Вакил ва интихобкунанда

Асноди қонунгузорӣ ба пешрафти ҳаёт мусоидат мекунанд

№112 (3258) 27.09.2014

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Галия Рабиева тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 то 24 сентябри соли 2014 бо интихобкунандагони худ аз ҳавзаи интихоботии Сомонӣ №8-и ноҳияи Рӯдакӣ вохӯриҳо доир намуд.

Зимни ин мулоқотҳо Галия Рабиева, қабл аз ҳама, дар бораи вохӯрии сарони давлатҳои аъзо ва кишварҳои нозири Созмони Ҳамкории Шанхай маълумот дода, зикр кард, ки дар Тоҷикистон баргузор шудани чунин як чорабинии сатҳи байналмилалӣ аз обрӯ ва эътибори баланди мамлакати мо дар миқёси ҷаҳон гувоҳӣ медиҳад. Тавре маълум аст, Тоҷикистон давраи роҳбарии худро дар СҲШ бомуваффақият ба итмом расонда, навбати роҳбариро ба Федератсияи Россия супорид.

- Илова ба ин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ва сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой дар ҳамин давра баргузор гардид. Тавре мушоҳида мекунем, имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ иштирокчии фаъоли рӯйдодҳои муҳими минтақавию байналмилалӣ дар дунё, соҳиби мавқеи хос ва сазовор гардидааст,- афзуд Галия Рабиева ва суханашро идома дод:  — Бояд зикр намуд, ки сиёсати фаъоли байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самараи хуб ба бор оварда истодааст.

Дар рафти сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ва сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой навбати дуюми Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда -2» ва агрегати дуюми навбати аввали Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» ба кор андохта шуд. Дар ноҳияи Рӯдакӣ низ яке аз чорабиниҳои муҳим дар доираи сафари давлатии Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой баргузор гардид, ки ин маросими бошукӯҳи оғози сохтмони Қитъаи тоҷикистонии лӯлаи байнидавлатии гази «Осиёи Марказӣ – Хитой» буд. Бояд гуфт, ки маблағгузории он дар Тоҷикистон 3,2 млрд. долларро ташкил медиҳад. Рӯйдодҳои номбурда, албатта, дар расидан,ба истиқлолияти энергетикӣ, ба кор андохтани корхонаҳои нав, ташкили ҷойҳои нави корӣ, афзоиши буҷет ва дар ниҳоят ба ҳалли масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ мусоидат хоҳанд кард.

Галия Рабиева ҳамчунин аз ҷашни қарибулвуқӯи 20 -солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдовар шуда, гуфт, ки  Конститутсия санади таърихӣ ва муқаддас аст. Ҳар яки моро зарур аст, ки онро эҳтиром ва риоя кунем.  Шумо медонед, ки ҳанӯз солҳои аввали истиқлолият, сарфи назар аз мушкилоти дохилӣ, таҳияи Конститутсия ҳамчун кори таъхирнопазир аз ҷониби Роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта шуда буд. Ба шарофати хирадмандии мардуми мо маъракаи раъйпурсӣ баргузор гардид ва мо соҳиби ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз шудем.

Боиси ифтихор аст, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва коршиносони маъруфи ҷаҳон аз ҷумлаи конститутсияҳои беҳтарин ва демократӣ эътироф шудааст. Аз рӯйи меъёрҳои ҳуқуқ ва озодиҳои инсон бошад, соли 1995 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори панҷ конститутсияҳои беҳтарини давлатҳои аъзои САҲА пазируфта шуд. Конститутсия санади асосиест, ки дурнамои пешрафти давлат ва ҷомеаро муайян менамояд.

Сипас, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хоҳиши иштирокчиёни мулоқот роҷеъ ба фаъолияти парлумони касбӣ маълумот дод. Аз ҷумла зикр кард, ки барои мо — вакилон Конститутсия дар баробари санади муқаддас буданаш, инчунин санади корӣ мебошад. Фаъолияти Маҷлиси намояндагон пурра дар асоси Конститутсия ба роҳ монда шудааст. Як боби алоҳидаи ин санади асосии кишвар ба ташкили Маҷлиси Олӣ, фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Дар иртибот бо ин, меъёри конститутсиониро оид ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳлати ваколатҳои вакилон махсус хотиррасон намуд. Тавре мавсуф изҳор дошт, дар давраи аз 16 марти соли 2010 то кунун дар иҷлосияҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 830 санади меъёрии ҳуқуқӣ мавриди қабул ва тасдиқ қарор гирифтааст. Аз ҷумла 531 қонун қабул ва 150 санади ҳуқуқии байналмилалӣ тасдиқ шудаанд. Аз ин шумора 38 ададаш қонуни конститутсионӣ, аз ҷумла се қонуни мукаммал «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва 35 қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ, чор кодекс ва 97 қонун оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳо, аз ҷумла ба кодексҳои ҷангал ва андоз ва ду кодекси тамоман нав — кодексҳои мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва шаҳрсозӣ мебошанд.

- Айни замон боз як кодекс — Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи он иштирок намудам, мавриди баррасӣ қарор дорад, — афзуд Галия Рабиева.

Мавсуф дар робита ба барномаи пешазинтихоботии ҲХДТ, ки вобаста ба соҳаҳои иҷтимоӣ буд, зикр кард, ки тибқи пешбинии барномаи мазкур равона намудани на кам аз нисфи маблағҳои Буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ қатъӣ нигоҳ дошта шуд.

Дар бораи баргузории муҳокимаҳои парламентӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сухан ронда, вакил афзуд, ки муҳокимаҳои парламентӣ ҳамчун институти ҳуқуқии парламентаризм дар мамлакати мо дар ҳоли ташаккулёбӣ қарор дорад.

- Бо амалӣ гардидани тавсияву ҳадафҳои муҳокимаҳои парламентӣ ҳамкории ду шохаи ҳокимияти давлатӣ – қонунгузор ва иҷроия бештар ва пурсамар ҷараён хоҳад гирифт. Тавре таҷрибаи баргузории муҳокимаҳои парламентӣ нишон дод, гуфтугузори миёни мақоми қабулкунандаи қонуни Буҷети давлатӣ ва тарафи иҷрокунандаи он воситаи мувофиқ ва самаранок барои ҷалби тамоми ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати ҳалли дастҷамъонаи мушкилоти ҷойдошта мебошад,- гуфт Г.Рабиева.

Вакили Маҷлиси намояндагон ба масъалаи муроҷиати шаҳрвандон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дахл карда, изҳор дошт, ки дар давоми Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъвати чорум ба унвони Маҷлиси намояндагон 452 адад муроҷиати хаттӣ, дар маҷмӯъ 1133 муроҷиати шаҳрвандон ворид гардид, ки аксари кулли онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз натиҷааш ба муроҷиаткунандагон хабар дода шудааст.

Вобаста ба арзу муроҷиатҳои бевоситаи интихобкунандагони худ, ки ҳангоми вохӯриҳо баён гардида буданд, вакил тазаккур дод, ки ҳамаи онҳо сари вақт ба вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия фиристода шуда буд ва аксарияти онҳо ҳалли худро ёфтаанд. Чунончӣ, яке аз муроҷиатҳо доир ба итмом расонидани сохтмони бинои дармонгоҳи ноҳиявӣ дар шаҳраки Сомониён буд, ки сохтмонаш соли 1989 оғоз ёфтааст. Соли 2008 сохтмони бино аз тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (сарфармоишгар) давом ёфт, вале солҳои 2010-2011 аз сабаби ҷудо накардани маблағ сохтмон аз нав боздошта шуд. Рафти сохтмони он алҳол ба назорат гирифта шудааст ва ҳамин сол бинои мазкур ба истифода дода мешавад.

Масъалаи дигари муҳим дар ноҳия таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ва  обёрии заминҳо мебошад. Дар ҳамаи вохӯриҳо оид ба ин масъала мардум бо нигаронӣ муроҷиат менамуданд. Солҳои охир бо ҷалби маблағҳои буҷетӣ ва маблағҳои соҳибкорон, дар доираи ҳамкорӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва барномаҳои рушди СММ дар ин самт корҳои назаррас ба сомон расонида шуданд.  Давоми солҳои 2010-2013 дар ноҳия ҷиҳати таъминоти оби нӯшокӣ се лоиҳа амалӣ гардид. Аз 131 системаи обтаъминкунии мавҷуда 71- тоаш  бо таъмиру тармим фаро гирифта шуд. Айни замон ҳамаи онҳо дар ҳолати корӣ қарор доранд. Таи солҳои номбурда 160 шабакаи оби нӯшокӣ, ки 50 деҳаро дар бар мегиранд, мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар натиҷа 76000 нафар аҳолӣ бо оби нӯшокӣ таъмин гардид.  Аз ҳисоби маблағҳои инвеститсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои аз нав таҷдид намудани системаи обтаъминкунии аҳолии маркази ноҳия- шаҳраки Сомониён ба маблағи 3,3 миллион доллари ИМА ҷудо карда шуд ва корҳои сохтмонии лоиҳаи мазкур аз аввали соли ҷорӣ оғоз гардид. Бо анҷом ёфтани он зиёда аз 22 ҳазор нафар аҳолии шаҳрак бо оби нӯшокӣ таъмин хоҳанд шуд. Илова бар ин, боз сохтмони ҳашт шабакаи оби нӯшокӣ аз манбаъҳои маблағгузории дигар идома  дорад.

Интихобкунандагон зимни баромадҳои худ аз натиҷаҳои кори парлумон ибрози ризоият намуданд. Умуман, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ноҳияи Рӯдакӣ қариб дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеа тадбирҳо ва чораҳои зарурӣ андешида шуда истодаанд, ки ин боиси рушди бемайлон ва назарраси хоҷагии халқ, таҳкими эҳсоси худшиносию ватандӯстии аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонону наврасон, мегардад.

Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»