Вохӯрии Маҳмадсаид Убайдуллоев бо Валентина Матвиенко

№25 (3171) 14.03.2014

DSC_0149

12 марти соли 2014 дар доираи ҳамкориҳои байнипарламентӣ Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия В.И.Матвиенко бо нахустин сафари расмӣ ба Душанбе ташриф овард.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Валентина Матвиенкоро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев, муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ М.Собиров, раисони кумитаҳои марбутаи Маҷлиси миллӣ, кормандони масъули Раёсати ташрифоти давлатии Вазорати корҳои хориҷӣ истиқбол гирифтанд.

Сипас, тибқи барномаи сафар дар Бӯстонсарои ҳукуматӣ мулоқоти расмии мавсуф бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев баргузор гардид.

Зимни вохӯрӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо пазиройии самимӣ ҷараён ва таҳкими ҳамкориҳои судманди дуҷонибаи Тоҷикистону Федератсияи Россияро, ки аз умқи асрҳо миёни халқу кишварҳоямон ибтидо мегирад, нек арзёбӣ намуда, афзуд, ки дар партави муносибатҳои ҳасанаи роҳбарияти олии давлатҳо вақт тақозо менамояд, ки ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию гуманитарӣ ва байнипарламентӣ беш аз ҳарвақта ба нафъи халқҳои ду ҷониб тавсеа ёбанд ва изҳори итминон намуд, ки ташрифи феълӣ поягузори сафҳаҳои нави робитаҳо хоҳад шуд.

Зикр гардид, ки дар марҳилаи феълӣ ҳамгироиҳои озмудаи дӯстона хостгор бар он аст, ки ба робитаҳои иқтисодӣ, пеш аз ҳама, сафарбарнамоии сармояи мустақими Федератсияи Россия дар лоиҳаҳои инвеститсионии Тоҷикистон, аз ҷумла таъсис додани корхонаҳои муштарак оид ба истеҳсоли маҳсулоти ҷавобгӯйи талаботи бозори истеъмолии ҷонибҳо, содироти сабзавоту меваҷоти Тоҷикистон ба субъектҳои Федератсияи Россия беш аз ҳарвақта ва дастаҷамъона вусъат бахшем.

Маҳмадсаид Убайдуллоев дар иртибот ба ҳамкориҳои гуманитарӣ фаъолияти мустақими филиалҳои донишгоҳҳои Федератсияи Россияро барои тарбияи кадрҳои маҳаллӣ дар Тоҷикистон нек арзёбӣ карда, оид ба зиёд намудани теъдоди мактабҳои русӣ ва курсҳои омӯзиши забони русӣ барои мактабиён ва шаҳрвандони алоҳида дар кишвар, ки дар онҳо мутахассисони рус ба таълим машғул бошанд, масъалагузорӣ намуд.

Ҳамзамон таъкид гашт, ки баҳри ғановат, таҳкими муҳит ва фазои фарҳангӣ эҳё намудани баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистону Россия дар кишварҳо тақозои вақт ва ҷавобгӯйи ниёзҳои халқҳои дӯсту бародар мебошад.

Инчунин зимни мулоқот масъалаи зарурати андешидани амалисозии тадбирҳои муштарак оид ба таъмини амнияти минтақавӣ, ҳифзи сарҳадот, муборизаи дастаҷамъона алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва таҳдидҳои терроризму экстремизм махсус таъкид карда шуд.

Дар иртибот ба роҳандозии тадбирҳои иловагӣ баҳри ба танзим даровардани равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ ва ҳимояи ҳуқуқи онҳо дар ҳар ду кишвар зикр гардид, ки масъалаи таъмини табодули доимии иттилоот миёни хадамоти муҳоҷирати ҷонибҳо оид ба дастрасӣ ба маълумоти саҳеҳ нисбати шаҳрвандони сафарашон ба Федератсияи Россия мамнуъбуда ногузир мебошад.

Дар ин самт, баҳри густариши воқеии робитаҳои байнипарламентӣ пурзӯр намудани фаъолияти Комиссияи байнипарламентӣ оид ба ҳамкориҳои Шӯрои Федератсия ва Маҷлиси миллиро ҳадафманд шуморида, афзуд, ки дар сатҳи ҷадиду муассир эҳё намудани фаъолияти институти равобити байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия — Форуми байнипарламентии «Тоҷикистон-Россия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ» мувофиқ ба мақсад мебошад.

Хонум Валентина Матвиенко аз пешниҳодоти ироагардида ҷонибдорӣ карда, зикр сохт, ки тамоми таҷриба ва имконоти парламентҳо дар фазои ҳуқуқӣ баҳри такони амалисозии сиёсати дӯстонаи роҳбарияти давлатҳо ва созишномаҳои байниҳукуматию дар доираи Форуми байнипарламентии «Тоҷикистон-Россия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ» баимзорасида равона хоҳад шуд.

Бо анҷоми мулоқоти самимӣ ва пурмаҳсул Маҳмадсаид Убайдуллоев ва хонум Валентина Матвиенко ба ҷаласаи ҳайати Комиссияи ҷонибҳо оид ба ҳамкории Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз бахшиданд. Ҳар ду ҷониб бо суханрониҳои барномавӣ дар кори он ширкат варзиданд.

Комиссияи ҳамкориҳои байнипарламентӣ дар ҷаласаи худ, бо дарназардошти тафоҳумоти зимни мулоқоти раисони парламентҳо ҳосилгардида, қарор намуд, ки Форуми чоруми байнипарламентии «Тоҷикистон-Россия: неруи ҳамкориҳои байниминтақавӣ» нимаи дуюми моҳи октябри соли ҷорӣ дар шаҳр ва вилояти Москваи Федератсияи Россия баргузор карда шавад. Бо ин мақсад баҳри омодагӣ ва дар сатҳи наву таконбахшандаи ҳамкориҳои байниминтақавӣ доир намудани форум гурӯҳҳои кории ҷонибҳо созмон дода шуданд.

Дар фарҷоми ҷаласа Раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия В.И.Матвиенко собиқ муовини котиби генералии Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ, намояндаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии ИДМ Ф.Ф. Сайфуллоевро бо медали «Барои таҳкими робитаҳои байнипарламентӣ» сарфароз намуд.

Дар интиҳо аз натиҷаи ҳамоиш Маҳмадсаид Убайдуллоев ва хонум Валентина Матвиенко бо доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори омма мулоқоти якҷоя анҷом дода, ба суолҳои рӯзноманигорон посух доданд.

Ш. САИДОВ, ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суратгир А. ИСОЕВ