Сафари расмии Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Франсия

№63 (3209) 14.06.2014

2014-0399-004-SK

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бо даъвати Президенти Сенати Ҷумҳурии Франсия ҷаноби Жан-Пер Бел аз 9 то 12 июни соли 2014 ба Ҷумҳурии Франсия сафари расмӣ анҷом дод.

Дар ин сафар Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Убайдулло Қурбонов ва Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Франсия Ҳомидҷон Назаров ҳамроҳӣ намуданд.

Сафари расмӣ санаи 10 июн аз ташриф ба Сенати Франсия оғоз гардид.

Дар даромадгоҳи бинои Сенат Маҳмадсаид Убайдуллоевро Президенти Сенати Ҷумҳурии Франсия ҷаноби Жан-Пер Бел пешвоз гирифта, ҳамроҳ ба толори мулоқотҳои расмии Сенат гузаштанд ва вохӯрии  роҳбарони палатаҳои болоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Франсия баргузор шуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев ба ҳамтои фаронсавии худ барои даъват ва пазироӣ миннатдории самимӣ изҳор намуда, муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои байнипарламентии дуҷонибаи миёни Маҷлиси миллӣ ва Сенати Франсияро, ки солҳои охир рушд ва такмил ёфтаанд, нек арзёбӣ карда, афзуд, ки  сафари нахустини расмии ҳайати парламентии Тоҷикистон ба Франсия дар таҳкими ҳамкориҳо миёни кишварҳо саҳифаҳои нав кушода, барои манфиатҳои тарафайн хидмат хоҳад намуд.

Дар бобати ҳамкориҳои дуҷонибаи иқтисодию тиҷоратӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сифати  корҳои анҷомдодаи ширкати франсавии «Итрон Франс»  дар таҳвили ҳисобкунакҳои обӣ барои КВД «Обу корези Душанбе» изҳори қаноатмандӣ намуда, аз омодагиҳо ҷиҳати ҳамкориҳои минбаъда бо ин ширкат таъкид сохт.

Дар баробари ин, Маҳмадсаид Убайдуллоев таъкид дошт, ки бо дарназардошти вазъи ноороми сиёсӣ дар Афғонистони ҳамсоя, ки Тоҷикистон бо он 1443 км сарҳад дошта, интиқоли маводи мухаддир асосан аз он сӯи марз сарчашма мегирад, дар мубориза алайҳи терроризми байналмилалӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҷинояткории муташаккилона, экстремизм дар ҳама зуҳуроташ, барқарории сулҳу субот дар минтақа  андешидани тадбирҳои дастаҷамъона зарур аст.

Дар ин самтҳо барои дастгирии неруҳои ҳарбии Франсия оид ба роҳандозии кумакҳои техникӣ ба қувваҳои коалитсионӣ ҷониби Тоҷикистон Фурудгоҳи  байналмилалии Душанберо мавриди истифода қарор дод. Дар навбати худ ҷониби Франсия барои азнавсозии фурудгоҳ ва сохтмони терминали нави замонавӣ барои дар як соат хизматрасонӣ ба 500 нафар ва дар як сол ба зиёда аз  1,5 млн. мусофирон 20 млн. сомонӣ ҷудо намуд.

Саҳми ҷониби мо дар татбиқи ин лоиҳаи муштарак 21 млн. сомониро ташкил дод ва ин иншоот моҳи сентябри соли ҷорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.

Инчунин зикр гардид, ки кишвари мо дорои захираҳои бузурги энергетикӣ ва канданиҳои табиӣ барои сохтмон ва ба кор даровардани корхонаҳои муштарак бо ҷалби сармоягузорони хориҷӣ, аз ҷумла фаронсавӣ шароити мусоидро фароҳам овардааст.  Пеш аз ҳама, дар бунёди неругоҳҳои барқи обии хурду миёна ва НБО-и «Роғун», ки ба истифода додани он баробари кашидани хатти баландшиддати САSA-1000 имконият медиҳад дар минтақа зиёда аз 3 млн. гектар заминҳои нав обёрӣ карда шуда, ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Афғонистону Покистон қувваи барқи арзон ирсол карда шавад.  Айни ҳол ташхиси техникию иқтисодии НБО-и «Роғун» аз ҷониби Бонки Умумиҷаҳонӣ ба охир расонида шуда, рӯзҳои наздик натиҷаи он тавассути воситаҳои ахбори омма дастраси ҷомеа мешавад.

Ҳамзамон ба Ҳукумати Франсия ва сохторҳои давлатию хусусии ин кишвар барои ёрии беғаразона дар самтҳои гуногун, аз ҷумла безараргардонии минтақаҳои гуногун аз минаҳо ва ҳамкорӣ дар бахшҳои гуманитарӣ, изҳори сипос карда шуд.

Ҷаноби Жан-Пер Бел аз муҳтавои суҳбат ва таклифу пешниҳодоти ироадоштаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сипосмандӣ ҷонибдорӣ намуда, изҳор дошт, ки минбаъд низ  баҳри таҳкиму рушди муносибатҳои гуногунҷабҳа миёни кишварҳо ба воситаи дипломатияи парламентӣ тадбирҳои судманд андешида хоҳад шуд. Мутмаинем, ки дар ин ҷода нақши гурӯҳҳои дӯстии парламентӣ беш аз пеш муассир мегардад.

Дар  фарҷоми мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев даъват намуд, ки ҷаноби Жан-Пер Бел дар фурсати муносиб ба кишвари мо бо сафари расмӣ ташриф оварад. Таклиф бо қаноатмандӣ пазируфта  шуд. Баъди вохӯрӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҳмадсаид Убайдуллоев дар Китоби Фахрии Зарини Сенати Ҷумҳурии Франсия соядаст гузошт.

***

Худи ҳамон рӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҳмадсаид Убайдуллоев бо ҳайати Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Франсия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бо роҳбарии сенатор Андре Дюле ва роҳбари Гурӯҳи дӯстии Франсия — Тоҷикистон Ив Поззо ди Борго вохӯрӣ намуд.

Зимни мулоқот оид ба густариши ҳамкориҳо миёни гурӯҳҳои дӯстӣ ва дар ин асно таҳким бахшидан ба робитаҳо ва ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисодиёт, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва туризм ибрози ақида карда шуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоев ба саволҳои сенаторони Франсия оид ба вазъи минтақа, робита ва ҳамкории кишвари мо бо мамлакатҳои хориҷи дуру наздик, имкониятҳо барои ҷалби сармояи хориҷӣ ва шароиту имтиёзҳое, ки барои сармоягузорон ва доираи васеи соҳибкорон муҳайё шудааст, посухҳои муътамад дод.

Ҷонибҳо аз натиҷаи мулоқот изҳори қаноатмандӣ намуданд.

***

Нимаи дуюми ҳамон рӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҳмадсаид Убайдуллоев дар ҷаласаи Сенати Франсия ҳамчун меҳмони олиқадр ширкат варзид.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Президенти Сенат ҷаноби Жан-Пер Бел ба сенаторон муаррифӣ намуд.

***

Субҳи 11 июн Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев дар доираи барномаи сафар ба ширкати «Итрон Франс», ки беҳтарин корхонаи саноатии Франсия дар соли 2013 шинохта шудааст, ташриф оварда, аз ҷараёни истеҳсолот, сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда ва истифодаи технологияи нави саноатӣ дар ин корхона шиносоӣ пайдо намуд.

Маҳмадсаид Убайдуллоевро ноиби президенти ширкати  «Итрон Франс» ҷаноби Матиас Мартан ҳамроҳӣ намуд.  Ҳангоми суҳбат Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сифати корҳои анҷомдодаи ширкати мазкур дар доираи татбиқи Қарордоди DWSP2-01 Лоиҳаи дуюми обтаъминкунии шаҳри Душанбе оид ба таҳвили 76 500 адад обҳисобкунакҳои ҳуҷравӣ ба КВД «Обу корези Душанбе» изҳори қаноатмандӣ карда, зикр сохт, ки барои кам кардани талафот ва сарфаи оби истеҳсолшуда  ба василаи насби ҳисобкунакҳои обӣ, беҳбудбахшии вазъи молиявӣ ва таъмини худмаблағгузорию рушди институтсионалӣ ва худидоракунии корхона, дар интиҳо баланд бардоштани сатҳ ва сифати пешниҳоди хизматрасонӣ ба сокинон мо омодаем ҳамкориҳои мутақобилан судамандро бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ  бо ширкати мазкур вусъат бахшем.

Бо ин мақсад бо истифода аз зарфиятҳои ширкати мазкур, ки дар бозори ҷаҳонии истеҳсоли ҳисобкунакҳои обӣ мавқеи хосса дорад, масоили ташкили корхона  ё худ сехи муштараки насб ва таъмири ҳисобкунакҳои обӣ дар шаҳри Душанбе мавриди  баррасӣ қарор гирифт.

Дар идомаи сафар Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҳмадсаид Убайдуллоев аз Қасри Люксембург, ки дар он қароргоҳи Сенат мавҷуд аст, аз музеи ҳарбии Франсия, қасри Версал,  осорхонаи Лувр ва Қароргоҳи Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Франсия боздид анҷом дод.

Бо ҳамин сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Маҳмадсаид Убайдуллоев ба Ҷумҳурии Франсия, ки баҳри тақвияти робитаҳои дуҷонибаи байнипарламентӣ амалӣ гардид, ба анҷом расид.

Х. ҚУРБОНОВ, мудири шуъбаи байнипарламентии Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон