Мулоқоти Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Хю Стэнли Филпотт

№62 (3363) 30.04.2015

DSC_1144

28 апрели соли 2015 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Сафири навтаъиншудаи Фавқулода ва Мухтори  Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Хю Стэнли Филпоттро бо хоҳиши ӯ ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳори боварӣ намуд, ки бо фаъолияти ӯ дар ин вазифаи пурмасъулияти дипломатӣ, ки дар кишвари мо шурӯъ кардааст, сатҳи ҳамкориҳои гуногунҷабҳа, пеш аз ҳама, дар самти густариши муносибатҳои байнипарламентӣ миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парламенти Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ боз ҳам тақвияти тоза касб хоҳад намуд.

Илова ба он, Маҳмадсаид Убайдуллоев изҳор дошт, ки имрӯз бо истифода аз воқеияти муносибатҳо зарурате пеш омадааст, ки парламентҳо бо ташкили кулли заминаҳои ҳуқуқӣ барои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, алалхусус ҷалби бештари бахши иқтисод ва тиҷорати Британияи Кабир ва  Ирландияи Шимолӣ дар лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон, зиёд намудани шумораи корхонаҳои муштарак, квотаҳои мавҷуда барои донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар мактабҳои олии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, пеш аз ҳама, Оксфорд, Кембридж, Мактаби тиҷоратии Лондон, кушодани филиали донишгоҳҳои олӣ ва инчунин таъсиси литсейҳои британӣ дар Тоҷикистон потенсиали хешро бештар сафарбар намоянд. Дар ин раванд бояд фаъолияти гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентии навтаъсисёбанда минбаъд ҳадафрас бошад.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин аз нахустин сафари расмии хеш ба Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ, мулоқоту вохӯриҳо бо роҳбарияти палатаҳои Парламенти ин кишвар, шиносоӣ бо Парламенти Британия, Парламенти Шотландия ёдовар шуд.

Бо дахли масоили Афғонистон таъкид карда шуд, ки қазияи ин кишвари азияткашида танҳо тавассути мусоидат ба рушди иқтисодиёт, соҳаҳои инфрасохторӣ, маориф, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ метавонад ҳал гардад.

Ҳамзамон масъалаи пурзӯр намудани мубориза алайҳи падидаҳои номатлуби муосир, аз ҷумла терроризми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории муташаккилона, экстремизм бо ҳама зуҳуроташ таъкид карда шуд.

- Мувофиқи мақсад мебуд, агар аз ҷониби Ҳукумати Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ба имзо расонидани созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ, қадргардонӣ ва ҳимояи дуҷонибаи сармоя, худдорӣ намудан аз андозбандии дукарата ва пешгирии канораҷӯйӣ аз пардохти андозҳо аз даромад ва сармоя, ки аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод шудааст, тезонида шавад, — гуфт Маҳмадсаид Убайдуллоев ва изҳори боварӣ намуд, ки дар ин ҷода бе чуну чаро саҳми ҷаноби сафир назаррас хоҳад буд.

Ҷаноби Хю Стэнли Филпотт аз пазироӣ ва муҳтавои мулоқоти анҷомгирифта изҳори сипос намуда, дар навбати худ ҷараёни интихоботи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқро, ки моҳи марти соли ҷорӣ баргузор гардид, нек арзёбӣ намуд ва афзуд, ки ҷиҳати таҳкиму ҳамкориҳои дуҷониба, алалхусус ҳамкориҳои байнипарламентӣ тадбирҳои судмандро анҷом медиҳад. Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва созанда ба итмом расид.