Корномаҳои сиёсии Пешвои миллат бо мафҳуми Конститутсия тавъаманд

№137 (4243) 06.11.2020

DSC_0319Сеюми ноябри соли равон бахшида ба 26-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар мавзӯи «Конститутсия бахтномаи миллат аст» конференсияи илмӣ — амалӣ баргузор гардид.

Раиси Маҷлиси намояндагон зикр кард, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди бузургу тақдирсоз дар таърихи навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт мегардад ва он ҳамчун роҳнамо дар пешрафти ҳаёти ҷомеа хизмат мекунад. Зикр шуд, ки тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул намудани санади тақдирсоз барои гузариш ба марҳилаи нави рушд, яъне, ба сӯи бунёди давлати ҳуқуқ­бунёду иҷтимоӣ ва ­ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ, заминаи боэътимод гузошт.

- Маҳз бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон мардуми соҳибтамаддуни тоҷик соҳиби Конститутсияи ифодакунандаи орзуву ормони миллат ва муайянкунандаи соҳибихтиёриву демократӣ, ҳуқуқ­бунёд, дунявӣ ва ягонагии давлат гардид. Аз ин рӯ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои сокинони мамлакат мояи ифтихор ва муқаддас аст, — гуфт Маҳмадтоир Зокирзода.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҳия ва қабули он» сухан ронда, ёдовар шуд, ки баъди эълони соҳибистиқлолӣ яке аз масъалаҳои асосӣ таҳия ва қабули Конститутсияи давлати мустақили тоҷикон буд. Мутаассифона, ҷанги шаҳрвандӣ сар заду иқдоми мазкур амалӣ нашуд. Пас аз барқароршавии сохти конститутсионӣ роҳбарии ҳайати Комиссияи конститутсиониро Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зимма гирифтанд.

- Зимни таҳияи Конститутсия андешаҳо дар хусуси шакли идоракунии давлат гуногун буданд. Бо пешниҳоди муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон шакли идоракунии президентӣ интихоб шуд. Дурус­тии интихоби роҳи мазкурро вақт нишон дод, — гуфт Зариф Ализода.

Номбурда зикр намуд, ки аъзои ҷомеа бояд мақсадҳои бунёдии дар Конститутсия зикршударо донанд. Яъне, донистану дарк намудани он ки Тоҷикистон давлати демократӣ, соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ мебошад, муфид, муҳим ва ҳатмист.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода дар мавзӯи «Конститутсия: масъалаҳои озодии шахс ва соҳиб­ихтиёрии давлат дар Тоҷикистон» сухан ронда, ёдовар шуд, ки фазои ҳуқуқии кишвар дар мисоли суиистифодаи арзишҳои динӣ ва махлутсозии он бо сиёсат ва муборизаҳои сиёсӣ таҷрибаи талх дорад. Ин таҳдид то ҳанӯз дар мувофиқат бо сатҳи пасти шуури ҳуқуқӣ ва сиёсии ҷомеа аз мафкураи сиёсии ҳангоматалабон дур нашудааст.

- Ҳар шаҳрванди кишвар бояд дарк намояд, ки дин ва эътиқод кори шахсии ҳар як инсон буда (моддаи 26 Конститутсия), олудасозии он бо сиёсат ва ғаризаҳои шахсию гурӯҳӣ дар асоси талаботи дунявияти конститутсионӣ (талаботи моддаи 1 Конститутсия) бояд пешгирӣ гардад. Асли дин ва имон на қудратталабӣ ва иштирок дар муборизаҳои сиёсист, балки эътиқод ба Худои якка ва ягона, малоикаҳои он, китобҳои осмонӣ, паёмбарони он аст. Бинобар ин ҳар нафаре, ки ­эътиқоду имонро ба муборизаҳои сиёсӣ ва манфиатноки молӣ олуда месозад, ба дин ва қонуни адли умум хиёнат менамояд, — гуфт ӯ.

Номбурда, инчунин, зикр кард, ки давлати миллӣ кафилу муҳофизи озодиҳои эътиқодист. Озодшавии давлат аз чанги хурофот ва аз махлутшавӣ бо сиёсат ба манфиати дин ва нафъи давлат аст. Ин ҷараёнро таҷрибаи динҳои ҷаҳонӣ борҳо собит сохтаанд.

- Давлати демократӣ ба озодиҳо таъсир намерасонад, балки барои зуҳури онҳо шароит фароҳам оварда, бо қонун муқаррар менамояд, — афзуд А. Холиқзода.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода дар мавзӯи «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими принсипи гуманизм ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд» сухан ронда, таъкид намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қисми зиёди моддаҳои худро ба ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд бахшида, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро ба сифати арзиши олӣ маънидод намудааст. Инчунин, давлат вазифадор гардидааст то ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф, риоя ва ҳифз намояд, ки чунин муносибат ба ҳуқуқи инсон хоси давлатҳои демокративу ҳуқуқбунёд мебошад.

- Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳое дарҷ ёфтаанд, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ба сифати ҳуқуқҳои бунёдӣ маънидод мегарданд. Аз ҷумла, ҳуқуқҳои шахсӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ. Аксарияти ҳуқуқҳои пешбинишуда бо дарназардошти принсипи инсондӯстӣ омода ва кафолат дода шудаанд. Дар заминаи принсипи мазкур ба шаҳрвандон, новобаста ба мансубияти миллӣ, нажодӣ, динӣ, забонӣ, мазҳабӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк ҳуқуқу озодиҳо баробар кафолат дода шудааст, — гуфт Эмомалӣ Насриддинзода.

Ӯ иброз намуд, ки ҳуқуқҳои шахсии инсон, аз ҷумла, ҳуқуқ ба адолати судӣ, дахлнопазирии манзил, интихоби маҳалли зист, озодии мусофират, дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ ва ғайра дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба инъикоси воқеӣ ёфтаанд. Дар заминаи меъёрҳои Конститутсия санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар қабул ва мавриди амал қарор гирифтаанд, ки паҳлуҳои алоҳидаи принсипи инсондӯстӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро танзим менамоянд.

- Дар умум Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин ҳуқуқҳои инсонро дар бар гирифта, вайро аз ҳама арзиш болотар гузошта, пойдорӣ ва амалишавии ҳуқуқҳояшро кафолат додааст. Чунин муносибати давлат нисбат ба ҳуқуқу озодиҳои инсон боз­гӯйи адолатпарварӣ буда, бори дигар исбот менамояд, ки аз азал миллат ба принсипҳои инсонмеҳварӣ ва инсондӯстӣ (гуманизм) такя менамояд, — хулоса намуд Эмомалӣ Насриддинзода.

Мавзӯи маърӯзаи раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати дастур ва ташкили кор Ҷамшед Муртазозода «Саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол» ном дошт.

Ӯ иброз намуд, ки қабули Конститутсия марҳилаи сифатан нави рушдро оғоз бахшид.

Мувофиқи таҳлили коршиносони муътабар, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз комилтарин конститутсияҳо буда, ба қатори панҷ Конститутсияи беҳтарини дунё шомил аст. Он меъёрҳои муосири сохторӣ ва арзишии низомҳои демократӣ ва ҳуқуқу озодиҳои эътирофшудаи умумибашариро фаро мегирад.

Таъкид гардид, ки барои қабули Конститутсияи комилу устувор миллат ва давлат роҳи басе душвор ва печидаро пушти сар ­гузошт. Дар садри ин талошу муборизаи таърихӣ Пешвои номвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.

Корномаи сиёсии Пешвои миллат бо мафҳуми Конститутсия аз оғоз пайванди ногусастанӣ дошт, зеро аввалин қадамро ба сиёсати бузург маҳз бо ҳамин маром, яъне «барқарории ҳокимияти конститутсионӣ» гузошта буданд.

- Талош ва ташаббуси муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳия ва қабули аввалин Конститутсияи Тоҷикис­тони соҳибистиқлол корномаи бузург аст, — афзуд Ҷамшед Муртазозода.

Барои дарки корномаи таърихии Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба чор ҷанба муҳим аст:

Ҷанбаи якум, саҳми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳия ва қабули Конститутсияи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол. Пешвои миллат шахсан ин равандро зери назорат гирифта, пайваста таъкид менамуданд, ки бояд ҳар як пешниҳоди мардум ва орзуву омоли қишрҳои ҷомеа ба назар гирифта шавад.

Ҷанбаи дуюм, саҳми Роҳбари мамлакат дар ташаккули мазмун ва меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол. Масалан, матни моддаи якуми Конститутсия, ки моҳияти давлатдории миллиро ифода мекунад, бевосита аз тарафи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта шудааст. Он меъёрҳои усулие, ки дар ин модда сабт шудаанд, ҳанӯз дар аввалин суханронӣ ба ҳайси Роҳбари давлат дар Иҷлосияи таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд садо дода буд. Дар он лаҳзаи таърихӣ бо қатъият эълон карда буданд, ки ҷонибдори давлати демок­ратии дунявии ҳуқуқбунёд мебошанд. Маҳз ҳамин идеяи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳиятан аввалин хишти Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид.

Ҷанбаи сеюм, саҳми Президенти кишвар дар ислоҳоти конститутсионӣ ва такмили низоми ҳуқуқии кишвар. Зери роҳбарии Пешвои миллат дар Тоҷикистон дар заминаи Конститутсияи навини миллӣ ислоҳоти қонунгузорӣ сурат гирифт. Таҷрибаи ин давра нишон медиҳад, ки муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббус, пешниҳод, эрод ва идеяҳо дар раванди такмили қонунгузорӣ саҳми бевосита гузошта, барои ҳимояи манфиатҳои мардум дар қонунгузории кишвар пофишорӣ кардаанд.

Ҷанбаи чорум, саҳми муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи ҳадаф ва меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикис­тони соҳибистиқлол. Дар он шароит татбиқи меъёрҳои конститутсионӣ заҳмат, талош ва ҷасорати махсус­ро талаб мекард. Хушбахтона, чун ҳарвақта Пешвои миллат аз уҳдаи ин вазифаи таърихӣ низ баромаданд.

- Метавон хулоса кард, ки аз лиҳози татбиқи меъёрҳои ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократӣ, кишвар зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаҳиши беназири таърихиро анҷом дод. Дар ду даҳсола ба даст овардани муваффақиятҳо дар самти татбиқи арзишҳои демократӣ муъҷиза маҳсуб мешавад. Табиист, ки бо чунин нақш ва хидмати таърихӣ ҷойгоҳи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи халқи тоҷик бисёр баланд буда, номашон дар саҳифаи давлатдории миллӣ барои ҳамеша бо ҳарф­ҳои заррин сабт шудааст, — гуфт дар хотима Ҷамшед Муртазозода.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ