Омодагӣ ба Форуми чоруми байнипарламентӣ

№109 (3255) 20.09.2014

18 сентябри соли 2014 дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаласаи нахустини Кумитаи тадорукоти баргузории Форуми чоруми байнипарламентии «Россия –Тоҷикистон: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» ва Конференсияи сеюми ҳамкории иқтисодии байниминтақавии Тоҷикистон ва Россия, ки 22-25 октябри соли 2014 дар шаҳр ва вилояти Москваи Федератсияи Россия сурат мегирад, доир гардид.

Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни баррасии масъалаҳо аз Кумитаи тадорукот, ки ҳайати он аз муовинони Сарвазири ҷумҳурӣ ва роҳбарони вазорату сохторҳои марбутаи ҷумҳуриявӣ, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, ки ҳамзамон муовинони Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарони кумитаҳои дахлдори он мебошанд, созмон ёфтааст, даъват ба миён овард, ки ҷиҳати самарабахш ва ба нафъи рушду тавсеаи муносибатҳои байниминтақавии кишварҳо амалӣ шудани чорабиниҳои мазкур тадбирҳои мушаххаси омодагӣ андешанд.

Аз ҷумла дар иртибот ба мавзӯъҳои чор мизи мудаввар –«Рушди ҳамкориҳои иқтисодии байниминтақавӣ, минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва системаи бонкӣ дар чаҳорчӯбаи татбиқ намудани лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва сармоягузорӣ», «Тавсеаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия дар соҳаи кишоварзӣ», «Вазъ ва танзими ҳуқуқии раванди муҳоҷирати меҳнатӣ миёни Тоҷикистону Россия» ва «Самтҳои рушди минбаъдаи робитаҳои башардӯстонаи Тоҷикистону Россия» дастур дод, ки воқеияти ҷараёни татбиқшавии созишномаву қарордодҳои мавҷудаи сатҳҳои гуногун таҳлил ва барои рафъи монеаҳои ҷойдошта таклифҳои асоснок омода карда шаванд.

Дар ҷаласа модераторони мизҳои мудаввар аз ҷониби Тоҷикистон мушаххас гардида, қарор дода шуд, ки ҳар ҳафта таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи тадорукот бо иштироки модераторон ва маърӯзачиёни чорабиниҳо баргузор карда шаванд.

Ш. САИДОВ, ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон