Равобити байнипарлумонӣ

ҲАМГИРОӢ МАВРИДИ АМАЛ ҚАРОР ДОДАНИ СТРАТЕГИЯИ САМАРАБАХШРО ТАҚОЗО ДОРАД

№67 (3547) 24.05.2016

18 майи соли 2016 ҳайати Ҷумҳурии  Тоҷикистон бо роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, ки ба он  муовини Раиси Маҷлиси намояндагон  Акрамшо Фелалиев, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Шариф Раҳимзода, Абдураҳим Холиқзода, Рустам Латифзода, Эмомалӣ Насриддинзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Қиёмиддин Миралиён шомил буданд, барои иштирок дар  ҷаласаи  Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои  Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иҷлосияи  умумии 44- уми ин созмон ба шаҳри Санкт- Петербурги Федератсияи Россия сафар карданд.

Дар доираи ин сафар Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар Форуми байналмилалии «Дурнамои иқтисодии АвруОсиё» суханронӣ карда, аз ҷумла изҳор намуд:

«Ҷониби Тоҷикистон ташаббусро оид ба  муҳокимаи  масъалаҳои ҳамкорӣ вобаста ба сохтмони Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё комилан ҷонибдорӣ менамояд ва боварӣ дорем, ки тавсияҳои форум барои тавсеаи равобити тиҷоративу иқтисодии байни кишварҳо мусоидат менамояд.

Шоҳиди он ҳастем, ки дунё ба хатарҳои ҷиддии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ аст. Танҳо тавассути ҳамгироӣ ва тақвияти талошҳои муштараки кишварҳо метавон бо ин зуҳуроти номатлуб муқобилат кард».

Ба андешаи Ш. Зуҳуров, дар шароити муосир таъмиқи ҳамкориҳои минтақавӣ унсури муҳими ташкили ҷаҳони бисёрқутбӣ ва ҷаҳонишавии иқтисодӣ ба шумор меравад.

Шукурҷон Зуҳуров, инчунин аз хусуси ҳамкориҳои минтақавӣ сухан ронда, дар ин самт аз таҷрибаи иштироки 20-солаи ҷумҳурии мо дар равандҳои ҳамгироии минтақавӣ, интихоби самтҳо, усулҳо ва воситаҳои ҳамгироӣ, ки ҳамеша аз масъалаҳои баҳсбарангез мебошад, ёдовар шуд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд кард, ки интихоби стратегияи нисбатан самарабахш дар соҳаи ҳамгироӣ асосноккунии дақиқи равандҳоро на танҳо дар бахши сиёсӣ тақозо мекунад, балки фароҳам намудани заминаи мусоидро барои тавсеа ва тақвияти ин раванд бо дарназардошти гурӯҳбандии ҳамгироии минтақавӣ дар самти иқтисодиёт низ талаб менамояд.

Таъкид шуд, ки Форум имкониятҳои нодири муштаракро барои ба роҳ мондани асосноккунии устувори равандҳо, ки асосҳои таълимоти иқтисодии дар чаҳорчӯбаи фазои пасошӯравии иттиҳодияҳои ҳамгироӣ созмонёфтаро муайян менамояд, рӯйи кор хоҳад овард. Ин барои ҷалби ҳар чӣ бештари кишварҳои ҳамсуд ба ҳайати Иттиҳоди гумрукӣ ва ба ғояҳои ҳамгироии иқтисодии АвруОсиё мусоидат намуда, самтҳои ояндаи фаъолият  ва самарабахши онро муайян менамояд.

19 майи соли равон дар Қасри Таврический — қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон  Шариф Раҳимзода, Абдураҳим Холиқзода, Рустам Латифзода, Эмомалӣ  Насриддинзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Қиёмиддин Миралиён дар ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонӣ  роҷеъ ба фарҳанг, иттилоот, ҷавонон, сайёҳӣ,  варзиш, сиёсат ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экологӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ, сиёсати хориҷӣ фаъолона иштирок намуда, андешаҳояшонро иброз намуданд.

Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори вакилони парламентҳои дигар давлатҳо номгӯи санадҳои намунавии қонунгузорӣ, наздик намудани қонунгузории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил то соли 2020, қонунҳои моделӣ «Дар бораи гурӯҳҳои  сохтмонии донишҷӯён», «Дар бораи  ҳукумати электронӣ», «Тавсияҳо оид ба рушди фаъолияти парлумонҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил»,  «Тавсияҳо дар бораи ҳамкориҳо байни олимони ҷавони  давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» — ро мавриди муҳокима қарор доданд.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, муовини раиси комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонӣ оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода лоиҳаи «Конвенсияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тадқиқот ва истифодаи фазои кайҳонӣ бо мақсади осоишта»-ро барои баррасӣ ба  Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил пешниҳод кард.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон, узви комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои  аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экологӣ  Рустам Латифзода низ дар ҷаласаи комиссияи мазкур як қатор масъалаҳои ҳаётан муҳимро баррасӣ намуд.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Абдураҳим Холиқзода оид ба омӯзиши таҷрибаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ  ибрози назар карда, масъалаи мавриди назарро муфассал ва дар заминаи далелу арқоми асоснок шарҳ дод.

Дар суханрониҳо ва раванди ироаи андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон  Қиёмиддин Миралиён фаъолияти онҳо   дар парлумон ва иштироки ҷавонон дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон  масъалаи меҳварӣ маҳсуб мешуд.

Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Эмомалӣ Насриддинзода дар кори ҷаласаи комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонӣ оид ба мудофиа ва амният иштирок кард ва аз таҷрибаи Маҷлиси намояндагон оид ба тасвиби шартномаҳои байналмилалӣ дар доираи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ қабулгардида маълумот дод.

Дар фарҷом масъулини   ҳайатҳо нишасти матбуотӣ доир намуданд. Ҳамрадиф бо дигарон, муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев низ ба саволҳои хабарнигорон посухҳои қаноатбахш дод.

 Шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси ОлииҶумҳурии Тоҷикистон