Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ қонуни мукаммал қабул шуд

№14 (3315) 31.01.2015

DSC_1616

28 январи соли 2015 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатӣ бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1.Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ»

2.Дар хусуси Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба экстрадитсия

3.Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4.Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ»

5.Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

РАИС:- Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» сухан ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим дода мешавад.

Қодири ҚОСИМ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи тартиби муқарраргардида таҳия ва пешниҳод шудааст.

Мақсади пешниҳоди лоиҳаи қонуни  мазкур аз байн бурдани мухолифат байни муқаррароти қонунгузории моратория ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2011 таҳти №1146 «Дар  бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» мебошад.

Дар лоиҳаи қонун ба мафҳумҳои «корхонаи истеҳсолӣ» ва «корхонаҳои нави истеҳсоли молу маҳсулот» тағйирот ворид карда шуда, ба соҳибкорони инфиродӣ, ки дар асоси иҷораи воситаҳои асосӣ ба истеҳсоли молу маҳсулот машғул мешаванд, баробарҳуқуқӣ таъмин шуда, ба онҳо низ талаботи қонунгузорӣ татбиқ мегардад.

Ҳамзамон мафҳуми такмилдодашудаи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ дар лоиҳа пешбинӣ шудааст, зеро дар Кодекси андоз ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор» ин мафҳум ҳархела ифода ёфтааст.

Илова ба ин, шаҳодатномаи субъекти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ мувофиқи қарори Комиссия ва тибқи талаботи қисми 5- уми моддаи 5- уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» низ дода мешавад, ки сархати шашуми моддаи 1 онро пешбинӣ накардааст.

Мувофиқи қисми 4- уми моддаи 5-уми қонуни мазкур Шаҳодатномаи субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ дар асоси қарори Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи моратория аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ дар муҳлати на дертар аз се рӯзи қабули қарор ройгон дода мешавад.

Мафҳуми шаҳодатномаи субъекти соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ дар таҳрири нав ифода карда шуд, зеро ҳуҷҷати мазкур дар асоси қонун дода мешавад.

Баъд аз қабули қонун намояндаи мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи саноат ва технологияҳои нав ба ҳайати Комиссияи давлатӣ оид ба татбиқи мораторияи санҷишҳо шомил мегардад, зеро асосан ҷалби техника ва технологияи нав ба раванди истеҳсолот асоси татбиқи моратория мебошад, ки  ба фаъолияти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд мебошад.

Тибқи талаботи қисми 2-юми моддаи 6- уми қонун санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ оид ба иҷро намудани муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз муқаррароти моддаи 8, тибқи қисми 6 моддаи 48-и Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Айни замон Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул шуда, аз 1 январи соли 2013 мавриди амал қарор дорад. Хоҳишмандам лоиҳаи қонунро дастгирӣ намоед.

РАИС:- Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шарофиддин Сироҷов  дода мешавад.

Шарофиддин СИРОҶОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  пешниҳод шудааcт.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 январи соли 2015 таҳти № 2776 лоиҳаи қонуни мазкур барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Мақсади лоиҳаи қонуни мазкур аз бартараф кардани мухолифат дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва татбиқи босамари Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2011 таҳти № 1146 «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» иборат мебошад.

Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ба рушди соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

Лоиҳаи қонуни мазкурро ҳамаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон баҳри такмили он чор таклиф пешниҳод намуданд.

21 январи соли 2015 дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни зикргардида мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибдорӣ шуд. Аз таклифҳои пешниҳодшуда 3-тояш қабул ва 1-тояш қабул нашуд. Таклифҳои қабулшуда дар мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид шуданд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Хоҳиш менамоям, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: -Дар хусуси Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба экстрадитсия сухан ба муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламшозода Абдураҳмон Аламшо дода мешавад.

АЛАМШОЗОДА Абдураҳмон Аламшо: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба экстрадитсия аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Шартномаи зикршуда 13 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, тибқи талаботи моддаи 9-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои тасдиқ намудан ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Шартномаи мазкур барои мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ равона шудааст.

Бояд зикр кард, то имрӯз дар ҳолати содир намудани ҷиноят аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё шаҳрвандони Ҷумҳурии Халқии Хитой, экстрадитсияи онҳо бо роҳи гуфтушунид ва мушкилиҳои зиёде ҳалли худро меёфт.

Қабул ва тасдиқи Шартномаи мазкур таври қонунӣ ҳал намудани масъалаи экстрадитсияи шахсони ҷиноятсодирнамударо ба танзим дароварда, баҳри ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави давлати мо ҷиноят содир намуда, дар давлатҳои хориҷии дуру наздик паноҳ мебаранд, равона карда шудааст.

Шартнома аз муқаддима ва 23 модда иборат аст. Дар муқаддима мақсад ва асосҳо барои ба имзо расидани Шартнома баён шудааст. Дар моддаҳои 1 ва 2-юми Шартнома уҳдадориҳои Тарафҳо оид ба экстрадитсия ва ҷиноятҳое, ки боиси экстрадитсия мегарданд, муқаррар гардидаанд.

Асосҳои рад кардан, ваколатҳои имконнопазири радкунии экстрадитсия, аз ҷумла рад намудани экстрадитсияи шаҳрвандон дар моддаҳои 3, 4 ва 5 пешбинӣ шудаанд.

Шартномаи мазкур бо мақсади ба роҳ мондани муносибати байниҳамдигарии Тарафҳо тавассути роҳҳои дипломатӣ ва мақомоте, ки қонунгузории дохилидавлатии Тарафҳо салоҳиятдор шуморидааст, дар моддаи 6 пешбинӣ гардида, моддаҳои 7 ва 8 дархост ва ҳуҷҷатҳои заруриро дар бораи экстрадитсия ва иттилооти иловагиро муқаррар намудааст.

Дар моддаҳои 9, 10 ва 11 тартиби нигоҳдории объекти экстрадитсия дар ҳабси муваққатӣ ва чораҳои ҳатмӣ, инчунин ҳимояи ҳуқуқҳои шахси экстрадитсияшаванда ифода гардидаанд.

Мутобиқи моддаҳои 12, 13 ва 14 қабули қарор оид ба дархост дар бораи экстрадитсия, супоридани шахсони экстрадитсияшаванда, аз ҷумла мавқуфгузории экстрадитсия ва экстрадитсияи муваққатӣ мавриди танзим қарор гирифтаанд.

Пешниҳоди дархост барои экстрадитсия аз ҷониби якчанд давлат ва қоидаҳои махсус дар моддаҳои 15 ва 16 муқаррар гардида, тартиби супоридани моликият ва интиқоли транзитии шахси экстрадитсияшавандаро моддаҳои 17 ва 18 пешбинӣ намудааст.

Моддаҳои 19, 20 ва 21 огоҳсозӣ аз натиҷаҳо дар бораи баррасӣ гардидан ё иҷрои ҳукм нисбат ба шахси экстрадитсияшуда ё дар бораи супоридани он шахс ба давлати сеюм, хароҷоти вобаста ба иҷрои Шартномаи мазкур ва дахолат накардани ҳуқуқ ва уҳдадории Тарафҳоро, ки аз дигар Шартномаҳо бармеоянд, муқаррар намудаанд.

Ҳалли масъалаҳои баҳсталабе, ки байни Тарафҳо ҳангоми тафсир ё татбиқи Шартномаи зикршуда ба миён меоянд, инчунин ворид сохтани тағйиру иловаҳо ба Шартнома ва муҳлати эътибор пайдо намудан, муҳлат ва тартиби қатъи амали онро моддаҳои 22 ва 23 ба танзим даровардааст.

Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба экстрадитсия ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки Шартномаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС:- Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Сайфулло Гиёев дода мешавад.

Сайфулло ГИЁЕВ: — Муҳтарам Раис,  Раёсат, вакилони гиромӣ!

Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба экстрадитсия, ки 13 сентябри соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Шартномаи мазкур тибқи Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 январи соли 2015 таҳти № 2777 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Шартномаи номбурда барои мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, инчунин ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави давлати мо ҷиноят содир намуда, дар давлатҳои хориҷи дуру наздик паноҳ мебаранд, равона шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шартномаи зикршударо мавриди баррасӣ қарор дода, бо пешниҳоди хулоса онро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 21 январи соли 2015 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дод.

Шартномаи мазкур аз ҷониби иштирокчиёни ҷаласа ҷонибдорӣ шуд.

Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба экстрадитсия ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Хоҳиш менамоем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Доир ба тасдиқи Шартномаи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

РАИС:- Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лола Бобоҳоҷиева дода мешавад.

Лола Бобоҳоҷиева : — Муҳтарам Раис, Раёсат ва ҳозирини гиромӣ!

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси ҷамъбастии солонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 январи соли 2012 ва машварати кории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 феврали соли 2012 ба собиқ Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Вазорати тандурустӣ дастур ва супоришҳои мушаххас дода буданд, ки оид ба таъмини шаффофият дар ҷараёни фаъолияти мақомоти алоқаманд ба масъалаҳои муқарраркунии маъюбӣ, пешгирии ҳолатҳои беасос муқаррар намудани гурӯҳ ва нафақаҳои маъюбӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.

Бо мақсади амалӣ намудани супоришҳои Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазоратҳои номбурда гурӯҳҳои кории дахлдор таъсис дода,  ба фаъолият шурӯъ намуданд. Зикр кардан бамаврид аст, ки 29 октябри соли 2014 дар ҷаласаи навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат бори дигар ба масъалаи идома додани санҷиши асоснокии таъини масъалаи нафақаҳои маъюбӣ ва ба танзим даровардани он таъкид ба амал оварда, супоришҳои дахлдор доданд.

Масъалаи солимгардонии маъюбони синну соли гуногун ва таҳти назорати доимии диспансерии табибон қарор додани онҳо, инчунин ба танзим даровардани масъалаҳои таъин ва муқаррар намудани нафақаҳои маъюбӣ соли 2014 бомаром идома ёфта, якҷоя бо Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» корҳои муайяне  ба анҷом расонида шуда истодаанд.

Ба ҳолати 1 октябри соли 2014 дар ҷумҳурӣ 618,915 нафақахӯр ба қайд гирифта шуда, андозаи миёнаи  нафақаи онҳо 230 сомониро ташкил медиҳад.

Аз ин шумора, тибқи маълумоти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, 163 707 нафарро маъюбон ташкил медиҳанд (2,6 фоизи нафақахӯрон). Андозаи миёнаи  нафақаҳои маъюбӣ ба намуди нафақаи онҳо вобаста аст. Масалан, андозаи миёнаи нафақаҳои маъюбии меҳнатӣ то 300 сомонӣ ва андозаи миёнаи нафақаҳои иҷтимоӣ,  ки собиқаи суғуртавӣ надоранд – 111 сомониро ташкил медиҳад.

Шумораи кӯдакони маъюб  дар айни ҳол 25897 нафар буда,  нафақаи иҷтимоӣ барои як кӯдак 79 сомонӣ дар як моҳ муқаррар шудааст.

Шумораи маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 577 нафар аст ва андозаи миёнаи нафақа барои як нафар 788 сомонӣ мебошад.

Соли сипаришуда маъракаи солимгардонии маъюбон ва аз ташхиси тиббию иҷтимоӣ гузаронидани онҳо бомаром ба анҷом расонида шуд, ки дар натиҷа, аз ҷониби комиссияҳои тиббию  машваратии марказҳои саломатии шаҳрию ноҳиявӣ ва Хадамоти давлатии тиббию иҷтимоии  вазорат 55 ҳазору 225 нафар маъюбон ба муоинаи тиббии такрорӣ  даъват шуданд. Рӯйхати ном ба номи маъюбон якҷоя бо мақомоти таъинкунандаи нафақа тартиб дода шудааст.

Тибқи рӯйхати пешниҳодгардида 39 ҳазору 396 нафар ба муоинаи такрорӣ ба комиссияҳои дахлдор ҳозир шуданд.

Дар натиҷаи ташхиси тиббию иҷтимоии мутахассисон, бинобар надоштани аломатҳои маъюбӣ, гурӯҳҳои маъюбии 8503 нафар қатъ карда шудааст.

Маъюбии 4321 нафар  шаҳрвандон, бинобар беҳтар гардидани вазъи саломатиашон, сабук гардонида шудааст, яъне аз гурӯҳи маъюбии II ба гурӯҳи III  гузаронида шуданд.

Аз шумораи умумии ташхисшудагон гурӯҳи маъюбии 15 ҳазору 118 нафар тасдиқ  шуд. Дар баробари ин, тибқи маълумоти мавҷуда, дар айни замон 15 ҳазору 755 нафар шаҳрвандон, ки барои муоинаи такрорӣ пешниҳод гардида буданд, ба муоинаи такрорӣ ҳозир нашуданд.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки маъюбони номбаршуда аксарияташон дар ҷои қайди зисташон истиқомат намекунанд ва зиёда аз ду ҳазори онҳо ба хориҷи кишвар сафар кардаанд. Чуноне ки аз хешовандонашон иттилоъ гирифтем, онҳо дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд.

Санҷишҳо оид ба мутобиқатии воқеӣ ба рӯйхати ном ба номи маъюбон нишон дод, ки танҳо дар шаҳри Душанбе зиёда аз 1000 нафар маъюбон дар ҷои қайди зисташон истиқомат надоранд.

Аммо аз сабаби он, ки қонунгузории нафақа пардохти нафақаи маъюбиро тариқи ваколатнома ё сарфи назар аз ҷои қайди истиқоматиашон иҷозат медиҳанд, рӯйхати онҳо дар мақомоти Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд буда, пардохти нафақаи маъюбиашон идома дорад.

Ғайр аз ин, мушкилии дигаре, ки мутахассисон ҳангоми баррасии нафақаҳои маъюбӣ ба он мувоҷеҳ шуданд, ин муҳоҷирати дохилии шаҳрвандони маъюб мебошад. Барои санҷидани дурустии таъиноти маъюбии онҳо  зарур аст, ки ҳар як шаҳрванди маъюб ба комиссияи тиббию иҷтимоӣ ҳозир шавад. Мутаассифона, тавре зикр гардид, ин нафақахӯрон ба муоинаи навбатӣ ҳозир намешаванд ва аз сабаби дар ҷои қайдашон истиқомат накардани гурӯҳи дигари маъюбон ташхиси такрорӣ гузаронидани онҳо низ ғайриимкон гардидааст.

Дар натиҷа, кормандони соҳаи тандурустӣ наметавонанд, ки чорабиниҳои солимгардонӣ ва пешгирии маъюбиро байни аҳолӣ таври бояду шояд амалӣ намоянд.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» мақомоти тандурустӣ вазифадор аст, ки барои солимгардонии шахси маъюб ҳар яки онҳоро таҳти назорати диспансерӣ қарор дода, мунтазам муоинаи тиббии онҳоро амалӣ гардонад.

Илова бар ин, қонуни мазкур муқаррар намудааст, ки нисбат ба ҳар як шахси маъюб,  сарфи назар аз синну солаш Барномаи инфиродии тавонбахшии маъюб тартиб дода, назорати тиббию иҷтимоии маъюбон анҷом дода шавад.

Ҷараёни иҷрои чорабиниҳои мазкур собит намуд, ки ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ зарур ва ногузир мебошад.

Аз ин лиҳоз, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва пешниҳод шудааст.

Масъалаи мавриди назари мо ҳамеша таҳти назорати бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Мо шоҳиди он гардидем, ки Ҷаноби Олӣ дар Паёми имсолаи худ бори дигар таъкид намуданд, ки масъалаи баррасии муқаррар намудани маъюбӣ ва бахусус таъин ва пардохт кардани нафақаҳои маъюбӣ  дар соли 2015 идома дода шавад.

Аз ин рӯ, масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳои пешниҳодгардида воқеан ҳам барои таъмини кафолати сатҳи зарурии ҳифзи иҷтимоии маъюбон ва таъмини дастрасии онҳо ба тавонбахшии тиббию иҷтимоӣ, инчунин дастрасӣ ба ҳифзи саломатӣ ва ҷорӣ намудани шаффофият дар масъалаҳои муқаррар намудани маъюбӣ мусоидат хоҳад кард.

Лоиҳаи қонуни мазкур хароҷоти иловагиро аз Буҷети давлатӣ, аз ҷумла  буҷети суғуртаи иҷтимоӣ талаб надошта, ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар низ мухолифат  надорад.

Аз шумо, вакилони арҷманд, хоҳишмандам лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС:  -Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сабоҳат Муқумова  дода мешавад.

Сабоҳат МУҚУМОВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» 21 сол инҷониб амал менамояд ва то имрӯз ба он вобаста ба талаботи замон 17 маротиба тағйиру иловаҳои дахлдор ворид гардидааст. Ин навбат низ бо мақсади мутобиқ намудан ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» ва ба низом даровардани тартиб ва шартҳои муқаррар намудани маъюбӣ, пешгирии бо роҳи ғайриқонунӣ ба даст овардани гурӯҳҳои маъюбӣ ва коҳиш додани равандҳои маъюбшавӣ бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он тағйиру иловаҳо пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид  намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 январи соли 2015 таҳти №2774 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуданд.

Кумитаи масъул лоиҳаи пешниҳодгардидаро, бо дарназардошти меъёрҳои Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон», «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мукаммал намуд.

20 январи соли 2015 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ бо иштироки намояндагони кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Мувофиқи қисми 1-уми лоиҳаи қонуни мазкур номи моддаи 21 дар таҳрири нав, яъне «Шартҳо ва давраи таъини нафақаи маъюбӣ» ва қисми сеюми модда дар таҳрири зерин ифода карда шудааст: «Нафақаи маъюбӣ барои тамоми давраи маъюбӣ, ки аз ҷониби Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ муқаррар гардидааст, таъин карда мешавад».

Мувофиқи қисми 2-юми лоиҳаи қонуни мазкур қисми дуюми моддаи 22 дар таҳрири зерин ифода карда шудааст:

«Тартиби муайян намудани дараҷаи корношоямии маъюбон, муқаррар намудани гурӯҳҳои маъюбӣ, сабаб, давра ва муҳлати маъюбии шаҳрвандонро  Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоӣ муқаррар менамояд. Низомномаи Хадамоти давлатии мазкур аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.».

Мувофиқи қисми 3-юми лоиҳа моддаи 32 хориҷ шуда, муқаррароти он ба моддаҳои 21 ва 22 гузаронида шудааст. Вобаста ба ин қисми  4-уми лоиҳа тағйиротро ба моддаи 53 қонуни амалкунанда дар назар дорад, ки мувофиқи он рақамҳои «22 ва 32»  ба рақамҳои  «21 ва 22» иваз карда шудаанд.

Дар қисми 5-уми лоиҳа, ки тағйиротро ба моддаи  96-уми қонуни амалкунанда дар назар дорад ва мувофиқи он минбаъд «Нафақаҳо аз ҷониби мақомоти ваколатдори пардохткунандаи  нафақа дар ҷои қайди воқеии нафақагир пардохт карда мешаванд».

Дар қисми 6-уми лоиҳа, ки тағйиротро ба моддаи 99 дар назар дорад, дар ном ва матни модда калимаҳои «эътимоднома», «Эътимоднома» ва «Эътимодномаро» мувофиқан ба калимаҳои «ваколатнома», «Ваколатнома» ва «Ваколатномаро» иваз шуда, дар қисми якуми модда пас аз калимаи «Нафақаро» калимаҳои «ба истиснои нафақаи маъюбони гурӯҳҳои II ва III» илова карда шудаанд.

Лоиҳаи қонуни мазкур  ба Конститутсияи  (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории лоиҳаи қонуни мазкур овоз диҳед.

РАИС: — Вобаста ба масъалаи мазкур чӣ таклифу пешниҳод доред? Марҳамат.

Шодӣ ШАБДОЛОВ: — Пеш  аз ба овоз мондан лоиҳаи қонунро бо аслаш муқоиса намудан лозим буд. Лоиҳаи қонуни мазкур қобили қабул нест. Ҳеҷ кас дар зиндагӣ  хоҳиши маъюб шуданро надорад, чӣ дар давраи ҷавонӣ ва пиронсолӣ.

Нафакае, ки барои маъюбӣ дода мешавад, ҳатто барои хариди доруворӣ басанда нест. Аз ин рӯ, ҳаҷми пардохти маблағ барои маъюбӣ мушкилоти зиёд дорад.

Баъдан муайян карда шавад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кадом сабаб шумораи маъюбон зиёд шудааст. Дар муҳорибаҳои кишварҳои дигар, садамаи Неругоҳи атомии «Чернобил» бисёр нафарон маъюб гардидаанд, ки муолиҷаи минбаъдаи онҳо хеле мушкил ва ҳатто табобатнашаванда аст.

Барои табобати маъюбон маблағи зиёд зарур аст. Роҳҳои дарёфти онро бояд пайдо кард. Аз ҳисоби хусусигардонӣ метавон фоизи муайяни онро ба фонди маъюбон ҷудо намуд. Ин тадбир дар дигар кишварҳо амалӣ шудааст.

Лозим аст, ҳангоми ташхиси тиббӣ дар муайян намудани дараҷаи маъюбӣ хадамоти марбутаи давлатӣ муносибати ҷиддӣ зоҳир намоянд, зеро ба ҳар роҳу восита баъзеҳо, ки чандон корношоям нестанд, ҳамчун маъюб ҳуҷҷати тиббӣ мегиранд.

Ба қабули қонуни мазкур мухолиф мебошам.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: -Оид ба лоиҳаи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» сухан ба директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Маҳмад Забир дода мешавад.

РАҲИМЗОДА Маҳмад Забир: — Муҳтарам Раис! Раёсат! Вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, бо дарназардошти талаботи моддаи 58 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзури шумо гардонида мешавад.

Боиси зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳидро «Дар бораи эътироф ва мавриди иҷро қарор додани қарорҳои арбитражи хориҷӣ» аз 10 июни соли 1958 ба тасвиб расонида, ба узвияти Созмони Умумиҷаҳонии Савдо пазируфта шуд. Аз ин рӯ, бо мақсади тақвияти уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мустаҳкам намудани нақши ҷумҳурӣ дар муносибатҳои байналмилалии тиҷоратӣ зарурати қабули лоиҳаи қонуни мазкур ба вуҷуд омадааст.

Панҷуми январи соли 2008 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои ҳакамӣ» қабул шуда буд. Қонуни мазкур баҳсҳои марбут ба муносибатҳои гражданӣ ва иқтисодии байни субъектҳои хоҷагидори дохилиро танзим намуда, баҳсҳое, ки аз муносибатҳои шартномавӣ ва дигар муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ ҳангоми амалисозии савдои хориҷӣ ва дигар робитаҳои байналмилалии иқтисодӣ байни субъектҳои ҳуқуқи дохилӣ ва хориҷӣ ба вуҷуд меоянд, дар бар намегирад. Ҳангоми қабули лоиҳаи қонуни мазкур номуайянӣ оид ба баррасии баҳсҳои байни субъектҳои хоҷагии хориҷӣ ва субъектҳои хоҷагии ватанӣ бартараф мешаванд.

Таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» инчунин, бинобар қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти савдои хориҷӣ» аз 3 июли соли 2012 зарур арзёбӣ мегардад. Зеро бо таъсиси арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ ҳамчун механизми муосири ҳуқуқии ҳалли баҳсҳо субъектҳои фаъолияти савдои хориҷӣ имкон пайдо менамоянд, ки оид ба қонунгузории нисбат ба аҳдҳояшон татбиқшаванда, интихоби суд ё арбитражи салоҳиятнок, беғараз ба мувофиқа расида, баҳсҳои худро ба воситаи онҳо ҳал намоянд.

Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ ташкилоти ғайритиҷоратӣ буда, ба низоми судии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил намешавад. Дар шароити рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ ҳамчун падидаи нав метавонад барои амалӣ гардидани рукнҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, усулҳои пешрафтаи демократии ҳалли баҳсҳои байни субъектҳои хоҷагӣ мусоидат намояд.

Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ барои ҷалби сармоягузорӣ мусоидат намуда, рақобатпазирии байналмилалии ҷумҳуриро дар самти ҳалли алтернативии баҳсҳои соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ ҳамчун шарикони фаъоли тиҷоратӣ мустаҳкам менамояд.

Лоиҳаи қонун аз 9 боб ва 55 модда иборат аст, ки муқаррароти умумӣ, тартиби таъсиси арбитраж ва мақомоти он, мазмун ва моҳияти созишномаи арбитражӣ, ҳайати арбитраж ва ваколатҳои он, хароҷоти баррасии баҳсҳо дар арбитраж, баррасии парвандаҳо дар арбитраж, баровардани ҳалномаи арбитражӣ ва қатъ кардани парванда, мавриди баҳс қарор додани ҳалномаи арбитраж ва иҷрои ҳалномаи арбитражро пешбинӣ менамояд.

Боби якуми лоиҳаи қонун «Муқаррароти умумӣ» ном дошта, доираи амал, мафҳумҳои «арбитраж», «арбитр», «баррасии арбитражӣ», «созишномаи арбитражӣ», «ҳалномаи арбитражӣ», «суди босалоҳият», «Дастури арбитраж», «тартиботи оммавии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «тавзеҳоти арбитражӣ» пешбинӣ ва принсипҳои фаъолияти арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ мушаххас гардидаанд.

Боби дуюми лоиҳаи қонун «Тартиби таъсиси арбитраж ва мақомоти он» номгузорӣ шуда, дар маҷмӯъ, вазъи ҳуқуқӣ, тартиби таъсис, сохтор ва салоҳияти мақомоти арбитражи байналмилалии тиҷоратии доимоамалкунанда ва арбитражи якборамалкунанда, аз ҷумла Раёсати арбитражи байналмилалии тиҷоратиро муқаррар намудааст.

Бинобар аҳамияти муҳими созишномаи арбитражӣ дар фаъолияти арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ боби сеюми лоиҳаи қонун «Созишномаи арбитражӣ» номгузорӣ гардидааст. Дар боби мазкур мазмун, шакли созишномаи арбитражӣ, тартиби баррасии баҳс, чораҳо оид ба таъмини даъво ва пешниҳоди даъво оид ба моҳияти баҳс ба суди босалоҳият гардиданд.

Боби чоруми лоиҳаи қонун «Ҳайати арбитражи тиҷоратӣ ва ваколати он» буда, талабот нисбати номзадҳо ба арбитрӣ, тартиби интихоби арбитр, асосҳо ва тартиби рад кардани арбитр, эксперт (коршинос), қатъ гардидани ваколатҳои арбитр, иваз намудани арбитр, баровардани қарор дар бораи салоҳияти арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ ва ваколатҳои он оид ба тадбирҳои таъминотии даъво муайян карда шудаанд.

Боби панҷуми лоиҳаи қонун «Хароҷоти баррасии баҳсҳо дар арбитраж» ном дошта, таркиби хароҷоти баррасии арбитражӣ ва тартиби тақсими хароҷоти ба ҳалли баҳс алоқамандро, ки дар арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ ба вуҷуд меоянд, пешбинӣ мекунаад.

Боби шашуми лоиҳаи қонун «Баррасии парвандаҳо дар арбитраж» номида шуда, муносибатҳои тарафҳои баҳси арбитражӣ дар заминаи принсипи баробарии тарафҳо, муайян намудани қоидаҳои баррасии арбитражӣ, макони баргузорӣ ва забони баррасии арбитражӣ, тартиби оғози баррасии арбитражӣ, шакл ва мазмуни аризаи даъвоӣ, пешниҳоди аризаи даъвоӣ, номгӯйи ҳуҷҷатҳои ба аризаи даъвоӣ замимашаванда, изҳори назар ва баргардонидани аризаи даъвоӣ, гирифтани иттилооти хаттӣ, даст кашидан аз ҳуқуқ ба норозигӣ, баррасӣ ва таҳқиқи парванда тибқи ҳуҷҷатҳо, ҳуқуқҳои тарафҳои баррасии парванда, таъини эксперт (коршинос) ва мусоидати суди босалоҳият ба пешниҳоди чораҳои таъминотӣ ва гирифтани далелҳоро муқаррар намудааст.

Боби ҳафтуми лоиҳаи қонун «Баровардани ҳалномаи арбитраж ва қатъ кардани баррасии парванда» ном дошта, меъёрҳои оид ба моҳияти баҳс татбиқшаванда, муқаррар намудани мазмуни меъёрҳои ҳуқуқии хориҷӣ, ҳалномаи арбитражӣ, аз ҷумла ҳалномаи арбитражӣ дар ҳайати дастаҷамъона, шакл ва мазмуни ҳалномаи арбитражӣ, созиши оштӣ, қатъ гардидани баррасии баҳс дар арбитраж ва тартиби ислоҳ, тафсири ҳалнома, қабули ҳалномаи иловагӣ дарҷ гардидаанд.

Дар боби ҳаштуми лоиҳаи қонун «Мавриди баҳс қарор додани ҳалномаи арбитраж» тартиби пешниҳоди дархост оид ба бекор кардани ҳалномаи арбитражӣ пешбинӣ ва суди босалоҳият мушаххас гардидааст.

Боби нуҳуми лоиҳаи қонуни мазкур «Иҷрои ҳалномаи арбитражӣ» тарзи иҷрои ҳалномаи арбитражӣ, тартиби эътироф ва мавриди иҷро қарор додани ҳалномаҳои арбитражҳои байналмилалии тиҷоратии хориҷӣ ва асосҳои рад кардани чунин як эътирофнамоӣ мушаххас гардидаанд.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба тарафдории лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» овоз диҳед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Насрулло Маҳмудов дода мешавад.

Насрулло МАҲМУДОВ: Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади танзими муносибатҳое, ки дар ҷараёни ташкил ва фаъолияти арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ ба миён меоянд, таҳия ва пешниҳод шудааст.

Дар низоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд қонунҳо тартиби ҳалли баҳсҳоро ба танзим медароранд, ки мавриди амал қарор доранд. Аз ҷумла Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳсҳои гражданиро байни шахсони воқеӣ, Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳсҳоро байни шахсони ҳуқуқӣ ва субъектҳои хоҷагидор ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои ҳакамӣ» баҳсҳои шаҳрвандонро тариқи ғайрисудӣ ба танзим медарорад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» бо созиши тарафҳо баҳсҳои аз муносибатҳои шартномавӣ ва дигар муносибатҳои ҳуқуқии гражданӣ, ки ҳангоми амалисозии савдои хориҷӣ ва дигар робитаҳои байналмилалии иқтисодӣ байни субъектони онҳо ба миён меоянд, баррасӣ менамояд, агар яке аз ташкилотҳои тиҷоратии тарафҳо берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ бошад.

Лоиҳаи қонун бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октябри соли 2014 таҳти №2605 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд, ки онҳо лоиҳаи қонуни мазкурро мавриди омӯзиши ҳаматарафа қарор дода, ҷиҳати такмил додани лоиҳа дар маҷмӯъ 171 пешниҳод манзур намуданд.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон лоиҳаи қонуни мазкурро 13 январи соли 2015 дар ҷаласаи васеъ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва бо иштироки директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам М.Раҳимзода пешниҳодҳои манзургардидаро мавриди муҳокима қарор дода, аз онҳо 156-тоашро пурра ва қисман қобили қабул донист.

Бо дарназардошти пешниҳодҳои қабулгардида лоиҳаи қонун такмил ёфта, меъёрҳои он пурра гардида, ҳамзамон лоиҳа аз лиҳози техникаи қонунгузорӣ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ шуд. Аз ҷумла ба лоиҳаи қонун се моддаи нав, яъне моддаи 10, ки тартиби таъсис ва фаъолияти арбитражи якборамалкунандаро муайян мекунанд, моддаи 31, ки номгӯйи ҳуҷҷатҳои ба аризаи даъвоӣ замимашавандаро муқаррар менамояд ва моддаи 47 – меъёри ҳуқуқӣ вобаста ба ҳалномаи арбитражӣ илова шуд. Дар баробари ин, моддаҳои 5, 6, 30 ва 52  пурра таҳрир шуда, қисмҳои алоҳидаи 12 моддаҳои лоиҳаи қонун, яъне  моддаҳои 4, 15, 16, 18, 32, 33, 38, 41, 49, 50, 51 ва 54  дар таҳрири нав ифода ва қисме аз онҳо хориҷ карда шуданд.

Дар баробари муҳокима бо пешниҳоди намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ қисми 1 моддаи 6 дар таҳрири зерин ифода карда шуд: «Арбитражи доимоамалкунанда дар назди Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуда, мақсади асосии фаъолияти он мусоидат намудан ба рушди савдои хориҷӣ ва дигар робитаҳои байналмилалии иқтисодӣ бо шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродии хориҷӣ мебошад». Бо ҳамин дар лоиҳаи қонуни мазкур мақоми таъсисдиҳандаи арбитражи доимоамалкунандаи байналмилалии тиҷоратӣ муқаррар карда шуд.

Лозим ба ёдоварист, ки пас аз воридшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аъзогии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо қабули қонуни мазкур зарурӣ ва саривақтӣ арзёбӣ мешавад, зеро аъзогии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин созмони бонуфузи байналмилалӣ ҷиҳати ҷалби инвеститсияи хориҷӣ барои рушди соҳибкорӣ, пешрафти иқтисодиёти кишвар ва бастани созишномаҳои ҳамкорӣ байни соҳибкорони ватанӣ ва хориҷӣ фазои мусоид фароҳам меорад. Ҳангоми бастани созишнома ё шартномаҳо дар бораи ҳамкориҳои иқтисодӣ тартиби ҳалли баҳсҳои бавуҷудоянда низ яке аз масъалаҳои асосӣ ба ҳисоб меравад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Эҳтиромона хоҳишмандам, ки ба тарафдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун боб ба боб ва модда ба модда ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Насрулло Маҳмудов дода мешавад.

Насрулло МАҲМУДОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2011 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардид, ки дар пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ тарбия намудани онҳо ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд аҳамияти хеле муҳим дорад. Дар қонуни мазкур таълим ҳамчун раванди фаъолияти муштараки падару модар, омӯзгор ва муассисаи таълимӣ баҳри инкишофи шахсият, истеъдод, малака ва қобилияти фикрию ҷисмонии кӯдак арзёбӣ шудааст

Бо мақсади амалӣ намудани талаботи қонуни мазкур аз ҷониби мақомоти давлатӣ, муассиса, ташкилот ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ корҳои зиёди ташвиқотӣ ва тарғиботӣ ба роҳ монда шудааст.

Дар ҳолати иҷро накардан ё тариқи дахлдор иҷро накардани уҳдадориҳои вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд, ки дар қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, падару модар ва омӯзгор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Аз ин лиҳоз, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва пешниҳод гардида, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №2763 аз 12 январи соли 2015 барои омӯзиш ва омода намудани хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани масъулияти падару модар ва дигар субъектони масъул дар таълиму тарбияи фарзанд таҳия гардида, бо пешниҳоди он ба моддаи 174-уми Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон илова ворид карда шуда, минбаъд барои иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълими ноболиғ низ ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар шуда, ҳамзамон дар санксияи модда ҷазои ҷиноятӣ дар намуди ҷаримаро ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо пешбинӣ менамояд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро пурра дастгирӣ намуданд ва ҷиҳати такмилёбии он дар маҷмӯъ нуҳ таклиф пешниҳод гардид, ки онҳо хусусияти имлоӣ ва мутобиқгардонӣ ба техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ дошта, пурра қобили қабул дониста шуданд.

Кумитаи масъул 22 январи соли 2015 бо иштироки намояндагони кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ҷаласаи васеъ гузаронида, пешниҳодҳои қабулшуда дар мувофиқа бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад. Хоҳишмандам, ба тарафдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ.