Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014 қабул гардид

№137 (3122) 29.10.2013

(Идома аз шумораи гузашта)

Лутфулло САИДМУРОДОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Пеш аз ҳама мехоҳам зикр намоям, ки Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014»-ро мавриди баррасӣ қарор дода, онро пурра ҷонибдорӣ менамояд. Ҳамзамон ба кормандони масъули Вазорати молия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён мекунем, ки  онҳо дархост ва пешниҳодҳои аъзои кумитаро дар давраи муҳокимаи лоиҳаи Қонуни буҷет ба назар гирифтанд.

Тавре аз лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» бармеояд, буҷети соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва варзиш дар соли оянда ба бахшҳои афзалиятнок, яъне ислоҳоти таҳсилоти миёна ва ибтидоии касбӣ, рушди таҳсилоти томактабӣ, муассисаҳои фарҳанг ва варзиш, сохтмону азнавсозии 200 иншооти соҳавӣ ва баланд бардоштани сифати тадқиқотҳои илмӣ равона карда мешавад.

Таври якҷоя хароҷоти Буҷети давлатӣ барои соҳаҳои номбаршуда дар соли 2014 ба маблағи 3,2 млрд. сомонӣ ё 22, 6 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ ва 6,6 фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли 2013-ум 540 млн. сомонӣ ё 23,1 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумла, ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи маориф ба маблағи зиёда аз 2,5 млрд. сомонӣ, соҳаи фарҳанг ва варзиш 586,3 млн. сомонӣ ва соҳаи илм 77,9 млн. сомонӣ ё мутаносибан 5,2, 1,2 ва 0,2 фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилиро дар бар мегирад.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки барои то ҳадди ақал қонеъ гардонидани эҳтиёҷот барои нигоҳдошт ва рушди системаи илму маориф, бо назардошти омили демографӣ, дар дурнамо бояд ҳиссаи солонаи хароҷот барои соҳаи илм то 3 фоиз ва маориф то 6 фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ баробар карда шавад. Ҳамзамон, боиси қаноатмандӣ мебошад, ки Вазорати молия дар раванди таҳияи Буҷети давлатии миёнамуҳлат барои солҳои 2015 ва 2016 бо истифода аз принсипҳои банақшагирии индикативӣ хароҷоти соҳаи маорифро дар соли 2015 ба 5,3 ва соли 2016 ба 5,4 фоизи Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ пешбинӣ карда истодааст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд,  ки агар ин принсипи банақшагирӣ нигоҳ дошта ё пурзӯр карда нашавад, маблағгузории буҷети соҳаи  маориф танҳо то соли 2020 ба нишондиҳандаи 6 фоиз баробар мешавад.

Бояд зикр намуд, ки дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» омадааст, ки дар доираи маблағҳои пешбинишуда барномаҳои соҳавӣ ва стратегияҳо, аз ҷумла Барномаи давлатии рушди маориф, барномаҳои давлатии тайёр кардани кадрҳои омӯзгорӣ ва илмӣ, Стратегияи миллии рушди маориф то соли 2020 ва Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва технология барои солҳои 2007- 2015, корҳои илмӣ- тадқиқотии Маркази байналмилалии илмӣ- тадқиқотии Помир –Чакалтай, додани қарз ба омӯзгорони ҷавон ҷиҳати беҳтар намудани шароити манзилӣ, грантҳои Президентӣ оид ба фаъолияти соҳибкории занон, иштироки варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, чопи китобҳои дарсӣ, дар хориҷи кишвар тайёр намудани мутахассисон тавассути Фонди махсуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ғайра амалӣ карда мешаванд.

Мавриди зикр аст, ки дар соли 2014 масъалаи самаранок ва мақсаднок истифодабарии маблағҳои буҷетҳои маҳаллӣ дар соҳаи маориф масъалаи муҳим ба шумор меравад, чунки ҳамаи мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии 68 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ ба маблағгузории сарикасӣ пурра таъмин гардида, меъёрҳои минималии маблағгузорӣ ба сари ҳар як хонанда ва ҳар як мактаб ба ҳисоби миёна 1,3 маротиба зиёд мешавад ва ба ин мақсад дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» тақрибан 1,5 млрд. сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Ҳангоми вохӯриҳо бо директорони мактабҳо муайян гардид, ки воқеан онҳо дар раванди истифодаи маблағҳои ҷудошуда мустақилияти молиявӣ надоранд, ки ин ба ғайрисамаранок ва бо истифода аз унсурҳои коррупсионӣ истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ оварда мерасонад. Бинобар ин, аз Вазорати молия хоҳиш карда мешавад, ки ба идораҳои худ дар ноҳияҳо супориш диҳад, ки дар доираи моддаҳои тасдиқшудаи хароҷот аз рӯйи низоми маблағгузории сарикасӣ имкониятҳои ҳуқуқи барои аз як модда ба дигар модда гузаронидани маблағҳо шароити муносиб ва назоратшаванда ташкил кунад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон аз вакилони гиромӣ хоҳиш мекунад, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014»-ро дастгирӣ намоянд.

Саттор ХоловСаттор ХОЛОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Давлат дар ҳар давру замон вазифаҳои мушаххаси иҷтимоиву иқтисодӣ аз ҷумла, сиёсати молиявӣ ва андозу буҷетро ба уҳда дорад. Аз нигоҳи моҳияти иқтисодӣ, буҷети давлатӣ муносибатҳои пулиеро ифода мекунад, ки байни давлату шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар мавриди аз нав тақсим намудани даромади миллӣ, ташкилу истифодаи фондҳои буҷетӣ барои маблағгузории соҳаҳои иқтисодиёт, таъмини хароҷоти иҷтимоӣ ва идораи давлат зарур мебошад, ки он дар системаи молиявии давлат нақши махсус дорад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» роҳандозии маблағро аз лиҳози илмию назариявӣ ва амалӣ ба самтҳои асосии ҳаёти ҷамъият ҷиҳати инкишоф ва рушд, инчунин татбиқи сиёсати иқтисодиву иҷтимоии Президенти мамлакат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст, ки шоистаи дастгирӣ мебошад.

Тазаккур бояд дод, ки маҳаки асосии пешрафти соҳаҳои гуногуни ҷамъияту давлат аз суботи амниятиву мудофиавии кишвар сарчашма мегирад ва маҳз туфайли оромиву осудагии ҷомеа метавонем ба дастовардҳои бузурги иҷтимоиву иқтисодӣ ноил шавем.

Дар Буҷети давлатӣ барои соли 2014 хароҷот барои нигоҳдории сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо афзоиш нисбати буҷети соли 2013-ум 17,2 фоиз пешбинӣ шудааст.

Моҳияти созандагии буҷет дар он ифода мегардад, ки барои сохтмону азнавсозии 65 иншооти сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла суд, прокуратура, маблағҳои мутамарказ ҷудо шудааст, ки пурра аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ва маблағҳои махсус маблағгузорӣ карда мешаванд.

Бинобар ин, ҷонибдорӣ намудани лоиҳаи қонунро аз ҷониби шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям.

DSC_0451Умаралӣ ҲИСАЙНОВ:- Дар расонаҳои хабарӣ як маводи баҳсӣ ба чоп расидааст. Дар он, аз ҷумла омадааст, ки  гардиши мол миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой, тибқи омори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2012- ум 670 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Дар ҳоле ки омори гумруки Ҷумҳурии Халқии Хитой ин муомилотро баробар ба 1 миллиарду 700 миллион доллар нишон додааст. Ҳамзамон дар ин мавод изҳори нигаронӣ мешавад, ки аз ин як миллиард доллар,  236 млн. доллар ба буҷет бояд ҳамчун андоз ворид мешуд. Ин маблағ куҷо шудааст? Оё мумкин нест, ки як комиссияи босалоҳият ин қазияро мавриди тафтиш қарор диҳад, то он дақиқу равшан гардад?

DSC_0461Муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Маҳмадов:

- Оид ба  муомилоти мол миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой, инчунин дигар давлатҳо дар воситаҳои ахбори омма маводҳо чоп мешаванд. Нисбати чунин маводҳо Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси факту рақам  ва далелҳои мавҷуда ҷавоб омода кардааст. Тибқи методологияи пешбурди омори гумрукӣ дар мавриди тиҷорати хориҷӣ байни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой фарқият дида мешавад. Дигар фарқият омори аввали сол ва охири сол мебошад.

Тафовути дигар дар он аст, ки  қисмати зиёди молҳои воридотӣ аз Ҷумҳурии Халқии Хитой ба Ҷумҳурии Тоҷикистон таъиноти махсус доранд. Яъне, онҳо танҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд воридот шаванд. Аммо молҳои дорои чунин  таъиноти махсусдошта қисман дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон боқӣ мемонанд. Аз нигоҳи методологияи гумрукӣ онҳо бояд ҳамчун молҳои транзитӣ ба расмият дароварда мешуданд. Инчунин усулҳои арзиши гумрукӣ ва муайян намудани ин меъёрҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хатой фарқ дорад. Аз ин рӯ, ин  мушкилот боиси ба амал омадани чунин фарқият мегардад.

DSC_0465Бег ҚУРБОНОВ: -Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Мо дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳони муосир ва марҳилаи навини рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварамон қарор дорем. Сиёсати давлат дар ин марҳила ба он равона карда мешавад, ки тавассути фаъолияти самараноки тамоми сохтору мақомоти давлатӣ барои ҳар як шаҳрванди кишвар шароити арзандаи зиндагӣ таъмин карда шавад.

Аз ин рӯ, ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ барои соли 2014 дар соҳаи тандурустӣ  20,69 фоиз, соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ  23,88 фоиз, фаъолияти дигари иқтисодӣ ва хизматрасониҳо 20,85 фоиз зиёд шудаанд.

Тоҷикистон дар роҳи татбиқи ҳадафҳои стратегии худ ба хотири баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум имрӯз бо қадамҳои устувор пеш меравад. Дар ин раванд масъалаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати Ҳукумати мамлакат мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ мебошад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Тоҷикистон уҳдадориҳои хешро дар самти ҳифзи иҷтимоии ятимону бепарасторон ва маъюбону камбизоатон ҳамеша иҷро менамояд. Татбиқ намудани тартиби нави кӯмакпулиҳои унвонии иҷтимоӣ барои табақаҳои ниёзманди аҳолӣ аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад, ки ҳадафи он беҳтару шаффоф гардонидани низоми пардохти кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ ба оилаҳои камбизоат мебошад, ки дар Буҷети соли 2014 ба инобат гирифта шудааст. Ҳукумати мамлакат бо мақсади ҳифзи саломатии мардум андешидани чораҳои заруриро пешбинӣ намуда, барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ дар Буҷети соли 2014 -ум 1 099 165 ҳазор сомонӣ, ки 20,69 фоизро ташкил медиҳад, ҷудо кардааст. Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014»-ро баррасӣ намуда, ҳаматарафа ҷонибдорӣ менамояд ва аз шумо хоҳиш менамояд, ки онро тарафдорӣ намоед.

Лоиҳаи қонун модда ба модда ба овоз монда, қонун яклухт қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷмуддинов Сафаралӣ Маҳсудинович дода мешавад.

Сафаралӣ НАҶМУДДИНОВ: — Муҳтарам  Раис, Раёсат  ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақсади мусоидат ба раванди омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014 тамоми чораҳои  заруриро андешида истодааст.

Аз он ҷумла ШСХК «Барқи Тоҷик»  баҳри таъмини  корхонаҳо ва аҳолии пойтахт бо энергияи гармӣ тасмим гирифтааст, ки тибқи шартнома барои эҳтиёҷоти Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ҷиҳати гузаронидани зимистони солҳои 2013-2014-ум 35000  тонна  мазути камсулфур ба маблағи 26,2 млн. доллари ИМА  ворид намояд.

Бояд зикр намуд, ки воридоти 35000  тонна  мазути камсулфур аз тарафи ШСХК «Барқи Тоҷик» тибқи муқаррароти қисми 3 моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шудааст.  Дар баробари ворид намудани мазути мазкур бояд дар ҳаҷми 1,3 млн. сомонӣ андози аксизӣ пардохт карда шавад, ки ин метавонад вазъи молиявии ШСХК«Барқи Тоҷик»-ро боз ҳам ноустувор гардонида, барои  фаъолияти саривақтӣ   ва самарабахши  Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе  дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2013-2014  мушкилот ба вуҷуд орад. Аз пардохти 1,3 млн. сомонӣ андози аксизӣ озод намудани ШСХК «Барқи Тоҷик» ҳамчун дастгирии иловагии соҳаи энергетикаи ҷумҳурӣ ба шумор рафта, аз ин  ҳисоб имкон дорад барои таъмин намудани аҳолӣ ва корхонаҳои саноатии шаҳри Душанбе бо энергияи барқ ва гармӣ шароити мусоид фароҳам гардад.

Аз шумо хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда овоз диҳед.

РАИС: -Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод  ва молия Сироҷов Шарофиддин  дода мешавад.

Шарофиддин СИРОҶОВШарофиддин  СИРОҶОВ: — Муҳтарам  Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ  аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 октябри соли 2013 лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, онро барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади аз андози аксизӣ озод намудани  воридоти мазути камсулфур барои эҳтиёҷоти Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Маркази барқу гармидиҳӣ»-и шаҳри Душанбе пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкурро ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ ва як таклиф пешниҳод намуданд.

Дар ҷаласаи васеи кумита 11 октябри соли 2013 лоиҳаи қонуни зикргардида  бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, таклифи пешниҳодгардида ба лоиҳаи қонун ворид карда шуд.

Лоиҳаи  қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии  Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013»-ро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мекунад ва аз шумо хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» (Марҳилаи 3) сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷмуддинов Сафаралӣ Маҳсудинович дода мешавад.

Сафаралӣ НАҶМУДДИНОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Барои татбиқи лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» (Марҳилаи 3) — 26,7 млн. доллари амрикоӣ, аз ҷумла аз ҳисоби Бонки Исломии Рушд 10,1 млн. доллари амрикоӣ ва аз ҳисоби сандуқи Эъломияи Ҷиддаҳи Бонки Исломии Рушд 16,6 млн. доллари амрикоӣ муайян гардидааст.

Қарзҳои мазкур бо шартҳои зерин ҷалб карда мешаванд, аз ҷумла аз ҳисоби Бонки Исломии Рушд:

- муҳлати қарз — 25 сол;

- давраи имтиёзнокии пардохти қарзи асосӣ — 7 сол;

- меъёри фоизи ҳаққи хизматрасонӣ то 2,5 фоизи солонаро ташкил медиҳад.

Аз ҳисоби сандуқи Эъломияи Ҷиддаҳи Бонки Исломии Рушд:

- муҳлати қарз — 15 сол:

-давраи имтиёзнокии пардохти қарзи асосӣ — 5 сол;

- меъёри фоизи ҳаққи хизматрасонӣ — 2,5 фоизи солонаро ташкил медиҳад.

Ноҳияи Данғара яке аз базаҳои асосии ғаллакорӣ, пахтакорӣ ва чорвопарварӣ мебошад. Масоҳати заминҳои обёришаванда дар ноҳияи мазкур мувофиқи ҳисоботи пешакӣ 93 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.

То соли 2006 дар ноҳия ҳамагӣ 7450 гектар заминҳои нав аз худ ва обёрӣ шудааст, ки 8-9 фоизи заминҳои обёришавандаро ташкил медиҳад. Айни ҳол нақби обгузари сохташуда бо 8-9 фоизи иқтидораш хизмат мерасонад.

Дар ин асос бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Бонки Исломии Рушд  дар соли 2000-ум лоиҳаи обёрии заминҳои водии Данғара дар масоҳати 6 ҳазор гектар заминҳои нав тайёр ва ба се марҳила ҷудо шуда буд:

- марҳилаи якум бо масоҳати 2500 гектар;

- марҳилаи дуюм бо масоҳати 1750 гектар;

- марҳилаи сеюм бо масоҳати 1750 гектар.

Марҳилаи якум дар масоҳати 2500 гектар заминҳои нав бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарзи Бонки Исломии Рушд дар солҳои 2002-2006 ба маблағи 8,15 млн. доллари америкоӣ татбиқ гардида, ҳоло масоҳати умумии заминҳои обёришаванда дар ноҳия 9950 гектар заминро ташкил медиҳад.

Айни ҳол татбиқи марҳилаи дуюми лоиҳаи мазкур дар масоҳати 1750 гектар заминҳои нав идома дорад. Арзиши марҳилаи дуюми лоиҳа 33,72 млн. доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарзҳои Бонки Исломии Рушд ва Фонди Қувайт маблағгузорӣ мешавад. Корҳои сохтмонии лоиҳа соли 2014 ба анҷом расида, 1750 гектар заминҳои нав обёрӣ мешавад.

Марҳилаи сеюми лоиҳа низ идомаи марҳилаҳои якум ва дуюми лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» ба шумор меравад. Мутобиқи қисматҳои асосии марҳилаи сеюми лоиҳа аз канали ВД-3 об бо ёрии  қубури оҳанини О 1020 мм расонида шуда, ба шабакаҳои зеризаминии обрасонӣ пайваст мегардад.

Тибқи нақша, дар марҳилаи сеюми лоиҳа заминҳо бо ду тарз обёрӣ мешаванд; обёрии рӯизаминӣ 1450 гектар ва  обёрии чакрагӣ 300 гектарро дар бар мегирад.

Беҳбудии корҳои сохтмонии марҳилаи сеюм нисбати марҳилаҳои якум ва дуюми лоиҳа дар он аст, ки об бо тариқи қубурҳои полиэтиленӣ бе талафот ба ҷойи лозимӣ расонида мешавад, ки муҳлати истифодабарияшон хеле зиёд мебошад. Дар ҳолати обёрӣ гардидани заминҳои марҳилаи сеюми лоиҳа ҳосилнокии заминҳо афзуда, даромаднокии аҳолӣ низ зиёд мешавад. Ҳангоми пурра ба истифода додани марҳилаи сеюми лоиҳа зиёда аз 18 ҳазор нафар сокинони ин минтақа бо ҷойи кори доимӣ ва мавсимӣ таъмин мешаванд.

Дар маҷмуъ, татбиқи лоиҳаи мазкур барои рушди иқтисодиёти мамлакат ва Стратегияи таъминоти озуқаворӣ бениҳоят роли муҳим мебозад. Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2014 оғоз ёфта, то соли 2019 идома хоҳад ёфт.

Бояд тазаккур дод, ки то татбиқ гардидани марҳилаҳои якум ва дуюми лоиҳа дар заминҳои мазкур танҳо кишти гандум ва ҷав имконпазир буд, ки ҳосили он аз як гектар аз 10 то 12 сентнерро ташкил медод. Баъди татбиқ гардидани лоиҳа ҳосили гандум ва ҷав  аз як гектар ба 35-40 сентнер расид. Инчунин барои кишти пахта, боғдорӣ ва хӯроки чорво имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шуд, аз ҷумла ҳосили пахта аз як гектар ба 25 — 30 сентнер расидааст.

Аз шумо хоҳиш менамоям, ки Созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ ва тасдиқ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Расулов Ашӯрбег Раҳматуллоевич дода мешавад.

Ашӯрбег РАСУЛОВАшӯрбег РАСУЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» (Марҳилаи 3) 22 майи соли 2013 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст ва он аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Мақсади асосии таҳияи лоиҳаи мазкур ин зиёд намудани  истеҳсолоти маҳсулоти кишоварзӣ, самарабахш истифода  намудани об ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Арзиши умумии лоиҳа 17,46 миллион динори исломӣ  (ҳабдаҳ миллиону чорсаду шаст ҳазор динори исломӣ) муодили 26,8 миллион доллари ИМА (бисту шаш миллиону ҳаштсад ҳазор доллари  Иёлоти Муттаҳидаи Америка) аз ҷумла:

1.   Аз тарафи Гурӯҳи Бонки Исломии Рушд 6,6 миллион динори исломӣ  тақрибан баробари 10,11 миллион доллари ИМА (10 миллиону яксаду даҳ ҳазор доллари Иёлоти Муттаҳидаи Америка), муҳлати қарз – 25 сол буда, аз он 7 сол давраи имтиёзноки пардохти қарзӣ ва меъёри фоизи қарз 2,5 фоизи солонаро ташкил медиҳад.

2.   Дар доираи Эъломияи Ҷиддаҳ 10,86 миллион динори исломӣ (даҳ миллиону ҳаштсаду шаст ҳазор динори исломӣ, тақрибан баробари 16,65 миллион доллари Иёлоти Муттаҳидаи Америка (шонздаҳ миллиону шашсаду панҷоҳ ҳазор доллари Иёлоти Муттаҳидаи Америка), муҳлати қарзи асосӣ 15 сол, давраи имтиёзноки пардохти қарз 5 сол ва меъёри фоизи қарз 2,5 фоизи солонаро ташкил медиҳад.

Пас аз анҷоми лоиҳа 72 километр шабакаи қубур, 66 километр системаи дренажӣ сохта шуда, дар 300 гектар замин системаи обёрии қатрагӣ насб шуданаш пешбинӣ гардидааст. Дар натиҷа 1750 гектар замин обёрӣ шуда, 5 ҳазор ҷойҳои нави корӣ дар бахши кишоварзӣ таъсис дода мешавад.

Созишномаи мазкурро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида баррасӣ ва ҷонибдорӣ намуданд.

Аз шумо хоҳиш менамоем, ки барои тасдиқи Созишномаи пешниҳодгардида овоз диҳед.

Доир ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС: - Дар хусуси Созишномаи мустақим байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд вобаста ба дастгирии лоиҳаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд «Қарз ба Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» сухан ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидов Давлаталӣ  Шомаҳмадович дода мешавад.

Давлаталӣ САИДОВДавлаталӣ САИДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии шумо лоиҳаи қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани  Созишномаи мустақим байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд вобаста ба дастгирии лоиҳаи «Қарз ба Фурудгоҳи  байналмилалии Хуҷанд» пешниҳод карда мешавад.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Созишномаи қарзии басташудаи байни ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» ва Бонки аврупоии  таҷдид ва рушд аз 22 апрели соли 2013 Созишномаи мустақим байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд вобаста ба дастгирии лоиҳаи «Қарз ба Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» ба имзо расидааст.

Маблағҳои тибқи Созишномаи қарзӣ ҷалбшаванда барои амалӣ намудани лоиҳаи сармоягузории таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии техникии аэродроми фурудгоҳи Хуҷанд равона карда мешаванд. Татбиқи лоиҳаи мазкур имконият фароҳам меорад, ки сатҳи хизматрасонии фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд баланд бардошта, ба талаботи дараҷаи 1-уми Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО) мутобиқ гардонида шавад.

Дар доираи лоиҳаи мазкур иҷрои корҳои сохтмони қубури обрави дохили аэродром, харидорӣ ва насби чароғҳои махсуси равшаниашон баланд, таҷдиди таҷҳизоти радиотехникӣ ва дигар корҳои аэродромӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Лоиҳа мутобиқи Созишномаи қарзӣ бо ҷалби 3,0 млн. доллари ИМА-и маблағҳои қарзии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва 2,6 млн. доллари маблағҳои дохилии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» татбиқ карда мешавад.

Дар натиҷаи азхудкунии маблағҳои Созишномаи қарзӣ сатҳи таъмини бехатарии парвозҳо ба талаботи  байналмилалӣ мутобиқ ва имкониятҳои истифодабарии фурудгоҳ васеъ карда мешавад.

Тибқи Созишномаи қарзии баимзорасида, аз ҷониби Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ба ҶСК «Фурудгоҳи  байналмилалии Хуҷанд» дар давоми солҳои 2013-2014 дар ҳаҷми 3,0 млн. доллари ИМА бо меъёри 5,9 фоизи солона  маблағҳои қарзӣ ба муҳлати 7 сол ҷудо карда мешавад. Пардохти маблағи қарзи асосӣ ва фоизҳои он ҳар як се моҳ дар давоми солҳои 2015-2019 муқаррар гардидааст.

Баҳри дастгирии Созишномаи қарзӣ масъалаҳои зерин мутобиқи Созишномаи мустақим  ба танзим дароварда мешаванд:

- тақсимот ва истифодабарии фоидаи ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд»;

- истифодабарии дороиҳои Ҷамъият;

- муқаррар намудани тарифҳо ва тахфифҳои тарифӣ;

- пардохтҳо ба мақомоти соҳавӣ;

- нигоҳдории идораи корпоративии мавҷуда дар Ҷамъият.

Дар ин ҷода бояд зикр намуд, ки дар Созишномаи мустақими баимзорасида пешниҳоди кафолати давлатӣ барои баргардонидани маблағҳои қарзӣ муқаррар нагардидааст, ки ин таҷрибаи нав дар самти ҷалби сармоя ба иқтисоди миллӣ мебошад. Дар оянда ин таҷриба барои амалӣ намудани марҳилаи 2-юми ҳамин лоиҳа ва дигар  лоиҳаҳои сармоягузорӣ истифода бурда мешавад.

Аз шумо хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории лоиҳаи пешниҳодгардида овоз диҳед.

РАИС: -Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ҷабборов Домуллоҷон Ҳоҷиевич дода мешавад.

Домуллочон ЧабборовДомуллоҷон ҶАББОРОВ: — Муҳтарам  Раис, Раёсат, ҳозирини гиромӣ!

Созишномаи мустақим байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд вобаста ба дастгирии лоиҳаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд «Қарз ба Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» 30 апрели соли 2013 ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ аз 8 октябри соли 2013 таҳти №2057 Созишномаи мазкурро барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида буд.

Созишномаи мазкур бо мақсади гузаронидани расмиёти дохилидавлатӣ ҷиҳати эътибор пайдо кардан зарурат дошта, аз ду марҳила иборат мебошад. Дар марҳилаи якум мутобиқ намудани фурудгоҳ ба категорияи якуми Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ИКАО), амалӣ намудани корҳои сохтмони қубури обрави дохили аэродром, харидорӣ ва насб кардани чароғҳои шуоафканишашон баланд, муосиргардонии таҷҳизоти радиотехникӣ ва дигар корҳои аэродромӣ  ба нақша гирифта шудааст.

Вобаста ба ин, ҷиҳати маблағгузории марҳилаи  якуми лоиҳаи модернизатсияи ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» Созишномаи кредитӣ аз 22 апрели соли 2013 байни ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд» ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд  ба маблағи 5,6 млн.доллари ИМА ба имзо расонида шудааст, ки барои амалӣ намудани он ҷалби 2,6 млн. доллари ИМА маблағҳои дохилии ҶСК «Фурудгоҳи  байналмилалии Хуҷанд» ва 3,0 млн. доллари ИМА маблағҳои қарзии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд пешбинӣ шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Созишномаи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Рӯзи 11 октябри соли 2013 дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома мавриди баррасӣ қарор дода шуда, қабули онро мувофиқи мақсад шумориданд.

Созишномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мувофиқ буда, ба санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯй мебошад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Созишномаи мустақим байни Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд вобаста ба дастгирии лоиҳаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд «Қарз ба Фурудгоҳи  байналмилалии Хуҷанд»-ро,  бо назардошти хулосаҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, аз шумо хоҳиш менамояд, ки  ба тарафдории он овоз диҳед.

Доир ба тасдиқи Созишномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: - Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Каримов Маҳмадраҳим дода мешавад.

Маҳмадраҳим КАРИМОВМаҳмадраҳим КАРИМОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирин гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 21 августи соли 2013 таҳти №1980 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, дигар кумитаҳо ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуда буд.

Он бо мақсади такмили меъёрҳои қонуни мазкур, инчунин мутобиқ намудани муқаррароти он ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.

Тибқи муқаррароти лоиҳаи қонуни мазкур, ба гурӯҳи вазифаҳои субъекти фаъолияти туристӣ баҳисобгирии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштани туристоне, ки ба хориҷа мераванд, дохил гардида, он бо мақсади зери истисмори шаҳвонӣ ва меҳнатӣ қарор нагирифтани туристон дар давлати будубоши муваққатӣ муқаррар шудааст.

Инчунин дар лоиҳаи ин қонун бо мақсади кафолати таъминоти бехатарии туристон, ҳимоя, пуштибонӣ ва дастгирии онҳо дар давлати будубоши муваққатӣ меъёри алоҳида пешбинӣ гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро мавриди омӯзиш қарор дода, барои такмили он 14 таклиф пешниҳод карданд, ки ҳамаи онҳо қобили қабул дониста шуданд.

Оид ба лоиҳаи қонуни мазкур 7 сентябри соли 2013 ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Лоиҳаи қонуни мазкур, бо назардошти таклифҳое, ки дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   пешниҳод гардидаанд, такмил дода шуд.

Ҷиҳати бартараф намудани мухолифат ва такрор наёфтани меъёрҳо дар қонуни амалкунанда қисмҳои 2 ва 3 лоиҳаи пешниҳодгардида таҳрир карда шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мухолифат надорад.

Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм» аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб намекунад. Хоҳишмандам онро дастгирӣ намоед.

Лоиҳаи  қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

 Абдулмаҷид МУРОДОВ, Аъзам МӮСОЕВ, Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ