Ба истиқболи 26 - солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсия ва низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ

№136 (4242) 03.11.2020

колДар даврони соҳибис­тиқлолии мамлакат Конститутсия ва тағйиру иловаҳо ба он барои низоми сиёсию ҳуқуқии кишвар заминаи муносиб фароҳам овард. Ҷомеаи Тоҷикистон маҳз бо такя ба нақши заминасози арзишҳои матраҳшуда дар Конститутсия ба дигаргуниҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла, ташак­кулёбии муносибатҳои нави ҷамъиятӣ, иқтидори посух гуфтанро ба даст овард. Айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳиятан ба сифати давлати мустақили миллӣ инкишоф ёфта, мушкилиҳои бамиёномадаро бо истифодаи зарфияти ниҳодҳои мавҷуда сари вақт ҳал мекунад. Мутаносибан дар ҳамин замина ­эътироф ва арҷгузорӣ ба мақому манзалати давлати миллӣ ва дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ дар кишвар аз ҷониби қишрҳои гуногуни аҳолӣ ташаккул меёбад. Ин омили муҳиме ба шумор меравад, ки ба ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон сифатҳои устувор, эътимодбахш ва суботу рушдёбандагӣ бахшидааст.

 Зимнан, гусастагию номураттабии фаъолияти ҳалқаи занҷирҳои низомсози ба арзишҳои конститутсионӣ асосёбанда, ки онро бо чашми одӣ наметавон пурра мушоҳида намуд, ҳоло дар баъзе аз кишварҳо боиси ноустувории ҷараёни ҳаёти ҷамъиятӣ гардида, зиддиятҳои дохилии тамоюлоти берунидош­таро ба бор овардаанд. Домангустарӣ ва дар фазои ҳуқуқӣ ҷанбаи идоранашавандагӣ пайдо кардани ин ҳолатҳо фаъолмандии созандаи аъзои он ҷомеаҳоро маҳдуд сохта, ташвишу нигаронии ниҳодҳои байнамилалӣ ва аксар давлатҳоро ба миён овардааст. Аз ин рӯ, амалияи ҷомеасозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ки бо қабули Конститутсияи нав ­татбиқ гардида, бо эҳтиром ба арзишҳои инсонпарварона асос ёфтааст, ниёз ба ҳифзу мукаммалсозии ҳамешагӣ дорад.

Ба ин хотир, ки ҷомеа бо такя ба онҳо қудрати инкишофи минбаъдаи низоми муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба вазъи тағйи­рёбандаи ҷаҳони муосир дар ихтиёр дошта бошад. Бидуни чунин сифатҳои низомсоз таъмини идомаи рушди низоми ҷамъиятӣ дар шароити бениҳоят тезу­тунд ва зиддиятноки олам мушкил аст.

Зикр кардан ба маврид аст, ки Конститутсия ҳамчун санади олии меъёрии ҳуқуқӣ, дар баробари манбаи аслии машруиятдиҳии муносибатҳои бунёдии ҷомеа будан, инчунин, шаклҳои зуҳурёбии хоси онҳоро дар марҳилаҳои муайяни инкишофи таърихии ҷомеа бо тартиби шоистаи ҳуқуқэҷодкунӣ пуштибонӣ мекунад. Бинобар ин, зимни таҳия ва қабули ҳар як санади меъёрии ҳуқуқӣ таъкиди возеҳу равшани субъектҳои ҳуқуқэҷодкунӣ оид ба доираи фарогирии танзимкунандагии онҳо аз муносибатҳои ҷамъиятии мадди назар қарор­дошта сурат мегирад. Дар чунин шароит таҳти омилҳои гуногун гузариш аз низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ ба низоми муносибатҳои нави ҳозира бидуни зиддиятҳои ошкоро ҷараён гирифта, ташаккул ёфта истодааст. Ин падидаҳо бо суръату вижагиҳои гуногун ҷараён мегиранд ва новобаста ба он ки бархӯрди аъзои ҷомеа ба онҳо яксон нест, вале он чӣ ин мавқеъҳоро ба ҳам наздик меорад, ангезаи ҳифз ва ба ворисият додани низоми арзишҳою робитаҳои устувори иҷтимоиест, ки ба сифати омили таҳкимбахшандаи суботу рушди кишвари соҳибис­тиқлол хизмат менамоянд.

Бояд гуфт, ки маҳаки аслии ғоя ва арзишҳои дар Конститутсия баёншударо ҳамоҳангсозии манфиат ва фаъолияти табақаҳои иҷтимоӣ, инчунин, баланд бардоштани сатҳи зиндагии одамон ташкил медиҳад. Ин ҷиҳат барои танзиму татбиқи фаъолияти муназзами сокинони кишвар дар асоси меъёрҳои конститутсионӣ низ имконият дода, таҷрибаи ниҳодҳои иҷтимоиро вобаста ба падидаҳои ҷамъиятӣ густариш мебахшад ва барои ҳалли масъалаҳои рӯзмарра замина фароҳам меорад.

Дар мадори дигаргуниҳои иҷтимоӣ одамон кӯшиш менамоянд, ки ҳаётро ба воқеияти нав мутобиқ созанд ва арзишу меъёрҳои низоми нави иҷтимоиро риоя ва татбиқ намоянд. Дар робита ба ин, ҳоло фаъолнокии сокинони кишварро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа мушоҳида менамоем, ки самара­ашон барои қонеъ сохтани талаботи рушди низоми нав хеле муҳим аст. Хусусан, зикри муносибатҳое, ки дар заминаи фаъолияти хоҷагидорӣ, аз ҷумла, соҳибкории хурду миёнаи истеҳсолию хизматрасонӣ, саноатикунонии босуръати мамлакат ва ғайра ташаккул ёфта истодаанд, муҳим ба назар мерасад. Вале густариши ин фаъолнокиҳо роҳи ҳамворро намепаймоянд ва пайваста бо мушкилоту зиддиятҳои на ҳама вақт пешбинишаванда мувоҷеҳ мегарданд, ки ин, дар навбати худ, зарурати пайваста такмилу таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқиро пеш меорад. Ин амал тавассути фаъолияти доманадори парлумони касбии мамлакат Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воқеият мепайвандад, ки он ҳам тибқи салоҳияту вазифаҳои барои ин ниҳоди сиёсӣ муайяннамудаи Конститутсия татбиқ мегардад. Парлумони мамлакат дар ин самт фаъолияти муназзаму ҳадафмандро, хоса дар таҳия ва қабули санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқӣ, дар ҳамкорӣ бо шохаҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ғайра ба роҳ мондааст. Зикр бояд кард, ки танҳо дар нимсолаи аввали соли 2020 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ беш аз 55 санади меъёрии ҳуқуқӣ мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифтааст.

Давлат, тибқи меъёрҳои конститутсионӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути фишангҳои қонунии татбиқи фаъолияти ҳокимияти сиёсӣ барои инкишофи на танҳо ҷомеа, балки амалишавии кӯшиши ҳар як шахс шароити мусоид фароҳам меорад. Яъне, давлат ҳамеша қудрати ба танзимдарории сиёсии зуҳури фаъолнокии одамонро дар соҳаҳои иқтисодиёт, илм, фарҳанг ва ғайра дорад. Таҷрибаи инкишофи якчандсолаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он шаҳодат медиҳад, ки ин раванд, бо вуҷуди дастовардҳои беназир, аҳёнан бо мушкилиҳо низ мувоҷеҳ мешавад. Аз бисёр ҷиҳат ба ҳолати фавқуззикр ноқисӣ дар ташаккули баъзе аз аломатҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки бидуни онҳо мавҷудияти онро тасаввур кардан мумкин нест, мусоидат мекунанд. Ин нишонаҳо дар шакли умумӣ чунинанд:

- норасоию таъхиркориҳои баъзан дар танзими ҳуқуқии муносибатҳои нави ҷамъиятӣ мушоҳидашаванда, ки бояд субъектҳои қонунгузор ба онҳо хеле оҷилона таваҷҷуҳ дошта бошанд;

- номутаносибии зарурати афзалиятдиҳии бартарияти алоқаҳои иҷтимоӣ нисбат ба алоқаҳои шахсӣ дар татбиқу танзими баъзе аз паҳлуҳои муносибатҳои иҷтимоӣ;

- инкишофи нокифояи ташаббускории шаҳрвандӣ дар татбиқу танзими муносибатҳои иҷтимоӣ.

Дар ҳолати сарфи назар намудан аз зарурати ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли ин масъалаҳо ҳамеша имконияти фурӯравии амиқи аъзои ҷомеа дар масоили зиндагии инфиродӣ вуҷуд дорад.

Ҳамин тавр, нақши Конститутсия дар ташаккулёбии низоми муносибатҳои ҷамъиятӣ муҳим ва беназир аст. Исботи ин андешаро на танҳо бо такя ба дидгоҳи назариявӣ, балки дар асоси таҷрибаи солҳои Истиқлолияти давлатӣ андӯхта дар ҷодаи эъмори низоми мукаммали сиёсию ҳуқуқӣ, фишангҳои муассири идоракунии равандҳои ҷамъиятӣ ба даст овардан мумкин аст. Ғояи ваҳдати миллӣ, ҳувияти миллӣ, худшиносию ифтихори миллӣ ва дигар арзишҳои бунёдии ҷомеа, ки пас аз касби Истиқлолияти давлатӣ дар асоси Конститутсия барои ифодаи воқеияти ҳаёти ҷомеаи муосири Тоҷикистон пайваста ба таври назариявию амалӣ ба кор бурда мешаванд ва онҳо айни замон дар зершуури мардум ҷой гирифтаю дар ташаккули ҷаҳонбиниаш нақш доранд, гувоҳи тақвият ёфтани мақоми арзандаи Конститутсия дар миёни тоҷикистониён мебошад. Ин шаҳодати он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмину таҳкими пояи давлатдории миллӣ дар сатҳи Конститутсияи мамлакат таваҷҷуҳи ҳамешагию консептуалӣ зоҳир мекунад. Маҳз ҳамин тамоюл тавонист барои эҳёи ҷомеаи тоҷикистонӣ, новобаста аз буҳронҳои солҳои аввали истиқлолият ва мушкилоти дигари олами муосир, ҳамчун умумияти мус­тақили фарҳангию тамаддунӣ замина фароҳам созад ва онро сарчашмаи ифтихору корҳои бузурги созандагӣ муаррифӣ намояд.

Хайридин УСМОНЗОДА,

Фазлидин ИКРОМОВ,

вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон