Маҷлиси миллӣ зодаи даврони истиқлолият аст

№113-114 (4375-4376) 09.09.2021

MjdYdp15753603174334_bДар давраҳои хеле ҳассосе, ки ҷумҳуриҳои собиқ Иттифоқи Шӯравӣ ба муқовиматҳои сиёсии шадид гирифтор буданд, Иҷло­сияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) 24 августи соли 1990 Эъломияи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро қабул кард. Бо вуҷуди он ки ҳанӯз ин эъломия бо дарназар­дошти баъзе аз маҳдудиятҳо қабул гардида, соҳибистиқлолии Тоҷикистонро дар доираи салоҳияти Иттиҳоди Шӯравӣ муайян мекард, ҳароина нахустин санаде буд, ки аз наздик шудани мамлакат ба истиқлолияти комил дарак медод.

Мутаассифона, дере нагузашта муборизаҳои шадиду оштинопазири дохилӣ бо пуштибонии доираҳои берунии манфиатдор баҳри ғасби қудрати сиёсӣ оғоз гардид, ки ин барои ба воқеият пайвастани орзуи деринтизори истиқлолиятёбии комили кишвар монеа шуд. Ҳизбҳои сиёсӣ ва ҷунбишу ҳаракатҳое ба саҳнаи муборизаҳои сиёсӣ баромаданд, ки бо ташвиқу ҳидояти онҳо ошӯбу эътироз ва майдоннишиниҳо дар пойтахт ҳамчун падидаи нави сиёсӣ дар таърихи кишвар ба вуқӯъ пайвастанд. Гурӯҳҳои сиёсӣ бо барномаҳои гуногун ба майдон омаданд, ки бештарашон хориҷ аз кишвар тарҳрезӣ гардида буданд. Арзишҳои динӣ, мазҳабӣ, псевдодемократияи таҳмилшуда бо шиорҳои «озодӣ», «ошкорбаёнӣ» мағзи мардумро таҳрик медод. Вале ҳама як ҳадаф доштанд: ба даст гирифтани лаҷоми қудрат. Ҳукумати вақт ҳанӯз таҷрибаи кору муносибат бо чунин ҳолатҳои изтирориро надошт ва ин имкон дод, ки вазъият рӯз то рӯз дар марказ ва баъзе аз минтақаҳои кишвар муташанниҷ гардад ва ниҳоят, ба кушта шудани чанд нафар шахсиятҳои маъруф ва аз ҷониби неруҳои манфиатдор ғайриқонунӣ ғасб гардидани ҳукумат замина гузорад.

Моҳи майи соли 1992 бо талаби неруҳои мухолифин ҳукумати муросои миллӣ ба фаъолият оғоз намуд, вале ба иллати шомил гардидани шахсони тасодуфӣ ва ғайриҳирфаӣ ба ҳайати он ҳалли масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мураккаб ва вазъият боз ҳам ноором гардид.

Маҳз дар ҳамин давра намояндагони солимфикри ҷомеаи шаҳрвандӣ ба вакилони Шӯрои Олӣ муроҷиат намуданд, ки ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар хотима гузоранд. Бо дарназардошти он ки барои бидуни фишороварӣ ва озоду шаффоф баргузор гардидани Иҷлосияи Шӯрои Олӣ дар пойтахти кишвар неруҳои мухолиф имкон намедоданд, Раёсати Шӯрои Олии Тоҷикис­тон қарор кард, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд баргузор гардад. Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеан иҷлосияи таърихӣ буда, давлат ва миллатро аз вартаи нобудшавӣ наҷот бахшид ва рисолатро ба сифати ягона шохаи ҳокимияте, ки алайҳи ҳама гуна фишор устувор буд, анҷом дод. Ин санаи таърихӣ саҳифаи наверо дар сарнавишти миллати тоҷик боз намуда, орзую ормони ҳазорсолаи мардумро ба воқеият табдил дод. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар меҳвари рӯзномаи иҷлосия қарор гирифт, интихоби Сарвари нави давлат буд, ки мебоист дар он вазъи барои кишвар хеле мураккабу ноором нахуст институтҳои фалаҷгардидаи давлатиро барқарор, волоияти қонунро таъмин ва ҷанги шаҳрвандиро хотима бахшад.

Интихоби вакилон ба номзадии Эмомалӣ Шарипович Раҳмонов қарор гирифт ва ин абармарди миллат, ки дорои сифатҳои роҳбарӣ, ҷасорату матонати сиёсӣ аст, дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ бо ҷонибдории аксарияти вакилон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Ӯ дар нахустин савганде, ки ба ҳайси Роҳбари давлат ёд кард, гуфт: «…кори худро аз сулҳ сар хоҳам кард. Ман тарафдори давлати демократӣ ва ҳуқуқ­бунёд мебошам. Мо ҳама ёру бародар бошем, то ки вазъиятро ором намоем…». Баъдтар таърих собит намуд, ки Пешво ва роҳнамои миллат ба ин принсипҳои бунёдӣ ҳамеша содиқ аст.

6 ноябри соли 1994 халқи Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ бо масъулияти том дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда, дарки таъмини соҳибихтиёрии давлат ва рушду камоли он, муқаддас донистани озодӣ ва ҳуқуқи шахс, эътирофи баробарҳуқуқӣ ва дӯстии миллату халқиятҳо бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифа қарор дода, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул ва эълон намуд, ки мувофиқи он, Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва Маҷлиси Олии (Парламенти) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки интихобот ба даъвати якуми он 25 феврали соли 1995 баргузор гашт, мақоми олии намояндагӣ эътироф гардид.

Зимни паймудани ин ҷодаи пурпечутоби давлатсозӣ ва равнақи ниҳодҳои демок­ратӣ тамоюли пешрафти ҷомеа минбаъд зарурати ташаккули парламенти сифатан навро ҳамчун ҷузъи муҳими воқеияти сиёсӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён гузошт. Бо дарки муносиби зарурати зикр­гашта дар натиҷаи раъйпурсии 26 сент­ябри солии 1999 оид ба тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тарҳи Маҷлиси Олии думаҷлиса қабул гардид. Зимнан, 26 сентябри соли 1999 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйироту иловаҳо ворид гардид, ки боби сеюми он аз моддаи 48 то 63 ба Маҷлиси Олӣ бахшида шуда, парламенти думаҷлисаро дар бар гирифт. Мутобиқи он, Маҷлиси Олӣ, ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ду маҷлис — Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст, ки ин барои дар сатҳу сифати баланд, мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ қабул гардидани қонунҳо ва асноди ҳуқуқӣ-меъёрӣ шароит фароҳам овард.

Таъсис додани Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳамчун қисми таркибии Маҷлиси Олӣ гувоҳи он буд, ки Сарвари давлат ба принсипҳои давлати демократӣ, иштироки баробари ҳизбҳои сиёсӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳаёти сиёсии кишвар ва умури давлатдорӣ арҷ мегузорад. Гузашта аз ин, яке аз ҳадафҳои калидии Маҷлиси миллӣ қабули қонунҳои ба талаботи замон посухгӯ буд, ки ба манфиати мардум нигаронида шудаанд.

Дар ин замина Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки: «таъсис ёфтани парламенти думаҷлиса дар сохтори давлатдории мо дигаргунии бунёдӣ мебошад ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ имрӯз ба яке аз рукнҳои боэътимоди мақоми қонунгузори кишварамон табдил ёфтаааст, зеро мутобиқи Конститутсия аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ карда шудани қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагон кафолати муҳими қабули қонунҳои мукаммал, босифат ва ҷавобгӯ ба манфиати мардум мебошад».

Қабл аз он ки доир ба вазифаҳо ва нақши Маҷлиси миллӣ дар рушду пешравии кишвар ҳарф занем, бояд ба дарки ин нукта бирасем, ки ин ниҳод чиро ифода мекунад. Агар ба таври мушаххас шарҳ диҳем, он мақомоти намояндагии умумимиллист, ки вазифаи қонунгузориро иҷро мекунад. Мақомоти намояндагист, ки дар он аҳолӣ ва минтақаҳои кишварро вакилони интихобгардида намояндагӣ мекунанд. Дар сохтори ҳокимияти давлатӣ мавқеи басо муҳим дошта, дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди ҷомеа ва давлат, такмили фаъолияти қонунгузорӣ ва таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ нақши арзанда мегузорад.

Яке аз вижагиҳои фаъолияти Маҷлиси миллӣ дар он аст, ки бахши асосии ­аъзои он намояндагони воҳидҳои марзиву маъмурӣ, яъне минтақаҳои кишвар буда, Маҷлиси миллӣ дар фаъолият манфиатҳои онҳоро ба манфиатҳои умумимиллӣ мувофиқ мегардонад ва ба ин васила, андешаи онҳоро ҳангоми қабули қонунҳо ба назар мегирад.

Ба ин хотир аз чор се ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллӣ ба таври ғайримустақим дар маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ (якҷоя) бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мегарданд. Дар Маҷлиси миллӣ Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намояндагони баробар доранд. Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таъин мекунад.

Таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти Маҷлиси миллӣ ба сифати яке аз механизмҳои устувори ҷомеаи демократӣ ва арзишҳои бунёдии он хеле зиёд аст. Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар давоми як моҳи баъди интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ даъват ва дар он иштирок мекунад.

Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ даъвати дуюм 17 апрели соли 2000, Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ даъвати сеюм 15 апрели соли 2005, Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ даъвати чорум 23 апрели соли 2010, Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ даъвати панҷум 14 апрели соли 2015, Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ даъвати шашум 17 апрели соли 2020 баргузор гардиданд, ки дар онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ даъвати шашум Пешвои миллат махсус таъкид намуданд: «…аъзои Маҷлиси миллиро зарур аст, ки ҳангоми қабули қарорҳо ва таҳияву ҷонибдорӣ кардани қонунҳо заминаҳои иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва самаранокии онҳоро дар рушди шаҳру ноҳияҳо, шаҳраку деҳот ва беҳдошти зиндагии мардум ҳаматарафа омӯзанд ва дар ин раванд, зарурат, аҳамият ва сатҳу сифати амалишавии онҳоро низ аз мадди назар дур насозанд». Маҷлиси миллӣ ҳидояти роҳнамунсози Пешвои миллатро дар меҳвари фаъолият қарор додааст ва ҳамаҷониба кӯшиш менамояд, ки ин дас­тури созандаро дар амал татбиқ намояд.

Яке аз принсипҳои ҷомеаи демократӣ тақсими қудрат байни шохаҳои ҳокимият буда, Сарвари давлат ҳангоми таъсис додани сохтори таркибии Маҷлиси Олӣ ба ин принсипҳои бунёдӣ такя намудаанд. Дар ин замина, тибқи моддаи 56-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дорои чунин салоҳиятҳо мебошад:

- таъсис ва барҳам додани воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва тағйири онҳо;

- интихоб ва бозхонди раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ бо пешниҳоди Президент;

- ҳалли масъалаи бекор кардани дахлнопазирии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ;

- ризоят барои таъин ва озод намудани прокурори генералӣ ва муовинони ӯ;

- амалӣ намудани ваколатҳои дигаре, ки Конститутсия ва қонунҳо муайян кардаанд.

Маҷлиси миллӣ фаъолиятро дар ҳама самт ва соҳа аз тариқи кумитаҳои худ амалӣ менамояд. Дар сохтори таркибии Маҷлиси миллӣ Кумита оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният, Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология, Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон, Кумита оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ, Кумита оид ба иқтисодиёту коммуникатсия, Комиссия оид ба назорати дастур фаъолияти назаррас ва густурда доранд.

Тӯли солҳои фаъолият Маҷлиси миллӣ дар самти такмили қонунгузорӣ ва қабули қонунҳои ҳаётан муҳим, ки ба таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва беҳтар шудани шароити зисти мардум нигаронида шудаанд, корҳои назаррасро анҷом додааст. Вале, новобаста ба ин, ҳанӯз корҳои зиёде дар пешанд, ки вобаста ба пешравии босуръат ва таҳаввулоти пайваста дар ҷомеаи муосир фаъолияти пурсамарро тақозо менамоянд. Қарору қонунҳои дар ин муддат ба тасвиб расонидаро метавон дорои арзиши муҳими сиёсию таърихӣ номид. Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша сари вақт ва бо диққати моҳирона ҳимояи қонунии манфиатҳои ҳаётан муҳими кишварро таъмин намуда, дар ин муддат ба ҷузъи муҳими намояндагии воқеии воҳидҳои маъмурӣ, арсаи мушорикати мустақими онҳо дар низоми идоракунии мамлакат табдил ёфт.

DSC_3091Ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллӣ Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи фаъолияти даъвати шашум пайваста дар таҳияву мувофиқасозии санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ саъю талош меварзад. Дар чор иҷлосияи даъвати шашум маҷмӯан, 108 қарор, аз ҷумла, оид ба ҷонибдорӣ гардидани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 56 адад, интихоб ва бозхонд намудани судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, интихоби машваратчиёни халқӣ — 10, тасдиқ ва қабули санадҳои меъёрии танзимкунандаи фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ — 9 ва масъалаи маъмуриву ҳудудӣ як адад қабул карда шуданд. Масъалаи такмили қонунгузорӣ низ дар маркази таваҷҷуҳи аъзои Маҷлиси миллӣ қарор дошта, ин амалияро онҳо тавассути таҳлилу омӯзиши вазъи татбиқи самараноки қонунҳои амалкунанда ва роҳандозӣ кардани ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ғанӣ мегардонанд. Соли сипаришуда бо роҳи амалӣ гардонидани салоҳияту ваколатҳои конститутсионӣ аъзои Маҷлиси миллӣ чандин лоиҳаи қонунҳои конститутсиониро таҳия ва пешниҳод намуданд. Баҳри ҳадафмандона амалӣ гардонидани ваколатҳои конститутсионӣ аъзои Маҷлиси миллӣ аз таҷрибаи ташкили муҳокимаҳои парламентӣ самаранок истифода менамоянд. Амалияи мазкур ҷиҳати баррасиву омӯзиши вазъи риояи қонунҳои амалкунанда, муайян намудани роҳҳои самарабахши татбиқи онҳо, таҳияи пешниҳодҳо барои мукаммалсозии санадҳои қонунгузорӣ ва ғайра заминаи мусоидро фароҳам меорад. Аз ин рӯ, аз натиҷаи кори муҳокимаҳои парламентӣ ва мавзӯъҳои дар онҳо матраҳгардида хулосаю тавсияҳои зарурӣ оид ба рушду таҳкими соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа қабул мегарданд, ки ин бевосита ба ташаккули рушди парламентаризм ва таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мусоидат менамоянд.

Ҷаҳони муосир ҷаҳони иртиботи зич ва ҳамкориҳои гуногунҷанба буда, бидуни онҳо мавҷудияти низомҳои муосири сиёсиро тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бо дарки амалгароёнаи чунин воқеият кишварҳои олам бо садҳо риштаи иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангӣ бо ҳам мепайванданд ва робитаҳои гуногунҷанбаи онҳо ташаккул меёбад. Робитаю ҳамкориҳои парламентӣ низ дар ин маврид ҳамчун қисми таркибии муносибатҳои байнидавлатӣ тавассути фаъолияти парламентҳо амалӣ мегардад. Бо дарки ин воқеият Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои хориҷӣ ва байнипарламентиро баҳри баланд бардоштани мавқеъ ва мартабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, обрӯю нуфузи миллат дар арсаи байналмилалӣ яке аз самтҳои асосии фаъолият маҳсуб медонад. Айни замон Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои фаъоли:

- Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (аз соли 1992);

- Иттиҳоди байнипарламентӣ (аз соли 2005);

- Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (аз соли 2006);

- Иттиҳоди парламентии Созмони ҳамкории исломӣ (аз соли 2007);

- Ассамблеяи парламентии осиёӣ (аз соли 1999);

- Ассамблеяи парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (аз соли 2010) ба шумор меравад.

Дар ин созмонҳои бонуфузи парламентӣ Маҷлиси миллӣ гурӯҳҳои миллии парламентӣ таъсис дода, бо фаъо­лияти доимӣ ва пурсамар мавқеи хосаро ишғол менамояд. Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун намояндаи Парламенти Тоҷикистон аъзои комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мебошанд ва чанде аз онҳо дар мақомоти роҳбарикунандаи комиссияҳо интихоб гардиданд. Сафарҳои расмӣ ба кишварҳо ва мулоқотҳои ҳайати баландпояи парламентии Тоҷикистон бо раисони парламентҳо, созмонҳои байнипарламентии бонуфузи ҷаҳон барои рушди парламентаризм, қавӣ гардонидани робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва фарҳангии байнидавлатӣ, аз ҷумла, ба Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, ҷумҳуриҳои Ҳиндустон, Ӯзбекис­тон, Қазоқистон ва ғайраҳо ба алоқаҳои байнипарламентӣ таҳкими пурарзиш бахшида, барои инкишофи ҳамкориҳои минбаъда дар доираи сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаҳои ҳуқуқиро фароҳам орад.

Роҳбарияти Маҷлиси миллӣ, раисони кумитаву комиссия, аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар форуму семинарҳо, конференсия ва симпозиумҳои байналмилалӣ дар Федератсияи Россия, Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Шоҳигарии Белгия, Шоҳигарии Тайланд, Зеландияи нав, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Япония, Шветсия, Словакия, Нидерландия, Арманистон, Франсия, Беларус, Молдова, Украина, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизис­тон ва дигар давлатҳо ширкат варзида, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ, арҷгузор ба арзишҳои умумибашарӣ ва узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд.

Қобили қайд аст, ки роҳбарият ва аъзои Маҷлиси миллӣ барои иштироки фаъолона дар чорабиниҳои мақомоти бонуфузи байнипарламентӣ, густариши робитаҳои хориҷӣ, фаъолияти қонунгузорӣ дар бобати ҳамоҳанг сохтани қонунҳо ва дар заминаи он таҳкими дӯстӣ ва ҳамкории мамлакатҳо ва халқҳо бо ордену медал ва ифтихорномаҳои созмонҳои зикршуда сарфароз гардонида шудаанд. Баргузории вохӯрию мулоқотҳои расмии Раиси Маҷлиси миллӣ, муовини якум ва муовинони ӯ, раисони кумитаҳо, аъзои Маҷлиси миллӣ бо раисони парламентҳои кишварҳои гуногун, ходимони намоёни давлатӣ, сафирони фавқулода ва мухтори давлатҳои хориҷӣ, намояндагони созмону ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ бахши муҳими фаъолияти Маҷлиси миллӣ ба ҳисоб рафта, ҷиҳати барқарор намудани робитаҳои кории мустаҳкам мусоидат менамоянд.

Айни замон Маҷлиси миллӣ бо як қатор парламентҳои кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ робитаҳои корӣ барқарор намуда, бо онҳо гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ таъсис додааст, ки дар омӯзиш ва табодули таҷриба хеле муҳим аст. Инчунин, намояндагони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла Комиссияи доимӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқ, Комиссияи доимӣ оид ба иқтисод ва молия, Комиссияи доимӣ оид ба масъалаҳои сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон, Комиссияи доимӣ оид ба сиёсати аграрӣ, экология ва захираҳои табиӣ, Комиссияи доимӣ оид ба масъалаҳои мудофиа ва амният, Комиссияи доимӣ оид ба масъалаҳои фарҳанг, иттилоот, туризм ва варзиш, Комиссияи доимӣ оид ба илм ва маориф, Комиссияи доимӣ оид ба назорат ва буҷет, Комиссияи доимӣ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ, Комиссияи доимӣ оид ба омӯзиши таҷрибаи сохтори давлатӣ ва худидораи маҳаллӣ иштироки фаъол доранд. Ҳайати парламентии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамб­леяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Комиссияи доимӣ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ, Комиссияи доимӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ пурмаҳсул ширкат намуда, дар ҳамоҳангсозии фаъолияти парлумонҳои ИДМ саҳми назаррас мегузоранд.

Фаъолияти гурӯҳҳои миллии парламентии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи парлумонҳои Осиё, Ассамблеяи парламентии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди байнипарламентӣ, Иттиҳоди парламентии Созмони ҳамкории исломӣ низ муассир буда, ҷиҳати муаррифии фаъолияти Маҷлиси миллӣ дар доираи ин созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пайваста талош меварзанд. Самаранокии фаъолияти Маҷлиси миллӣ ба сифати мақомоти олии қонунгузори мамлакат аз сатҳи муносиби бархӯрди он бо масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷамъиятии дохили кишвар ва равандҳои минтақавию ҷаҳонӣ бармеояд. Ба ҳамдигар наздик сохтани тамоюлоти ин ду раванди аз ҳамдигар ҷудонопазир, ки барои пуштибонӣ аз манфиатҳои миллии кишвар дар шароити пурталотуми ҳозира хеле муҳим мебошад, фаъолияти муназзами ниҳодҳои олии намояндагиро тақозо менамояд. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки дар баробари фаро гирифтани дониш ва малакаи замони муосир, арзишҳои миллӣ ва суннатиро аз даст надиҳем. Дар қабули қонунҳои нав ва такмили қонунгузории ҷорӣ бояд аз таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон истифода намоем, вале ҳамеша манфиатҳои давлатӣ ва миллиро дар мақоми аввал гузорем.

Ҳамин тавр, раванди сиёсии ҷаҳони муосир дар марҳилаи ҳозира хеле зидду нақиз аст. Агар аз як тараф, баъзе аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мехоҳанд арзишҳои сунъии либералиро, ки ба арзишҳои суннатии миллат мувофиқ нестанд, иҷборан таҳмил намоянд, аз ҷониби дигар, баъзе аз кишварҳо мехоҳанд дар ҷомеа андешаву афкори маҳдуди радикалии динӣ ва мазҳабиро роҳандозӣ намоянд, ки ба ормонҳои миллӣ мисли «истиқлолият», «ватандӯстӣ», «адолат», «баробарҳуқуқӣ» ва «таҳаммулпазирӣ» мувофиқ нестанд. Баръакси ин тамоюлот Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҳамеша дар амалияи татбиқи манфиатҳои миллӣ аз он мавқеъ баромад менамояд, ки суботу ваҳдати кишварҳо омили муҳими ноил омадан ба ҳадафҳои рушду шукуфоии онҳо ба шумор меравад.

Яке аз захираҳои асосии кишвар инсон маҳсуб мешавад. Вазифаи калидӣ ҳифз ва рушди ин захираи бебаҳо аст. Маҷлиси миллӣ дар ин замина ҷиҳати такмили қонунгузорӣ дар самти ҳифзи модару фарзанд, дастрасии кӯдакон, наврасон ва ҷавонон ба таҳсили босифат, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, рушди неруи зеҳнӣ, бо ҷои кор ва манзил таъмин намудани шаҳрвандон, ҳифзи иҷтимоии табақаҳои гуногуни ҷомеа ва ниҳоят, фароҳам овардани зиндагии шоиста барои мардум фаъолиятро тақвият медиҳад.

Дар робита ба ин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми пешбарӣ ва интихоб гардидани Раис, муовинон ва аъзои тозаинтихоби Маҷлиси миллӣ, дар иҷлосияи якуми даъвати шашум, бо дарназардошти ин ки Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар умури давлатдорӣ ва татбиқи ҳадафҳои миллӣ мавқеи калидӣ дорад, таъкид намуданд: «Онҳо (аъзои Маҷлиси миллӣ) бояд қонунҳоеро таҳия ва пешниҳод намоянд, ки ба таҳкими истиқлолият, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва густариши муносибатҳои бозорӣ, аз ҷумла пешрафти соҳибкорӣ, беҳдошти соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, истифодаи самараноку сарфакоронаи замин ва дигар боигариҳои табиӣ, таъмини волоияти қонун, пешгирии ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона шуда бошанд».

Сарвари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз 26 январи соли 2021 зарурати тақвияти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии мақомоти олии қонунгузори мамлакатро барои рушди иқтисоди миллӣ ва беҳтар шудани вазъи иҷтимоии ҷомеа, афзоиши ҳисси боварии сармоягузорони хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар, содаву бемамониат амалӣ шудани принсипҳои муносибатҳои бозорӣ, дастгирии фаъолияти корхонаҳои саноатӣ ва бахши кишоварзӣ таъкид намуданд. Воқеан ҳам, инҳо масъалаҳое мебошанд, ки дар ин давраи хеле ҳассоси геополитикӣ ва саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ барои паст кардани шиддати оқибатҳои паҳншавии COVID-19 тақдирсоз барои давлатҳои рӯ ба инкишоф ба шумор мераванд. Ҳар як кишвар масъули эҷоди чатри ҳимояту аз оғӯши таҳдидҳои муосир берун омадан, аз ҷумла тавассути тақвияти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии мақомоти олии қонунгузори мамлакат аст.

Ҳамин тавр, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми давлатдории муосири мамлакат пайваста ҷиҳати муназзамсозии низоми ҳуқуқии давлат, муаррифию тавсеаи роҳи қонунии ташаккулёбии шоистаи Тоҷикис­тон ба сифати давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, таъмини заминаҳои ҳуқуқии ифодаи иродаи мардум, таҳкими ваҳдати миллӣ нақши худро сарбаландона иҷро менамояд. Таҷрибаи таърихӣ собит менамояд, ки эҷоду мукаммалсозии пайвастаи низоми қонунгузорӣ барои гомгузории собитқадамонаи давлат дар шоҳроҳи рушди устувор ва таъмини муносибатҳои боадолатонаи иҷтимоӣ ҳамчун такягоҳи суботи амнияти ҷомеа арзиши беназир дорад. Бинобар ин, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ҳидояту роҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон минбаъд низ баҳри тақвияти соҳиб­истиқлолии мамлакат дар арсаҳои гуногун ва фароҳамории таҳкурсии боэътимоди меъёрию ҳуқуқии рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии он талош хоҳад варзид. Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин давраи хеле ҳассоси геополитикии муосир ҳифзи эътимоди байни давлату ҷомеаро кафили таъмини суботу амнияти кишвар мешуморад ва фаъолияти қонунэҷодкуниро ҳадафмандонаю амалгароёна ба ин самт равона месозад. Роҳи дар тӯли сӣ сол таҷрибанамудаи кишвар барои эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона зарфияти комили дар амал татбиқ намудани ҳадафи «барои пешрафт ва зиндагии шоистаи мардум» интихобнамудаи онро дорад.

Рустами Эмомалӣ,

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон