Шарҳи қонун

Кумакҳои унвонии иҷтимоӣ барои дастгирии шаҳрвандони ниёзманд аст

№47 (3684) 02.05.2017

0002Мусоҳибаи хабарнигори рӯзнома бо узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Гулбаҳор Ашурова роҷеъ ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ»

- Гулбаҳор Сангиллоевна, зарурат ва омилҳои қабули қонуни мазкурро аз чӣ иборат медонед?

- Вобаста ба пешрафти ҷомеа ва рӯз то рӯз афзудани талабот ба зиндагии шоиста баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ ва таъмини шароити мусоиди зиндагӣ яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ» сиёсати иҷтимоии давлатро таҳким бахшида, ба дастгирии оилаҳои ниёзманд ва камбизоат мусоидат хоҳад намуд.

- Кумакҳои унвонии иҷтимоӣ тибқи кадом принсипҳо амалӣ мешаванд? Ҳамчун яке аз муаллифони қонун мақсад аз расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоиро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

- Мақсад аз расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мусоидат ба коҳиш додани вазъи душвори зиндагӣ ва дастгирии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат аст, ки даромади ҳадди ақалашон аз меъёри эҳтиёҷот пасттар мебошад. Ҳамчунин, муҳайё намудани шароит ба ин гуна шаҳрвандон (оилаҳо) ҷиҳати фароҳам овардани имконият барои баланд бардош­тани сатҳи зиндагиашон аз ҷумлаи ҳамин мақсадҳост.

Дар маҷмӯъ, кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба принсипҳои зерин асос ёфтаанд:

- дастрасии кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат;

- ба эътибор гирифтани муроҷиати шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат ва муайян намудани эҳтиёҷоти онҳо барои гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ;

- давра ба давра баровардани шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат аз сатҳи камбизоатӣ;

- истифодаи мақсадноки маблағҳои пешбинигардида бо роҳи тақсимоти онҳо ба манфиати шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат.

- Кумакҳои унвонии иҷтимоиро кӣ маблағгузорӣ мекунад ва киҳо ҳуқуқи гирифтани онро доранд?

- Тибқи моддаи 5-уми қонуни мазкур, маблағгузории хароҷот оид ба расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ аз ҳисоби маб­лағҳои пешбининамудаи Буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.

Шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоате, ки даромади ҳадди ақалашон аз меъёри эҳтиёҷот пасттар мебошад, ба гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд.

Ҳангоми муайян кардани ҳуқуқ ба расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ шахсони зерин аз ҳайати оила ба назар гирифта намешаванд:

- шахсоне, ки дар таъминоти пурраи давлат мебошанд;

- шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо мекунанд;

- шахсоне, ки ҷазоро дар муассисаҳои ислоҳӣ адо менамоянд.

- Тартиби муроҷиат барои гирифтани чунин кумакҳо чӣ гуна аст ва шаклҳои кумакҳои унвонии иҷтимоӣ кадомҳоянд?

- Як боби алоҳида аст дар қонуни мазкур, ки тартиби муроҷиати шаҳрвандон оид ба гирифтани кумакҳои иҷтимоӣ ва шаклҳои кумакҳои унвонии иҷтимоиро танзим менамояд.

Мувофиқи моддаи 10-и қонун, муроҷиат барои гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар шакли хаттӣ аз тарафи шаҳрванд ва ё аз номи оилаи ӯ, мақомоти васояту парасторӣ, дигар намояндаи қонунии шаҳрванд ба шуъбаю бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҷойи истиқомат пешниҳод карда мешавад.

Шакли ариза ва ҳуҷҷатҳои дигари зарурӣ барои гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар мегардад.

Тибқи моддаи 11-и қонун, кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар шаклҳои кумаки пулӣ ва ё  кумаки моддӣ расонида мешаванд.

Кумаки пулӣ ба андозаи умумӣ бо дарназардошти аъзои оилаҳои камбизоат, ки ба гирифтани он ҳуқуқ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ таъин мегардад.

Дар ҳолати зиндагии якҷояи оилаҳо, ки даромади алоҳида доранд, кумаки пулӣ ба ҳар кадом дар алоҳидагӣ таъин карда мешавад.

Кумаки моддӣ ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат бо дарназардошти эҳтиёҷоти онҳо дар намуди сӯзишворӣ, хӯрокворӣ, доруворӣ, либос, пойафзол, маводи санитарию гигиенӣ, дигар ашёи зарурии аввалиндараҷа, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ харидорӣ мешаванд, пурра ё қисман пардохт намудани ҳаққи хизматрасониҳои манзилию коммуналӣ ва дигар намуди хизматрасониҳо пешниҳод карда мешавад.

- Кумакҳои унвонии иҷтимоӣ бо кадом тартиб таъин ва қатъ карда мешаванд?

- Тартиби таъин ва қатъ намудани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар боби 4-и қонун муайян шудааст. Кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат бо қарори мақоми ваколатдори давлатӣ таъин ва тибқи моддаи 16-и ҳамин Қонун бо асосҳои зерин қатъ карда мешаванд:

- аз ҷониби шаҳрванд (оила)-и камбизоат рад кардани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ;

- аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ ошкор гардидани далели нодурустии маълумоти пешниҳодшуда дар бораи даромадҳо, молу мулк, ҳайати оила ва маълумоти дигаре, ки барои пешниҳод намудани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ зарур мебошанд;

- вафоти шахси танҳои гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ;

- ҳолатҳои дигари пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

- Ҳангоми муайян намудани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат кадом индикаторҳо ба ҳисоб гирифта мешаванд?

- Яке аз омилҳои асосии ба шаҳрвандони эҳтиёҷманд расонидани кумаки унвонии иҷтимоӣ муайян намудани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат ба воситаи индикаторҳо ба шумор меравад. Дар моддаи 13-и қонун индикаторҳои асосии муайян намудани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат чунин мушаххас шудаанд:

- ҳайати оила, вазъи иҷтимоӣ ва сатҳи маълумотнокии сардори оила, теъдоди маъюбон,  ноболиғон ва дигар аъзои ғайриқобили меҳнат дар оила;

- даромади пулию молии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат;

- моликияти шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат;

- ҳолати манзили истиқоматӣ;

- қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва заминҳои дигари дар ихтиёри оила қарордошта;

- шумора ва намудҳои чорвои шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат;

- дигар индикаторҳое, ки бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ барои муайян намудани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат заруранд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки индикаторҳои муайян намудани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат вобаста ба хусусиятҳои ҷуғрофӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаҳои ҷумҳурӣ тағйир ёфта метавонанд.

- Шаҳрвандон (оилаҳо)-е, ки барои гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ муроҷиат кардаанд, чӣ гуна ҳуқуқ ва уҳдадорӣ доранд?

-  Дар қисмҳои 1 ва 2 — юми моддаи 18-и қонун ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандон (оилаҳо)-е, ки барои гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ муроҷиат намудаанд, муқаррар шудааст. Тибқи қисми 1- и моддаи 18, шаҳрвандон (оилаҳо)-е, ки барои гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ муроҷиат намудаанд, ҳуқуқ доранд дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ маслиҳати ройгон гиранд. Дар қисми 2 — и моддаи 18 барои гирандагони кумакҳои унвонии иҷтимоӣ уҳдадориҳои мушаххас муайян шудааст, аз ҷумла:

- мақоми ваколатдори давлатиро дар бораи тағйироте, ки барои тағйирёбӣ, идомадиҳӣ ва қатъи пешниҳоди кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба онҳо (оилаи онҳо) асос шуда метавонанд (маълумот дар бораи ҳайати оила, бекор кардани маъюбӣ, даромадҳо, дигар маълумоте, ки ба андозаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ таъсир мерасонанд), дар муддати ду ҳафта пас аз санаи тағйироти мазкур хабардор намоянд;

- ҷиҳати мустақилона бартараф намудани вазъи душвори зиндагӣ имкониятҳоро истифода баранд.

Низоми мазкур, яъне кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, бар ивази ду механизми қаблӣ — кумакпулӣ барои мактаббачаҳо аз оилаҳои камбизоат ва ҷубронпулӣ барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ ҷорӣ гардидааст.

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум»