Дар кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунҳо ҷонибдорӣ ёфтанд

№142 (3127) 09.11.2013

DSC_0940

8 ноябри соли 2013 таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Бахтиёр Худоёров ҷаласа доир гашт.

Ба баррасии ҷаласаи кумита масъалаҳои зерин пешниҳод шуданд:  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Вобаста ба масъалаҳои мазкур таври алоҳида хулосаҳои кумита қабул ва барои баррасӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуданд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»

DSC_0945

8 ноябри соли 2013 ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ доир гардид.

Дар он масъалаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси кумита Мамадшо  Илолов зикр намуд, ки қонуни мазкур бо мақсади такмили қонуни амалкунанда аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 ноябри соли равон қабул намудааст.

Ба моддаҳои 1 ва 6 қонуни зикргардида тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд, ки онҳо масъалаҳои супоридани рамзҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим медароранд.

Доир ба ин масъала  хулосаи кумита қабул ва барои баррасӣ ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»

DSC_0946

8 ноябри соли равон таҳти раёсати Саймурод Тағоев ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия баргузор шуд.

Зимни сухани ифтитоҳии номбурда зикр шуд, ки рӯзномаи ҷаласа  фарогири Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад.

Вобаста ба масъалаҳои мавриди баррасӣ дар алоҳидагӣ хулосаҳои кумита қабул ва ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум».

Суратгир А. ИСОЕВ