Муҳокимаи парламентӣ

«Амонатбонк»: Талаботи қонун дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро шудааст

№67-68 (3213-3214) 24.06.2014

19 июни соли равон бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» дар Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» дар самти гузаронидани амалиётҳои молиявӣ аз буҷетҳои маҳаллӣ» муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид.

РаҷабовҶаласаро раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Сафаралӣ Раҷабов ифтитоҳ намуда, ҳадафи баргузории онро шарҳ дод. Дар суханронии раиси Раёсати БДАТ «Амонатбонк» Ҷамшед Нурмаҳмадзода минҷумла зикр гардид, ки БДАТ «Амонатбонк» таърихи зиёда аз 130 — сола дошта, тӯли ин солҳо ном ва шакли худро якчанд маротиба иваз намуда, ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 ноябри соли 1998 таҳти №1123 «Дар бораи азнавтаъсисёбии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» мақоми давлатӣ гирифтааст.

Бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон БДАТ «Амонатбонк» ба бонки пешқадам табдил ёфта, айни замон бо 75 филиал, 507 марказҳои хизматрасонӣ ва ҳайати 2600 — нафараи кормандон дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳурӣ ба зиёда аз 2 миллион нафар мизоҷ хизмат мерасонад.

Тибқи банди чоруми Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 марти соли 1996 таҳти №440 «Дар бораи тадбирҳои беҳтар намудани вазъи молиявӣ ва пардохти саривақтии музди меҳнат ва пардохтҳои ба он баробар» суратҳисоби корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ ва муассисаҳое, ки аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, ба филиалҳои БДАТ «Амонатбонк» гузаронида шудаанд. Дар ин муддат ҷамъоварию пардохти маблағҳо ба буҷети давлатӣ ва татбиқи як қатор барномаҳо ва тадбирҳои гуногун оид ба беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ маҳз тавассути ин бонк сурат гирифт.

Бонк ба қабул ва интиқоли андозҳо, даромадҳо ва дигар пардохтҳо ба буҷети давлат ва дар ин замина баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Бо мақсади иҷрои саривақтии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» Нақша- чорабиниҳо тартиб дода, иҷрои онро дар муҳлатҳои муқарраргардида таҳти назорати қатъӣ қарор додааст.

Аз суханони номбурда маълум гашт, ки дар чор моҳи соли ҷорӣ маблағҳои зерин қабул ва ба суратҳисобҳои дахлдор сари вақт гузаронида шудаанд:

-маблағҳои транзитии буҷети ҷумҳуриявӣ дар ҳаҷми 713,7 млн. сомонӣ, ки нисбати ҳамин давраи соли 2013-ум 13 фоиз зиёд аст;

-маблағи андозу боҷҳои гумрукӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар ҳаҷми 963 млн. сомонӣ, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 8,2 фоиз зиёд мебошад;

-маблағҳо барои дарёфти иҷозатномаи ҳаракати воситаҳои нақлиёт бо мошинҳои сиёҳшиша ва хира дар ҳаҷми 26,7 млн. сомонӣ, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 45 фоиз зиёдтар аст.

Имрӯзҳо филиалҳои БДАТ «Амонатбонк» ба 6142 ташкилотҳои буҷетӣ бо талаботи 119 млн. сомонӣ дар як моҳ хизматрасонӣ намуда, дар чор моҳи сипаришуда ба  онҳо дар ҳаҷми 488,9 млн. сомонӣ тариқи нақдӣ пардохт намудаанд.

Дар баробари ин, аз ҷониби филиалҳои бонк аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ пардохти ҷубронпулиҳо барои истифодаи қувваи барқ ва гази табиӣ, пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба муаллимони ҷавон, муҳоҷирон, зарардидагони офатҳои табиӣ ва дастгирии соҳибкорӣ амалӣ гардидааст.

Дар ҳолатҳои зарурӣ БДАТ «Амонатбонк» барои пардохти саривақтии нафақа ба сохтори дахлдор қарзи бефоиз ҷудо менамояд. Масалан, соли 2013 аз ҷониби бонк 280 миллион сомонӣ қарзҳои бефоиз ба муҳлати 10- 15 рӯз ҷудо шудааст. Дар панҷ моҳи соли 2014 ин нишондиҳанда 40,6 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Нисбати иҷрои моддаи 22- юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» зикр шуд, ки давоми солҳои 1996- 2002 аз ҷониби бонк хизматрасониҳои марбут ба буҷети давлат беподош амалӣ карда мешуд. Вобаста ба пешниҳоди Хазинаи Байналмилалии Асъор ва бо мақсади роҳ надодан ба ҳолатҳои коррупсионӣ ва беҳбудии вазъи молиявии БДАТ «Амонатбонк» бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2002 таҳти №498 «Тартиби ҳисоби ҷуброн барои гузаронидани амалиётҳои молиявӣ ва ҳисоби фоиз барои амонатҳои ташкилотҳои буҷетӣ дар муассисаҳои БДАТ «Амонатбонк» тасдиқ карда шуд, ки  ин меъёр аз соли 2002 инҷониб бетағйир мондааст.

Дар чор моҳи сипаришуда барои депозитҳои буҷетии бемуҳлат дар ҳаҷми 993,3  ҳазор сомонӣ фоизҳо аз рӯйи меъёри зикршуда пардохта шудааст.

Ҳамзамон, раёсатҳои маҳаллии хазинадорӣ ва муассисаҳои буҷетие, ки аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ маблағгузорӣ мешаванд, ҳаққи хизматрасонии филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк»-ро дар чор моҳи сипаришуда аз рӯи гузаронидани амалиётҳо ба пули нақд дар ҳаҷми 1109,5 ҳазор сомонӣ (0,5  фоиз) ва амалиётҳои ғайринақдӣ дар ҳаҷми 821,5 ҳазор сомонӣ (0,3 фоиз) пардохт намудаанд. Даромади софи бонк аз ин амалиёт ночиз буда, барои хароҷоти бастҳои корӣ (музди меҳнат), конселярӣ, компютер, истифодаи интернет, андозҳо, хурдашавии воситаҳои асосӣ ва амсоли инҳо басанда нест. Ҳамчунин бо сабаби ноҳияҳои субвенсионӣ будан нуҳ филиал БДАТ «Амонатбонк» бо зарар фаъолият намуда истодаанд.

Иттилоъ гирифтем, ки аз ҷониби бонк барои харидории банкомат ва постерминалҳо таъминоти барномавӣ, роҳбаладии техникӣ, хизматрасонии протсесингӣ ва интишори кортҳои бонкӣ 20,3 млн. сомонӣ харҷ шудааст. Дар баробари ин, 24 адад мошинҳои махсуси инкассатсионӣ барои сари вақт дастрас кардани маблағҳои нақдӣ вобаста шудаанд, ки 13-тои он ба  барномаи ягонаи GPS таҷҳизонида шудаанд. Барои гирифтани маблағҳои нақдӣ аз Бонки миллии Тоҷикистон низ маблағҳои зиёд харҷ мешаванд. Масалан, барои гирифтани маблағҳои нақдӣ танҳо дар соли 2013-ум 2 млн.сомонӣ сарф шудааст.

Сафаралӣ ГУЛОВМуовини раиси Кумитаи  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Сафаралӣ Гулов масъалаи зикршударо таври амиқ ва доманадор мавриди баррасӣ қарор дод.

Зикр гардид, ки тибқи маълумоти пешниҳоднамудаи БДАТ «Амонатбонк» дар филиалҳои бонк маблағҳои таври нақдӣ пардохтшуда давоми моҳҳои январ –апрели соли 2014-ум  221,9 млн.сомониро ташкил дода, тибқи меъёри муайяншуда (0,5 фоиз) ҳаққи хизматрасонии бонкӣ ба андозаи 1,1 млн. сомонӣ ҳисобӣ шудааст. Барои мисол, дар филиалҳои БДАТ «Амонатбонк» дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ва шаҳри Душанбе аз ҳисоби пардохти  85,2 млн.сомонӣ -421,1 ҳазор сомонӣ, филиалҳои вилояти Суғд аз 41,1 млн.сомонӣ-  206,9 ҳазор  сомонӣ, минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон аз 53,6 млн.сомонӣ- 267,8 ҳазор сомонӣ, минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз 34,7 млн. сомонӣ- 173,4 ҳазор сомонӣ ва филиалҳо дар ВМКБ аз 7,1 млн.сомонӣ- 35,3 ҳазор сомонӣ подош ҳисоб карда шудааст.

Инчунин, маълум гардид, ки дар филиалҳои БДАТ «Амонатбонк» маблағҳои  таври  ғайринақдӣ пардохтшуда дар давраи моҳҳои январ-апрели соли 2014-ум 273,8 млн.сомониро ташкил дода, тибқи меъёри муайяншуда (0,3 фоиз) ҳаққи хизматрасонии бонкӣ ба маблағи 821,4 ҳазор сомонӣ ҳисоб карда шудааст.

Мувофиқи маълумотҳои пешниҳодгардида бақияи суратҳисобҳои буҷетҳои маҳаллӣ дар  тамоми филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» давоми моҳи январи соли ҷорӣ 113,0 млн.сомонӣ, моҳи феврал -116,8 млн. сомонӣ, моҳи март -120,4 млн.сомонӣ ва моҳи апрел -111,9 млн.сомониро ташкил додааст.

Аз рӯи ин маблағҳо, тибқи меъёри муайяншуда, ба андозаи 0,2 фоизи моҳона подош ҳисоб карда шудааст, ки  дар маҷмӯъ 993,3 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Аз маълумотҳои пешниҳодгардида маълум шуд, ки бонк оид ба кушодани амонатҳои муҳлатнок бо сохтори марбутаи давлатӣ ба маблағи умумии 36000000 сомонӣ чор шартнома ба имзо расонидааст.

Дар асоси шартномаҳои зикргардида, БДАТ «Амонатбонк» охири  моҳ аз рӯи амонатҳо фоизи муайян пардохт менамояд, ки он дар маҷмӯъ 1,3 млн. сомониро ташкил додааст.

Бояд тазаккур дод, ки аз моҳи январи соли 2003 инҷониб, фаъолияти БДАТ «Амонатбонк» дар доираи муқаррароти «Тартиби ҳисоби ҷуброн барои гузаронидани амалиётҳои молиявӣ ба ҳисоби фоиз барои амонатҳои ташкилотҳои буҷетӣ дар муассисаҳои «Амонатбонк» ба роҳ монда шудааст. Аммо то ин замон вобаста ба истифодаи технологияҳои муосир дар пешбурди фаъолияти бонк ба тартиби зикргардида тағйиру иловаҳо ворид карда нашудааст.

Аз маълумотҳои пешниҳоднамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ки ҳангоми гузаронидани амалиёти молиявӣ, ҷамъбасти ҳисоботи моҳонаи буҷетҳои маҳаллӣ дар муҳлатҳои муайянгардида таъмин нашуда, сабаби дер пардохт намудани фоизи даромад аз истифодаи маблағҳои буҷетӣ мегардад.

Бо дарназардошти гуфтаҳои боло Сафаралӣ Гулов пешниҳод намуд, ки Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонтабонк» дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёри ҳаққи хизматрасонии бонкиро аз рӯи амалиёти ғайринақдӣ барои ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ аз нав баррасӣ намуда, ба «Тартиби ҳисоби ҷуброн барои гузаронидани амалиётҳои молиявӣ ба ҳисоби фоиз барои амонатҳои ташкилотҳои буҷетӣ дар муассисаҳои БДАТ «Амонатбонк», ки 19 феврали соли 2003 қабул шудааст, тағйиру иловаҳо ворид намоянд, бо филиалҳои худ амалиёти молиявиро сари вақт гузаронанд ва оид ба сари вақт маблағгузорӣ намудани чорабиниҳои дар буҷетҳои маҳаллӣ пешниҳодшуда чораҳои зарурӣ андешад.

Вобаста ба масъалаи мавриди баррасӣ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Нозимов И.Талбаков, Д.Ҷабборов, Л.Саидмуродов ва дигарон савол дода, аз масъулин посухҳои мушаххас гирифтанд. Дар фарҷом, бо дарназардошти таклифу пешниҳодот ва нуктаҳое, ки дар суханрониҳо ва раванди пешниҳоди савол зикр гардиданд, аз рӯйи масъалаи мавриди муҳокима қарор ва тавсияҳо қабул шуданд.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум».

Суратгир А.Исоев