Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Ҳамкории «Фонди шарикии глобалӣ» дар рушди маориф

№9 (3155) 25.01.2014

DSC_0467

22 январи соли 2014 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.

Дар бораи тасдиқи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1. Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи чоруми Фонди шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф

2. Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба Лоиҳаи «Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим»

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ»

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ»

5. Дар хусуси Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар тайёр намудани мутахассисони ҷузъу томҳои зиддитеррористӣ дар муассисаҳои таълимии мақомоти салоҳиятдори давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил

6. Дар хусуси Созишномаи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳамкорӣ дар таъминоти моддию техникии мақомоти салоҳиятдори татбиқкунандаи мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти зӯроварии экстремистӣ

7. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи чоруми Фонди шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф сухан ба муовини вазири  молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимӣ Аламхони Қодириён дода мешавад.

НаимӣНаимӣ Аламхони ҚОДИРИЁН: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Маориф дар сиёсати иҷтимоии давлат яке аз соҳаҳои афзалиятнок буда, он аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон пайваста дастгирӣ меёбад.

Айни замон якҷоя бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ шаш лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ  ба маблағи умумии 326,0 млн.сомонӣ, аз ҷумла 141,0 млн.сомонӣ ҳамчун қарз, 164,1 млн.сомонӣ ҳамчун грант ва саҳми Ҳукумат -21,0 млн. сомонӣ амалӣ шуда истодааст.

Бояд зикр намуд, ки лоиҳаи мазкур давоми мантиқӣ ва марҳилаи навбатии лоиҳаҳои «Фонди шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф» мебошад, ки марҳилаҳои 1,2 ва 3-юми он дар давоми солҳои 2006 -2013 ба маблағи умумии зиёда аз 156,0 млн.сомонӣ бомуваффақият амалӣ шудааст.

Лоиҳаи мазкур барои соҳаи маорифи кишварамон аҳамияти муҳим дошта, ҷиҳати татбиқ намудани он 77,3 млн.сомонӣ аз ҳисоби «Фонди шарикии глобалӣ» пешбинӣ гардидааст.

Моҳи октябри соли 2013 лоиҳаи мазкур аз ҷониби вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба имзо расонида шуда буд. Татбиқи он соли 2013 оғоз ёфта, то соли 2016 идома меёбад ва Агентии иҷроияи он Вазорати маориф ва илм муайян карда шудааст.

Мақсади асосии лоиҳаи мазкур ин мусоидат намудан ба  беҳтар гардидани шароити таълим дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ мебошад.

Лоиҳа чор қисматро дар бар мегирад:

Қисмати 1. Баланд бардоштани сатҳи дастрасӣ ба барномаҳои босифати рушди барвақтии кӯдак – 11,9 млн.сомонӣ.

Қисмати 2. Такмили барномаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва усулҳои амалии таълим – 15,3 млн.сомонӣ.

Қисмати 3. Беҳгардонии муҳити таълим барои сохтмон- таҷдиди наздики 30 мактаб (240 синфхона), хариди мебел, мизу курсӣ, тахтаи синфӣ ва ҷевонҳо дар 11 ноҳияи вилояти Хатлон, 2 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд ва 5 ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ — 38,5 млн.сомонӣ.

Қисмати 4. Такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани иқтидори идоракунии системаи маориф – 11,4 млн.сомонӣ.

Муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ кунед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Раҷабов Сафаралӣ Худоёрович дода мешавад.

DSC_0399Сафаралӣ РАҶАБОВ: -Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд оид ба лоиҳаи чоруми Фонди шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф, ки 1 октябри соли 2013 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Мақсади Созишнома, пеш аз ҳама, мусоидат намудан ба беҳтар гардидани шароити таълим дар муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Маблағи умумии лоиҳа 16,2 млн.доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки аз ҷониби Фонди шарикии глобалӣ дар соҳаи маориф тавассути Бонки Умумиҷаҳонӣ ҷудо карда мешавад.

Агентии иҷроияи лоиҳа – Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Татбиқи лоиҳа соли 2013 оғоз ёфта, соли 2018 ба анҷом расонида мешавад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

15 январи соли 2014 дар ҷаласаи васеи  Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаро мавриди баррасӣ қарор дода, қабули онро мувофиқи мақсад шумориданд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.

Дар хусуси  тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: — Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба Лоиҳаи «Таъмини устувории ҳавзаи  дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимӣ Аламхони Қодириён дода мешавад.

Наимӣ Аламхони ҚОДИРИЁН: — Муҳтарам  Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Ба манзури шумо ҷиҳати муҳокима Созишномаи грантӣ байни  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба Лоиҳаи «Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим» пешниҳод гардидааст.

Барои татбиқи Лоиҳаи «Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим» 118, млн.сомонӣ, аз ҷумла аз ҳисоби гранти Фонди инвеститсионии тағйирёбии иқлим, тавассути Бонки Осиёии Рушд 103,0 млн.сомонӣ, аз ҳисоби саҳми институтҳои молиявӣ 3,6 млн.сомонӣ  ва саҳми Ҳукумат 11,4 млн.сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Лоиҳаи мазкур моҳи сентябри соли 2013 аз ҷониби вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расонида шудааст. Татбиқи он соли 2013 оғоз ва то соли 2018 идома хоҳад ёфт.

Мақсади Лоиҳаи мазкур ин паст намудани таъсири манфии тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи дарёи Панҷ, тавассути бунёди системаи устувори зидди обхезӣ ва системаи обёрӣ, пурзӯр намудани идоракунии обхезӣ ва таҷдиди инфрасохтори ирригатсионӣ, таҷдиди инфрасохтори обтаъминкунии оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳои эҳтиёҷдошта, кӯмаки молиявӣ ба гурӯҳҳои ниёзманд тавассути ҷудо намудани қарзҳои хурди имтиёзнок, хусусан ба занон ва мустаҳкам намудани иқтидори кумитаҳо оид ба идораи офатҳои табиӣ ва иттиҳодияҳои истифодабарандагони об мебошад.

Лоиҳаи мазкур хусусияти маҳдудияти ҳудудӣ дошта, танҳо дар вилояти Хатлон -шаҳру ноҳияҳои Панҷ, Кӯлоб, Восеъ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар ноҳияҳои Дарвоз, Ишкошим, Рӯшон ва Роштқалъа татбиқ мегардад.

Хусусияти хоси дигари Лоиҳаи мазкур дар муқоиса бо дигар лоиҳаҳо аз он иборат мебошад, ки қисматҳои алоҳидаи он тавассути 3 агентии иҷроия — Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.

Аз ҷумла қисмати  1 ба маблағи 69,2 млн.сомонӣ  тавассути Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад ва он ба бунёди системаи зидди обхезӣ, идораи офатҳои табиӣ ва Ассотсиатсияи истифобарандагони об равона карда мешавад.

Қисмати 2 ба маблағи 26,3 млн.сомонӣ тавассути КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» татбиқ карда мешавад ва ба бунёди системаи устувори обтаъминкунӣ, бо роҳи таҷдиди инфрасохтор ва рушди иқтидори иттиҳодияҳои истифодабарандагони об, мустаҳкам намудани иқтидори кумитаҳои системаи обёрии оби нӯшокӣ ва қисмати 3 бошад, ба маблағи 22,4 млн.сомонӣ тавассути Вазорати молия бо роҳи ҷудо намудани қарзҳои хурди имтиёзнок, расонидани  кӯмаки молиявӣ ба гурӯҳҳои эҳтиёҷманд, хусусан ба занон барои мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим равона карда мешавад.

Татбиқи Лоиҳаи мазкур, пеш аз ҳама, ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, паст намудани сатҳи камбизоатӣ, дастгирии қисми ниёзмандии аҳолӣ аз тағйирёбии иқлим равона гардида, дастгирии молиявӣ бахши хусусиро тақвият мебахшад.

Мақсади  умумии Лоиҳа ин баланд бардоштани сатҳи зиндагии зиёда аз 100 000 хоҷагиҳои ҳавзаи дарёи Панҷ, ки ба тағйирёбии иқлим вобастаанд, инчунин паст кардани таъсири манфии тағйирёбии иқлим дар минтақаҳои татбиқи Лоиҳа мебошад. Хоҳишмандам Созишномаи мазкурро дастгирӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви  Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Сироҷов Шарофиддин дода мешавад.

Шарофиддин СИРОҶОВШарофиддин СИРОҶОВ:  — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба Лоиҳаи «Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим», 18 сентябри соли  2013 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Созишномаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2014 таҳти №2235 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Мақсад аз ин Созишнома паст намудани таъсири манфии тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи дарёи Панҷ, тавассути бунёди системаи устувори зидди обхезӣ ва системаи обёрӣ, пурзӯркунии идоракунии обхезӣ ва таҷдиди инфрасохтори ирригатсионӣ, таҷдиди инфрасохтори обтаъминкунии оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳои эҳтиёҷдошта, пешниҳоди ёрии молӣ ба гурӯҳҳои эҳтиёҷманд, хусусан ба занон ва мустаҳкам намудани иқтидори кумитаҳо оид ба идораи  офатҳои табиӣ ва иттиҳодияҳои истифодабарандагони об мебошад.

Арзиши умумии Лоиҳа 24,70 млн.доллари амрикоиро ташкил дода, тавассути гранти Фонди стратегии тағйирёбии иқлим ба воситаи Бонки Осиёии Рушд иборат аз 21,55 млн.доллари ИМА, саҳми институтҳои молиявӣ 0,76 млн.доллари ИМА  ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 2,39 млн.доллари ИМА маблағгузорӣ мегардад.

Агентии иҷроияи Лоиҳа Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» мебошанд. Татбиқи Лоиҳа соли 2013 оғоз ёфта, соли 2018 ба анҷом расонида мешавад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

15 январи соли 2014 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома мавриди баррасӣ қарор дода шуд ва қабули онро мувофиқи мақсад шумориданд.

Созишнома ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд оид ба Лоиҳаи «Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим»-ро бо назардошти хулосаҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамояд, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

Вобаста бо тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Наимӣ Аламхони Қодириён дода мешавад.

Наимӣ Аламхони ҚОДИРИЁН: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.

Лозим ба зикр аст, ки солҳои охир масъалаи баҳисобгирии муҳосибӣ дар корхонаҳо, махсусан корхонаҳои ғайридавлатӣ хеле ташвишовар буда, ба вазифаи сармуҳосиб шахсони тасодуфӣ, бе доштани маълумоти касбӣ қабул гардида, муҳимияти баҳисобгирии муҳосибиро дар корхона дуруст дарк намекунанд, вазифаю уҳдадориҳои мансабии худро намедонанд ва иҷро намекунанд, ки ин дар ҳолатҳои алоҳида ба камбудию норасоиҳо, аз ҳисоб берун мондани молу амвол, азхудкунии маблағҳо, пинҳонкунии манбаъҳои андозбандӣ, истифодаи ғайримақсадноки захираҳои молиявӣ оварда мерасонад.

Ҳамзамон таҳлили вазъи кунунии муҳосибон ва муҳосиботи корхонаю ташкилотҳо нишон дод, ки имрӯз дар ҷумҳурӣ шумораи муҳосибон намерасанд, хатмкунандагони муассисаҳои олии касбӣ шавқи интихоби ин касбро надоранд.

Дар миқёси ҷумҳурӣ шумораи муҳосибон 54121 нафар (аз ҷумла, дар вилояти Хатлон -16405, Суғд -20025, ВМКБ- 1838, ш.Душанбе – 13150 ва ноҳияҳои тобеи марказ — 2703) ва шумораи  муҳосибот 55171 (аз ҷумла, дар вилояти Хатлон -21849, Суғд -17161, ВМКБ- 1271, шаҳри Душанбе -12092 ва ноҳияҳои тобеи марказ -2798)  ададро ташкил намуда, мутаносибан ба ҳар як муҳосибот дар вилояти Хатлон -0,75, Суғд -1,16, ВМКБ -1,44, ш.Душанбе-1,08 ва ноҳияҳои тобеи  марказ -0,96 нафар муҳосиб рост меояд.

Чунин ҳолат раванди дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани пешбурди баҳисобгирии муҳосибиро дар ташкилоту корхонаҳои ҷумҳурӣ халалдор намуда, боиси номукаммалии ҳолати баҳисобгирии муҳосибии  ташкилоту корхонаҳои ҷумҳурӣ мегардад.

Бо мақсади ба низом даровардани баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ, татбиқи стандартҳои байналмилалӣ, инчунин баланд бардоштани мақоми сармуҳосиб дар амалӣ гардидани ин низом зарур аст, ки дастурамали мансабии сармуҳосиб ҳамчун санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия карда шавад, ки он барои роҳбари хизматрасонии муҳосибии иттиҳодияҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, ҷамъиятҳои саҳомӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидорӣ, сарфи назар аз шакли моликияташон ва тобеияти идоравиашон, ки баҳисобгирии муҳосибиро пеш мебаранд, ҳуқуқу уҳдадорӣ ва масъулияти сармуҳосибонро муайян намояд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки то соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Шӯрои Вазирони ИҶШС (аз 24 январи соли 1980, №159) «Низомнома дар барои сармуҳосибон» тасдиқ карда шуда буд. Айни ҳол, чунин Низомнома дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул нагардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо назардошти зарурати ба низом  даровардани баҳисобгирии муҳосибӣ дар корхонаҳо, мувофиқи тартибе, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муайян намудааст, бо мақсади назорати самаранок ва сарфакорона истифодабарии захираҳои меҳнатӣ, молиявӣ, инчунин нигоҳдории молу амвол таҳия гардидааст ва қабули он аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагиро талаб наменамояд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ»-ро барои баррасӣ пешниҳод намуда, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС:- Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ҷабборов Домуллоҷон Ҳоҷиевич дода мешавад.

Домуллоҷон ҶАББОРОВДомуллоҷон ҶАББОРОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2014 таҳти №2227 лоиҳаи қонуни мазкур барои додани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо дарназардошти зарурати ба низом даровардани баҳисобгирии муҳосибӣ дар корхонаҳо мувофиқи тартибе, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муайян намудааст, бо мақсади назорати истифодаи самаранок ва сарфакоронаи захираҳои меҳнатӣ, молиявӣ, инчунин нигоҳдории молумулк пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонунро ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон се таклиф пешниҳод намуданд.

16 январи соли 2014 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкур мавриди баррасӣ қарор гирифта, таклифҳои қабулшуда дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ»-ро, бо дарназардошти хулосаҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамояд, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС:- Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» сухан ба раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва  ташкили кор Имомов Азизмат Холматович дода мешавад.

Азизмат ИМОМОВАзизмат ИМОМОВ: Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон, ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ С.Тағоев, Х.Асоев ва вакили Маҷлиси намояндагон А.Имомов бо мақсади такмил ва мутобиқгардонии меъёрҳои алоҳидаи қонуни мазкур, мувофиқ намудани муқаррароти он ба дигар санадҳои қонунгузории мамлакат, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон» ва «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», инчунин кодексҳои гражданӣ, шаҳрсозӣ ва замини Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод шудааст.

Тағйиру иловаҳои пешниҳодшуда истифодаи истилоҳу ибораҳои ҳархеларо дар қонуни мазкур истисно менамоянд.

Хориҷ кардани калимаҳои «тибқи шартномаи хизматрасонӣ» аз сархати 3 моддаи 2-юми қонуни мазкур имконият  медиҳад, ки ба маҳсулоти истеҳсоли худии корхонаҳои хӯроки умумӣ на танҳо маҳсулоти аз ҷониби онҳо дар асоси шартномаи хизматрасонӣ истеҳсолшуда, инчунин маҳсулоти бе бастани шартнома истеҳсол кардашуда дохил карда шаванд.

Илова ба сархати 13 моддаи қонуни мазкур имконият медиҳад, ки хизматрасонии маишӣ дар радифи шартномаи пудрати маишӣ, инчунин  тибқи шартномаи хизматрасонии хӯроки умумӣ низ расонида шавад.

Тағйирот ба сархати 18-уми ҳамин модда мафҳуми «объекти доимии савдо»-ро мушаххас гардонида, муайян мекунад, ки он иборат аз бино ё як қисми бино, иморат ё як қисми иморат, ки бо пойдевори чунин бино, иморат ба замин мустаҳкам пайваст шуда, бо шабакаҳои таъминоти муҳандисию техникӣ васл гардидааст, мебошад.

Тағийрот ба сархати 19- уми моддаи қонуни мазкур дақиқ мегардонад, ки объекти сайёри савдо- бинои муваққатӣ ё конструксияи муваққатии новобаста аз устувор пайваст будан ё набудан ба шабакаҳои муҳандисию техникӣ дар ягон қитъаи замин ҷойгир шудааст.

Тағйирот ба сархати 26-уми ин модда мушаххас мегардонад, ки «маъмурияти бозор» шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ буда, ба субъектҳои соҳибкорӣ барои савдо ва хизматрасонии маишӣ шароит фароҳам меорад, чунин ҷойҳоро ҷудо намуда, феҳристи фурӯшандаҳои бозор ва феҳристи шартномаҳоро дар бораи пешниҳоди ҷойҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ пеш мебарад.

Таҳрири сархати 30 муайян мекунад, ки феҳристи шартномаҳо дар бораи пешниҳоди ҷойҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ иборат аз номгуйи маълумот нисбати фурӯшандаҳо, пудратчиҳо ва иҷрокунандагон, тибқи шартномаи басташуда, бо маъмурияти бозор мебошад.

Дар моддаи 5 иваз кардани калимаи «бамеъёргирии» ба калимаи «бамеъёрдарории» мутобиқ ба муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мебошад.

Таҳрири пешниҳодшудаи сархати 2 моддаи 6 меъёри мазкурро мушаххас гардонида, муқаррар мекунад, ки таҳия ва тасдиқи консепсия ва дурнамои давлатӣ дар соҳаи савдо ва хизматрасонии маишӣ ба таъмини амнияти озуқаворӣ нигаронида шуда, яке аз салоҳиятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими савдо ва химатрасонии маишӣ мебошад.

Таҳрири пешниҳодшудаи сархати 7 моддаи 8 мушаххас менамояд, ки муқаррар намудани тартиби ҷойгиркунии объектҳои савдо ва  хизматрасонии маишӣ, бо назардошти маҳал, мутобиқи қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиии  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар  танзими давлатии ин соҳа мебошад.

Иловаи сархати 8 ба ҳамин модда қонуни мазкурро ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон» мутобиқ намуда, дақиқ мегардонад, ки муқаррар  гардонидани реҷаи кори ташкилоту объектҳои савдо ва хизматрасонии маишии давлатӣ, мувофиқа намудани реҷаи кори ташкилоту объектҳои  савдо ва хизматрасонии маишии ғайридавлатӣ низ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  ваколати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошад.

Ифодаи қисми 3 моддаи 11- уми қонун дар таҳрири пешниҳодшуда низ дар мувофиқа бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи  ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон» муқаррар мекунад, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  реҷаи кори бозорҳои давлатиро муқаррар мекунад ва ғайридавлатиро  мувофиқа менамояд.

Илова ба қисми 9- уми ҳамин модда, меъёри мазкурро пурра гардонида, муқаррар мекунад, ки ба зиммаи маъмурияти бозор вазифаи пешбурди феҳристи на танҳо фурӯшандаҳои бозор ва шартномаҳо дар бораи пешниҳоди ҷойҳои савдо, балки инчунин уҳдадории бурдани феҳристи шартномаҳо дар бораи хизматрасонии маишӣ вогузор карда мешавад.

Тағйироти пешниҳодшуда ба қисми 5 моддаи 13 мушаххас мегардонанд, ки реҷаи шабонарӯзии объекти савдои чакана, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишии ғайридавлатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мувофиқа карда мешавад.

Иловаи қисми 22 дар таҳрири пешниҳодшуда моддаи 14 –уми қонунро пурра гардонида, муқаррар мекунад, ки ҷойгиркунӣ, фаъолият ва  назорати нуқтаҳои хизматрасонии маишӣ дар бозор тибқи муқаррароти моддаи мазкур ба роҳ монда мешаванд.

Тағйироти пешниҳодшуда ба сархати 1 қисми 2 ва қисми 4 моддаи 16 қонуни мазкурро мутобиқ ба Кодексҳои замин ва шаҳрсозии ҷумҳурӣ гардонида, муқаррар мекунанд, ки объектҳои доимӣ ва сайёри савдо, хӯроки умумӣ, хизматрасонии маишӣ ва шабакаи савдои хурди чакана дар қитъаҳои замини  холии маҳал мутобиқи нақшаи ҷойгиркунонии онҳо дар асоси шартномаи иҷрои қитъаи замин барои объекти доимии ғайриасосӣ, бо гузашти муҳлати иҷозат барои ҷойгиркунонӣ ва ба охир расидани шартномаи иҷораи  қитъаи замин бо соҳиби объекти доимии асосӣ ё сайёри шабакаи савдои хурди чакана ҷойгир карда мешаванд.

Ҳамин тариқ, татбиқи тағйироту иловаҳои дар лоиҳаи қонуни мазкур пешниҳодшуда ба фаъолгардонии иштироки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, субъектҳои соҳаи савдои дохилӣ ва хизматрасонии маишӣ дар масъалаҳои савдо ва хизматрасонии маишӣ равона гардида, мавқеи онҳоро нисбати ҳалли ин масъалаҳо самаранок мегардонад.

Инчунин лоиҳаи қонун ихтилофоти дар қонуни мазкур ҷойдоштаро бартараф менамояд ва татбиқи он хароҷоти иловагиро аз Буҷети давлатӣ ва маҳаллӣ тақозо намекунад.

Лоиҳаи қонуни баррасишаванда дар мувофиқа ба муқаррароти санадҳои қонунгузории мамлакат буда, дар маҷмӯъ меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ»- ро мушаххасу дақиқ ва пурра мегардонад, дар рушди савдо ва хизматрасонии маишӣ дар ҷумҳурӣ, болоравии мавқеи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон, ҷомеа ва давлат метавонад саҳми муносиб гузорад.

Қонун мутобиқ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории мамлакат мебошад.

Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории қабули он овоз диҳед.

РАИС:- Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Расулов Ашӯрбег Раҳматуллоевич дода мешавад.

Ашӯрбег РАСУЛОВАшӯрбег РАСУЛОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Тағоев, Х.Асоев ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А.Имомов пешниҳод шудааст.

Мақсади асосӣ аз таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур ин мутобиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» ба талаботи дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон» ва «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ»,инчунин бартараф намудани  истифодаи истилоҳу ибораҳои  гуногун, бо назардошти техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва мантиқи ҳуқуқӣ, мусоидат намудан барои таъмини риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонун мебошад.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 сентябри соли 2013 таҳти №2008 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия,  кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонунро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон 20 таклифу дархост пешниҳод карданд.

16 январи соли 2014 дар ҷаласаи васеи  кумитаи масъул бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳои  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонун мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар натиҷа, аз таклифу дархостҳои воридшуда 12-тоаш қабул, 2 –тоаш қисман қабул ва 6- тоаш қабул нашуд. Таклифҳои қабулшуда дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба ҷонибдории қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС:- Дар хусуси Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар тайёр намудани мутахассисони ҷузъу томҳои зиддитеррористӣ дар муассисаҳои таълимии мақомоти салоҳиятдори давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Иномов Абдузафар дода мешавад.

Абдузафар ИНОМОВАбдузафар ИНОМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Ба баррасии шумо Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар тайёр намудани мутахассисони ҷузъу томҳои зиддитеррористӣ дар муассисаҳои таълимии мақомоти салоҳиятдори давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил қарор дорад, ки ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Созишномаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2014 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, барои додани хулоса  ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон фиристода шуда буд.

Бояд тазаккур дод, ки Созишномаи зикршуда рӯзи 5 декабри соли 2012 дар шаҳри Ашқобод ба имзо расидааст. Созишнома аз муқаддима ва 16 модда иборат буда, дар муқаддима  зарурати бастани Созишнома оварда шудааст.

Дар моддаи 1-уми Созишнома мафҳумҳои асосии истифодашаванда шарҳ дода шуда, моддаҳои 2 ва 3-юми он    мақсади ҳамкории мақомоти салоҳиятдори Тарафҳоро дар тайёр намудани мутахассисони ба омӯзиш фиристонидашуда, бо риояи қонунгузории миллии худ ва шартномаҳои байналмилалӣ, ки Тарафҳо иштирокчиёнашон мебошанд, муайян менамояд.

Дар моддаҳои 4 ва 5 тартиби тайёр намудани мутахассисони ба омӯзиш фиристонидашуда мутобиқи барномаҳои таълимӣ ва нақшаҳои таълимӣ дар доираи Созишномаи мазкур, инчунин Созишномаҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи дар асоси шартномаҳои (қарордодҳои) байни мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо басташуда, гузаронидани дарсҳои таълимӣ ба таври пулакӣ (ҳамчунин бо пешниҳоди имтиёзот барои пардохти тайёрӣ) ва ё ройгон, тартиби ҳалли баҳсҳо, мавҷудияти суғуртаи ҳаёт ва саломатии мутахассисони ба омӯзиш фиристонидашаванда ва дигар шартҳои иловагӣ  зикр карда шудаанд.

Моддаи 6-уми Созишнома муҳлати хабардор намудани Тарафи равонкунандаро  бо барномаҳои таълимӣ ва нақшаҳои таълимӣ, шумораи ҷойи таълимӣ, муҳлат ва арзиши тайёрӣ, инчунин оид ба муҳлат ва тартиби вуруди мутахассисони ба омӯзиш фиристонидашаванда ба муассисаи таълимӣ ва бозгашти онҳоро муайян менамояд.

Моддаҳои 7 ва 8 татбиқи Созишномаи  мазкурро аз ҳисоб ва дар доираи маблағҳои аз тарафи мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо дар буҷети миллии ҳар яке аз Тарафҳо дар соли молиявии дахлдор  пешбинӣ карда, шакл ва намудҳои ёрии муштараки Тарафҳоро дар инкишофи муассисаҳои таълимӣ (ва ба ин мақсад супурдани маводи таъминотӣ дар асоси пулакӣ бо тарифҳои дохилии Тарафи равонкунанда бо нархи боқимонда  ва ё ройгон) муайян намуда, барои ноилшавӣ ба тайёрии мутахассисони мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо ва аз рӯи зарурат таҳия, нашри муштараки маводҳои илмӣ, таълимӣ ва иттилоотиро қайд менамоянд.

Дар моддаҳои 9 ва 10-уми Созишнома тартиби ҷуброни зарари аз тарафи мутахассиси ба омӯзиш фиристонидашуда, омӯзгори Тарафи равонкунанда ба шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ ва ё ба худи Тарафи қабулкунанда  расонидашуда мувофиқи қонунгузории миллии Тарафи қабулкунанда муайян карда шуда, дахолатнопазирии ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ҳар яке аз Тарафҳо, ки аз дигар шартномаҳои байналмилалӣ бармеоянд, зикр гардидаанд.

Моддаҳои 11, 12, 13 ва 14-уми Созишномаи мазкур ҳуқуқ ва уҳдадории ҳар яке аз Тарафҳо ва муносибатҳо доир ба ҳалли баҳсҳои байни Тарафҳо, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишнома ва муҳлати эътибор пайдо намудани онро муқаррар намуда, моддаи 15 муҳлати амали Созишнома ва тартиби аз он хориҷ шудани Тарафҳоро муайян намуда, моддаи 16-уми он таъкид  менамояд, ки мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо зимни ҳамкорӣ дар доираи Созишномаи мазкур забони русиро ҳамчун забони корӣ истифода мебаранд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ ва доир ба он хулоса пешниҳод намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 15 январи соли 2014 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ мавриди муҳокима қарор дод, ки он аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ карда шуд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар тайёр намудани мутахассисони ҷузъу томҳои зиддитеррористӣ дар муассисаҳои таълимии мақомоти салоҳиятдори давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ҷонибдорӣ намоед.

Доир ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: — Дар хусуси Созишномаи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳамкорӣ дар таъминоти моддию техникии мақомоти салоҳиятдори татбиқкунандаи мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти зӯроварии экстремистӣ сухан  ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Амиршоева Саодат дода мешавад.

амиршоеваСаодат  АМИРШОЕВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Ба баррасии шумо Созишномаи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳамкорӣ дар таъминоти моддию техникии мақомоти салоҳиятдори татбиқкунандаи мубориза бо терроризм  ва дигар зуҳуроти зӯроварии экстремистӣ қарор дорад, ки ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати тасдиқ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Созишномаи мазкур тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2014 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуда буд.

Бояд тазаккур намуд, ки Созишнома 5 декабри соли 2012 дар шаҳри Ашқобод ба имзо расидааст.

Созишнома аз муқаддима ва 17 модда иборат  аст. Дар муқаддима мақсаду маром ва зарурати бастани Созишномаи мазкур оварда шудааст.

Созишномаи мазкур, пеш аз ҳама, имконият медиҳад, ки ҷузъу томҳои зиддитеррористӣ, ки ба пешгирӣ, ошкор ва қатъ намудани ҷиноятҳои террористӣ ва дигар зуҳуроти зӯроварии экстремистӣ, кам кардани оқибатҳои он салоҳиятдор шудаанд, воситаҳои моддии техникӣ, нақлиёт, аз ҷумла аслиҳа ва лавозимоти ҷангӣ, воситаҳои махсус, техникаи махсус, алоқа, ҳифзи иттилоот, воситаҳои техникии системаҳои иттилоотӣ ва телекоммуникатсионӣ, воситаҳои назорати ядроиро мувофиқи қонунгузории миллӣ бо нархҳои имтиёзнок ё ройгон дастрас намоянд.

Ҳамзамон, вазъи ҳуқуқии мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо, ҳамкории мақомоти салоҳиятдори Тарафҳо тавассути иҷрои дархостҳо оид ба харид ва таҳвили техникаи махсус ва маводи таъминотӣ предмети ҳамкорӣ дар таъмини моддию техникии мақомоти салоҳиятдори татбиқкунандаи мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти зӯроварии экстремистӣ, тартиби баррасии дархости мақомотҳои салоҳиятдори Тарафҳо ҳангоми иҷро намудани талаботҳои Тарафи манфиатдор ва муҳлати иҷрои дархости Тарафҳо муайян карда шудааст.

Дар Созишнома шартҳои воридот, содирот ва транзит, аз ҷумла тарифҳои имтиёзнок барои интиқол ва масъалаҳои вобаста ба мубодилаи иттилоот, тартиби муносибат ба сирри байнидавлатӣ, инчунин хароҷоте, ки ҳангоми иҷрои Созишномаи мазкур ба амал меояд, матраҳ шудааст.

Созишномаи мазкур ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ҳар яке аз Тарафҳо, тартиби ҳалли баҳсҳо, ихтилофоти назар вобаста ба Созишнома, тағйиру иловаҳо ва тартиби эътибор пайдо намудани онро муқаррар намудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуда, доир ба он хулоса пешниҳод карданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 15 январи соли 2014 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ мавриди муҳокима қарор дод ва он аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ карда шуд.

Созишномаи давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба ҳамкорӣ дар таъминоти моддию техникии мақомоти салоҳиятдори татбиқкунандаи мубориза бо терроризм ва дигар зуҳуроти зӯроварии экстремистӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Вобаста ба тасдиқи Созишномаи мазкур  Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: - Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Катаев Амир Ҳабибович дода мешавад.

Амир КАТАЕВАмир КАТАЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирин!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 январи соли 2014 таҳти № 2231 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳати такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади аз байн бурдани мухолифатҳои  қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин баҳри иҷрои пурраи талаботи СУС нисбати фаъолияти иқтисодӣ ва савдои хориҷӣ пешниҳод гардидааст.

Бояд қайд намоем, ки муқаррароти қонуни зикршуда дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки пурра талаботи созишномаҳои Созмони Умумиҷаҳонии Савдоро иҷро намудаанд, дар марҳилаҳои гузашта аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, қабул гаштаанд. Дар марҳилаи омодашавӣ барои дохил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба СУС зиёда аз 100 санади меъёрии ҳуқуқӣ аз нав таҳия шуда, қабул гаштаанд. Аз он ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои хориҷӣ  (№ 846 аз 3 июли соли 2012), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими техникӣ (№ 522 аз 19 майи соли 2009), «Дар бораи стандартизатсия (№589 аз 3 декабри соли 2011) ва ғайраҳо.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои худ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Қонуни мазкур аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.

Лоиҳаи ин қонун 14 январи соли 2014 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, пурра ҷонибдорӣ ёфт.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш дорам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдёиқ гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст  намуд.

Неъматулло СОЛЕҲОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ