Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014 қабул гардид

№136 (3121) 26.10.2013

DSC_0367

Бисту сеюми октябри соли 2013 таҳти раёсати Раиси  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Дар бораи лоиҳаи Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016

2. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014»

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013»

4.Дар бораи Созишномаи қарзӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд оид ба лоиҳаи «Обёрии заминҳои водии Данғара» (Марҳилаи 3)

5. Дар хусуси Созишномаи мустақим байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд вобаста ба дастгирии лоиҳаи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд «Қарз ба Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд»

6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи туризм».

РАИС: -Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шуруъ менамоем. Дар бораи лоиҳаи Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014- 2016 сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷмуддинов Сафаралӣ Маҳсудинович дода мешавад.

DSC_0384Сафаралӣ НАҶМУДДИНОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014–2016 пешниҳод гардидааст. Барномаи мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад», Стратегияи баландбардории некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015 ва Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012–2014 таҳия шудааст.

Мақсади асосии Барнома ин, пеш аз ҳама, баланд бардоштани самаранокии идора ва назорат дар самти ҷалби қарзҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи афзалиятҳои стратегие, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сиёсати иқтисодии давлат муайян намудаанд, яъне раҳойӣ намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ, таъмини бехатарии озуқаворӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ равона гардидааст.

Барномаи мазкур 50 лоиҳаи қарзии амалкунанда ва 31 созишномаҳои қарзии дар сатҳи лоиҳавӣ қарордоштаро дар бар мегирад. Азхудкунии маблағи умумии қарзҳо аз рӯйи Барномаи пешниҳодгардида ба ҳолати 1 январи соли 2013 – 763,9 млн. доллари ИМА–ро ташкил медиҳад.

Дар давраи миёнамуҳлат азхудкунии маблағҳои қарзӣ дар ҳаҷми 554,5 млн. доллари ИМА пешбинӣ гардидааст, аз ҷумла:

то охири соли 2013 – 176,9 млн. доллари ИМА (2,1 фоиз нисбати ММД);

дар соли 2014 – 168,2 млн. доллари ИМА (1,7 фоиз нисбати ММД);

дар соли 2015 – 127,7 млн. доллари ИМА (1,1 фоиз нисбати ММД);

дар соли 2016 – 81,7 млн. доллари ИМА (0,6 фоиз нисбати ММД).

Дар Барномаи пешниҳодшуда ҷалби қарзҳо аз:

-Бонки Умумиҷаҳонӣ дар доираи 3 созишнома ба маблағи 39,7 млн. доллари ИМА;

-Бонки Осиёии Рушд – 5 созишнома ба маблағи 63,8 млн. доллари ИМА;

-Бонки Исломии Рушд – 25 созишнома ба маблағи 56,9 млн. доллари ИМА;

-Хазинаи Саъудии Рушд – 4 созишнома ба маблағи 16,1 млн. доллари ИМА;

-Хазинаи Қувайтии Рушд – 4 созишнома ба маблағи 8,32 млн. доллари ИМА;

-Хазинаи Абу-Дабӣ – 1 созишнома ба маблағи 3,9 млн. доллари ИМА;

-Хазинаи ОПЕК – 5 созишнома ба маблағи 10,5 млн. доллари ИМА;

-Бонки аврупоии таҷдид ва рушд – 17 созишнома ба маблағи 7,1 млн. доллари ИМА;

-Бонки Содироту Воридотии Хитой – 11 созишнома ба маблағи 530,4 млн. доллари ИМА;

-Ҷумҳурии Франсия – 1 созишнома ба маблағи 6,4 млн. доллари ИМА;

-Ҷумҳурии Федеративии Германия – 1 созишнома ба маблағи 20,8 млн. доллари ИМА;

-Бонки Аврупоии Сармоягузорӣ – 3 созишнома ба маблағи 37,9 млн. доллари ИМА;

-Фонди зиддибуҳронии ИИАО – 1 созишнома ба маблағи 30,0 млн. доллари ИМА мавриди баррасӣ қарор дорад.

Барномаи мазкур барои рушди соҳаҳои зерин равона мегардад:

- бахши  кишоварзӣ, мелиоратсия ва обёрӣ  нуҳ лоиҳаи  қарзиро ба маблағи 47,6 млн. доллари ИМА барои барқарорсозӣ ва рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, таҷдиди системаи ирригатсионӣ, обёрии заминҳо ва рушди соҳаи пахтакорӣ дар бар мегирад, ки он 6,2 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшударо ташкил медиҳад;

- бахши тандурустӣ шаш лоиҳаи қарзиро ба маблағи 19,8 млн. доллари  ИМА асосан барои рушди ибтидоӣ ва қисми заминавии тандурустӣ дар бар мегирад, ки он 2,6 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшударо ташкил медиҳад;

- бахши маориф шаш лоиҳаи қарзиро ба маблағи 15,1 млн. доллари  ИМА барои дастгирии  рушди  бахши маориф, сохтмон ва таҷдиди мактабҳо дар бар мегирад, ки он 2,0 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшударо ташкил медиҳад;

- бахши энергетика ва саноат 20 лоиҳаи қарзиро ба маблағи 115,6 млн. доллари  ИМА барои барқароркунии инфрасохтори дохилӣ ва дастгирии рушди тиҷорати байналмилалии захираҳои энергетикӣ дар бар мегирад, ки он 15,1 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшударо ташкил медиҳад;

- бахши нақлиёт ва коммуникатсия 22 лоиҳаи қарзиро ба маблағи 547,8 млн. доллари  ИМА барои таҷдид ва рушди низоми нақлиёти кишвар дар бар мегирад, ки он 71,7 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшударо ташкил медиҳад;

- бахши хоҷагии манзилию коммуналӣ 16 лоиҳаи қарзиро ба маблағи 17,9 млн. доллари  ИМА барои барқарорсозии системаи обрасонӣ ва идораи партовҳои сахт дар бар мегирад, ки он 2,3 фоизи ҳаҷми умумии маблағҳои азхудшударо ташкил медиҳад;

-бахши ҳокимият ва идоракунии  давлатӣ як лоиҳаи қарзиро ба маблағи 30,0 млн. доллари ИМА барои дастгирии буҷет дар бар мегирад;

-бахше, ки ба дигар бахшҳои иқтисодиёти кишвар дохил намешавад, як лоиҳаи қарзиро ба маблағи 45,0 млн. доллари ИМА барои ҳамкории давлатӣ бо бахши хусусӣ дар бар мегирад.

Мавриди зикр аст, ки ин Барнома ба татбиқи 42 лоиҳаи амалкунанда барои сохтмон, таҷдид, барқарорсозӣ ва беҳтар намудани соҳаҳои инфрасохторӣ (кишоварзӣ, нақлиёт, роҳҳо, энергетика, хоҷагии манзилию коммуналӣ) нигаронида шудааст, ки дар оянда имконияти баргардонидани қарзҳо аз ҳисоби даромадҳои ин соҳаҳо амалӣ мегардад.

Ҳамаи қарзҳои дар Барнома дарҷгардида имтиёзнок буда, барои давраи дарозмуддат аз 20 то 40 сол дода мешаванд, меъёри фоизҳо аз 0,15 фоиз то 2,0 фоизи солонаро ташкил дода, давраҳои имтиёзнок аз рӯйи баргардонидани қарзҳои асосӣ аз 5 то 20 солро дар бар мегиранд ва ҳамаи онҳо дорои зиёда аз 35 фоиз элементи грантӣ мебошанд.

Дар баробари ин зикр намудан зарур аст, ки аз ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ барои татбиқ намудани лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ маблағҳои грантӣ низ дар давоми солҳои 2014 – 2016 дар маҷмуъ 624,8 млн. доллари ИМА дар назар дошта шудааст, аз ҷумла аз Бонки Умумиҷаҳонӣ ҷалб намудани 155,6 млн. доллари ИМА грант, аз Бонки Осиёии Рушд 331,5 млн. доллари ИМА грант ва аз Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 49,3 млн. доллари ИМА грант ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ дар давоми солҳои 2014 – 2016- ум 45,8 млн. доллари ИМА ба нақша гирифта шудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самаранок ва мақсаднок истифода бурдани қарзҳои ҷалбшаванда барои боз ҳам вусъат бахшидани рушди устувори соҳаҳои иқтисодиёт чораҳои зарурӣ меандешад ва ин дар оянда ба ғанӣ гардонидани Буҷети давлатӣ, таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми кишвар мусоидат менамояд.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи «Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014–2016»-ро дастгирӣ намоед.

РАИС: -Аз рӯйи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Раҷабов Сафаралӣ Худоёрович дода мешавад.

DSC_0399Сафаралӣ РАҶАБОВ:- Муҳтарам Раис, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Барномаи мазкур бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагон аз 10 октябри соли 2013 таҳти №2061 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Мақсади асосии Барнома баланд бардоштани самаранокии назорат ҷиҳати ҷалби қарзҳои хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳ надодан ба ҷамъшавии назоратнашавандаи қарзи беруна буда, 50 лоиҳаи қарзии амалкунанда ва 31 созишномаи қарзии дар сатҳи лоиҳавӣ қарордоштаро дар бар мегирад.

Нишондиҳандаҳои асосии Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад» ва Стратегияи идоракунии қарзи давлатӣ муайян карда шудаанд.

Номгуйи қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли навбатии молиявӣ ва ду соли пешбинишаванда аз рӯйи донорҳо, соҳаҳо ва субъектҳое, ки қарзҳоро истифода мебаранд, инчунин маълумоти муқоисавӣ оид ба азхудкунии маблағҳои қарзии ҷорӣ ва ба нақша гирифташуда дар замимаҳои 1 А, 1 Б ва 2 А, 2 Б-и Барнома оварда шудаанд.

Азхудкунии маблағи умумии қарзҳо аз рӯйи Барномаи пешниҳодгардида ба ҳолати 1 январи соли  2013-ум 763 млн. 890 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Аз рӯйи таносуб азхудкунии маблағҳои қарзии ҷалбшаванда 71,7 фоиз ба соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия, 15,1 фоиз ба соҳаи энергетика ва саноат, 6,2 фоиз ба соҳаи кишоварзӣ ва обёрӣ, 2,6 фоиз ба соҳаи тандурустӣ, 2 фоиз ба соҳаи маориф ва 2,3 фоиз ба соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ рост меояд.

Пешбинии истифодабарии қарзҳои беруна дар соли 2013 дар ҳаҷми 176 млн. 940 ҳазор доллар, дар соли 2014 –ум 168 млн. 160 ҳазор доллар ва солҳои 2015- 2016 дар ҳаҷми 209 млн. 360 ҳазор доллари амрикоӣ дар назар дошта шудааст, ки дар маҷмуъ  554 млн. 460 ҳазор доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Ҳамаи қарзҳои дар Барнома зикршуда имтиёзнок буда, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат менамоянд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои  пешниҳоднамудаашон Барномаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.

Рӯзи 17 октябри соли 2013 дар ҷаласаи васеи  кумитаи масъул бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016-ро мавриди баррасӣ қарор дода, қабули  онро мувофиқи мақсад шумориданд.

Барномаи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳои амалкунанда мухолифат надошта, ҷавобгӯйи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки барои қабули Барномаи пешниҳодшуда овоз диҳед.

Доир ба тасдиқи Барномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

РАИС: -Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Наҷмуддинов Сафаралӣ Маҳсудинович дода мешавад.

Сафаралӣ НАҶМУДДИНОВ: -Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи буҷети миёнамуҳлати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016 дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 декабри соли 2012 таҳти рақами 144 –ф таҳия  ва пешниҳод гардидааст.

Муҳтавои асосии онро афзалиятҳо ва дастуру супоришҳое, ки аз Паёми навбатии Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва вохӯриҳояшон бо аҳли ҷомеаи ҷумҳурӣ бармеоянд, ташкил медиҳад.

Дар он татбиқи Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009 — 2018, Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015,  Стратегияи баланд бардоштани сатҳи  некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015, консепсияҳо ва барномаҳои тараққиёти  соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия, кишоварзӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иқтисодиёт, дархосту пешниҳодҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо ва мақомоти   иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба инобат гирифта шудаанд.

Самтҳои асосии сиёсати буҷети давлатӣ ба мақсади таъмини нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, суръат бахшидан ба ислоҳот дар бахши идоракунии самараноки молияи давлатӣ тавассути ҷорӣ намудани механизми нави маблағгузории соҳаҳои иқтисодиёт, таъмин намудани устувории бозори  молиявӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, дар дараҷаи муайян нигоҳ доштани қарзҳои давлатӣ, инчунин ба  таъмини амнияти миллӣ ва бехатарии кишвар равона гардидааст.

Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳанӯз моҳи июли соли ҷорӣ барои давраи миёнамуҳлат — солҳои 2014-2016 нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, аз ҷумла афзоиши реалии Маҷмуи Маҳсулоти Дохилиро  дар доираи 7,5-7,7 фоиз, меъёри таваррумро 7,5-6,5 фоиз, индекси дефлятор 7,1-5,7 фоиз ва қурби асъори миллиро  ба ҳисоби миёна 4,84-4,92 сомонӣ баробари 1 доллари ИМА  муайян намудааст.

Самтҳои баҳисобгирии даромади Буҷети давлатӣ барои соли 2014  дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки воридоти андозӣ, ғайриандозӣ ва грантҳоро ба танзим медароранд, ба нақша гирифта шудааст. Нишондиҳандаҳои он бо роҳи баланд бардоштани маъмурикунонии андоз, васеъ намудани базаи андозбандӣ, таъмини рушди воқеии иқтисодиёт ва ташкил намудани ҷойҳои кории нав асоснок шудааст.

Дар ин робита, дар лоиҳаи Буҷети давлатӣ ҳама захираҳои молиявии давлатӣ, аз ҷумла маблағҳо барои татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ – 1979,4 млн. сомонӣ, маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ  — 726,1 млн. сомонӣ бо афзоиши 18,4 фоиз  ва даромади ҷории буҷети давлатӣ  — 11195,5 млн. сомонӣ  бо афзоиши 18,4 фоиз ҷамъ оварда шуда, ҳаҷми умумии он ба маблағи 13901,0 млн. сомонӣ баробар мегардад, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 1843,4 млн.сомонӣ зиёд буда, ба 28,7 фоизи  Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ   баробар мегардад.

Даромади буҷети ҷории Буҷети давлатӣ 11195,5 млн. сомониро ташкил дода, афзоиши  он 18,4 фоиз ва   ё ба маблағи 1743,5 млн.сомонӣ  ба нақша гирифта шудаааст,  ки ин  ба 23,1 фоизи ММД баробар мегардад ва нисбат ба соли ҷорӣ 0,6  фоиз зиёд мебошад. Ин нишондиҳанда дар давраи миёнамуҳлат низ афзоиш ёфта, дар соли 2015 ба 22,9 фоиз ва дар соли 2016 ба 23,0 фоиз баробар мегардад.

Бояд зикр кард, ки  ҳангоми банақшагирии даромади буҷет ба мақсади  пешгирӣ намудани хавфи фискалӣ   ва таъсири омилҳои берунӣ  ба воридоти  даромадҳои дохилӣ аҳамияти муҳим дода шуд. Аз ин лиҳоз, нишондиҳандаҳои даромади буҷет аз ҳисоби андозҳо ва даромадҳои дохилӣ дар ҳаҷми умумии буҷет 0,6 фоиз зиёд гардида, аз ҳисоби андозҳои воридотӣ 0,2  банди фоиз кам карда шуд.

Вобаста ба ин,  афзоиши даромади буҷети давлатӣ нисбати соли ҷорӣ аз фаъолияти иқтисодии беруна, яъне андозҳои гумрукӣ -  18,7 фоиз ё ба маблағи 600,0 млн.сомонӣ ва даромадҳои андозию пардохтҳои дохилӣ — 20,0 фоиз ё ба маблағи 1172,0 млн. сомониро ташкил додааст. Аз ҷумла даромади буҷетҳои маҳаллӣ ба андозаи – 20,8 фоиз ё ба маблағи – 679,5 млн.сомонӣ афзоиш ёфта, ба 3,9 млрд. сомонӣ баробар гардид.

Вазни хоси субвенсия дар буҷетҳои маҳаллӣ нисбат ба соли 2013 ба андозаи 0,8 фоиз ё ба маблағи 173,6 млн.сомонӣ зиёд гардида, маблағи он 802,8 млн.сомониро ташкил медиҳад. Афзоиши субвенсия дар буҷетҳои маҳаллӣ ин, пеш аз ҳама, ба зиёдшавии музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ, ки аз 1 сентябри соли ҷорӣ амалӣ гардидааст ва он тамоми соли ояндаро дар бар мегирад, вобаста мебошад.

Дар баробари ин, ҳиссагузорӣ аз буҷетҳои маҳаллӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ  640,0 млн.сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат  ба нишондиҳандаи соли ҷорӣ 104,0 млн.сомонӣ зиёд мебошад. Аз ҷумла афзоиши он  дар вилояти Суғд – 15,0 млн.сомонӣ (66,3 млн.сомонӣ), шаҳри Душанбе – 81,0 млн.сомонӣ (507,0 млн.сомонӣ), шаҳри Ваҳдат — 13,0 млн.сомонӣ (18,7 млн.сомонӣ), шаҳри Роғун — 6,0 млн.сомонӣ (18,1 млн.сомонӣ), шаҳри Турсунзода 2,3 млн.сомонӣ (22,8 млн.сомонӣ)-ро ташкил медиҳад.

Хароҷоти Буҷети давлатӣ дар соли 2014 дар доираи нишондиҳандаҳои даромад бо назардошти касри буҷет (0,5 фоизи ММД)  муайян карда шуда, ҳаҷми он дар соли  2014 аз ҳисоби ҳама манбаъҳои маблағгузорӣ — 14143,1 млн.сомонӣ бо афзоиши 15,3 фоиз ё  ба маблағи 1875,0 млн.сомонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки ин нисбат ба Маҷмуи Маҳсулоти Дохилӣ 29,2 фоизро ташкил медиҳад.

Дар соли 2014 ва солҳои 2015-2016   дар Буҷети давлатӣ сиёсати  иҷтимоӣ нигоҳ дошта шуда, он ба мақсади  баланд бардоштани  сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, сифати таълим, беҳтар гардонидани саломатии аҳолӣ, баланд бардоштани хизматрасонии иҷтимоии давлатӣ ва мустаҳкам намудани базаи моддӣ — техникии муассисаҳои маорифу тандурустӣ,  ҳифзи иҷтимоию фарҳанг ва таъмини бехатарии озуқаворӣ нигаронида шудааст.

Ҳаҷми умумии хароҷоти соҳаи иҷтимоӣ, бо назардошти хароҷоти соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, дар соли 2014 -ум 7668,8 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 2013-ум 1292,5 млн. сомонӣ ё 20,3 фоиз афзоиш ёфта, 54,2 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Агар дар соли ҷорӣ хароҷоти ин соҳаҳо нисбати Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 13,4  фоизро ташкил карда бошад, дар соли оянда ин рақам ба 14,2 фоиз баробар мегардад,  ки ин 0,8 банди  фоиз зиёд мебошад.

Аз ҷумла ба соҳаҳои маориф 2517,0 млн. сомонӣ бо афзоиши 18,1 фоиз ё 386,1 млн.сомонӣ, тандурустӣ 1099,2 млн.сомонӣ бо афзоиши  20,7 фоиз ё  188,6 млн. сомонӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа 2689,0 млн. сомонӣ бо афзоиши  24,0  фоиз ё  518,4 млн. сомонӣ,  фарҳанг ва варзиш 586,3 млн.сомонӣ ё бо афзоиши 33,6  фоиз ё  147,3 млн. сомонӣ ва илм 78,0 млн.сомонӣ   бо афзоиши 6,4 млн.сомонӣ равона карда мешавад.

Дар доираи маблағҳои пешбинигардида таъмини  барномаҳои маблағгузории сарикасӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, бо китобҳои дарсӣ таъмин кардани мактабҳо, маблағгузории сарикасӣ дар сатҳи муассисаҳои кӯмаки аввалияи тиббию санитарӣ, фонди эпидемиологӣ, хариди ваксинаҳо барои эмгузаронии аҳолӣ, барномаи мубориза бар зидди бемориҳои вируси норасоии масунияти бадан (ВИЧ СПИД) ва касалии сил, маблағгузории муассисаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла муассисаҳои маъюбон ва пиронсолон, ҷубронпулӣ барои оилаҳои камбизоат, тайёр намудани маҳсулоти протезию ортопедӣ барои маъюбон, таъмини барномаи муҳоҷирати дохилӣ, таҷҳизонидани базаи моддию техникии муассисаҳои соҳаи маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва барномаҳои рушди соҳаҳои фарҳанг ва варзиш, инчунин дигар барномаҳои  соҳавӣ, амалӣ карда мешаванд.

Барои маблағгузорӣ намудани афзалиятҳои стратегии давлат, аз ҷумла сохтмон ва барқарорсозии иншоотҳои энергетикӣ, роҳҳои автомобилгард, дастгирии соҳаи кишоварзӣ, азхудкунии заминҳои нав ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, бо оби нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ ва инфраструктураи хоҷагии манзилию коммуналӣ дар  вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, сохтмони дигар иншоотҳои муҳими давлатӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна  дар лоиҳаи буҷет 4,3 млрд. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ  ба маблағи  223,5  млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Аз ҷумла ҷиҳати иҷрои супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар вохӯриашон  бо ҷавонон дода шуда буд, дар Буҷети давлатӣ маблағҳо барои  ҷудо намудани грантҳо барои соҳибкории занон ва ҷавонон 2,0 баробар зиёд гардидааст. Илова бар ин, дар соли 2014  аз ҳисоби   татбиқи лоиҳаи инвеститсионии «Маблағгузории сабз» ба ин мақсад 12,0 млн.сомонӣ,  фонди дастгирии соҳибкории хурду миёна 30,0 млн.сомонӣ ва барои ҷудо намудани қарзи имтиёзнок ба соҳаҳои иқтисодиёт 50,0 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ҳаҷми умумии онҳо бо назардошти  маблағҳои даргардишбуда 165,0 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Солҳои минбаъда дар буҷет сиёсати созандагӣ ва бунёдкорӣ идома ёфта, дар соли 2014 дар лоиҳаи буҷет маблағгузориҳои асосии мутамаркази давлатӣ, бо назардошти маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ, ба маблағи 2723,2 млн. сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки ин нисбат ба буҷети соли ҷорӣ  17,0 фоиз  ё ба маблағи  387,4 млн.сомонӣ зиёд мебошад.

Агар маблағгузориҳои сармоягузории дохилиро якҷо бо маблағҳои татбиқи лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ  ба назар гирем, ҳаҷми онҳо дар Буҷети давлатӣ 4,7 млрд.сомониро ташкил дода, ба 33,2 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ баробар мебошад, ки ин ба хусусияти тараққиёт ноил гардидани  буҷети давлатиро исбот месозад.

Аз ҷумла барои  комплекси сӯзишворӣ ва энергетикӣ ба маблағи  1838,9 млн. сомонӣ бо афзоиши 126,2 млн. сомонӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, бо назардошти  таъмир ва барқарорсозии роҳҳои маҳаллӣ  1140,8 млн. сомонӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ 336,4 млн. сомонӣ бо афзоиши 27,0 млн.сомонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналӣ 777,3 млн.сомонӣ бо афзоиши 52,0 млн.сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар доираи  маблағҳои  сармоягузории мутамарказ сохтмон ва барқарорсозии зиёда аз 540 иншооти соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, аз ҷумла  147 иншооти соҳаи маориф, 31 иншооти  соҳаи тандурустӣ,15 муассисаи иҷтимоӣ, 50 иншооти  соҳаи фарҳанг ва варзиш, 14 иншооти соҳаи энергетика, 31 иншооти нақлиёт ва коммуникатсия, 75 иншооти мелиоратсия, захираи об, 86 иншооти хоҷагии манзилию коммуналӣ ва зиёда аз 35 иншооти мақомоти идоракунии давлатӣ амалӣ  мегардад.

Баробар бо ин, дар соли 2014-ум 83 лоиҳаи муштараки инвеститсионӣ ба маблағи зиёда аз 2,0 млрд.сомонӣ дар амал татбиқ карда мешавад, ки дар доираи он таҷҳизонидани ду беморхона, сохтмони як лаборатория, таҷдид ва таъмири  таваллудхонаҳо, баланд бардоштани самаранокии идоракунии тандурустӣ дар шаҳру ноҳияҳо, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасонии тиббӣ, сохтмони 20 мактаб, пайваст намудани системаи энергетикии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, таҷдиди  зеристгоҳи «Регар» — 500кВ, таҷдиди ду зеристгоҳ дар вилояти Хатлон, ду зеристгоҳ дар вилояти Суғд, барқарорсозии дастгоҳи тақсимкунандаи барқии 500кВ дар НБО-и «Норак», инчунин таҷдид ва сохтмони зиёда  аз 100,0 км роҳҳо, аз ҷумла роҳҳои автомобилгарди Душанбе – Турсунзода, Душанбе – Қарамиқ, Восеъ-Ховалинг, Айнӣ – Панҷакент, роҳҳои дохилии шаҳрҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа, бо обтаъминкунии  аҳолии 20 шаҳру ноҳия дар вилояти Хатлон (Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Сарбанд, Восеъ, Ховалинг, Ҷалолиддини Румӣ, Муъминобод, Ёвон, Балҷувон, Бохтар, Данғара, Норак, Темурмалик, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Шаҳритуз, Хуросон, Қубодиён, Вахш, Панҷ, Носири Хусрав) ва 11 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд ( Хуҷанд, Истаравшан, Зафаробод, Шаҳристон, Табошар, Қайроққум, Чкалов, Исфара, Панҷакент ва дигарҳо), шаҳрҳои Хоруғ, Турсунзода, ноҳияи Ҳисор таъмин карда мешавад.

Барои пурра намудани Фонди захиравии моддӣ ва захираҳои сафарбаркунии давлатӣ дар соли оянда — 155,0 млн.сомонӣ равона мегардад, ки ин нисбат ба буҷети соли ҷорӣ – 35,0 млн.сомонӣ зиёд мебошад.

Дар соли оянда барои фаъолияти сиёсати берунии ҷумҳурӣ, нигоҳдории мақомоти ҳокимият ва идораи давлатӣ, таъмини бехатарӣ ва мудофиаи кишвар ва ҳиссаи Ҳукумати ҷумҳурӣ дар лоиҳаҳои инвеститсионӣ низ маблағҳо бо афзоиш пешбинӣ гардидааст.

Дар давраи миёнамуҳлат барои дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани қарзҳои берунию дохилӣ дар соли 2014 барои хизматрасонии онҳо -  827,6 млн. сомонӣ, аз ҷумла барои пардохти  қарзҳои  асосии берунӣ — 494,7 млн. сомонӣ ва пардохти фоизҳо аз рӯйи онҳо -167,7 млн. сомонӣ, инчунин  хизматрасониҳои қарзи дохилӣ — 165,3 млн. сомонӣ зарур мебошад, ки онҳо дар Буҷети давлатӣ барои соли 2014 пешбинӣ гардидаанд.

Умуман, касри васеи Буҷети давлатӣ дар соли 2014-ум 582,8 млн.сомониро ташкил дода, андозаи он ба 1,2 фоизи ММД  баробар мегардад. Пӯшонидани он аз ҳисоби хусусигардонии моликияти давлатӣ, фурӯши векселҳои хазинадорӣ, иҷрои барзиёдии даромади буҷети ҷумҳуриявӣ, қарз ва грантҳои   барномавӣ аз институтҳои байналмилалии молиявӣ ва аз рӯйи созишномаи зерқарзии ШСХК «Барқи Тоҷик», КВД «Обу корезии ш. Душанбе»,  КВД «Тоҷиктрансгаз» ва дигар манбаъҳо таъмин карда мешавад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» нисбат ба қонуни  соли ҷорӣ хусусиятҳои фарқкунанда дошта, дар он як қатор  муқаррароти нав пешниҳод шудааст, аз ҷумла:

1) Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои cоли 2014» дар асоси 5 намуди стандартҳои гурӯҳбандии буҷетӣ таҳия гардида, хароҷоти он аз рӯйи ҳар як ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ва соҳаҳои иқтисодиёт (шумораи онҳо зиёда аз 7 ҳазор мебошад) ба низом дароварда шудааст, ки онҳо истифодаи самаранок ва шаффофияти маблағҳои буҷетиро таъмин менамоянд.

2) Бо мақсади баланд бардоштани масъулияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба ҷамъоварии андозҳои иҷтимоӣ ва шаффофияти пардохти нафақа ва кӯмакпулиҳо дар моддаи 14-уми лоиҳаи қонуни мазкур  механизми нави муносибатҳои байнибуҷетӣ ба танзим дароварда шуд, — яъне даромад ва хароҷоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа  аз рӯйи  вилоятҳо ва ҳар як шаҳру ноҳия таври алоҳида муайян гардидааст, ки дар ин хусус шумо, муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон, низ таклиф  пешниҳод намуда будед.

Вобаста ба ин буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа аз рӯйи даромад ба маблағи – 2133,4 млн. сомонӣ (аз ҷумла аз ҳисоби муассисаҳои буҷетӣ 701,1 млн. сомонӣ ва субъектҳои хоҷагидорӣ — 1432,4 млн. сомонӣ) ба нақша гирифта шудааст, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 443,0 млн. сомонӣ ё  25,4 фоиз зиёд мебошад. Инчунин аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти нафақа  55,0 млн.сомонӣ,  бо афзоиши 22,2 фоиз маблағҳои мақсаднок  пешбинӣ гардидааст.

3) Дар моддаи 15-уми лоиҳаи қонуни мазкур имтиёзҳои андозие, ки соли ҷорӣ барои корхонаву ташкилотҳо муқаррар гардидааст, пурра нигоҳ дошта шуданд ва дар баробари ин воридоти молу маводи сохтмонии хати нави роҳи оҳани Душанбе – Қӯрғонтеппа  аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ, инчунин қисми фаъолияти корхонаҳои дар минтақаи Хатлон ҷойгирбудаи Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон»,  ки бевосита ба хизматрасонии минтақаи роҳи оҳани Ҳошадӣ – Қӯрғонтеппа -Кӯлоб тааллуқ дорад, аз пардохти андозҳо аз молу мулки ғайриманқул, андоз аз воситаҳои нақлиёт, андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз фоида озод карда мешаванд.

Аз хусуси имтиёзҳои андозӣ барои сохтмони меҳмонхонаҳо дар лоиҳаи қонун танҳо сохтмони меҳмонхонаи Исмоили Сомонӣ, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ, пешниҳод шудааст, ки сохтмони он ҳоло ба анҷом нарасидааст. Фаъолияти  дигар меҳмонхонаҳои сохташуда минбаъд пурра андозбандӣ карда мешавад.

Умуман, мутобиқи санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда барои дастгирии давлатии корхонаҳои истеҳсолӣ, сохтмони иншоотҳои энергетикӣ, нақлиёт ва дигарҳо, сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ зиёда аз 240 имтиёзи андозӣ пешбинӣ гардидааст.

4) Бо мақсади таъмини ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар моддаи 18-уми лоиҳаи қонуни мазкур моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷоти буҷет — музди меҳнат, нафақа, стипендия, ёрдампулӣ, ҷубронпулиҳо ва дигар намуди хароҷоти ба онҳо баробар   муқаррар шудаанд. Маблағгузории онҳо ҳатмӣ буда,  дар ҳама ҳолатҳои ғайричашмдошт дар навбати аввал  ва пурра амалӣ карда  мешавад.

Мавриди зикр аст, ки дар сомонаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (minfin.tj) тамоми ҳуҷҷат ва маводҳо оид ба ҷараёни буҷети соли 2014, яъне таҳия, баррасӣ ва тасдиқи он  ҷойгир карда шудааст, ки ин, пеш аз ҳама, ба мақсади ҷалби васеи иштироки ҷомеа дар ҷараёни буҷет равона гардида, шаффофияти онро таъмин менамояд.

Муҳтарам вакилони Маҷлиси намояндагон!

Даромад ва хароҷоти  лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои  соли 2014 ва  нишондиҳандаҳои он барои солҳои 2015-2016  аз рӯйи  фаъолияти имрӯзаи воқеии иқтисодиёт, таъмини рушди афзалиятҳои аввалиндараҷа ва имкониятҳои  молиявӣ баҳогузорӣ ва таҳия гардидааст. Ин нишондиҳандаҳо, ҳарчанд  мураккаб бошанд ҳам, иҷрошавандаанд.

Умуман, аз рӯйи ин дархостҳои  вазорату идораҳо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳаҷми хароҷоти  Буҷети давлатӣ бояд ба маблағи 27,0 млрд. сомонӣ ё 56,0 фоизи ММД баробар мегардид, ки ин нисбат ба нишондиҳандаи воқеии буҷети пешниҳодшуда 16,0 млрд. сомонӣ зиёд буда, қонеъ гардонидани он дар як соли буҷетӣ  мушкил мебошад. Вале дар солҳои оянда онҳо марҳила ба марҳила вобаста аз афзалиятнокиашон амалӣ хоҳанд шуд.

Дар рафти таҳияи лоиҳаи Буҷети давлатӣ ва ҳангоми баррасии он дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, аз ҷониби шумо, муҳтарам вакилон, як қатор таклифу дархостҳо, аз қабили зиёд намудани маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, маблағгузории сарикасӣ дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ (аз 30 то 35 фоиз зиёд гардидааст), зиёд намудани маблағгузории грантҳо барои соҳибкории занон, аз нав дида баромадани нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъмини базаи моддӣ — техникии маркази обуҳавосанҷӣ, маблағгузории сохтмони истгоҳи барқӣ дар ноҳияи Шаҳринав, таъмир ва тармими роҳҳои дохилии шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла сохтани кӯпрукҳо, баланд бардоштани базаи моддӣ – техникии сохторҳои қудратӣ, самаранок ва мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ва дигарҳо пешниҳод гардиданд.

Як қисми пешниҳодҳои шумо, аллакай дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» ба инобат гирифта шудаанд.

Ба ғайр аз ин, як қатор пешниҳодҳо оид ба моддаҳои алоҳидаи қонун дар ҷаласаҳои кумитаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд ва ворид кардан ё накардани ин тағйирот аз тарафи аъзои гурӯҳи корӣ ва аъзои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳу эзоҳ дода шуд.

Қисми дигари пешниҳодоти шумо, муҳтарам вакилон, ҳангоми таҳия ва қабули Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» ва дар рафти иҷрои буҷет ба инобат гирифта шуд ва оид ба амалӣ намудани онҳо чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» як қатор хулосаҳоро пешниҳод намудааст, ки онҳо қобили тавваҷуҳ буда, ҷиҳати боз ҳам мукаммал намудани механизмҳои банақшагирии Буҷети давлатӣ равона гардидааст ва онҳо асосан дар лоиҳаи қонуни мазкур ба инобат гирифта шудаанд.

Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи пешниҳодшудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» ва нишондиҳандаҳои онро барои солҳои 2015-2016 дастгирӣ ва қабул намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Гулов Сафаралӣ дода мешавад.

Сафаралӣ ГУЛОВСафаралӣ ГУЛОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод  ва молия, дигар кумитаҳо ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», кодексҳои андоз ва гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет» ва дигар санадҳои меъёрие, ки низоми андозбандиро ба танзим медароранд», таҳия гардида, аз 28 модда иборат мебошад.

Дар моддаҳои 1 то 14-уми лоиҳаи қонуни мазкур ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ аз ҳисоби намудҳои даромад ва ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ, ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ аз рӯйи соҳаҳо, андозаи ниҳойии касри Буҷети давлатӣ, ҳаҷми умумии буҷети ҷумҳуриявӣ аз рӯйи даромад ва хароҷот, хароҷотҳо аз рӯйи тартиби гурӯҳбандии вазифавӣ, идоравӣ ва гурӯҳбандии иқтисодӣ, Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маблағҳои мақсаднок (субвенсия) аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳуриявӣ ҷудошаванда, маблағи нақди гардони хазинавии буҷети ҷумҳуриявӣ, ҳаҷми буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа аз рӯйи даромад ва хароҷот, таносуби воридоти андозӣ ва ғайриандозӣ ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ  ва маҳаллӣ муқаррар карда шудаанд.

Дар моддаи 14-уми лоиҳаи қонуни мазкур низоми нав оид ба танзим даровардани тақсимоти даромад ва хароҷоти буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар доираи ҳиссаҷудокунӣ ба суратҳисоби мутамаркази Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, инчунин  ҷудо намудани субвенсия ба шаҳру ноҳияҳо мушаххас нишон дода шудааст, ки ин бори  аввал дар соли 2014 амалӣ карда мешавад.

Ин чораҳои андешидашуда оид ба баланд бардоштани масъулияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати ҷамъоварӣ намудани андози иҷтимоӣ ва сари вақт пардохт намудани нафақа ва кӯмакпулиҳо мусоидат хоҳад кард.

Дар моддаи 15-уми лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади дастгирӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мисли солҳои пештара воридоти газу барқ ва гандум, инчунин воридоти нақлиёти мусофиркашонӣ, битум ва мазут барои эҳтиёҷоти шаҳри Душанбе, барои кормандони Хадамоти давлатии муҳофизи Вазорати корҳои дохилӣ, ки аз пардохти андоз аз даромад ва андози иҷтимоӣ озод мебошанд, воридоти қисмҳои эҳтиётӣ ва ҷузъҳои алоҳида барои васлкунии  техникаи кишоварзӣ ва таҳвили онҳо, ки дар Ҷамъияти муштараки саҳомии пӯшидаи «ТоҷИрон» истеҳсол карда мешаванд, иҷрои кор ва хизматрасонии фармоишгарон ва пудратчиёни  асосӣ оид ба сохтмони меҳмонхонаи «Исмоили Сомонӣ» ва меҳмонхона, воқеъ дар кӯчаи Айнии шаҳри Душанбе, имтиёзҳои андозӣ пешбинӣ гардидааст. Инчунин дар моддаи 15 бо сабаби аз фаъолият бозмондани роҳи оҳани Ҳошадӣ-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб муқаррар гардидааст, ки қисми фаъолияти корхонаҳои дар минтақаи Хатлон ҷойгирбудаи Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» (пойгоҳи вагонҳои боркашонии шаҳри Сарбанд, қитъаи роҳи оҳани Қӯрғонтеппа, истгоҳи роҳи оҳани Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Қурбоншаҳид, Олимтой, Данғара, Сангтӯда, Ёвон, Ҷалолиддини Румӣ, Бӯрёбоф, Қубодиён, Шаҳритуз, Ҳошадӣ, пойгоҳи  гардиши локомотивии Қӯрғонтеппа, қитъаи алоқа ва мухобироти Хатлон, қитъаи барқрасонии Хатлон, қитъаи Корхонаи воҳиди «Мусофирбар»-и Хатлон), ки бевосита ба хизматрасонии минтақаи роҳи оҳани мазкур тааллуқ дорад, аз пардохти андоз  аз молумулки ғайриманқул, андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт, андоз аз истифодабарандагони  роҳҳои автомобилгард ва андоз  аз фоида озод карда мешавад.

Моддаи 16-уми лоиҳаи қонуни мазкур ҳиссаҷудокунии маблағҳоро аз ҳисоби иҷрои барзиёди қисми даромади буҷетҳои тасдиқшудаи маҳаллӣ ва буҷети ҷумҳуриявӣ ба «Фонди стабилизатсионӣ оид ба рушди иқтисодиёт» дар ҳаҷми 20 фоиз пешбинӣ менамояд.

Дар моддаи 17 тартиби ҷойгиркунии депозитҳои буҷети ҷумҳуриявӣ дар бонкҳо бо мақсади зиёд намудани даромади буҷет аз ҳисоби фоиз аз рӯйи онҳо, ки ба 1 январи соли 2014 ба вуҷуд омадаанд, муқаррар карда мешавад.

Мувофиқи моддаи 18 дар соли 2014 ба моддаҳои ҳимояшавандаи хароҷот, музди меҳнат, маблағҷудокуниҳо барои суғуртаи иҷтимоӣ, стипендия, нафақа, ёрдампулӣ ва ҷубронпулӣ дохил карда мешаванд.

Дар моддаҳои 19, 22, 23 ва 25 тартиби баҳисобгирии маблағҳои махсуси вазоратҳо, идораҳо, ташкилотҳои дахлдори аз Буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда, гузаронидани амалиётҳои молиявӣ аз буҷетҳои маҳаллӣ тавассути БДАТ «Амонатбонк», ҳавасмандгардонии кормандон ва рушди базаи моддию техникии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пардохти маблағҳо тибқи ҳалномаҳои судӣ ва ба буҷет ворид намудани ҷаримаҳо ва дигар пардохтҳо ҳангоми вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст.

Дар моддаи 20 аз ҳисоби иҷрои барзиёди даромади буҷетҳои маҳаллӣ ва маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, ба истиснои муассисаҳои томактабӣ,  таҳсилоти умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, таъсис додани суратҳисоби махсуси захираҳои иловагии молиявӣ барои маблағгузории сохтмони иншооти муҳими давлатӣ муқаррар гардидааст.

Дар моддаи 21 имтиёзҳо оид ба рафтуомад ба маҳалли гузаронидани рухсатӣ ва пардохти ҷубронпулӣ ба ивази  озуқаворӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, судҳои ҳарбӣ,  сарпрокуратураи ҳарбӣ ва дигар мақомоти қудратӣ пешбинӣ шудаанд, ки маблағи он аз 45 сомонӣ ба 55 сомонӣ расонида шудааст.

Дар моддаи 24-уми лоиҳаи қонуни мазкур нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷиҳати ҳисобкунии андозҳо, боҷҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ҷаримаҳо, пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин барои ҳисобкунии ин ё он бузургиҳои  арзишии ҳадди ниҳойӣ (поёнӣ ё болоӣ), ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд, дар ҳаҷми 40 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Мувофиқи моддаи 26-уми лоиҳаи қонуни мазкур ҳисобот оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2012 аз рӯйи даромад ба маблағи  9 млрд. 637 миллиону 471 ҳазор сомонӣ, аз рӯйи хароҷот ба маблағи 9 млрд. 107 миллиону 856 ҳазор сомонӣ бо барзиёдии даромад нисбати хароҷот ба маблағи  565 миллиону 615 ҳазор сомонӣ барои тасдиқ пешниҳод карда мешавад.

Оид ба ҳисоботи иҷрои Буҷети давлатӣ барои соли 2012 хулосаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пешниҳод гардидааст, ки дар он оид ба як қатор камбудию норасоиҳо тавсия пешниҳод намудааст. Оиди ин камбудиҳо Вазорати молияро лозим аст, ки барои бартараф намудани он чораҳои зарурӣ андешад.

Дар моддаи 27-уми лоиҳаи қонуни мазкур низоми даровардани тағйирот ба даромад ва хароҷоти Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014 пешбинӣ гардидааст ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода мешавад, ки дар қисмҳои даромад ва хароҷоти Буҷети давлатӣ, мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», бе тағйир додани ҳаҷми касри буҷет  тағйироти дахлдор ворид намояд.

Мутобиқи моддаи 28 қонуни мазкур аз 1 январи соли 2014 мавриди амал қарор дода мешавад.

Зикр кардан бамаврид аст, ки Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, тибқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи  ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» хулосаи худро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст.

Аз шумо хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории лоиҳаи қонуни мазкур  овоз диҳед.

РАИС: — Доир ба ин масъала кӣ баромад кардан мехоҳад? Марҳамат.

ФелалиевАкрамшо ФЕЛАЛИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ, ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» мавриди муҳокимаи мо қарор дорад. Агар рақамҳоро мавриди муқоиса қарор диҳем, ҳаҷми умумии даромад  ва хароҷоти буҷети давлатӣ дар ҳафт соли охир аз 1,7 миллиард сомонӣ то 12,2 миллиард сомонӣ расид ва дар натиҷаи зуд  рушд ёфтани соҳаи аграрӣ ва иқтисодиёти мамлакат дар 7 соли охир  дар соли 2014 ин рақам то ба 13,9 миллиард сомонӣ афзоиш ёфт, ки ин нисбат ба соли 2006-ум 8,2 баробар зиёд мебошад. Ин нишондиҳанда, яъне ҳаҷми умумии Буҷети давлатӣ нисбат ба соли 2013-ум 1 миллиарду 843,4 миллион сомонӣ афзоиш ёфта, дар муқоиса ба соли 2000-ум, ки 226 миллион сомониро ташкил дода буд, 61,5 баробар зиёд мебошад.

Ин ҳисобот сол то сол аз баланд шудани сатҳи зиндагии мардум шаҳодат медиҳад. Аз соли 2006 сар карда, то ҳоло музди меҳнати кормандони соҳаи буҷетӣ, стипендия, кӯмакпулӣ ва ҷубронпулӣ чандин  маротиба зиёд гардида, сатҳи камбизоатӣ дар мамлакат аз 81 фоизи соли 1999-ум то 38 фоиз паст гардид, яъне қариб 45 банди фоизӣ коҳиш дода шуд.

Ҳамзамон шинохта шудани Тоҷикистон ҳамчун яке аз даҳ кишвари ислоҳотгар  дар ҳисоботи солонаи Бонки Умумиҷаҳонӣ «Пешбурди Тиҷорат» нишони муҳими он аст, ки мамлакати мо таҳти роҳбарӣ ва сиёсати дурбинонаю хирадмандонаи Сарвари кишвар Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамаи мушкилот ва таъсири буҳрони молиявию иқтисодӣ нигоҳ накарда, дар роҳи пешгирифтаи худ баҳри рушди босубот тавассути гузаронидани ислоҳот, ташкили инфрасохтори боэътимод ва тадриҷан ноил гардидан ба афзалиятҳои миллӣ ва самтҳои стратегияи рушди кишвар устувор аст. Қабул гардидани лоиҳаи қонуни мазкур, ки бештар хусусияти иҷтимоӣ дорад, ба баланд шудани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ мусоидат менамояд.

Аз шумо, вакилони гиромиқадр, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

ШабдоловШодӣ ШАБДОЛОВ:- Дар ташаккули Буҷети давлатӣ нисбати солҳои қаблӣ пешравӣ дида мешавад. Бо вуҷуди ин, дар бобати татбиқи он камбудиҳо ҷой доранд. Ҳоло мо буҷетро тасдиқ мекунем ва  баробари ин гранту қарзҳоро низ тасдиқ менамоем.

Баъди муҳокимаи парламентӣ Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия мониторингро оид ба соҳаи энергетика идома дод. Зимни ин санҷиш камбудиҳои зиёд ошкор шуд. Масалан, дар ҷое, ки неругоҳи барқи обии то 1000 кВт бо иморату дигар лавозимот истодааст, паҳлуи он неругоҳи хурди  камиқтидорро сохта, маблағи зиёдеро аз худ намудаанд. Чунин ҳолат дар ноҳияи ба номи Ҷ.Расулов, шаҳри Ваҳдат ва ғайра ба мушоҳида расид.

Дигар масъала азхудкунии маблағҳои грантӣ ва қарзҳо мебошад. Истифодаи грантҳо ва қарзҳо дар он сурат манфиат мебахшад, ки корхонаҳо фаъолият кунанд, маҳсулот истеҳсол намуда, аз он ҳисоб андоз супорида шавад.

Пеши роҳи саркашӣ намудан аз пардохти андоз гирифта шавад. Сатҳи андозро  паст намудан лозим, то ин ки андозсупоранда имкони пардохти онро дошта бошад. Феълан дар ин хусус мушкилиҳои зиёд ба мушоҳида мерасад. Аз ин рӯ, солҳои минбаъда, ҳангоми таҳия ва қабули Буҷети давлатӣ, онро бояд ба эътибор гирифт. Дар ин раванд, ҳангоми зарурат ба Кодекси андоз ва Қонуни Буҷети давлатӣ  тағйирот ворид кардан мумкин аст.

Чандин маротиба баъзе ташкилоту корхонаҳо аз  пардохтҳои гумрукӣ озод карда шуданд, аммо маълум нашуд, ки ин озодкунӣ чӣ натиҷа дод. Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти марбута назорат баранд, ки ин озодкуниҳо аз пардохти андоз ба пешрафти он корхонаву муассиса чӣ таъсир расонид. Натиҷаи чунин назорату санҷишҳо дар парламент мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Ниҳоят, ба рафти татбиқи Буҷети давлатӣ аҳамияти ҷиддӣ бояд диҳем. Аз ҷумла мо — вакилон низ дар ин самт бояд фаъол бошем.

 Абдулмаҷид МУРОДОВ, Аъзам МӮСОЕВ, Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ

(Идома дар шумораи оянда)