Коронавирус ва эҳтимолияти зарарҳои он ба иқтисодиёти мамлакат

№55 - 56 (4161 - 4162) 05.05.2020

Коронавирус – COVID 2019

IMG_8898cvcВабои нав ё ба истилоҳ, коронавирус, ки чандест мавзӯи асосии воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад, мардуми Тоҷикистон, минтақа ва ҷаҳонро ба таҳлука овардааст. Тибқи маълумоти расонаҳо, то 4 майи соли 2020, ҳолатҳои сироятёбӣ ба коронавирус қариб дар тамоми давлатҳои дунё ба қайд гирифта шудааст. Нисбат ба шумораи гирифторшудагон ва фавтидагон ёдовар шудан намехоҳем, зеро яке аз сабабҳои ба тарсу воҳима афтодани сокинони сайёра ва мардуми кишвар маҳз огаҳӣ ёфтан аз шумораи зиёди сироятёфтагону фавти онҳо, инчунин ахбори носанҷидаву сатҳӣ мебошад. Танҳо барои равшанӣ андохтан вобаста ба вируси навъи COVID – 19 ё вабои барангезандаи нав, нишонаҳо, роҳҳои гузариш ва пешгирии он каме маълумот пешкаш менамоем.

Мутахассисони соҳаи тандурустӣ иброз медоранд, ин ба он хотир барангезандаи нав гуфта мешавад, ки ҳангоми пайдо шудани ин навъи вабо организми инсон бо сабаби надоштани масуният (иммунитет) ва ё паст будани он, наметавонад худро ҳимоя намояд.

Роҳҳои гузариши беморӣ ҳавоӣ — қатрагӣ буда, он ҳангоми нафас гирифтан ва атсаву сулфа задан мегузарад. Ҳангоми атса ва ё сулфа задан бемор метавонад вирусро ба муҳити атроф паҳн намояд ва шахси солим дар мавриди риоя накардани масофае, ки байни шахси бемор ва солим ба андозаи на кам аз як метр муайян гардидааст, метавонад сироят ёбад.

Вобаста ба ин, бо тавсия ва роҳнамоии Пешвои миллат фавран аз ҷониби Ҳукумати мамлакат Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис ёфт, ки роҳбарии онро Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба уҳда дорад.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, ба Пешвои миллат ҷиҳати зери назорати ҷиддӣ қарор додани фаъолияти ситод ва ба ҳар нафар аъзои он, кормандони соҳаи тандурустии кишвар, барои хизматҳои шабонарӯзӣ ва пешгириву муолиҷа намудани сокинони кишвар, ҳамчун вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фархор №34 (ноҳияҳои Фархору Панҷ) ва интихобкунандагону сокинони ин ҳудуди ҳавзаи интихоботӣ сипосу миннатдорӣ мекунам. Ҳамчунин, аз шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва сокинони ҳудуди ҳавзаи интихоботии Фархор №34 эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки баҳри пешгирӣ аз сироятёбӣ ва паҳншавии вабо муттаҳид гардида, аз тавсияҳои табибони ҳозиқ истифода бурда, қоидаҳои беҳдошти шахсиро бо масъулияти баланд риоя намоянд.

 Паёмадҳои вабо ва роҳҳои бартараф кардани он

Аз рӯзҳои аввали пайдоиш ва паҳншавии хабар оид ба коронавирус COVID-2019 дар сатҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ, мардуми тоҷикро низ, ба тарсу воҳима гирифтор намуд. Новобаста аз он ки дар Тоҷикистон беморӣ ё вабо расман дар аввалҳои моҳи май (чор моҳ баъд) ба қайд гирифта шуда бошад ҳам, зарар ё паёмадҳоеро ба бор овард. Барои мисол, аз рӯзҳои аввали паҳншавии ин хабар, яъне аввалҳои моҳи январ, сокинони кишвар ба қавле, ба таҳлука афтода, барои баланд гаштани нархи навои хӯрокворӣ ва маҳсулоти аввалиндараҷа, аз қабили орд ва маҳсулоти нонӣ, картошка ва ҳатто сирпиёз дар ҷумҳурӣ, мутаассифона замина муҳайё намуданд.

Ҳоло мо дар арафаи ҷамъоварии ҳосили аввалия ва киштукори баҳорӣ қарор дорем, пас бояд таҳлука ва воҳимаро як тараф монда, ба ҷамъоварии ҳосили аввалия ва киштукори такрорӣ камари ҳиммат бандем. Новобаста ба номусоид омадани боду ҳаво бояд рӯҳафтода нашуда, корро дар самти зиёд кардани киштукори такрорӣ ба роҳ монем ва дар рушди яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат таъмини амнияти озуқаворӣ саҳмгузор бошем. Дар сурати самаранок истифода набурдани заминҳои дар ихтиёр­дошта ва захира накардани ғалладонаву маҳсулоти ғизоӣ ба оқибатҳои нохуш метавон рӯ ба рӯ шуд.

Агар вабо босуръат дар ҷаҳон идома ёбад, ба рушди иқтисодиёту иҷтимоиёти кишвар таъсири манфӣ ва зарари калон  мерасонад. Аз вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ пешгӯӣ кардан мумкин аст, ки оқибатҳои ногуворро ба бор овардани вирус аз эҳтимол дур нест.

Албатта, вақте, ки корхонаҳо, заводу фабрикаҳо ва дигар муассисаву идораҳои давлативу хусусӣ аз кор бозмонданд, буҷаи давлат иҷро нагардида, рушди иқтисодиёти мамлакат таъмин намегардад. Дар ин ҳолат, ягона роҳе, ки метавонад моро аз гирифтор нагардидан ба мушкилоти норасоии озуқаворӣ дар зимистони пешистода раҳонад, боз ҳам рӯ овардан ба соҳаи кишоварзӣ ва самаранок истифода намудани ҳар як ваҷаб замини бекорхобидаи назди ҳавлӣ, заминҳои ёрирасон, заминҳои президентӣ, саҳмияҳое, ки дар хоҷагиҳои деҳқонӣ мавҷуданд, мебошад.

Бо ин мақсад, дар маҷлиси фавриву ғайринавбатии Ҳукумати кишвар Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарону фаъолонро вазифадор намуданд, ки хоҷагиҳои ҷамъятӣ ва аҳолӣ дар самти сари вақт кишт намудани зироатҳо ва полезиҳо, гирифтани се — чор ҳосил, баланд бардоштани самаранокӣ бо ташкили гармхонаҳо, ҳатто дар заминҳои наздиҳавлигӣ, корбарӣ намоянд.

Бо дарназардошти вазъи кунунии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки нақшаи ҷумҳуриявии кишти зироатҳо, бахусус майдони кишти картошкаро 40% ва майдони кишти такрориро аз ҳисоби ғалладонагиҳо, лӯбиёгиҳо ва макаи донро то 60% зиёд намоянд.

Бояд хуб дарк намоем, ки ҳоло қудрат ва тавоноии Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Пешвои миллат барои таъмини аҳолии кишвар бо маҳсулоти ғизои аввалия пурра мерасад ва ҷиҳати таъмини доимии аҳолии кишвар ба ин навъи маҳсулот ва назорати нархи наво дар бозорҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Агар ҳоло каме фориғболӣ кунем, вақти киштукори баҳорӣ мегузарад. Новобаста аз ин вазъияти ногувор ва дар айни авҷи вабои аср қарор доштан бояд фаромӯш накунем, ки зиндагӣ боз идома дорад ва бояд ба тарсу воҳима дода нашуда, аз тавсияҳои табибон, яъне пӯшонидани даҳону бинӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дар масофаи на кам аз як метр қарор дош­тан ва қоидаҳои беҳдошти шахсиро риоя карда, лаҳзаҳои нотакрори баҳориро самаранок ва дар вақташ истифода барем. Чунки роҳи ҳалли мушкилоти зикршуда ва паёмади онро ман маҳз дар рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар мебинам.

РАҲМОНЗОДА Зоир Файзалӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатаи Фархор №34