Ба муносибати 25 - солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конститутсия ва сабабҳои печидагиҳои буҳрони ҳуқуқии олам

№129 - 130 (4079 - 4080) 29.10.2019

DSC_1677Бо амри тақдир ва ҳикмати таърих тоҷикон дар замони нав дастовардҳои бузурги таърихию тақдирсози худ – бунёди давлати мустақили миллӣ, таъмини истиқлоли давлатӣ, дастрасӣ ба ваҳдати миллӣ, қабули Конститутсия, таъмини соҳибихтиёрии халқӣ ва миллиро таҳти роҳбарии хирадмандонаи фарзанди фарзонаи миллат, ки номаш дар сафҳаи таърихи башар бо хатти заррин чун Пешвои миллати тоҷик сабт шуд, шарафёб гардиданд.

Давроне, ки тоҷикон бо роҳбарии Пешвои худ ба ин музаффариятҳои бузург ноил шуданд, бо ҳама пастию баландиҳояш, воқеан як даврони хотирмону ҳикматомӯзи таърихист, ки қадру манзалат ва ҳикмату бузургии он эҳсос мегардад.

Ин рӯзгор бо гузашти солҳо барои халқи мо амсоли давраи ташкилёбии давлат ва қабули нахустин конститутсияҳои кишварҳои бузурги олам — Амрико, Фаронса, Олмон ва ғайра, ки имрӯз бо ифтихор аз он ёд менамоянд, табдил хоҳад ёфт. Ба шарте ки мо ва наслҳои оянда мисли халқиятҳои пешрафта тавонем дар атрофи арзишҳои меҳварии Конститутсия ва дигар дастовардҳоямон муттаҳид шуда, ном ва амалҳои Пешвоямонро мисли асосгузорони давлатҳои онҳо дар масири рӯзгори худ ва ояндагон арҷгузорӣ ва пайравӣ намоем.

Аз ин хотир, дар шароити кунунӣ вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди давлат, ки нисбат ба имрӯзу фардои фарзандони худ бетараф нест, ин дастоварду музаффариятҳоро дуруст дарк ва ба онҳо арҷгузорӣ намудан, ҷиҳати рушду такмилашон дар макон ва мавқеи хеш қадамҳои устувори фикрӣ ва амалӣ гузоштан аст.

Конститутсия ҳамчун муайянкунандаи набзи ҳастии сиёсиву ҳуқуқии миллат ва шоҳроҳи рушди давлат аз зумраи ин дастовардҳои назаррас маҳсуб мегардад.

Доир ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ, ҳуҷҷати сарнавиштсози миллат, роҳнамо ва  дурнамои орзую омоли халқ, замина ва рӯҳи низоми ҳуқуқӣ сармашқи эҷод ва рушди қонунгузорӣ, ҳуҷҷати созиши иҷтимоӣ, кафолати ҳуқуқу озодиҳо, «қавлу қасами миллати тоҷик дар назди аҳли ҷаҳон» (Эмомалӣ Раҳмон), эъти­рофгари соҳибихтиёрии давлатӣ, тақсимгари адли сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, баёнгари ҳокимияти халқу тараннумгари ҳуқуқи инсон чизе навиштан барои ҳар фарзанди содиқу вафодор ва ҳуқуқдону ҳақшинос сабукию мушкилӣ дорад.

Сабукӣ дар он аст, ки ҳар меъёри ҳуқуқпешниҳодкунанда,  вазифаи масъули созандаю ҳар эъломияи илҳомбахшанда, бо он ки ба ҳар яки мо равона шудааст, моро бо тамоми ҳастӣ ҳамчун ҷузъи фаъол, созанда ва эҷодкору таҳиякунандаи зиндагии худ муаррифӣ карда, илҳом ва завқи зиндагию эҷодкориамонро афзун гардонида, қаламро дар баёни мақоми ҳуқуқии худ, миллати хеш ва давлати таъсисдодаи Пешво ва халқамон неру мебахшад.

Нуктаи муҳим он аст, ки ин паймони поквиҷдононаи халқ бо қудрати сиёсӣ барои саодати фарзандону ояндагони мову шумо шароит фароҳам меорад, моро ба хотири саодати якдигар муттаҳид месозад, ҳақ ва масъулиятҳоямонро дар мизони адлу инсоф, баробарию бародарӣ дар зери як бому як ҳаво эълон медорад ва муқаддас мегардонад. Дарк ва фаҳми ин ҳама барои ҳар фард, ки худро миллати соҳибдавлат эълон намудааст, ҳамчун унсури муҳими  худшиносии сиёсиву ҳуқуқӣ шарт ва зарур аст.

Мушкил он аст, ки зимни навиштан ё мулоҳиза рондан дар бобати Конститутсияи кишвар, ки ҳар инсон, аз ҷумла, гӯянда ва мухотабро, дар маркази ҳаёти иҷтимоӣ қарор дода, тамоми низоми ҳуқуқӣ, идорӣ ва фишангҳои таъсиррасонии назоратию судиро барои хушбахтӣ, саодатмандӣ ва зиндагии арзандаи ҳар як инсон таҳия кардааст, ёфтани ҳарфи муносибу мунсифонаи баробарвазни ин арзишҳо, мисли риояи устувори ботинӣ ва зоҳирии он қоидаю рафторҳо,  на танҳо аз инсони одӣ, инчунин, аз ҳар ҳуқуқшинос ва олим, масъулияти хосаро тақозо мекунад.

Арзишҳои волои ҳуқуқу озодиҳои инсон, дахлнопазирии ҳаёт, соҳиб­ихтиёрии давлатӣ, давлати демократӣ, дунявият, ҷомеаи шаҳрвандии ҳуқуқӣ, ҳаққи моликият, забони давлатӣ, тақсимоти ҳокимияти давлатӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти миллӣ, таҳияи низоми адолатноки судӣ, интихоботи озод, озодии сухан, виҷдон, баробарӣ дар назди қонун, гуногунандешӣ, рамзҳои миллӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ  ва амсоли инҳо  на танҳо сазовори таҳлил, эътироф, таҳсин ва ифтихори миллӣ мебошанд, балки ҳар як аз ин ғояҳо, арзишҳо ва дастовардҳо бори амонати рушди чандҳазорсолаи таърихиро бар дӯш доранд, ки дар умум дарки дурусти ҳикмати онҳо ва дастрасӣ  дар татбиқи онҳо дар шароити ноороми ҷаҳонишавии манфиатҳо кори саҳл нест.

Имрӯз  гиромидошту қадршиносӣ ва риояи аксари арзишҳои конститутсионӣ ба мушкили ҷиддии давлатҳои рӯ ба рушд табдил ёфтааст. Меъёрҳои қонун ва санадҳои байналмилалӣ аксаран таҳти фишори ҷаҳонишавии манфиатҳо ҳамоҳангию мувозанатро байни ҳам гум кардаанд.  Олами ҳуқуқ ба буҳрон ва муҳимтарин санади ҳар як кишвар — Конститутсия ба ҳолати мушкил гирифтор шудааст.

Гузашта аз ин, дар андеша атрофи Конститутсия шоҳроҳи таърихии фаҳми он, ки аз истилоҳи лотинии «сonstituio» дар «Муколама оид ба давлат»-и ҳуқуқшиноси қадимаи Рим Марк Туллий Ситсерон дар он лаҳзае, ки вай аз омехтаи навъи идораи давлати монархӣ, аристократӣ ва демократӣ шакли нави идораи давлатро пешниҳод кард ва онро ҳамчун «сохтор», «конструксия» ва тартиби нави идора бо ибораи «чунин конститутсия» ёдрас шуд (яъне, чунин рамуз, чунин усул ва тарзи ташкили идора) ва аз сабзиши ин мафҳум то феъли лотинии «сonstituiere» «муқаррар кардан», «таъсис додан», «қарор кардан» ва аз он ба шакли қарорҳои императорони замони принсипати Рим -«эдиктҳо», «декретҳо» ва «мандатҳо» чун   «сonstituio» ифода ёфтан ва аз он дар замони нав дар натиҷаи муборизаи кишварҳои аврупоию амрикоӣ ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз, паймони байни қувваҳои мухталиф ва қудрати сиёсӣ дар ташкили ҳокимияти давлатӣ табдил ёфтан ва  дар даврони муборизаи озодихоҳии халқҳои барои озодиҳояшон муборизабаранда моҳияти ҳуҷҷати озодихоҳонаро гирифтани он бояд ба инобат гирифта шаванд.

Чаро? Чунки бо вуҷуди тағйирпазирии шаклӣ ва паҳнои фаҳми шаклӣ то ҳанӯз ҳам истилоҳи «конститутсия» ҳамон маъниҳои ибтидоии худро ҳамчун қонуни объективии рушди падидаи сиёсӣ то ҳадде ҳифз намуда, иловатан самтҳои навро касб карда истодааст.

Имрӯз конститутсияҳо дар баробари он ки ҳамчун қонуни асосии кишварҳо қувваи олии ҳуқуқӣ дошта, аслҳои ташкили ҳокимияти давлатӣ, асосҳои мақоми ҳуқуқии шахс, сарҳади амали ҳокимияти давлатӣ ва озодиҳои инсонро муқаррар мекунанд, эҳсоси ҳуқуқии ҷомеа ҳамчун навъи эҳсоси ҷамъиятӣ, вобаста ба шароити рушди кишварҳо, ба ин санад такя бар дидгоҳҳои дигар низ задаанд. Иддае аз давлатҳо вобаста ба фаҳми мафкураи сиёсию ҳуқуқиашон ба нуктаи сарҳади амали қудрати сиёсӣ ва маҳдудиятҳои конститутсионӣ «конститутсионализм», дигарҳо ба ҷанбаи ҳуқуқу озодиҳои инсон — «либерализми ҳуқуқӣ ё конститутсионӣ», сеюмиҳо ба ин ҳуҷҷати тақдирсоз ҳамчун бахтномаи худ муроҷиат карда, дар он шарту шароити расидан ба саодати зиндагиро аз паҳноҳои мухталифи дигар ҷустуҷӯ намуда, ба «қонунияти конститутсионӣ» рӯ овардаанд.

Дар замонҳои гузашта низ дид­гоҳеро, ки конститутсияро чун паймони миёни мардум ва қудрат муаррифӣ менамуд, гурӯҳе ба демократия чун симмати хамирмояи он (Ж. Ж. Руссо), иддаи дигаре ба шакли хосаи монархияи конститутсионӣ (И. Кант) ва дигарон ба ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти сиёсӣ ва ҳуқуқии он истодагарӣ мекарданд.

Дуруст аст, ки роҳҳои расидан ба авҷи аълои рушди давлатдорӣ аз сабабҳои гуногун вобаста аст ва он метавонад вобаста ба шароит, макону замон ва неруҳои таъсиррасон дар шаклҳои мухталифи афзалиятдор зуҳур намояд, аммо дар самти ҳуқуқии рушди давлат волоияти воқеии арзишҳои конститутсионӣ, ки аз орзую омоли аслии халқ маншаъ мегирад, дар ҳаёти шаҳрвандон, арҷгузорӣ ба муқаддасоти он аз ҷониби ҳама, шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ, мансабдор ва сохторҳои давлатӣ нақш ва маҳаки марказии ин равандро ҳамеша имкони таъмин намудан дорад.

Халқ ва миллатҳое, ки дар масири таърих роҳи дурусти ташаккули худро пайдо намудаанд ва имрӯз аз бисёр ҷиҳат намунаи ибрат гаштаанд, маҳз дар ҳамин шоҳроҳи волоият ва қонунияти конститутсионӣ  қадам задаанд.

Соли равон мардуми Тоҷикистон 25 — умин солгарди ин санади тақдирсози миллатро  ҷашн мегиранд. Мутмаинем, ки бисёриҳо дар бораи дастовардҳо ва арзишҳои ин санади тақдирсоз ҳарфҳои зиёди куҳнаю нав мегӯянду менависанд, ки ҳар як барои худшиносии миллӣ ва ҳуқуқӣ арзиши худро дорад.

Мо ҳам дар ин ҷараён зарур шуморидем, ки вобаста ба вазъи ҷаҳони муосир, бо истифодаи усули параллелӣ ва қиёсӣ роҷеъ ба  арзиши олӣ ва муқаддас будани ин санад дар паҳнои илми ҳуқуқ изҳори назар намуда, дидгоҳамонро доир ба ҳарими ҳарами садоқат ва масъулияти ҳар ватандор баён сохта, доир ба мушкилоти аслии буҳрони ҳуқуқии олам, ки аз муносибатҳои худсарона ва нигилистона ба ин санади тақдирсоз маншаъ мегирад, фикри худро иброз намоем.

Ҳар соҳибватан, ҳар шаҳрванд ва ҳар инсон, қатъи назар аз мушкилоту печидагиҳои зиндагӣ,  дар қалбаш меҳру муҳаббат ва эҳтироме нисбат ба Ватан ва макони будубоши худ ва фарзандонаш дорад, ки он дар иртибот бо воситаҳои ҳуқуқию сиёсӣ, иҷтимоию табиӣ, маънавию ахлоқӣ  ва ғайра  шакл гирифтааст. Муҳим он аст, ки дар роҳи муносибат бо Ватан манобеи ин муҳаббат ва мақоми ҳуқуқии шаклгирии он дуруст дарк ва ҳазм шавад. Иддае ба шаклгирии манофеи иқтисодӣ мутаваҷҷеҳ шуда, аз дигар ҷанбаҳои иртиботи инсон бо Ватан  дурӣ меҷӯянд. Ҳол он ки ҳар пайванди ахлоқӣ, эътиқодӣ, ҳуқуқӣ ва амсоли инҳо камтар аз омили иқтисодӣ набуда, барои саодати инсон муҳим мебошад. Аммо инсон ҳамоно ба манобеи иқтисодӣ ва рӯзмарра мутаваҷҷеҳ аст.

Агар ҳодисаҳои мудҳиш, бетартибиву бенизомӣ ва буҳронҳои шадиди низоми идораи кишварҳои гуногуни Африқо, Аврупо ва Осиёро, ки тавассути ВАО мебинем, ба тарозуи ақл баркашем, хоҳем дид, ки  чӣ тавр он миллатҳо ва халқҳо теша ба пойи худ, ба решаи худ, ба ҳастӣ ва ваҳдати миллаташон мезананд.

Дуруст аст, ки дар ин кор таъсири омилҳои берунӣ ва «ҳидоятгарон» — и кумакрасон кам нест. Вале иллати аслӣ дар тафаккури худи ин қавмҳо нуҳуфта аст. Аввал ин ки ин иллатро донишҳои инсонӣ аз кунгураҳои мухталифи илмӣ ҳамчун паст будани маданияти ҳуқуқӣ, дуруст фаъолият нанамудани низоми таълим, рушд накардани соҳаҳои илмӣ, маҳдудияти озодиҳо, набудани худшиносии миллӣ, заиф будани истеҳсолоти ватанӣ ва амсоли инҳо шарҳ медиҳанд.

Албатта, зикри омилҳои номбаршуда дар ҳадди муайян асос дорад, аммо мушкили асосӣ дар ташкили реҷаи муносибат ба иллатҳо, усули рафъ ва афзалияти онҳо дар ташкили ҳаёти иҷтимоӣ мебошад. Ин аз берун хубтар эҳсос мешавад, нисбат ба дохил.

Чаро? Чунки дар ботини ин неруҳо афзалият ба ҷанбаҳое мавҷуд аст, ки манофеи гурӯҳиро тавлид ва таҷзия карда, муқовиматашонро такмил дода, ҳадафҳои олӣ ва ормонҳои халқро, ки конститутсия эълон намудааст, нодида гирифта, беқурб гардонидаанд, яъне чашми хиради аксариятро манфиатҳои ғаразнок чун пардаи нозук ва ҳарир пӯшонидааст.

Ба ибораи дигар, конститутсия нақш ва мақоми худро дар ҳаёти ҳуқуқии ин кишварҳо аз даст додааст. Гурӯҳҳои сиёсӣ меъёрҳои конститутсияро ба тарзи худ шарҳ дода, реҷаи ягонаи қонунияти конститутсиониро инкор, назму низоми идораи онро ба фасод гирифтор намуда, ҳуқуқу озодиҳои инсонро танҳо дар муносибат бо худ ва ҷонибдорони худ дида, дигар шаҳрвандон ва иттиҳоду неруҳоро ба ҳеҷ баробар карда, қудрати меъёрҳои конститутсияро ба нобудӣ кашидаанд.

Воқеияти зиндагии мардум низ дар замони навтарин ба сони афкори мутафаккирони замони нав (Волтер, Дидро, Руссо, Дж. Лок, Монтескё, Кант, Гегел ва дигарон) ба фаҳми конститутсия ва мазмуни меъёрҳои он аз даричаи манфиатҳои мухталиф ворид мешавад. Шояд ин воқеият дар ҳамбастагӣ бо ақоиди чунин мутафаккирон сазовори таҳсин мебуд, вале, аз як ҷониб, воқеият вобаста ба шароит имкони қабули чунин дидгоҳҳои ҷудогонаро бидуни тағйирпазирии замонӣ ва маконӣ надорад ва аз ҷониби дигар, худи тафовути воқеият аз назария ин нусхабардории аввалпешаи фикриро дар амалияи муосир ба имтиҳони шадид гирифтор кардааст. Шароити ҳастии инсон бо омезиши мушкилиҳои иҷтимоию иқтисодӣ — муҳоҷирати иҷборӣ, ифротгаройии фарогир, терроризми байналмилалии ба озодии эътиқод сар дароварда, ҷаҳонхоҳии абарқуд­ратҳо, шиддат гирифтани ҷанги сарди ҷаҳонӣ, гуруснагии аксар мардуми кишварҳои Африқою Осиё, нарасидани оби нӯшокӣ, тафовути беандоза зиёди миёни дороёну камбизоатон, даргирии оташи ҷангҳои шаҳрвандӣ, нарасидани ҷойҳои корӣ, вазъи бади экологӣ, ғорати беистиҳолаи сарватҳои табиӣ ва амсоли инҳо, ба дараҷае печида шудааст, ки на танҳо ҳуқуқ, дар маҷмӯъ, амалан ба буҳрон гирифтор шудааст, балки сиёсат думболи манфиатҳои ҷузъӣ сарсон гаштааст ва иқтисодиёт ба ҷуз аз манфиат дигар арзишеро қоил нест. Ин вазъият муҳити зисти инсонро халалдор  намуда, ҳарорати иқлими сайёраи Заминро ба 1, 5 дараҷа баланд бардошта,  муҳимтарин сарчашмаҳои моддӣ ва маънавии ҳаёти инсонӣ — оксиген, пиряхҳо ва ҳуқуқи инсонро номуназзам гардонистааст. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: «Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷаҳони босуръати кайҳонӣ тағйирёбанда ва муборизаи абарқудратҳо барои тақсими неъматҳои моддӣ ва сарватҳои табиӣ дар баробари дастовардҳои бесобиқа бисёр осебпазир гардида, зарари он ба ташаккули дунёи маънавии инсон рӯ ба афзоиш мебошад. Инсон дар 70 — 80 соли охир оламро ба дараҷае тағйир додааст, ки табиат тайи таҳаввули чандинмиллионсолааш ва тамаддуни инсонӣ дар зарфи мавҷудияти беш аз даҳҳазорсолааш чунин дигаргуниро надидааст… Ин ҳолат вазъи зиндагии олитарин ҷавҳари офариниш, яъне инсонро дар гаҳвораи ӯ – сайёраи Замин рӯз ба рӯз мушкил гардонида истодааст».

Дар чунин ҳолат ба гумон аст, ки ғояҳои олии инсондӯстонаи  мадинаи фозила (Форобӣ), андешаи бунёди шаҳри офтобӣ (Кампанелла), соҳибфармонии шаҳи хирадманд (Ҷомӣ) ва назарияи сулҳи умум (И. Кант, ниг. Кант И. К вечному миру. М.2019. — 434с. ) дар алоҳидагӣ даво ба дарди ин беморӣ гашта, инсониятро аз вартаи буҳрони маънавӣ ва моддӣ раҳоӣ бахшанд. Ҳатто назарияҳои «хонаи боақл», «шаҳри боақл»-и иқтисодию «ҷомеаи шаҳрвандии ҳуқуқӣ» дар чунин шароит, ки ба худи инсон неъмати бузурги мафкуравӣ — хирад намерасад, дар вазъияти ногувор қарор гирифтаанд. Ба назар чунин мерасад, ки ғояи зиёд будани бадкорон дар рӯи замин нисбат ба некон («Қуръон»-и карим, сураи 7, ояти 179)  ва дидгоҳи табиатан афзалият доштани кашишҳои ваҳшонию табиӣ дар инсон нисбат ба унсурҳои накукирдорию хирадмандӣ (Гоббс, Кант, ниг.: Кант И. «К вечному миру». М.2019. с. 14. ) дар замони муосир исботи худро пайдо карда истодааст. Дар асл  мушкилӣ ба маротиб фарохтар аз он аст, ки мо онро эҳсос менамоем. Муаллифи ин сатрҳо низ ба ҳеҷ ваҷҳ даъвои ҳалли ин мушкили ҷаҳониро надорад ва танҳо аз дидгоҳи илми ҳуқуқ назар ба баъзе аз иллатҳои мабдаи ин раванд менамояд, ки дар паҳнои мафкураи ҳуқуқӣ ва таносуби он бо масъулиятҳои конститутсионӣ реша давондаанд.

Онҳое, ки қимати демократияро дар таълимоти Руссо ё Монтескё хондаанду ба хулоса омаданд, ки ин аст роҳи халосии иҷтимоъ аз истисмори қудрат ва дар баробари он дигар ҷанбаи манфиати умумро дар мисоли қонунияти Кант, ҳикмати адли Ҷ. Ролз, муҳаббати иҷтимоии Мавлоною инсонии Фром дарк накардаанд, сабук ба гирдоби манфиати фардию гурӯҳи манфиатхоҳон (утилитаристҳо)  ғӯта задаанд.

Ҳол он ки воқеият, ба замми он ки қонуният ва нозукиҳои худро дорад, имкон надорад, ки табиати гуногуннавъи инсонҳои як давронро дар шароити муосир комилан  тобеи як ҷаҳонбинӣ ва як дидгоҳи универсалӣ гардонад. Маҳз ба ҳамин хотир, расман ҳокимияти  як ҷаҳонбинӣ, мафкураи як ҳизб ё иттиҳодияи муайян ба тавассути конститутсия наҳй шудааст ( қ. 2. м. 8 Конститутсияи ҶТ).

Роҳи наҷот эҳтиром ва ҳамоҳангии арзишҳои мухталиф, созиши ҷаҳонбиниҳо ва вуҷуди равияҳои гуногуни сиёсӣ ва мафкуравӣ (қ.1. м. 8 Конститутсияи ҶТ) дар радифи қонунияти конститутсионист. Замони нав бо озодипарастон ин воқеиятро гӯё нодида мегирифта бошанд, ки зери таъсири ҷаҳонбиниҳои мухталиф, ки ғояҳои олиро ба сангари ҷангҳо кашидааст, бидуни ҳамдигарфаҳмӣ ба нобудии якдигар даст мезананд. Ин ҳолат алангаи ҷангҳои шаҳрвандиро  афзун ва нооромии ҷомеаҳоро ҷаҳонӣ намудааст. Ин ҳама барои мо замоне бегона набуд. Аз ин рӯ, муҳимтарин ва асоситарин вазифа дар назди ҳамаи мардуми Тоҷикистон дар шароити имрӯз ва оянда ҳифзи ваҳдат ва оромии ҷомеа аст, ки он аз эҳтироми афкори якдигар, қадру манзалати инсон, қонунияти конститутсионӣ ва дастгирии дидгоҳҳои созандаи аз талаботи моддаҳои 8 Конститутсия маншаъгиранда маҳсуб мегардад.

Дар қисми 1 моддаи 6 Конститутсияи кишвар омадааст: «Дар Тоҷикистон халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи  ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад». Талаботи ин қисм моро водор менамояд, ки ин меъёри конститутсиониро ҳамчун  манбаи соҳибихтиёрии халқ эътироф намоем ва дарк созем, ки ин соҳибихтиёрӣ чун соҳибихтиёрии мушаххас, ки омили ягонагии миллат аст, зуҳур менамояд.

Агарчӣ Конститутсия шакли амалӣ шудани ин соҳибихтиёриро зоҳиран бо усули бевосита ва бавосита муайян карда бошад ҳам, дар асл мутобиқи қисми дуюми ин модда ифодаи олии ҳокимияти халқиро дар шакли раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот муайян карда, афзалияти ҳокимияти иродаи халқро эълон намудааст.

Дуруст аст, ки раъйпурсӣ ва интихобот падидаҳои сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошанд, аммо ҷавҳар ҳамон иродаи халқ аст, ки соҳибихтиёрӣ тавассути он равшан мегардад. Ба сифати ҷавҳари ин соҳибихтиёрӣ иродаи халқ (И. Кант), хоҳиши кулли мардуми кишвар (на гурӯҳи муайян, ҳизби ҷудогона ва на тӯдаи чандҳазора) баромад менамояд, ки тавассути он худи Конститутсия қабул мегардад, хокимияти давлатӣ таъсис меёбад  ва роҳи ягонаи табдили ин натиҷаи ирода боз ҳам иродаи халқ дар шакли тағйири меъёрҳои он (моддаҳои 98, 99, муқаррароти интиқолии Конститутсия) бо усули интихоботи озод, раъйпурсӣ (моддаҳои 49, 65 Конститутсия) аст, на хоҳишу дархости афрод ва тӯдаи ҷудогона.  Конститутсия бо эълони ҳуқуқу ваколатҳо соҳибихтиёрии халқиро дар симои мақоми марказии бо усули демократӣ таъсисёфтаю бо фишанги низоми баробарвазнҳо одилона таснифшуда (талаботи тақсимоти ҳокимият моддаи 9 Конститутсия) такмил дода, ҷомеаи шаҳрвандии ҳуқуқиро дар муносибат бо худ ва иқтисодиёт дар заминаи гуногунандешии сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (талаботи моддаҳои 8 ва 12 Конститутсия) тавлид менамояд. Ин навъи ҷомеаи шаҳрвандии ҳуқуқӣ, тибқи ақидаи аксари мутафаккирони мутақаддами барҷастаи олами сиёсат ва ҳуқуқ (Дж. Лок, Ш. Монтескё, И. Кант) ва муосир (Ю. Хабермас, Г. Харт, Фуллер,  В. С. Нерсесянс ва дигарон) ва ҳама усулҳои идории дастрасӣ ба онҳо  танҳо ба хотири осудагӣ ва саодати ҳар инсон ва мардум равона шудааст.

Пас ҳадаф ва ҷавҳари ин конструксияи мураккаб саодати инсон ва ташкили идораи адолатнок маҳсуб мегардад, ки дар саргаҳи мувофиқати манфиати фардӣ бо иҷтимоъ дар замону макони муайян бо ҳамоҳангии унсурҳои дигари фарҳангӣ тавлид гашта, падидаи соҳибихтиёрии давлатиро комил мегардонад.  Мо дар ин нукта — дар шароити муосир, ба ҷойи ҳамоҳангии соҳибихтиёрии халқӣ бо соҳибихтиёрии давлатӣ, бо иллати чунин дастандаркорон ба ҳам омадани мухолифати соҳибихтиёрии халқиро бо соҳибихтиёрии давлатӣ ба таври сунъӣ эҳсос менамоем..

Ҳол он ки ин ду навъи соҳибихтиёрӣ бояд барои ҳамдигар хизмат намоянд ва якдигарро пурра созанд. Дуруст аст, ки соҳибихтиёрии давлатӣ ҳамчун навъи комили истиқлолияти давлатӣ ҳадафҳои умдаро барои давлати миллӣ дорад, ки нодида гирифтани онҳо таҳдид ба ҳастии миллати сиёсист. Зеро соҳибихтиёрии давлатӣ дар шакли «озодии мустақил»-и (худсаронаи) давлат (Юрген Хабермас. Ниг: Хабермас Ю. – «Эссе к конституции Европы», М.2013. с. 56.) дар маҷмӯи муносибатҳои хориҷӣ иттиҳоди миллати сиёсиро муаррифӣ ва ҳифз менамояд.  Аммо соҳибихтиёрии халқӣ дар паҳнои озодии қонун ва «қонунҳои озодӣ» (И. Кант) барои зуҳури арзандаи шаҳрвандон дар дохили давлат шароит фароҳам меорад. Ба андешаи Ю. Хабермас, мафҳуми «озодии мустақил-худсарона» аз «озодии қонунӣ» дар фаҳми табиати соҳибихтиёрӣ аз ҳам тафовут доранд (ниг: Хабермас Ю., асари номбаршуда, с. 56.).

Бинобар ин ҷоиз нест, ки ба хотири арҷгузорӣ ба мақомоти фаромиллӣ мақоми соҳибихтиёрии давлатӣ, яъне паҳнои «озодии мустақил» -и давлат, маҳдуд карда шавад, зеро ин амал ногузир вайроншавии сарҳади «озодии қонунии» шаҳрвандон, яъне, соҳибихтиёрии халқиро низ тавлид мекунад. Ҳамчунин, дар пасманзари поймолшавии соҳибихтиёрии давлатӣ ва озодии комили миллат озодиҳои қонунии шаҳрвандон дар мисоли ҳуқуқ ба худмуайянкунии халқу миллатҳо ҳамчун насли нави ҳуқуқи инсон осебпазир мегардад. Пас, соҳибихтиёрии халқӣ аз ботини давлат  ба хотири ҳимояи паҳнои хориҷии озодии он, яъне, соҳибихтиёрии давлатӣ, ногузир қомат рост менамояд.

Аз ин дидгоҳ, онҳое, ки ба қимати фаромиллии арзишҳои демократӣ такя зада, мехоҳанд намунаю амсилаҳои худро иҷборан бар дӯши халқу миллатҳои дигар бор намоянд, дар асл на ба хотири соҳибихтиёрии халқии кишварҳо кӯшиш мекунанд ва на дар ҷодаи ҳуқуқу озодиҳои инсон  хизмат менамоянд, баръакс, бо ин амалашон ҳам ба озодии хориҷӣ ва ҳам дохилии миллатҳо таҳдид намуда, соҳибихтиёрии халқ ва кишварҳои демократиро халалдор месозанд.

 (Давом дорад)

ХОЛИҚЗОДА Абдураҳим Ғафор, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор