ҷорӣ маблағгузории ин муассиса оғоз ёфт. Барои муассиса техникаҳои замонавии зарурӣ харидорӣ гардид. Минбаъд ба масъалаи мавриди назар диққати махсус дода хоҳад шуд.

РАИС: - Сухан барои савол додан ба вакил Муртазозода Ҷамшед дода мешавад.

Ҷамшед МУРТАЗОЗОДА: - Таҳияи кодекси мазкур кори шоистаи таҳсини Вазорати нақлиёт мебошад. Вале ин ҷо мушаххас нашудааст, ки таъмини назорати сифати хизматрасонии нақлиётӣ бар зиммаи кист?

ХУДОЁРЗОДА Худоёр Завқибек:- Муҳтарам вакил, суханони шумо қобили қабул мебошанд. Воқеан ҳам, ба сифати хизматрасонӣ дар нақлиёти мусофирбар бояд диққати ҷиддӣ дода шавад. Ҳар сол дар нишастҳои матбуотӣ низ аз ин хусус зиёд пурсон мешаванд.

Дар лоиҳаи кодекс доир ба ширкатҳои беэътимод ва каммасъулият моддаи алоҳида мавҷуд аст. Нисбати ширкатҳое, ки ҳангоми хизмат­расонӣ ба камбудиҳо роҳ медиҳанд, мо метавонем, тибқи муқаррароти кодекси мазкур, чораҳои мушаххас андешем.

Дар сохтори вазорат Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи нақлиёт фаъолият мекунад, ки масъалаи мазкур бар дӯши он мебошад.

Лоиҳаи Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон боб ба боб ва модда ба модда баррасӣ ва дастгирӣ ёфта, пас аз он яклухт ба овоз монда шуда, қабул гардид. Вобаста ба қабули кодекс Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: - Ба баррасии масъала — «Дар бораи лоиҳаи Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Шоимзода Ҷамшед Шодӣ дода мешавад.

Шоимзода Ҷамшед Шодӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ҷиҳати иҷрои банди 5-уми Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, № 791 тасдиқ гардидааст, таҳия шудааст.

Ҷиҳати омода намудани лоиҳаи кодекси мазкур гурӯҳи кории байниидоравӣ аз ҳисоби мутахассисони салоҳиятдори вазорату идораҳои дахлдори кишвар таъсис шуда буд. Дар раванди таҳияи он таҷрибаи миллӣ, байналмилалӣ, истеҳсолӣ, тағйироти ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ дар идоракунии давлатӣ дар соҳаи об ва фик­ру хулосаҳои мақомоте, ки бевосита бо масъалаҳои об сарукор доранд, ба инобат гирифта шуд.

Кодекси амалкунандаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2000 қабул гардида буд ва он ягона ҳуҷҷате ба ҳисоб мерафт, ки бо дарназар­дошти сохтори қаблан мавҷудаи идоракунии давлатӣ дар соҳаи об танзими муносибатҳои обиро дар соҳаи истифодабарӣ ва ҳифзи захираҳои об (аз ҷумла, муносибатҳоро дар соҳаи таъминоти оби нӯшокӣ) таъмин менамуд. Дар 19 соли минбаъда ҷиҳати рушди некуаҳволӣ ва иқтисодиёти кишвар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори мавҷудаи идоракунии давлатӣ дар соҳаи об низ такмил дода шуд ва махзани қонунҳои танзимкунандаи соҳавӣ аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об», «Дар бораи оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов», «Дар бораи бехатарии иншоотҳои гидротехникӣ», «Дар бораи ҳифзи муҳити зист» ва ғайра куллан дигаргун гардид.

Бинобар ин, «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025» қабул шуд, ки дар доираи татбиқи он масъалаҳои таъмини банақшагирӣ, рушд ва идоракунии самараноки соҳаи об дар асоси сиёсати оқилона, таҳлил ва идоракунии муштараки ҳаҷм ва сифати обҳои зеризаминиву рӯизаминӣ, мувозинати истифодаи об аз ҷониби бахшҳои гуногун тавассути истифодаи ҳавза ва системаҳои гидрографӣ ҳамчун минтақаи идоракунӣ ба манфиати рушди баланди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври одилона, баробар ва бе расонидани зарар ба суботи экологӣ ба танзим дароварда мешавад

Лоиҳаи Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав омилҳои дар боло зикршуда, тағйироти институтсионалӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин, пешгӯии онҳоро ба инобат мегирад ва қабули он ба амалӣ намудани батанзимдарории ҳуқуқии муносибатҳои обӣ бо мақсади таъмини идоракунии устувор ва истифодаи самараноки об барои эҳтиёҷоти аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисодиёт, ҳифзи объектҳои обӣ аз ифлосшавӣ, коҳишёбӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани таъсири манфии об, беҳтар намудани вазъи объектҳои об, инчунин, ҳифзи ҳуқуқи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, таҳкими волоияти қонун дар муносибатҳои обӣ мусоидат хоҳад кард.

Лоиҳаи Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав аз 13 боб ва 95 модда иборат аст. Дар он масъалаҳои марбут ба вазифаҳо ва принсипҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи об, танзими давлатӣ ва назорат дар соҳаи истифода ва ҳифзи захираҳои об, иштироки ташкилотҳои ғайридавлатӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар татбиқи чорабиниҳо оид ба истифодаи оқилона ва ҳифзи объектҳои об, банақшагирӣ, баҳисобгирӣ ва мониторинги давлатии истифодаи захираҳои об, тартиб ва шартҳои ба истифода додани объектҳои об, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои истифодабарандагони об ҳангоми истифодаи объектҳои об, асос ва тартиби қатъ намудани ҳуқуқи истифодаи об, ҳифзи объектҳои об, ҳалли баҳсҳо дар соҳаи муносибатҳо вобаста ба об ва дигар масъалаҳои ба ин хос инъикос гардидаанд.

Дар заминаи пешниҳодҳои вакилони муҳтарам, дар ҳамбастагӣ бо масъулин, лоиҳаи кодекси мазкур мавриди такмил қарор дода шуд. Бо дарназардошти ин, мусоидати шуморо барои дастгирӣ ва қабули лоиҳаи Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав эҳтиромона хоҳиш менамоям.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Сафаров Олимҷон Ҷусупович дода мешавад.

Олимҷон САФАРОВ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст, пешниҳод мешавад.

Лоиҳаи Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав аз 13 боб ва 95 модда иборат буда, дар он, аз ҷумла, мақсад ва вазифаҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи об, принсипҳои асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи об, иштирокчиёни муносибатҳои обӣ, объектҳои об, танзими давлатӣ ва назорат дар соҳаи истифода ва ҳифзи захираҳои об, моҳияти идоракунии ҳамгироёнаи захираҳои об, банақшагирӣ, баҳисобгирӣ ва мониторинги давлатии захираҳои об, нақши минтақаҳои ҳавзавӣ ва ташкилотҳои ҳавзавии дарёҳо дар идоракунии ҳавзавии захираҳои об, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои истифодабарандагони об, истифодабарии об дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт, ҳифзи объектҳои об, тартиб ва шартҳои ба истифода додани объектҳои об, ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи муносибатҳо вобаста ба об ва масъалаҳои дигари муҳими муносибатҳои обӣ дарҷ гардидаанд.

Лоиҳаи кодекси мазкур, тибқи дастури Маҷлиси намояндагон, тамоми расмиёти дахлдорро гузаш­та, аз тарафи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ ёфт.

Ҳамчунин, ба кумитаи ­масъул 155 таклифу пешниҳод ворид гардид, ки 124-тоаш пурра ва панҷтои дигараш қисман қабул шуд.

Дар раванди баррасӣ, дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, тавассути илова намудани муқаддима, мундариҷа, хориҷ намудани моддаи 62, мафҳум ва қисму сархатҳои алоҳида бо мақсади аз байн бурдани такроршавӣ ба дигар моддаҳо ва як кардани мафҳумҳои ҳаммаъно, ки дар қонунҳои амалкунандаи соҳаи об қабул гардидаанд, инчунин, мушаххасу саҳеҳ гардонидани истилоҳу ибораҳо тибқи талаботи санадҳои ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон лоиҳаи кодекси мазкур таҳрир ва мукаммал карда шуд.

Дар ҷаласаи васеи кумитаи ­масъул бо иштироки муовини Раиси Маҷлиси намояндагон муҳтарам Акрамшо Фелалиев лоиҳаи Кодекси об мавриди баррасӣ қарор гирифта, пешниҳоди он ба баррасии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қобили қабул дониста шуд.

Муҳтарам Раис, эроду так­лифҳое, ки аз ҷониби шумо оиди лоиҳаи кодекси мазкур пешниҳод гардида буд, якҷо бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, баррасӣ карда, дар матни лоиҳа ба инобат гирифта шуд.

Лоиҳаи кодекси пешниҳодгардида ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мухолифат надорад ва татбиқи он аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб наменамояд.

Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин лоиҳаи Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири навро ба баррасии шумо, вакилони гиромӣ, пешниҳод карда, хоҳиш менамояд, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Маърӯзаҳоро шунидем. Кӣ оид ба ин масъала савол дорад? Сухан ба вакил Ғаффоров Абдуҳалим дода мешавад.

Абдуҳалим ҒАФФОРОВ: — Дар даврони шӯравӣ кишварҳои фаромарзӣ, ки обро истифода мебурданд, барои истифодаи об маблағ пардохт мекарданд ва он аз марказ ба буҷети ҷумҳурӣ гузаронида мешуд. Оё ин масъала дар кодекс мавҷуд аст?

Саволи дигар. Пиряхҳо манбаи асосии об мебошанд. Агар онҳоро яке аз сарватҳои асосии ҷумҳурӣ гӯем ҳам хато намебуд. Дар суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон борҳо таъкид гардид, ки аз 14 ҳазор пиряхе, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуданд, ҳазортои он об шудаанд. Ҳатто калонтарин пиряхи Тоҷикистон, ки Федченко унвон дорад, ба обшавӣ шурӯъ намудааст. Барои пешгирии обшавии пиряхҳо чӣ чораю тадбирҳо андешида мешаванд?

ШОИМЗОДА Ҷамшед Шодӣ. — Дар даврони шӯравӣ мо маблағ не, балки бар ивази об газ, бензин ва дигар мавод мегирифтем. Мутаассифона, ҳоло чунин механизм вуҷуд надорад. Мехоҳам зикр намоям, ки бо беҳтар шудани робитаҳои неки ҳамсоягӣ умед дорем дар ин самт пешравиҳо ба даст меоянд.

Вобаста ба саволи дуюм изҳор медорам, ки ҳоло Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба қатори 10 кишвари пилотӣ оид ба масъалаи беҳтар кардани ҳолати пиряхҳо шомил мебошад.

Ҳамчунин, ҳоло якчанд лоиҳаи сармоягузорӣ дар ин бобат таҳия ва ба донорҳои байналмилалӣ пешниҳод шудааст.

РАИС: — Сухан ба вакил Сафарзода Бахтовар дода мешавад.

Бахтовар САФАРЗОДА: — Дастрасии аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ дар кадом сатҳ аст?

ШОИМЗОДА Ҷамшед Шодӣ: — Дар умум 60 фоизи аҳолии ҷумҳурӣ ба оби тозаи нӯшокӣ дастрасӣ доранд, аз ҷумла, дар шаҳрҳо 93 фоиз ва деҳот 47,3 фоиз. Баъди қабули Кодекси об ва қабулу тасдиқи санадҳои зерқонунӣ масъалаи таъмини аҳолӣ ба оби тозаи нӯшокӣ баррасӣ ва маълумоти омории пурра пешкаш мешавад.

Лоиҳаи Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи банди 337 Дастури Маҷлиси намояндагон, боб ба боб ва модда ба модда баррасӣ ва дастгирӣ ёфта, пас аз он яклухт ба овоз монда шуда, қабул гардид. Вобаста ба қабули кодекс Қарори Маҷлиси намояндагон тасдиқ шуд.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Неъматулло СОЛЕҲОВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ