Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Се қонуни мукаммал ва тағйиру иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда ҷонибдорӣ шуданд

№153-154 (3299-3300) 26.12.2014

DSC_2214

Бисту чоруми декабри соли 2014 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мувофиқи маълумоти пешакӣ, аз 34 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 34 нафар дар толор иштирок доранд. Бо мақсади бори дигар дақиқтар намудан аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоем, ки бо истифода аз системаи электронӣ аз қайд гузаред.  Марҳамат.

Ҳоло дар толор 34 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ҳузур доранд.

Дар Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Прокурори генералӣ, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор  оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳузур доранд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи моддаи 20 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро кушода эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи моддаи 25 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо лозим аст, ки Котиботи Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро интихоб намоем.

Лоиҳаи қарор оид ба ин масъала манзури шумо гардидааст, ки тибқи он раиси Котибот Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон, аъзои Котибот Ҷалилов Анвар Расулович ва Шоиддинов Фазлиддин Тавакалович пешниҳод шудаанд.

Нисбати лоиҳаи қарор чӣ гуна таклиф доред?

Тибқи пешниҳодатон, лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Котиботи Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор қабул шуд.

Аз ҳайати Котибот эҳтиромона хоҳиш менамоем, ҷойҳои худро ишғол намуда, ба кор шурӯъ намоянд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба мо лозим аст, ки рӯзномаи Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро тасдиқ намоем. Лоиҳаи қарор оид ба ин масъала дар дасти шумо ҳаст. Чӣ гуна таклиф доред? Бо иҷозати шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум»-ро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед. Қарор бо дарбаргирии масъалаҳои зерин қабул шуд.

1. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот»

4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо»

5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»

6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ»

7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он»

8. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ»

9. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ»

10. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи сохтор, рӯйхати вазифаҳо, шумораи кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сметаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015».

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи аввали рӯзномаи иҷлосия — Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният муҳтарам Худоёрзода Бахтиёр Тавар дода мешавад.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуд.

Қонуни конститутсионии мазкур  бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, 17 декабри соли 2014  онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардааст.

Мақсади қабули он  мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни конститутсионии зикршуда ба муқаррароти Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла кодексҳои мурофиавии гражданӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мебошад.

Мувофиқи тағйиротҳо  ба моддаҳои 2, 17, 19, 20 ва 27 истилоҳи «прокурор» ба таври зарурӣ шарҳ дода, инъикоси калимаҳои «муовини якум» ва «муовинони прокурори генералӣ» дар меъёрҳои қонуни конститутсионии баррасишаванда аз лиҳози имлоӣ, таҳрирӣ ва техникаи ҳуқуқӣ мушаххас карда шудааст.

Тағйиру иловаҳои ба моддаҳои 4, 6,10, 18 ва 24 пешниҳодгардида вазифа ва салоҳиятҳои мақомоти прокуратура ва кормандони прокурориро бо дарназардошти  моддаи 95-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳрир менамояд. Тибқи тағйироти моддаи 67-уми қонуни конститутсионии зикршуда, минбаъд мақомоти прокуратура дорои нишони фарқкунанда буда, тасвир ва тавсифи он бо пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Ворид гардидани тағйиру илова ба моддаҳои 36 ва 42-юми қонуни конститутсионии амалкунанда иштироки прокурорро  дар марҳилаҳои маҷлисҳои судӣ зимни баррасии парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва парвандаҳои ҷиноятӣ мушаххас карда, таносуби онро бо қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ месозад.

Тағйиру иловаҳои воридшуда ба амалӣ намудани вазифаҳои мақомоти прокуратура ҷиҳати таъмини риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунад.

Қонуни конститутсионӣ  ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ аст. Аз ин лиҳоз,  аз шумо, муҳтарам аъзои  Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки қонуни конститутсионии пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул шуд. 

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Сухан ба Худоёрзода Бахтиёр Тавар дода мешавад. Марҳамат.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  3 декабри соли 2014 қабул кардааст, баррасӣ намуд.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз мукаммалгардонии Кодекс оид ба ҳимояи ҳуқуқи судӣ ва таъмини ҳуқуқҳои иштирокчиёни мурофиаи судии гражданӣ вобаста ба овардани шикояти хусусӣ ва эътироз ба таъиноти суди марҳилаи якум ва сари вақт ба иштирокчиёни мурофиа супоридани нусхаи таъинотҳо иборат мебошад.

Бо ин мақсад қисми 1 моддаи 139 ва моддаи 232 дар таҳрири нав қабул ва ба моддаи 361 тағйирот ворид карда шудааст.

Қонун ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ аст. Аз ин лиҳоз, аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда, Қарор қабул гардид. 

РАИС:  - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия -Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Худоёрзода Бахтиёр Тавар.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот»-ро баррасӣ намуд.

Қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 ноябри соли 2014 қабул намудааст.

Мақсади қабули он аз ҳифзи манфиат ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ гардонидани қонунгузории амалкунандаи кишвар бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ дар соҳаи назорати содирот, амалӣ намудани уҳдадориҳои эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паҳн накардани силоҳи қатли ом, воситаҳои таҳвили он, тақвияти мубориза бар зидди терроризм, пурзӯр намудани назорати гумрукӣ, назорати содироти маҳсулоти таъиноти ҳарбӣ ва дуҳадафа бо дарназардошти шартҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, инчунин фароҳам овардани шароит барои ҳамгироӣ ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ  мебошад.

Қонуни зикршуда аз 5 боб ва 18 модда иборат аст.

Дар дебочаи он сабт шудааст, ки қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба ташкили назорати содирот, фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи назорати содирот оид ба молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда танзим менамояд.

Боби якум ба муқаррароти умумӣ бахшида шуда, фарогири моддаҳои 1 то 5 мебошад. Дар ин боб мафҳумҳои асосии дар қонун истифодашуда,  принсипҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи назорати содирот, мақсадҳо ва усулҳои амалӣ намудани назорати содирот пешбинӣ шудааст.

Боби дуюм (моддаҳои 6-8) салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколати мақоми ваколатдори давлатӣ дар ин соҳа ва тартиби иҷозатномадиҳӣ ба фаъолият оид ба назорати содироти маҳсулоти таъиноти дуҳадафаро муқаррар менамояд.

Боби сеюм аз моддаҳои 9 то 13 иборат буда, талабот нисбат ба  аҳдҳои иқтисодии хориҷӣ бо молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда, экспертиза ва баҳисобгирии ин гуна аҳдҳо, инчунин айнияткунонии молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда ва манъкунию маҳдуд намудани фаъолияти хориҷиро вобаста ба молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшавандаро ба танзим даровардааст.

Боби чорум аз моддаи 14 иборат аст ва он мақсадҳо, шаклҳои   иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи назорати содирот, ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ, мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатии хориҷӣ дар ин соҳаро муқаррар намудааст.

Боби панҷум ба масъалаҳои  муқаррароти хотимавӣ бахшида шуда, тартиби шикоят аз болои амали (беамалии) мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати содирот ва шахсони мансабдори онҳо, ҷавобгарӣ барои риоя накардани муқаррароти қонуни мазкур ва тартиби аз эътибор соқит донистани қонунҳои амалкунанда дар ин соҳаро муайян менамояд.

Қонун ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ буда, ба талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон ҷавобгӯй аст.

Аз шумо, муҳтарам аъзои  Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот» ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо» мебошад. Марҳамат, Худоёрзода Бахтиёр Тавар.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, 12 ноябри соли 2014 онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардааст, баррасӣ намуд.

Мақсади дар таҳрири нав қабул намудани қонуни зикршуда такмил ва мутобиқ намудани меъёрҳои он ба муқаррароти санадҳои қонунгузорӣ, ҳамчунин ба танзим даровардани доираи васеи муносибатҳои ҷамъиятӣ зимни баргузориҳои маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо мебошад.

Қонун аз 4 боб ва 26 модда иборат аст.

Дар қонуни мазкур боби якум ба муқаррароти умумӣ бахшида шуда, моддаҳои 1 то 6-ро дар бар мегирад. Дар ин боб мафҳумҳои асосии дар қонун истифодашуда, доираи амали қонун, мақсад ва  принсипҳои баргузор намудани чорабинии оммавӣ ва ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳангоми баргузории чорабиниҳои оммавӣ пешбинӣ шудааст.

Боби дуюм (моддаҳои 7-8)  ҳуқуқи шаҳрвандон ба баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ ва кафолати ҳуқуқи онҳоро ба озодона изҳор намудани андешаҳо ҳангоми баргузории чорабиниҳои оммавӣ муқаррар менамояд.

Моддаҳои 9 то 23  боби сеюмро фаро гирифта, тартиби ташкил ва баргузории чорабиниҳои оммавӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои ташкилотчӣ ва иштирокиёни онҳо, тартиби пешниҳоди ариза дар бораи баргузор намудани чорабинии оммавӣ ва  баррасии он, риояи тартиботи ҷамъиятӣ ҳангоми баргузор кардани чорабиниҳои оммавиро муқаррар менамояд.

Ҳамзамон боби мазкур ба масъалаҳои макон ва  замони баргузории чорабиниҳои оммавӣ, инчунин ҷойҳое, ки барои баргузор намудани чорабиниҳои оммавӣ маҳдуд ё манъ карда шудаанд, бахшида шудааст. Илова бар он, дар ин боб тартиби бурдани ташвиқоти пешакӣ, тарзи таъминоти моддию техникӣ, қабули қарор дар бораи баргузор ё манъ кардани  баргузории чорабинии оммавӣ, тартиби шикоят овардан нисбат ба қарор дар бораи манъ кардани баргузории он ба танзим дароварда шудааст.

Боби чоруми қонуни мазкур ҷавобгариро барои вайрон намудани муқаррароти он, тартиби аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 1998 «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо»  ва тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро пешбинӣ менамояд.

Қонуни зикршуда ҳамчун механизми амалӣ шудани талаботи моддаи 29 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ширкат варзидани шаҳрвандон дар маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва раҳпоймоиҳои осоишта зарурат дорад.

Қонун ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ буда, ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо  ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Бинобар ин, аз шумо, аъзои  Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳишмандем, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҷлисҳо, гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва роҳпаймоиҳо» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС:  — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Худоёрзода Бахтиёр Тавар.

ХУДОЁРЗОДА Бахтиёр Тавар: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»-ро, ки  бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  3 декабри соли 2014 қабул кардааст, баррасӣ намуд.

Мақсади қабули қонуни мазкур аз такмили қонуни амалкунанда ва мутобиқгардонии он  ба қонунгузории зиддиинҳисорӣ ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

Тибқи ин қонун, аз моддаи 29-уми қонуни амалкунанда  қисми 16 хориҷ, рақамгузории қисмҳои минбаъда ба ин тағйирот мутобиқ, инчунин  мутаносибан ба ин, ба қисми 2 моддаи 14 ва қисми 3 моддаи 16 тағйирот ворид карда шуд.

Мувофиқи тағйироти воридшаванда, минбаъд барои таъсис ва аз нав ташкил додани шахси ҳуқуқии дорои мавқеи ҳалкунанда, инчунин дар мавриди азнавташкилдиҳӣ, сармоягузорӣ ва бастани аҳдҳо аз ҷониби субъектҳои монополияи табиӣ, розигии мақоми ваколатдор дар соҳаи танзими сиёсати зиддиинҳисорӣ ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ маҳсуб наёфта, гирифтани он зарур нест.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба талаботи меъёрҳои техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мувофиқ  ва ба меъёрҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон мутобиқ буда, Кумита  ба он эрод надорад.

Бинобар ин, аз шумо, муҳтарам аъзои  Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

РАИС:- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия -Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ» шурӯъ менамоем.

Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа муҳтарам Қурбон Убайдулло Абдулло дода мешавад. Марҳамат.

ҚУРБОН Убайдулло Абдулло: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Қосим ва Мироҷиддин Ҳакимов пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 ноябри соли 2014 қабул намудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ» аз 6 августи соли 2001 амал менамояд.

Мақсади қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ» аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни амалкунанда ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фарҳанг», дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, такмил ва таҳрири забону баёни он, инчунин бартараф намудани номутобиқатии дохилии меъёрҳои қонуни амалкунанда иборат мебошад

Бо ин мақсад ба ном ва 21 моддаи қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид карда шудааст, ки тағйироти ба моддаҳои 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, 10, 11, 12, 15, 16, 17, 18, 20 ва 21-уми қонуни амалкунанда воридгардида характери мутобиқкунанда, муайянкунанда ва хусусияти имлоӣ, забонӣ ва таҳрирӣ дошта, ҷиҳати аз байн бурдани номувофиқатӣ байни меъёрҳои қонун, истифодаи якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ дар қонунгузории кишвар ва барои пурра, возеҳу равшан намудани матни моддаҳо пешбинӣ гардидааст. Чунончӣ, калимаҳои «сарватҳои фарҳангӣ», «дохил», «амволӣ», «моликияти ақлӣ» ва «Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқан ба калимаҳои «сарватҳои таърихию фарҳангӣ», «ворид», «молумулкӣ», «моликияти зеҳнӣ» ва «мақомоти ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг» иваз карда шудааст.

Ҳамзамон тибқи тағйироти пешниҳодгардида, бо мақсади такмил додани меъёрҳои қонуни амалкунанда номи қонун, моддаҳои 1 ва 2, ном ва сархати ҳафтуми моддаи 4, матн ва сархати сеюми қисми 2 моддаи 5, сархати чоруми қисми 1 моддаи 6, номи моддаи 8, қисми якуми моддаи 9, матни қисми 2 моддаи 10, ном ва матни моддаҳои 13, 14 ва 19-уми қонуни амалкунанда дар таҳрири нав ифода карда шуда, минбаъд номи қонуни амалкунанда  ба тариқи зайл, яъне Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва ворид кардани сарватҳои таърихию фарҳангӣ» муқаррар карда шудааст.

Қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем қонун ҷонибдорӣ  карда  шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи берун баровардан ва дохил кардани сарватҳои фарҳангӣ» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия -Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Қурбон Убайдулло Абдулло.

ҚУРБОН Убайдулло Абдулло: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 декабри соли 2014 қабул намудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» аз 13 ноябри соли 1998 амал менамояд.

Мақсади қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақвият бахшидан ба ҳифзи иҷтимоии аҳли эҷод ва дар сатҳи дахлдор танзим намудани муносибатҳои ҷамъиятӣ вобаста ба ҳаққи қалами муаллиф, бо дарназардошти сатҳи таваррум, иборат мебошад.

Вобаста ба тағйироти пешниҳодгардида, қисми 7 моддаи 26 дар таҳрири зайл ифода гардидааст:

«Андозаи ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллиф аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегардад ва бо зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаи фарҳанг индексатсия карда мешавад».

Яъне, қаблан танҳо бо зиёд шудани андозаи ҳадди ақали музди меҳнат, ки тавре таҷриба нишон дод, дар давоми якчанд сол як маротиба тағйир ёфтааст, ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллиф индексатсия карда мешуд. Акнун минбаъд тибқи тағйироти мазкур, бо зиёд шудани музди меҳнати кормандони соҳаи фарҳанг ҳадди ақали ҳаққи қалами муаллиф низ индексатсия карда мешавад, ки он кафолати иловагии ҳифзи иҷтимоии моликони моликияти зеҳнӣ ба шумор рафта, ҳавасмандии аҳли қаламро пешбинӣ менамояд.

Қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки қонун ҷонибдорӣ  карда  шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он» ба овоз монда, Қарор қабул шуд.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия -Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи хизмати дипломатӣ» шурӯъ менамоем. Сухан оид ба ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси  намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ муҳтарам Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.

Фарҳод РАҲИМӢ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси  намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 декабри соли 2014 қабул намудааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Қонуни мазкур дар таҳрири нав қабул шудааст. Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ»  2 декабри соли 2002 қабул гардида, ба он танҳо як маротиба — 21 ноябри соли 2006 тағйиру иловаҳо ворид карда шуда буд.

Зарурати дар таҳрири нав қабул намудани қонуни мазкур аз талаботи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2011 тасдиқ шудааст, инчунин Нақшаи чорабиниҳои «Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъминоти ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалӣ барои солҳои 2012-2015», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 марти соли 2012 тасдиқ шудааст, бармеояд.

Ба қонуни нав дар муқоиса бо қонуни амалкунанда як зумра навовариҳои ҷузъӣ ворид карда шудаанд. Аз ҷумла бо дарназардошти талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва техникаи қонунэҷодкунӣ моддаи алоҳида оид ба мафҳумҳои асосӣ ворид карда шудааст.

Навоварии дигар — ин тибқи моддаи 5-уми қонун мушаххас ва васеъ гардонидани доираи фаъолияти мақомоти хизмати дипломатӣ ва илова кардани самти фаъолияти нав ба номи «дипломатияи иқтисодӣ» мебошад. Тибқи Консепсияи таҷдиди сохтори Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 августи соли 2007 қабул гардидааст, дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори нав — шуъбаи ҳамкориҳои иқтисодии хориҷӣ фаъолият менамояд.

Дар баробари дигар маҳдудиятҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, мувофиқи моддаи 13 дар қонуни мазкур инчунин ду ҳолати дигар илова шудааст, ки мувофиқи онҳо шаҳрванд наметавонад ба хизмати дипломатӣ қабул гардад ва корманди хизмати дипломатӣ наметавонад дар мансаби дипломатӣ қарор дошта бошад. Ин:

- надоштани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-  доштани шаҳрвандии давлати дигар.

Ҳамзамон бояд зикр кард, ки мувофиқи қисми 2 моддаи 17 қонуни мазкур додани рутбаи дипломатӣ дар баробари кормандони хизмати дипломатӣ ба кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаҳои робитаҳои байналмилалиро пеш мебаранд, муайян карда шудааст.

Тибқи моддаҳои 23, 24, 25, 26 ва 27 ба ҳайати хизмати дипломатӣ ва аъзои оилаи онҳо ҳангоми кор дар хориҷа кафолат ва ҷубронпулиҳо пешбинӣ шудаанд, аз ҷумла пардохти хароҷоти сафар аз давлати иқомат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бозпас гаштан ҳангоми ба рухсатии меҳнатии навбатӣ баромадани онҳо, пардохти хароҷоти хизматрасонии тиббӣ, инчунин хароҷоти ҷойгиронии фаврии корманд ё аъзои оилаи ӯ ба муассисаи табобатии статсионарӣ ҳангоми беморӣ (ба ғайр аз ҳолатҳои протезионии дандонҳо ва амалиёти ҷарроҳии нақшавӣ), ҷуброн намудани хароҷоти таҳсили кӯдакони ноболиғ, пардохти маблағи таҳсили фарзандони ноболиғ, агар дар давлати иқомат муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии шакли ройгон мавҷуд набошад, кумакпулии якдафъаина ва ҷубронпулиҳо ба аъзои оилаи ҳайати хизмати дипломатӣ дар ҳолати фавт, кафолатҳои иловагӣ ба кормандони хизмати дипломатӣ, ки дар давлатҳои хориҷӣ дар шароити ҳолатҳои фавқулода ё низоъҳои мусаллаҳона кор мекунанд.

Бояд зикр намуд, ки як қатор модда ва сархатҳои қонун дар таҳрири нав омада, матни онро аз ҷиҳати мантиқию услубӣ возеҳу мукаммал гардонидаанд. Қисми зиёди меъёр ва муқаррароти дар қонун ҷойдошта аз таҷрибаи дипломатияи умумиҷаҳонӣ гирифта шуда, ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ карда шуданд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Кумита ба қонуни мазкур эрод надорад ва аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати дипломатӣ» ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи навбатии рӯзномаи иҷлосия -Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  ҳуҷҷати электронӣ» шурӯъ менамоем. Марҳамат, Раҳимӣ Фарҳод.

Фарҳод РАҲИМӢ: — Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ»-ро, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 декабри соли 2014 қабул намудааст, дар ҷаласаи худ баррасӣ кард.

Қонуни мазкур бо мақсади татбиқи «Барномаи ҷорӣ намудани системаи равзанаи ягонаи барасмиятдарории амалиёти содиротию воридотӣ ва транзитӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2010 тасдиқ гардидааст, таҳия ва қабул карда шудааст.

Ҳадафи асосии қонун такмили низоми амалкунандаи ҳуҷҷатгузории электронӣ ҷиҳати ташаккули системаи муосир ва самараноки мубодилаи электронии ҳуҷҷатҳо ба шумор меравад.

Моддаи 11-уми қонуни мазкур дар таҳрири нав пешниҳод карда шудааст, ки тибқи он ҳуҷҷати электронӣ  баимзорасида эътироф карда мешавад, агар ҳангоми ба имзо расидани он имзои электронӣ ё дигар воситаҳои ҳаммонандсозии мураттиб, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф намебошанд, истифода шуда бошанд. Инчунин ҷиҳати аз байн бурдани гуногунфаҳмиҳо ҳангоми истифодаи ҳуҷҷатҳои электронӣ тавассути системаҳои иттилоотӣ моддаи 181  илова карда шудааст, ки он замон, макони ирсол ва қабули ҳуҷҷати электрониро муқаррар менамояд.  Моддаи 161 меъёрҳои марбут ба омода намудан, барасмиятдарорӣ, нигоҳдорӣ ва гардиши ҳуҷҷатҳои электрониро, ки дорои аҳамияти муҳим мебошанд, ба танзим медарорад.

Дар маҷмӯъ, тағйиру иловаҳо ба 13 моддаи қонун ворид карда, бобҳои 3 ва 4-уми он хориҷ карда шудаанд.

Бояд зикр намуд, ки баъзе моддаҳои қонун дар таҳрири нав омада, ба онҳо як зумра тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд, ки характери таҳрирӣ ва дақиқкунанда доранд ва матни қонунро аз ҷиҳати мантиқию услубӣ возеҳу мукаммал гардонидаанд.

Қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии қонунгузории амалкунанда ҷавобгӯй буда, шароити боз ҳам мусоидро барои рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар кишварамон муҳайё менамояд.

Кумита қонуни мазкурро қобили дастгирӣ меҳисобад ва онро ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ» ба овоз монда, Қарор қабул гардид.

Доир ба масъалаи ниҳоии рӯзномаи иҷлосия-лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи сохтор, рӯйхати вазифаҳо, шумораи кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сметаи хароҷоти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015»  роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мизроб Кабиров гузориш дод.

Аз рӯи ин масъала Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: - Сухан ба раиси Котибот дода мешавад.

Абдураҳмонзода Саидбурҳони Саидраҳмон: 

- Муҳтарам Раис!

Унвонии Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ягон мавод ворид нашудааст.

РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ! Ҳамаи масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баррасӣ шуданд. Доир ба тартиби бурдани иҷлосия, баррасӣ намудани масъалаҳо таклифу эродҳо ҳастанд? Ба раисони кумитаҳо, аъзои Маҷлиси миллӣ барои иштироки фаъолонаатон дар кори иҷлосия ташаккур мегӯем!

Бо ҳамин Иҷлосияи бистуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорумро пӯшида эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

Ҷумъахон НАБОТОВ, Далер МЕРГАНОВ, Абдулмаҷид МУРОДОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ