Мулоқот бо ҳамватанон

№124 (3270) 24.10.2014

10606112_926362607377282_1122112873480928389_n

Нимаи дуюми рӯзи 21 октябри соли 2014 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар маҷлисгоҳи меҳмонхонаи «Президент- отел»-и шаҳри Москва бо намояндагони диаспораҳои тоҷикон, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, роҳбарони намояндагиҳои Тоҷикистон дар Федератсияи Россия, донишҷӯён ва кормандони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин кишвари дӯст мулоқот анҷом дод.

Дар ин мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоевро муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ, муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодихон Ҷамшед, роҳбарони кумитаҳои дахлдор, як қатор аъзои Маҷлиси миллӣ, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродалӣ Алимардон ва роҳбарони вазорату сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ ҳамроҳӣ намуданд.

Зимни мулоқоти самимӣ, ки тӯли чор соат идома ёфт, Маҳмадсаид Убайдуллоев аз ҳаёту рӯзгор ва пешрафту мушкилоти муҳоҷирони меҳнатӣ аз наздик шиносоӣ пайдо намуда, дар иртибот ба масъалаҳои бамиёнгузоштаи ширкаткунандагон ба масъулин дастуру супоришоти мушаххас ва судманд ироа намуд.

Роҳбарони диаспораҳои тоҷикон ва дигар категорияҳои иштирокчӣ аз иқдом ва муҳтавои посухҳои раҳнамоикунандаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ғамхориҳои Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар самти тавсеаи тадбирҳо оид ба таъмини ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ ва фароҳам овардани заминаҳои ҳуқуқӣ барои будубоши онҳо дар Федератсияи Россия изҳори сипос намуданд. Аз ҷумла зикр намуданд, ки ин ибтикорот эҳтиром ва эътимоди онҳоро нисбати кафолатҳои конститутсионӣ ба шаҳрвандон аз ҷониби давлат муътамадтар сохт.

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар навбати худ аз номи роҳбарияти кишвар ба ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ, ки иштирокчии раванди ҷаҳонии характери иҷтимоидошта мебошанд, барои саҳми арзандаашон дар пешрафту ободии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, даъват ба миён овард, ки бо азхудкунии қонунҳо ва таъриху одоби кишвари будубош дар ҳифзи ҳуқуқҳои худ устувор бошанд ва зиракию бедории сиёсиро дар роҳи ҳифзи арзишҳои миллӣ ва меҳанпарастӣ тавассути коргирӣ аз ҳамраъйӣ, ҳамбастагӣ ва ҳамкорӣ алайҳи ҳама гуна таблиғоти ифротгароиву халаловар ба сулҳу ваҳдати ҷомеаамон аз даст надиҳанд.

Ш.САИДОВ, ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон