Ҳамкориҳои судманд рушду такомул меёбанд

№105-106 (3251-3252) 12.09.2014

10 сентябри соли 2014 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, ки Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳониро дар Академияи илмҳои ҶумҳурииТоҷикистон ҳамроҳӣ мекард, дар назди олимони Академияи мазкур суханронӣ намуд, ки матни онро пешкаши хонандагон  менамоем.

DSC_0271

Ҷанобӣ Олӣ, Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ!

Меҳмонон ва ҳозирини арҷманд!

Барои ман ҷойи ифтихор ва шарафи бузург аст, ки Ҷаноби Олиро ба ин боргоҳи илм – Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамроҳӣ менамоям.

Ман аз ин фурсати муносиб истифода намуда, бори дигар ташрифи Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Ҳасани Рӯҳонӣ ва ҳайати ҳамроҳонашонро ба Тоҷикистон хайрамақдам мегӯям.

То ин соат меҳмони олиқадр дар доираи сафари расмӣ суҳбату мулоқотҳои судманде анҷом доданд. Мутмаинем, ки зимни дидор ва мулоқоти Шумо бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масоили мубрами ҳамкориҳои гуногунҷабҳа ва мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон мавриди баррасӣ қарор доштанд.

Нахустсафари Шумо, Ҷаноби Олӣ ба сарзамини мо ба рӯзҳое рост омад, ки халқи тоҷик санаи сарнавиштсоз – Истиқлолияти давлатиашро таҷлил мекунад. Ҷойи зикр аст, ки 9 сентябри соли 1991, баъд аз эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии  Эрон аввалин давлате буд, ки Истиқлолияти давлатии моро ба расмият шинохт ва моҳи январи соли 1992 Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Душанбе ба фаъолият оғоз кард. Ин аввалин сафорат дар Тоҷикистони соҳибистиқлол буд. Саҳми бародарони эронӣ дар ташкил ва баргузории музокирот миёни тоҷикон, оштии миллӣ ва дастёбӣ ба сулҳ дар Тоҷикистон низ назаррас аст, ки гумон мекунам аҳли толор аз ин хусус ба хубӣ огоҳанд.

Халқи тоҷик дар ҳассостарин ва душвортарин лаҳзаҳои таърихи худ аз кумак ва дастгириҳои Ҷумҳурии Исломии Эрон бархӯрдор буд ва имрӯз низ шоҳиди идомаи иқдомоти неки ин кишвари дӯст ва бародар аст.

Мо бо қаноатмандӣ гуфта метавонем, ки имрӯз дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон беш аз 150 ширкату корхонаҳои муштараки эронию тоҷикӣ босамар фаъолият доранд.

Кумитаи байналмилалии имдоди Имом Ҳумайнӣ низ аз ниҳодҳои шинохташуда дар кишвари мост. Намояндагони он дар баробари кумак ба оилаҳои камбизоат имрӯз ба омӯзиши касбу ҳунар ба хоҳарону бародарони мо машғуланд, ки дар деҳоти Тоҷикистон ин амали онҳо хуб истиқбол мешавад.

Имрӯз дар ҷараёни сафари расмии Шумо Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда – 2» ба кор медарояд. Ин неругоҳ аз тарҳҳои муҳимтарин дар бахши ҳамкориҳои иқтисодии Эрону Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, ки умедворем аз баракати он ҳазорҳо хонаву дари мардуми мо мунаввар мегардад.

Мо барои ин ҳама ҳамкориҳои судманд дар роҳи рушду такомули иқтисоди Тоҷикистон аз бародарони эронӣ ва роҳбарияти муҳтарами он сипосгузорем.

Ҷаноби Олӣ! Умумияти таърихӣ, забони муштарак имкон фароҳам овардаанд, ки мо дар ҳама бахшҳо ҳамкориҳои ҳасана ва барои ҳар ду кишвар судманд дошта бошем. Аҳли илму адабу фарҳанги мо аз ин имконият босамар истифода бурда, дар ҳамоишҳои илмиву адабӣ дар Эрону Тоҷикистон ширкати густурда меварзанд.

Чопи Қуръони маҷид бо тарҷума, тафсир ва бо хати кириллӣ, китоби аллома Бобоҷон Ғафуров – «Тоҷикон» ва боз қариб сад унвон асарҳои адибони классику муосири тоҷик, ки бо ҳиммати бародарони мо дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ба нашр расидаанд, гувоҳ аз равобити хуби ҳамкориҳои илмиву фарҳангии мо мебошад.

Мулоқоти имрӯзаи Ҷаноби Олӣ бо олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон далели ишқу алоқаашон ба илму фарҳанги бою рангини тоҷику форс мебошад.

Сипас, дар назди олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ва Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ баромад намуданд.

Дар анҷоми мулоқот бо қарори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ унвони Узви хориҷии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.