Ҳайати парламентии Тоҷикистон ба Санкт-Петербург рафт

№45-46 (3030-3031) 12.04.2013

Ҳайати парламентии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, кори комиссияҳои доимии он, инчунин чорабиниҳои Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди иқтисодии Аврупову Осиё ва Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ 10 апрели соли 2013 ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафар кард.

Сафари ҳайати мазкур то 13 апрели соли 2013 идома ёфта, парламентарҳои тоҷик баҳри таҳкими робитаҳои байнипарламентӣ бо кишварҳои аъзои созмонҳои зикрёфта дар доираи чорабиниҳои марбута табодули афкор хоҳанд намуд.

Шавкат САИДОВ,

ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ