Нақши парлумонҳо дар ҳалли масъалаҳои муҳим муассир аст

№56-57 (3202-3203) 30.05.2014

Кабули Бахтиёр Худоёров

Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Худоёрзода Бахтиёр Тавар ва раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Фарҳод Раҳимӣ 28 майи соли 2014 бо аъзои Палатаи лордҳои Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Баронесса Вивен Стерн, ки ба кишварамон бо сафари корӣ ташриф овардааст, мулоқот намуданд.

Меҳмонро Сафири Фавқулодда ва Мухтори Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Робин Орд Смит ҳамроҳӣ намуд.

Зимни вохурӣ Худоёрзода Бахтиёр Тавар Баронесса Вивен Стернро хайра мақдам гуфта, саҳми мавсуфро дар таҳкими ҳамкориҳо ва робитаҳои байнипарламентии миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ махсус таъкид намуд. Инчунин зикр гардид, ки миёни ҳар ду ҷониб ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун, алалхусус дар соҳаҳои иқтисодӣ, маориф ва гуманитарӣ сол то сол таҳким меёбанд.

Парламент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри фароҳам овардани шароити мусоид ва таъмини фазои ҳуқуқӣ барои ҷалби инвеститсияҳои хориҷӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Ба ин ворид гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо мусоидат менамояд.

Барои рушду такомули ҳамкориҳои гуногунҷабҳа миёни кишварҳоямон ҷониби Тоҷикистон ба ҷониби Британия лоиҳаҳои созишномаҳои байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодию илмӣ, техникӣ, қадргардонӣ ва ҳимояи дуҷонибаи сармоя, худдорӣ намудан аз андозбандии дукарата ва пешгирии саркашӣ аз пардохти андозҳо аз даромад ва сармояро пешниҳод намуд. Айни ҳол ин лоиҳаҳо дар сохторҳои марбутаи Ҳукумати Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ мавриди баррасӣ қарор доранд.

Оид ба робитаҳои байнипарламентӣ миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парламенти Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Фарҳод Раҳимӣ сухан ронда, таъкид намуд, ки барои густариши робитаҳои парламентӣ гурӯҳҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ, ки аз ҳар ду ҷониб таъсис дода шудаанд, бояд саҳми арзанда гузоранд.

Дар навбати худ Баронесса Вивен Стерн робита ва ҳамкориҳои байнипарламентӣ миёни ҷонибҳоро хуб арзёбӣ намуда, доир ба манзараҳои нотакрор, захираҳои гидроэнергетикӣ, боигариҳои табиии  кишвари мо, ки барои ҷалби сармоя басо мувофиқ мебошанд, изҳори назар намуд.

Ҳангоми мулоқот оид ба андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати беҳтар намудани шароитҳои нигаҳдорӣ дар муассисаҳои ислоҳӣ ва аз байн бурдани ҳодисаҳои бо шиканҷа алоқаманд ибрози ақида карда шуд.

Ҷонибҳо нақши парламентҳоро дар ҳалли масъалаҳои муҳим, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба худ ҷалб карданд, махсус таъкид намуданд.

Маркази матбуоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон