Қарори Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи даъвати Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум»

№73 (3219) 04.07.2014

Мутобиқи моддаи 24 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор мекунам:

Иҷлосияи ҳаждаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум 17 июли соли 2014 соати 900 дар шаҳри Душанбе даъват карда шавад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон              М.УБАЙДУЛЛОЕВ

ш. Душанбе, 2 июли соли 2014  №22

Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар Иҷлосияи ҳаждаҳуми  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум, ки 17 июли соли 2014 соати 900 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, баррасии

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ратсионализаторӣ»

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ»

ва дигар масъалаҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар дар назар дошта шудааст.