Пайравӣ ба ташаббуси Пешвои миллат

Кумаки вакили Маҷлиси намояндагон ба беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Ҳисор

№58 (4164) 14.05.2020

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди расонидани кумаки пулию молӣ ҷиҳати пешгирии бемории COVID-19 ва табобати мубталоёни он дар шаҳру навоҳии мамлакат ҳамовозии гарму ҷӯшон пайдо намуд.

Чанде пеш узви Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замини Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Уроқова ба 54 нафар корманди Беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Ҳисор  маҳсулоти хӯрока, аз қабили орд (10 килоӣ), биринҷ (5), шакар (5), макарон (3) ва равған (5 литрӣ) кумак намуд.

Вакили  палатаи поёнии парлумони мамлакат, инчунин, бо табибон ва хешону пайвандони беморон суҳбат намуда, ба онҳо риоя кардани талаботи тарзи ҳаёти солимро тибқи талаботи Созмони умумиҷаҳонии тандурустию Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаҳмонид. Ҳамчунин, аз дастгирии пайвастаи Ҳукумати мамлакат ёдовар шуда, ҳамаро ба сабру таҳаммул ва сарҷамъию мубориза бо беморӣ даъват намуд.

 «Садои мардум»