Лутфия Раҷабова: «Касбияти 35-40 дарсади мутахассисон ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ нест»

№150 (3787) 19.12.2017

DSC_083915 декабри соли 2017 дар Маҷлиси намояндагон таҳти унвони «Тайёр кардани мутахассисон тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо дарназардошти талаботи бозори меҳнат» соати парламентӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, рушди иқтисод ва савдо, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иштирок карданд.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Лутфия Раҷабова оид ба рафти тайёр кардани мутахассисон тибқи талаботи қонуни зикршуда муфассал сухан ронда, аз ҷумла иброз дошт, ки таҳлили иҷрои қонун собит намуд, ки мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаҳои маориф, иқтисодиёт ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати амалисозии он чораҳои мушаххас амалӣ намудаанд.

Бо мақсади омода кардани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат, инчунин фароҳам овардани заминаҳои моддию техникӣ ва кадрию омӯзгорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ «Барномаи давлатии тайёр намудани мутахассиони дорои таҳсилоти олии касбӣ барои солҳои 2016-2020» қабул ва амалӣ шуда истодааст. Тибқи барнома, тайёр намудани 228247 мутахассис, аз ҷумла аз ҳисоби Буҷети давлатӣ 61942 ва шартномавӣ 166305 нафар пешбинӣ шудааст.

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол «Дурнамои нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро таҳия менамояд, ки дар он нишондиҳандаҳои тайёр кардани мутахассисони таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ пешбинӣ мешаванд. Чунончӣ, дар соли таҳсили 2018-2019 ба таҳсилоти олии касбӣ 45632 нафар (12388 нафар тариқи буҷетӣ, 33244 нафар шартномавӣ), ба таҳсилоти миёнаи касбӣ 30070 нафар (13139 нафар буҷетӣ, 16931 нафар шартномавӣ) ва ба таҳсилоти ибтидоии касбӣ 17400 нафар (13300 нафар буҷетӣ, 4100 нафар шартномавӣ) пешбинӣ шудааст.

- Вобаста ба талаботи бозори меҳнат дар муассисаҳои давлатии таълимии соҳаи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ихтисосҳои нав, ба мисли «Устои коркарди пластика», «Ороиши сангҳои нимқимат ва қиматбаҳо», «Технологияҳои информатсионӣ ва коммуникатсия», «Хизматрасонии техникӣ ва таъмири компютер» ва ғайра ҷорӣ шудаанд. Мутаассифона, тайёр намудани мутахассисон тибқи талаботи қонун беҳбудиро талаб менамояд. Ба ҳисоби миёна касбияти тақрибан 35 — 40 фоизи мутахассисон ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ нест. Аз ин рӯ, дар панҷ соли оянда ба ҳисоби миёна ҷалб намудани на кам аз 115000 нафар ба барномаҳои бозомӯзӣ зарур аст. Фаъолияти мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф, иқтисодиёт ва шуғли аҳолӣ дар самти мазкур ба тақвият ниёз дорад, — афзуд Лутфия Раҷабова.

- Тавсияҳои мақомот ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти касбӣ дар бораи нақшаи қабули довталабон на ҳама вақт воқеӣ ва ҷавобгӯйи бозори меҳнат мебошанд. Чунончӣ, соли хониши 2015-2016 мутобиқи нақша аз ҳисоби Буҷети давлатӣ тайёр намудани 214 ҳуқуқшиноси соҳаҳои гуногун, дар соҳаи иқтисодиёт ройгон тайёр кардани 306 нафар, аз ҷумла кори бонкӣ — 35, молия ва қарз — 103 нафар мутахассис пешбинӣ шуд. Талаботи имрӯзаи бозори меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин миқдор мутахассис шубҳанок менамояд, зеро дар тӯли ду соли охир зиёда аз 8000 корманди низоми бонкӣ аз ҷойи кор маҳрум гаштааст. Фақат дар ҶСК «Агроинвестбонк» зиёда аз 1500 нафар корманд аз кор хориҷ шуд, ки 75 фоизи шумораи умумии кормандони бонкро ташкил медиҳанд.

Таҳлили вазъи таъмини кадрҳо дар соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ маълум намуд, ки дар соҳа коргарони синну солашон аз 50 то 60- сола 47 фоиз (ҳамагӣ 895 нафар ва ҷавонон 17 фоиз»-ро ташкил медиҳанд. Вале нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои соли таҳсили 2017-2018 тайёр намудани 60 мутахассиси ихтисоси «мелиоратсия ва хоҷагии об», 73 мутахассиси ихтисоси «истифодабарии оқилона ва ҳифзи захираҳои обӣ»-ро пешбинӣ намудааст.

Вазъи таъмини соҳаи тандурустӣ низ бо мутахассисон беҳбудиро талаб менамояд. Соли 2016 дар ҷумҳурӣ 4243 ҷойи кори холӣ барои табибон, 2466 барои кормандони миёнаи тиб вуҷуд дошт. Дараҷаи таъминот бо табибон 57,2 ва кормандони миёнаи тиб 44 фоизро ташкил медиҳад.

Тайёр кардани кадрҳо дар чанд мактаби олӣ такрори якдигаранд. Масалан, мутахас­сисони иқтисодиро дар аксар мактабҳои олӣ тайёр мекунанд.

- Таҷрибаомӯзии донишҷӯён дар корхонаю ташкилот, новобаста ба шакли моликият, ба такмил ниёз дорад, зеро субъектҳои раванди таълим ва кордиҳанда ба ин ҳавасманд нестанд. Хуб мешуд, ки минбаъд баҳри таъмини иштироки корфармоён дар муайян намудани талабот ба захираҳои меҳнатӣ, баланд бардош­тани сифати таҳсилоти касбӣ, нав кардани мазмуни он бо дарназардошти пешгӯйии талаботи бозори меҳнат ва дар ин асос ташкил кардани фаъолияти таълимӣ, истеҳсолӣ ва илмӣ чораҳои зарурӣ андешида шаванд, — иброз дошт Лутфия Раҷабова.

Инчунин, вобаста ба масоили зикргардида муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Бозоралӣ Неъмат, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Мирзозода Абдусалом Назаралӣ, сардори Раёсати рушди соҳаҳои иҷтимоии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Таваккал Маликов, сардори Раёсати таҳсилоти тиббию фарматсевтӣ, сиёсати кадрҳо ва илми Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саломиддин Юсуфӣ ва дигарон гузориш дод, вакилон Абдуҳалим Ғаффоров, Дилрабо Мансурӣ, Олимҷон Бобоев, Ашӯрзода Гулбаҳор Сангилло, Гулнора Бобоева, Мирзоанвар Ахмедов пешниҳодҳои муфид баён намуданд.

Дар ҷамъбаст қарор ва тавсияҳо қабул ­гардиданд.

 Тиллои НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум»