Дар Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунҳо ба рушди соҳаи маориф мусоидат мекунанд

№74 (3220) 08.07.2014

Кумита 1

Чоруми июли соли ҷорӣ таҳти раёсати Убайдулло Қурбонов ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа баргузор шуд.

Аз суханронии ифтитоҳии раиси кумита маълум гардид, ки рӯзномаи ҷаласа фарогири Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ», «Дар бораи фаъолияти ратсионализаторӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» ва «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ» мебошад.

Сипас, Убайдулло Қурбонов масъалаҳои фавқуззикрро таври алоҳида муфассал шарҳ дод. Аъзои кумита низ доир ба масъалаҳои мавриди баррасӣ андешаҳояшонро иброз доштанд. Дар фарҷом оид ба масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа дар алоҳидагӣ хулосаҳои кумита  қабул ва ба Иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум».   

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ