Леонид Слутский дар ҳузури Маҳмадсаид Убайдуллоев

№113 (3098) 11.09.2013

DSC_1479

11 сентябри соли 2013 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев  раиси Кумита оид ба  корҳои ИДМ ва робита бо ҳамватанони Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Леонид Слутскийро, ки бо сафари корӣ оид ба тарҳрезии барномаи ташрифи қарибулвуқуи Раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Сергей Наришкин ба Тоҷикистон дар Душанбе мебошад, бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Дар ин сафар  Леонид Слутскийро мушовири Раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Михаил Кротов ҳамроҳӣ менамуд.

Зимни вохӯрӣ Раиси Маҷлиси милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараён ва таҳкими ҳамкориҳои судманди дуҷонибаи Тоҷикистону Федератсияи Россияро дар соҳаҳои гуногун, алалхусус  сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию гуманитарӣ ва байнипарламентӣ нек арзёбӣ карда, ташрифи пешбинигардидаи Раиси Думаи давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россияро  ба Тоҷикистон таконбахши ин робитаҳо номид.

Зикр гардид, ки дар марҳилаи кунунии ҷаҳонишавии муносибатҳо пайванду ҳамгиройиҳои дӯстонаи аз умқи таърих сарчашмагирандаи халқу кишварҳо тақозо менамояд, ки ҳамкориҳо беш аз пеш густариш ёфта, ба манфиати ҳар ду ҷониб равона карда шаванд. Дар ин раванд пеш аз ҳама вусъатбахшии робитаҳои иқтисодӣ, амалисозии тадбирҳои муштарак  оид ба таъмини амнияти минтақавӣ, ҳифзи сарҳадот, муборизаи дастаҷамъона алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва терроризм  мувофиқ ба мақсад мебошад.

Дар робита ба масоили ҳамкориҳои гуманитарӣ фаъолияти мустақими филиалҳои донишгоҳҳои Федератсияи Россияро барои тарбияи кадрҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон нек арзёбӣ намуда, зарурати андешидани тадбирҳои иловагӣ баҳри ба танзим даровардани равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқи онҳо дар ҳар ду кишвар махсус таъкид гардида, оид ба зиёд намудани теъдоди мактабҳои русӣ ва курсҳои омӯзиши забони русӣ барои мактабиён ва шаҳрвандони алоҳида дар кишвар табодули андешиҳои судманд сурат гирифт.

Дар навбати худ ҷаноби Л.Слутский аз муҳтавои мулоқоти самимӣ изҳори сипосмандӣ намуда, афзуд, ки таклифу пешниҳодоти Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  шоистаи дастгирист ва ҷонибҳо барои расидан ба ин ҳадафҳо   тадбирҳои судманд хоҳанд андешид.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум анҷом пазируфт.

Ш.САИДОВ, ёвари Раиси Мачлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суратгир А.ИСОЕВ