Бонуи доно ва ба гуфтан далеру тавоно

№23 (3169) 08.03.2014

DSC_1623Мусаллам аст, ки сатҳи маърифати ҷомеа ва нуфузу эътибори он аз рӯйи муносибат ба зан, ба модар муайян ва арзёбӣ мешавад, ки занон то чӣ андоза дар ҳаёти ҷомеа фаъол мебошанд. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷиҳати таҳкими мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро андешида, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ намуда истодааст. Дар ин давра бо мақсади баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, таъмини баробарҳуқуқии мардону занон, тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз шумори занону духтарони лаёқатманд як силсила асноди зарурӣ қабул ва амалӣ гардиданд.

Ҳадафи асосии ин иқдомот, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, тавсеаи нақши занон дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти муназзам ва пурмаҳсули бонувон маҳсуб меёбад. Маҳз самараи ин иқдомот буд, ки солҳои охир теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои  гуногуни ҳокимият — иҷроия, қонунгузор, судӣ ва дигар сохтору мақомоти давлативу ҷамъиятӣ торафт афзоиш ёфта истодааст.

Шахсе, ки мехоҳам дар бораи хислатҳои наку, фаъолияти пурмаҳсулу садоқаташ ба миллату меҳан сухан ронам, аз шумори бонувони соҳибэҳтирому соҳибном аст. Масъулиятшиносӣ аз рукнҳои асосии фаъолияти ӯст. Ин шахс Галия Рабиева мебошад, ки барои ҷомеаи Тоҷикистон ниёз ба муаррифӣ надорад. Ҳанӯз аз соли 2005, замоне ки Галия Рабиева аз ҳавзаи интихоботии ягонаи умумиҷумҳуриявӣ  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд, комилан муътақид гардидам, ки номбурда аз шумори бонувони  дорои андешаҳои қолабӣ ва шахшуда нест. Мушоҳидаҳои банда шаҳодат аз он медиҳанд, ки воқеан ҳам ба миллату давлат ва меҳани хеш садоқат дораду ин садоқат на танҳо дар забон, балки дар амалаш низ баръалост. Чун тасмими худро бобати иншои маводе дар борааш иброз намудам,хоҳишманди худдорӣ намуданам аз ин иқдом гашт, аммо вақте бовараш ба он шуд, ки азми банда қатъист, хоҳиш намуд ки дар инъикоси фаъолияташ ба зиёдаравӣ роҳ надиҳам.

Ҳамин тавр шурӯъ гардид суҳбати ман бо вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Галия Рабиева, ки худро аз ҳамсафони содиқи Президенти мамлакат медонаду баҳри амалӣ намудани сиёсати хирадмандона ва бунёдкоронаи ин абармард ба нафъи миллату меҳан аз тамоми имконоти мавҷуда самаранок истифода менамояд. Ӯ аз шумори онҳое нест, ки дар қиболи нотавонбинони миллат ва давлат хомӯширо ихтиёр намояд. Аз шумори ками масъулон аст, ки дар воситаҳои ахбори оммаи хусусӣ, ки аз «муҳри хомӯшӣ ба лаб задан»-и як идда мақомдорони давлатӣ ба минбари ба ном «коршиносон» табдил ёфтааст, доир ба дилхоҳ масъала андешаҳои асосноки хешро баён менамояд.  Шоҳиди бевоситаи он будам, ки маҳз Галия Рабиева мавҷуд будани рекламаи экологӣ дар воситаҳои ахбори оммаи кишварро дар шароити феълӣ зарур арзёбӣ намуда буд. Чун пешниҳодаш муҳиму саривақтӣ ва орӣ аз тамоюлҳои популистӣ буд, дар муддати кӯтоҳ ба инобат гирифта шуд. Бо интихобкунандагонаш равобити доимӣ ва қавӣ роҳандозӣ намудаву мунтазам аз мушкилот ва бурду бохти зиндагиашон огоҳ аст. Галия Рабиева мардуми нуҳ деҳоти ноҳияи Рӯдакиро дар мақоми олии қонунгузори кишвар намояндагӣ намуда, аз тамоми онҳо боздид намуда, қадри имкон мушкилоти интихобкунандагонашро ҳал намудааст. Ҳарчанд хоксорӣ менамояд, вале далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки маҳз бо ҷаҳду талоши ӯ дар деҳаи Садаи деҳоти «Чоргултеппа» мактаби нав бунёд гардидаву ду кӯпруки калони роҳи автомобилгарди миёни маркази ноҳия ва деҳоти «Эсанбой» бо сифати баланд азнавсозӣ шудаанд. Муҳимияти мушкилоти норасоии оби нӯшокиро дар шаҳраки Сомониён дарк намуда, баҳри ҳалли он ба сифати вакил кӯшиши зиёд ба харҷ дод. Самараи иқдомоти мавсуф буд, ки сохторҳои марбута дар доираи лоиҳаи алоҳида ба рафъи мушкилот шурӯъ намуданд. Таъмир ва насби симчӯбҳои нав дар маҳаллаи Навбаҳори деҳоти «Сарикиштӣ» низ дар заминаи дархости вакилии Галия Рабиева аз ҷониби зерсохторҳои ШСХК «Барқи Тоҷик» сари вақт амалӣ гардид…

Галия Рабиева соли 1954 дар ноҳияи Рӯдакӣ таваллуд шудааст. Соли 1974 собиқ Донишкадаи политехникии Тоҷикистон(ҳоло ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ)-ро бо ихтисоси инженер-электрик хатм кардааст. Ба доштани як ихтисос қаноат накарда, соли 1999 Донишоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст. Фаъолияти меҳнатиро аз вазифаи ассистенти кафедраи мошинҳои электрикӣ ва муҳаррики электрикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.С.Осимӣ шурӯъ намуда, соли 1978 ҷонишини котиби комсомолии ҳамин донишгоҳ интихоб шудааст.

Сипас дар вазифаҳои референти калони Мудирияти корҳои Совети Вазирони РСС Тоҷикистон, ҷонишини раиси комиҷроия ва ҷонишини раиси Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе, сардори шуъба оид ба корҳои занон ва ҷавонони Кумитаи давлатии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва тарбияи кадрҳо, сармутахассис, ҷонишини мудири шуъбаи корҳои ташкилию инструктории Мудирияти корҳои Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон ифои вазифа кардааст. Солҳои 1994–2005 дар вазифаи мушовири калони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои сиёсати кадрҳо фаъолият дошт. Аз соли 1998 инҷониб узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 1 аст.

Ба суолам доир ба волидонаш ва овони кӯдакӣ хеле мухтасар посух гуфта,  чунин зикр кард: «Падарам Рабӣ Муҳаммадиев омӯзгори фанни таърих ва модарам Валентина Сергеевна муаллимаи фанни забон ва адабиёти рус тамоми умри пурбаракати хешро сарфи таълиму тарбияи насли наврас намудаанд».

Нуктаи  муҳим ва қобили таваҷҷуҳ он аст, ки Галия Рабиева ҳанӯз овони таҳсил дар мактаби миёна ҳамчун ғолиби олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагон оид ба физика як моҳ дар мактаби физикаву математикаи шаҳри Новосибирск таҳсил кардааст. Маҳз ҳамон давра  азм кард, ки муҳандис мешавад. Ин тасмим он замон аз ҷониби як духтараки маҳаллӣ ҷуръату ҷасорати фавқулодда маҳсуб меёфт. Хушбахтона, ин мақсадаш амалӣ гардиду бо дониши худ сазовори номи баланди донишҷӯй шуда, марраи 5-солаи таҳсилро аъло фатҳ кард. Дар марҳилаи аввали вакилиаш, ки ба солҳои 2005 -2010 рост меояд, Галия Рабиева аз шумори вакилони сермаҳсул ба ҳисоб мерафт. Барои тақвияти суханонам овардани  чанд далелро бамаврид медонам. Шоҳидони ҳол мегӯянд, ки маҳз номбурда ба сифати узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот дар раванди таҳия ва тасдиқи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии дастгирии ҳамкорӣ бо олимони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил саҳми бориз дошт.  Ҳамзамон дар ин марҳила ҳамчун субъекти дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ»-ро  таҳия ва пешниҳод намуд, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул  ва аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ шуд.

Ӯ масъулияти барои баррасӣ пешниҳод намудани лоиҳаи  қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ипотека», «Дар бораи ҳифзи меҳнат», ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодексҳои ҷиноятӣ ва  ғайраро бар уҳда дошт. Агар фаъолияти имрӯзаи ин бонуро ба сифати вакили  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди пажӯҳиш карор диҳем, маълум мешавад, ки ин раванд беш аз пеш густариш ёфта, сатҳу сифаташ низ хубтару баландтар гаштааст. То ин замон мавсуф, дар ҳамкорӣ бо дигар вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чор лоиҳаи қонунро пешниҳод намудааст, ки аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ гашта, баъд аз имзои Президенти мамлакат мавриди амал қарор гирифтаанд. Инҳо қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда»,  «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи аз эътибор соқит донистани баъзе қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошанд, ки бо мавриди амал қарор гирифтанашон  заминаи қонунгузории кишвар  тақвият ёфт.

Ҳоло ду лоиҳаи қонун – «Оид ба ворид намудани  тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ» ва Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо истифода аз ҳуқуки ташаббуси қонунгузорӣ дар якҷоягӣ бо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудаанд, дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки дар аксари ин чорабиниҳо номбурда  суханронӣ ва ё нуқтаи назари хешро иброз намудааст. Ӯ аз шумори нафаронест, ки дар саргаҳи иқдомоти Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти таъмини баробарҳуқуқии мардону занон қарор дошт.

Ҳамсуҳбатам аз таваҷҷуҳу дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа ситоиш намуда, афзуд, ки Фармони Сарвари давлат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» сиёсати интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои болаёқатро аз ҳисоби занон куллан дигаргун сохт. Дар идомаи ин  иқдомот, ба андешаи Галия Рабиева: «вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро зарур аст, ки ба масъалаи амалӣ намудани «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» эътибори ҷиддӣ диҳанд».

Ҳамсуҳбати ман чунин мешуморад:  «Оила ниҳоди асосии ҷомеа, манбаи парваришу тарбияи неруи солими зеҳниву ҷисмонӣ ва идомадиҳандаи наслҳо маҳсуб мешавад. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи поку созанда, сатҳи маърифат ва саломатии зан вобаста аст».

Зимни суҳбат бо Галия Рабиева мавзӯъҳои хеле зиёд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, ки бозгӯйии онҳоро ба матлабҳои дигар вомегузорем.  Дар фарҷоми суҳбат ин «бонуи доно ва ба гуфтан далеру тавоно»                                                                                                                                          бо истифода аз фурсати муносиб, тамоми занону модарон ва бонувони мамлакатро ба ифтихори бузургдошти Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, барояшон саломатӣ, хушбахтиву саодатмандӣ ва рӯзгори ободу осуда орзу намуд.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум».

Суратгир А. ИСОЕВ