Конститутсия ифодагари манфиатҳои занон низ ҳаст

№138 (4400) 10.11.2021

2085192475Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаро фароҳам оварда, ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакатро кафолат дод. Он манфиатҳои ҳама қишри ҷомеа, хусусан занонро низ ифода мекунад. Дар робита ба саҳми Конститутсия дар беҳбуди рӯзгори бонувони тоҷик бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода ҳамсуҳбат шудем, ки ӯ андешаҳояшро чунин баён дошт:

- Конститутсия пойдевор ва танзимкунандаи муносибатҳои байни шаҳрвандон ва давлат мебошад. Чунон ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, «Конститутсия гувоҳи интихоби дурусти шакли идораи давлату давлатдории тоҷикон аст. Чунки ба шарофати он ҷаҳониён Тоҷикистонро чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, кишвари татбиқкунандаи «сиёсати дарҳои кушод» ва халқи Тоҷикистонро чун мардуми бунёдкор, сулҳпарвар ва фарҳангӣ шинохтанд. Ин санади муқаддас ва тақдирсоз мисли чароғест, ки роҳи рушди давлати соҳиб­истиқлоли тоҷикон ва мардуми онро барои садсолаҳо мунаввар мекунад. Аз ин хотир, мову шумо бояд кӯшиш намоем, ки онро чун муқаддасоти миллӣ ва дастури зиндагии наслҳои имрӯзу фардои мардуми тамаддунсози тоҷик эҳтиром кунем ва ҳамеша аз рӯи муқаррароти он зиндагӣ ва амал намоем».

Солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ барои мардуми Тоҷикис­тон, пеш аз ҳама занон, даврони вазнин ва имтиҳони сахти рӯзгор буд. Бо вуҷуди он, дар татбиқи ҳадафҳои сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ, идоракунии кишвар дур намонда, дар чорабиниҳои муҳим, алалхусус баррасии умумихалқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоботи Президенти кишвар, интихоботи вакилон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва ғайра фаъолона иштирок доранд. Занон ҳоло баробари мардон дар ҷабҳаҳои хоҷагии халқ меҳнати суботкорона дошта, дар пешбурди сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат саҳм гузошта истодаанд.

Аз қабули Конститутсия бисту ҳафт сол сипарӣ гардид ва Тоҷикистон дар заминаи меъёрҳои дар он муқарраршуда сол аз сол рушд меёбад. Дар ин давра қонуни асосии кишвар ҳаматарафа такмил ёфта, тоҷикистониёнро ҳамчун узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуд.

Дар таърихи Тоҷикистони соҳиб­истиқлол аввалин маротиба соли 1995 дар кори Конфронси чоруми умумиҷаҳонии занон дар Пекин тоҷикзанон иштирок намуданд. Самараи истиқлолият ва риояи меъёрҳои Конститутсия аст, ки ҳоло занони тоҷик аз минбарҳои баланди конференсияву ҳамоишҳои байналмилалӣ баромад намуда, аз комёбиҳои бадастовардаи давлат ва Президенти кишвар дар роҳи демократикунонии ҷомеа, дигаргуниҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ ва мавқеи баланд пайдо кардану иштироки бевоситаи занон дар идоракунии давлат ибрози ақида менамоянд.

Лозим ба зикр аст, ки маҳз ҳамин санади тақдироз ва иродаи сиёсиву дастурҳои Роҳбари давлат, бахусус Пешвои миллат, имкон фароҳам оварданд, ки дар кишвар даҳҳо санади меъёриву ҳуқуқӣ, барномаву стратегия ва консепсияҳо қабул гардида, мавқеи бонувони тоҷикро баланд бардоранд.

Инчунин, қобили зикр аст, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибис­тиқлол инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯро ба сифати арзиши олӣ эътироф намуда, муқаррар намуд, ки онҳо муайянкунандаи мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти конунгузор ва иҷроия буда, ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мешаванд. Таъмини ҳуқуқу озодии инсон яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати мамлакат буда, ҷавҳари Конститутсияи кишварро ташкил медиҳад. Таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занон дар ҷомеа, ҳуқуқ ба таҳсил ва кор, ҷалби занону ҷавонон ва духтарони соҳибмаърифату болаёқат ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ ҳамчун неруи тавоно ва пешбаранда, тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа ва боз ҳам баланд бардоштани сатҳи иштироки онҳо дар фаъолияти гуногуни соҳаҳо аз бандҳои асосии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Нахустмеъёри танзимкунандаи фаъолияти бонувон, инчунин таъмини ҳуқуқу манфиатҳои онҳо дар кишвар моддаҳои 17, 33 ва 35 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Қобили зикр аст, ки Сарвари давлат аз рӯзҳои нахустини фаъолияти роҳбарӣ ба беҳдошти рӯзгори бонувон, нақш ва мақоми онҳо дар кишвар таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Бо дастури Роҳбари кишвар моҳи сентябри соли 1998 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Нақшаи миллии тадбирҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани мақом ва нақши зан дар солҳои 1998-2005» тасдиқ гардида, барои амалӣ намудани ҳадафҳои он мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҷалб гардиданд.

Баъдтар Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки  муносибатҳои мавҷударо вобаста ба оила танзим намуд. Санади дигари муҳим Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аст, ки дар тафаккури мардуми кишвар инқилоб ба вуҷуд оварда, ҷиҳати баланд бардоштани мақоми зани тоҷик дар ҷомеа заминаи мусоид фароҳам сохт.

Ин ҳуҷҷати муҳим ҳамчун роҳнамо барои таҳия ва қабули санадҳои ҳуқуқии дигар, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016 ва барои солҳои 2017-2023», «Барномаи давлатии тайёр кардани мутахассисон аз ҳисоби занон ва мусоидат ба шуғли онҳо барои солҳои 2012-2015», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014-2023» қабул гардид.

Ҳамчунин, Тоҷикистон дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда, конвенсияҳои байналмилалӣ «Дар бораи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбат ба занон» ва «Дар бораи ҳуқуқҳои сиёсии зан»-ро ба тасвиб расонид.

Ин нукта ҳам боис ба зикр аст, ки ҳоло занон дар низоми қонунгузории мамлакат низ мавқеи намоён доранд. Хоса саҳми онҳо нисбат ба солҳои пешин хеле фарқ мекунад ва натиҷаҳои интихоботи соли 2020 нишон медиҳад, ки ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 нафар зан (25,8 %) ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 17 нафар зан (27 %) интихоб шудаанд. Онҳо ташаббусҳоро ҳам дар самти қонунгузорӣ, ҳам дар самти намояндагӣ ва ҳам дар самти муносибатҳои байнипарлумонӣ мақсаднок ва ҷиддӣ роҳандозӣ менамоянд. Инчунин, кӯшиш менамоянд, ки дар қонунҳои таҳиягардида ва қабулнамуда мушкилоти мардуми мамлакат, хусусан занон, ва роҳҳои дурусти ҳалли онҳо инъи­кос гардад.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»