Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Дар бораи муқовимат ба савдои одамон қонуни мукаммал қабул гардид

№63 (3209) 14.06.2014

DSC_1093

Ёздаҳуми июни соли 2014 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатӣ бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:

1.Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон»

2.Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият».

РАИС:- Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шурӯъ менамоем. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» сухан ба муовини якуми вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқов Абдуманнон Ғаффорович дода мешавад.

Абдуманнон ХОЛИҚОВАбдуманнон ХОЛИҚОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон» ва «Дар бораи расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд.

Дар асоси қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва розигии субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, лоиҳаҳои қонунҳои зикршуда ба як қонун муттаҳид шуда, ба он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» ном гузошта шуд ва айни ҳол лоиҳаи мазкур дар баррасии шумо қарор дорад.

Бо мақсади иҷрои банди 18 Барномаи маҷмӯии мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011- 2013, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011 таҳти №113 тасдиқ шудааст ва таъмини иҷрои зербанди а) банди 1.1 Барномаи ҳамкории давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бо савдои одамон барои солҳои 2014- 2018, ки бо қарори Шӯрои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз 25 октябри соли 2013 тасдиқ шудааст, лоиҳаи қонуни мазкур дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод мегардад.

Раванди ҷаҳонишавӣ дар миқёси олам барои инсоният проблемаҳои нав ба навро ба миён овардааст. Яке аз ин проблемаҳо, ки ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро поймол менамояд, ин ба инсон ҳамчун ашё ва предмети хариду фурӯш муомила кардан мебошад.

Дар даҳсолаҳои охири асри гузашта зиёдшавии ҳодисаҳои савдои одамон ҷомеаи ҷаҳониро водор намуд, ки бо мақсади таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва пешгирӣ  аз ин зуҳуроти номатлуб 15 ноябри соли 2000 Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ ва Протокол оид ба пешгирӣ ва рафъи хариду фурӯши одамон, хусусан занон ва кӯдакон ва ҷазо барои онро, ки иловаи Конвенсияи зикргардида мебошад, қабул намояд.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 майи соли 2002 Конвенсияи мазкур ва протоколҳои иловагӣ ба онро тасдиқ намудааст. Таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонун аз ҷониби дигар барои мутобиқ намудани меъёрҳои қонун ба Конвенсия ва Протоколи иловагӣ ба он ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ ба миён омад.

Савдои одамон аз рӯйи дараҷаи фоиданокӣ дар фаъолияти ҷинояткории муташаккилона баъди гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва силоҳ ҷойи сеюмро ишғол менамояд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки дар миқёси ҷаҳонӣ ҷинояткорон аз савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд ҳар сол зиёда аз 30 миллиард доллари америкоӣ фоида ба даст меоранд. Шумораи онҳое, ки ба ин кирдори номатлуб даст мезананд, сол ба сол зиёд мешаванд. Аз рӯйи ҳисоботи Департаменти давлатии ИМА соли 2013 дар ҷаҳон шумораи гунаҳкорони савдои одамон нисбат ба соли 2012- ум 20 фоиз зиёд гардидааст.

Мувофиқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2010- ум 531, соли 2011- ум 512, соли 2012- ум 522 ва дар соли 2013- ум 680 ҷинояти марбут ба савдои одамон ба қайд гирифта шудааст.

Аз нишондиҳандаҳо бармеояд, ки сатҳи ин қабил ҷиноятҳо сол аз сол дар ҷумҳурӣ боло меравад. Агар дар соли 2010- ум 531 ҷиноят ба қайд гирифта шуда бошад, пас дар соли 2013 он ба 680 адад расидааст, ки нисбат ба соли 2010- ум 149 адад зиёд мебошад.

Тавре аз ин ҳисоботҳо бармеояд, доираи амалҳои афроди ҷинояткори ба савдои одамон машғул рӯз аз рӯз васеъ гардида, амнияти давлату ҷомеа, осудагии ҳаёт, инчунин ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро халалдор менамоянд ва бешубҳа, боиси зиёд шудани қурбониёни савдои одамон мегарданд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъсис ва фаъолияти муътадили муассисаҳои махсусгардонидае, ки ҷабрдидагони савдои одамонро дастгирӣ менамоянд ва ба онҳо кӯмак мерасонанд, заминаҳои ташкилию ҳуқуқиро муҳайё намудааст. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2007 таҳти рақами 100 «Қоидаҳои таъсиси марказҳои дастгирӣ ва кӯмак ба ҷабрдидагони савдои одамон» тасдиқ шудааст.

Тибқи ин санад, дар қаламрави ҷумҳурӣ якчанд марказҳои дастгирӣ ва кӯмак ба ҷабрдидагони савдои одамон таъсис ёфт. Аз ҷумла марказҳои зикршуда дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, ки аз ҷониби Созмони Байналмилалии Меҳнат маблағгузорӣ мешавад, барои дастгирӣ ва кӯмаки калонсолон пешбинӣ гардидаанд. Инчунин бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи  маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд барои қурбониёни ноболиғ Маркази дастгирӣ таъсис шудааст.

Ғайр аз ин, дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Созмони Байналмилалии Меҳнат Маркази «Хадамоти дастгирии духтарон» таъсис ёфтааст. Маркази мазкур барои дастгирии духтарони аз синни 10 то 18 -сола, ки қурбони хушунат, истисмор ва савдои одамон гардидаанд ё ин хатар ба онҳо таҳдид менамояд, пешбинӣ гардидааст.

Тибқи маълумоти Созмони Байналмилалии Меҳнат, дар соли 2012 шумораи қурбониёни савдои одамон дар миқёси ҷаҳон ба 27 миллион нафар расидааст. Аз ин нишондод шумораи бештари қурбониёни савдои одамонро занону кӯдакон ташкил медиҳанд, ки дар натиҷаи меҳнати маҷбурӣ, одамрабоӣ, фоҳишагӣ ва истисмор қурбонии савдои одамон гардидаанд.

Таҳлили муқоисавии вазъи ҷинояткорӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки ҷинояткорон бо мақсади раҳо ёфтан аз ҷазо мунтазам тарзу усулҳо ва механизмҳои нави содиркунии ҷиноятро дар фаъолияти худ истифода мебаранд. Бинобар ин, мо бояд доимо меъёрҳои қонунро вобаста ба вазъи бамиёномада ва таҷрибаи пайдогардида бо мақсади таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон такмил диҳем.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» аз муқаддима, 9 боб ва 48 модда иборат мебошад.

Боби 1 «Муқаррароти умумӣ» ном дошта, моддаҳои 1- 4-ро дар бар мегирад, ки дар онҳо мақсад ва вазифаҳои қонуни мазкур, мафҳумҳои асосӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон пешбинӣ шудаанд.

Боби 2- юми лоиҳаи қонун «Асосҳои ташкилии муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» ном дошта, аз моддаҳои 5 то 18- ро дар бар мегирад, ки онҳо масъалаҳои низоми муқовимат, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, субъектҳои давлатие, ки бевосита муқовимат ба савдои одамонро амалӣ менамоянд ва ваколатҳои онҳо, салоҳияти субъектҳои дигари давлатӣ, ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои давлатӣ, фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, фаъолияти мутақобилаи мақомоти давлатӣ бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон, мониторинги вазъият, банақшагирӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба муқовимат ба савдои одамон, ташкили комиссияи байниидоравӣ ва комиссияҳои минтақавӣ ва воҳидҳои махсусгардонидашуда оид ба муқовимат ба савдои одамон, инчунин ташкили махзани ягонаи иттилоотии маълумот дар бораи ҷиноятҳо дар самти муқовимат ба савдои одамонро ба танзим даровардаанд.

Боби 3- «Асосҳои ҳуқуқии эътироф намудан ва додани мақоми ҳуқуқӣ ба қурбонии савдои одамон» моддаҳои аз 19 то 25- ро дар бар гирифта, дар он вазъи ҳуқуқӣ, тартиби додани мақоми ҳуқуқӣ, махфӣ будани маълумот, ҳуқуқи қурбонии савдои одамон, ки бо парвандаҳои ҷиноятии марбут ба ҷиноятҳо дар самти савдои одамон ба сифати ҷабрдида ё шоҳид эътироф шудааст, кафолатҳои махсуси мурофиавии ҳифзи ҳуқуқҳои ҷабрдидагон аз ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти савдои одамон, чораҳои амниятӣ нисбати ҷабрдидагон ва шоҳидон аз рӯйи парвандаҳои ҷиноятӣ оид ба ҷиноятҳо дар ин самтро ба танзим даровардааст.

Боби 4 бо номи «Расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» моддаҳои аз 26 то 32- ро дар бар мегирад. Боби мазкур тартиби ҷуброн намудани зарар, мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоӣ, таъсиси муассисаҳои махсусгардонидашуда ва фонди давлатӣ оид ба расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон ва тартиби баргардонидани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро, ки қурбонии савдои одамон гардидаанд, муайян менамояд.

Боби 5 «Хусусиятҳои расонидани кӯмак ба кӯдакон- қурбониёни савдои одамон» ном дошта, моддаҳои 33 ва 34-ро оид ба хусусиятҳои мақоми ҳуқуқии кӯдакон- қурбониёни савдои одамон ва тартиби хабар додан дар бораи кӯдакон- қурбониёни савдои одамонро дар бар мегирад.

Боби 6- уми лоиҳаи қонун «Пешгирии савдои одамон» номгузорӣ шуда, ташкили механизми татбиқи чораҳои профилактикӣ оид ба пешгирии савдои одамон, сиёсати иттилоотӣ ва таълимии  давлат дар самти муқовимат ба савдои одамон, инчунин пешниҳоди ҳатмии иттилоот вобаста ба ҳолатҳои ба савдои одамон  алоқамандро ба танзим даровардааст.

Боби 7 «Ҳамкории байналми-лалӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон» ном дошта, асосҳои ҳамкории байналмилалӣ, ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалии давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамонро пешбинӣ менамояд.

Боби 8- уми лоиҳаи қонун «Ҷавобгарӣ барои ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти савдои одамон» намуд ва принсипҳои ҷавобгарии ҳуқуқӣ, ҷавобгарии шахсони ҳуқуқӣ, ҷавобгарии воситаҳои ахбори омма барои паҳн намудани маводи тарғиботии ҷиноятӣ ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти савдои одамон, роҳ надодани истифодабарии шабакаҳои алоқаи истифодаи умум барои содир намудани ҷиноятҳо дар ин самтро ба низом даровардааст.

Боби 9- уми лоиҳаи қонун  бо номи «Муқаррароти хотимавӣ»  масъалаҳои ҷавобгарӣ барои вайрон кардани муқаррароти ҳамин қонун, дар бораи беэътибор донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон» аз 15 июни соли 2004 ва тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкурро муайян менамояд.

Бояд зикр кард, ки аз ҷониби шумо дар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонун ҳамаҷониба баррасӣ гардида, ба он таклифу эродҳо пешниҳод шуд, ки қабули онҳо лоиҳаи қонунро мукаммал намуд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон»-ро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС:- Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Маҳмудов Насрулло Раҳматҷонович дода мешавад.

Насрулло МаҳмудовНасрулло МАҲМУДОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Ҳанӯз даҳ сол муқаддам 15 июли соли 2004 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариду фурӯши одамон» — ро қабул намуда буд, ки он муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба масъалаҳои мубориза бо хариду фурӯши одамон ба танзим медаровард. Дар ин даҳсола Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, доир ба ин масъала якчанд санадҳои ҳуқуқи байналмилалиро ба имзо расонид. Ҳамзамон қонунҳои нави моделии Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ  «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон» ва «Дар бораи расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» қабул шуданд. Намуд ва доираи муносибатҳои ғайриқонунӣ бо одамон на танҳо дар шакли хариду фурӯш, балки дар дигар шаклҳо ба вуҷуд омаданд ва аз доираи танзими  қонуни амалкунанда берун монданд. Ин буд, ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон» ва «Дар бораи расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардиданд, ки онҳо барои хулоса бо қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2013 таҳти №2045 ва №2046 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буданд.

Лоиҳаҳои қонунҳои мазкур аз рӯи мавзӯи танзим бо ҳамдигар дар ҳамбастагии зич қарор дошта, муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамонро ба танзим медароранд. Аз ин лиҳоз, бо розигии намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва пешниҳоди кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қонун муттаҳид карда шуданд ва он ҳамчун Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» ҳоло дар баррасии шумо қарор дорад.

Қабл аз ҳама мехостам оид ба вожаҳои «муқовимат», «савдои одамон», «кӯмак» ва «қурбониёни савдои одамон», ки дар номи қонун истифода шудаанд, мулоҳизаҳоямро иброз намоям, зеро дар хулосаҳои аксарияти кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иваз кардани ин вожаҳо ба калимаҳои «мубориза», «хариду фурӯш», «ёрӣ» ва «ҷабрдида» пешниҳодҳо зиёд буданд.

Зери вожаи «муқовимат» фаъолиятро оид ба огоҳонидан, ошкор намудан, пешгирӣ кардан ва ба ҳадди ақал расонидани оқибатҳои ин ё он амал фаҳмида мешаванд.

Мафҳуми «савдои одамон» нисбат ба хариду фурӯши одамон маънои васеъ дошта, дар баробари хариду фурӯши одамон анҷом додани дигар аҳдҳои ғайриқонуниро нисбат ба одамон, ки дар онҳо одам, ҳамчун объекти моликият баромад мекунад, дар бар мегирад ва ҳамзамон бояд зикр кард, ин истилоҳ, яъне «савдои одамон» дар Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ истифода шудааст.

Мафҳуми  «қурбониёни савдои одамон» дар лоиҳаи қонуни мазкур ҳамчун шахси воқеии аз савдои одамон зарардида, аз ҷумла ба савдои одамон ҷалбшуда ё дар вазъияти ноилоҷӣ нигоҳдошташаванда, сарфи назар аз вазъи мурофиавии ӯ, инчунин мавҷуд будан ё набудани розигии ӯ барои интиқол, пинҳон кардан, супоридан, фурӯш, истисмор ва дигар ҳаракатҳое, ки ба савдои одамон вобастаанд, фаҳмида мешаванд ва ин нисбат ба ҷабрдида мафҳуми васеътар аст. Ҷабрдида ҳамчун шахси мурофиавӣ танҳо дар парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ буда метавонад.  Аммо «қурбонии савдои одамон» шахсе низ буда метавонад, ки берун аз парвандаи ҷиноятӣ ё маъмурӣ буда, шахси мурофиавӣ намебошад. Аз ин лиҳоз, дар лоиҳаи қонун вожаи «қурбонии савдои одамонро» истифода шудааст, то ки манфиатҳои ҳамаи ин шахсон таҳти ҳимояи қонун қарор гирад.

Дар зери мафҳуми «расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» бошад, маҷмӯи чораҳои аз ҷониби давлат кафолатдодашудаи ҳифзи қурбониёни савдои одамон, мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии онҳо, аз ҷумла ба онҳо расонидани кӯмаки равонӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, тиббӣ ва дигар намудҳои  кӯмакҳо фаҳмида мешаванд.

Ҳамин тариқ, қонуни муҳокимашаванда асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба савдои  одамон, системаи чораҳо оид ба ҳифз, расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон ва тавонбахшии онҳоро муқаррар карда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамонро танзим менамояд.

Лоиҳаи қонуни мазкур фаъолияти 19 мақомот ва ташкилотҳои давлатӣ, аз ҷумла шаҳрвандонро ба танзим медарорад, ки онҳо панҷ мақомот, яъне мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, субъекти бевоситаи амаликунанда ва боқӣ 14 ташкилоти давлатӣ, ҳамчун субъектҳои дигари амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон мебошанд. Ҳамзамон қонун меъёрҳои ҳуқуқиро оид ба ҳамкории ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатиро бо субъектҳои амаликунандаи муқовимат ба савдои одамонро ба танзим медарорад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қонунҳои мазкурро мавриди омӯзиши ҳаматарафа қарор дода, онҳоро ҷонибдорӣ намуда, дар маҷмӯъ 359 пешниҳод ҷиҳати такмил додани лоиҳаҳо ирсол намуданд, ки аз онҳо 313-то пурра ва қисман қобили қабул дониста шуда, 46-тои дигараш қабул нагардид.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон лоиҳаи қонуни мазкурро 6 июни соли 2014 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ мавриди муҳокима қарор дод.

Бо дарназардошти пешниҳодҳои қабулшуда, ҳамзамон омӯзиши қонунҳои моделии Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил лоиҳаи муттаҳидкардашудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» такмил дода шуд.

Дар натиҷаи якҷоя кардани лоиҳаҳо 15 моддаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» пурра ба лоиҳаи қонуни муттаҳидшуда ворид шуда, даҳ модда ба он қисман муттаҳид карда шуд.

Ҳамзамон рақамгузорӣ, ҷобаҷогузорӣ ва номгузории моддаҳо ва бобҳо дигар карда, лоиҳаи қонуни якҷоякардашуда, яъне лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» аз 9 боб ва 48 модда иборат буда, он ба техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ гардонида шуд. Қонуни мазкур асосҳои ташкилии муқовимат ба савдои одамон, асосҳои ҳуқуқии эътироф намудан ва додани мақоми ҳуқуқии қурбониёни савдои одамон, расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон, хусусияти расонидани кӯмак ба кӯдакон- қурбониёни савдои одамон, масъалаҳо оид ба пешгирии савдои одамон, ҳамкории байналмилалӣ дар самти муқовимат ба савдои одамонро ба танзим дароварда, инчунин меъёрҳоро оид ба ҷавобгарӣ барои ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти савдои одамон муқаррар мекунад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кӯмак ба қурбониёни савдои одамон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз шумо хоҳишмандам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Вобаста ба ин масъала  баромад ё таклифу пешниҳод доред?

ШабдоловШодӣ ШАБДОЛОВ:- Қабули чунин қонуни мукаммал зарурат дорад, зеро ҳанӯз ҳам ҳолатҳои  савдои одамон ҷой доранд. Қочоқбарон ҳангоми хариду фурӯши маводи мухаддир ҳатто кӯдакони худро ба гарав мемонанд. Касе ҳақ надорад, ки ҳуқуқи дигар нафар, аз ҷумла кӯдакро, поймол намояд.

Шахсоне ҳастанд, ки бо роҳи фиреб занону  духтаронро ба хориҷи кишвар бурда, ҳамчун манбаи даромад истифода мебаранд. Бисёрии онҳо дар ҳолати ғуломӣ қарор доранд ва зиндонӣ низ мешаванд.

Барои пешгирии чунин ҳолатҳои номатлуб назоратро пурзӯр намудан лозим аст. Мақомоти дахлдори давлатӣ бояд ҳодисаҳои савдои одамонро ошкору  пешгирӣ намояд. Ҷонибдори қонуни мазкур мебошам.

Лоиҳаи қонун модда ба модда ва боб ба боб ба овоз монда, қонун яклухт қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС:-  Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият» сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва  амният Азимов Амирқул Насимович дода мешавад.

АЗИМОВАмирқул АЗИМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Барои пешрафти ҳар як ҷомеа ба танзим даровардани муносибатҳои дар он мавҷуда яке аз заминаҳои асосист.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият», ки пешниҳоди шумо мегардад, бо дарназардошти меъёр ва принсипҳои қонунгузории байналмилалӣ, таҳия гардидааст.

Лоиҳаи қонун бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Азимов, С. Холов, А. Иномов ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст ва он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 2013 барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни пешни-ҳодгардида айни замон дар низоми қонунгузории як қатор кишварҳои аъзои ИДМ, аз ҷумла дар Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Беларус амал карда, оид ба пешбурди сиёсати давлатӣ дар ин самт ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ натиҷаи мусбӣ додааст.

Мақсад аз таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур муқаррар намудани намудҳои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, инчунин асосҳои ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан ва нобуд кардани ин ҳуҷҷатҳо мебошад.

Лоиҳаи қонуни мазкур ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсони воқеиро, ки ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияташон ба расмият дароварда шудаанд, ҳамчунин рӯйхати пурраи маълумот ва ишораҳои дар онҳо зикршударо муқаррар намуда, баҳри минбаъд пешгирӣ кардани риояи талабот оид ба расмиятдарории чунин ҳуҷҷатҳо имконият медиҳад.

Дар ин лоиҳаи қонун номгӯи мақоми ваколатдори давлатие, ки ҳуқуқи коргузорӣ бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро доранд, муайян шудаанд.

Ҳамзамон тартиби ивазкунии шиносномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ба ҳуҷҷатҳои намунаи нав, ки ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад, барои мутобиқгардонии миқдори намудҳои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият шароити мусоид фароҳам оварда, тартиб ва ба расмиятдарории ягонаи ҳисоби муҳоҷирати аҳолиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин танзими равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва демографиро пешбинӣ менамояд.

Аз ин лиҳоз, лоиҳаи қонун имкон медиҳад, ки барои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки бо ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият алоқаманданд, заминаи зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда шавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур аз 5 боб ва 36 модда иборат мебошад. Дар муқаддимаи лоиҳа мақсади қабули қонун муайян гардида, дар боби 1 маҳфумҳои асосии истифодашаванда, асосҳои ҳуқуқии қонун, принсипҳои танзими ҳуқуқии ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектони ин муносибатҳо дарҷ ёфтаанд.

Дар боби 2-юми лоиҳаи қонун салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият муайян гардидааст.

Боби 3 танзимкунандаи муносибатҳо вобаста ба намудҳои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият буда, талабот ба онҳо, асосҳои додани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, барқарорсозии ин ҳуҷҷатҳо, тартиби беэътибор донистан, иваз ва супоридани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, инчунин гирифтан ва истифодаи чунин ҳуҷҷатҳоро муқаррар менамояд.

Дар боби 4 масъалаҳо оид ба асосҳои ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан, нобуд кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва муҳлатҳои додани онҳо мавриди танзим қарор дода шудааст.

Боби 5, ки «Муқаррароти хотимавӣ» номгузорӣ шудааст, инҳисори (монополияи) давлатӣ дар соҳаи тайёр намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба истифодаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонун ва мавриди амал қарор додани онро танзим намудааст.

Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кумитаи масъул 104 таклифу пешниҳод ворид гардид, ки аз онҳо 73 таклиф пурра ва 24 таклиф қисман қабул гардида, ҳафт таклифи дигар қобили қабул ҳисобида нашуд.

Ҳамзамон аз шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иловатан шаш таклиф оид ба мукаммал намудани лоиҳаи қонуни зикршуда пешниҳод карда шуд, ки онҳо пурра дастгирӣ ёфтанд.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният масъалаи зикргардидаро 24 майи соли 2014 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ мавриди муҳокима қарор дод.

Кумитаи масъул ба хулоса омад, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият», бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳои қабулгардида, ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала  сухан ба муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Умарзода Икром Ислом дода мешавад.

Икром УМАРОВУМАРЗОДА Икром Ислом: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Тавре дар суханронии худ раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, муҳтарам Азимов Амирқул Насимович зикр карданд, мақсади таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур муқаррар намудани намудҳои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, инчунин асосҳои ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан ва нобуд кардани ин ҳуҷҷатҳо мебошад.

Лоиҳаи қонуни мазкур аз 5 боб ва 36 модда иборат мебошад. Дар моддаи 8 боби 2 лоиҳаи қонуни мазкур ваколатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дода шудааст.

Тибқи моддаи мазкур, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор аст, ки намуна, қоидаҳо ва тартиби барасмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан, нобуд кардан ва ҳифзи ҳуҷҷатҳои зерини тасдиқкунандаи шахсиятро амалӣ намояд.

Аз ҷумла:

- шиносномаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-шиносномаи умуми-шаҳрвандии хориҷии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд;

- шаҳодатномаи муваққатии паноҳҷӯянда;

- шаҳодатномаи гуреза;

- гувоҳномаи иқомат барои шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- гувоҳномаи иқомат барои шахси бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки  ҳуҷҷат оид ба гирифтани ҳуқуқи зисти доимӣ дар хориҷи кишварро гирифтаанд, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ва дар ҳолати аз тарафи онҳо гирифтани шаҳрвандии дигар давлат, шиносномаҳояшон бозпас гирифта мешавад.

Инчунин мақомоти корҳои дохилӣ дигар ваколатҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.

Дар моддаи 12 боби 3 лоиҳаи қонуни мазкур рӯйхати пурраи маълумот ва ишораҳое, ки дар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи зикргардида сабт мешаванд, пешбинӣ гардидааст. Муқаррароти мазкур барои муайянкунии шахсияти шахсони воқеӣ ва пешгирӣ кардани риоя нагардидани талабот оиди барасмиятдарории чунин ҳуҷҷатҳо имконият медиҳад.

Инчунин дар моддаи 13-уми лоиҳаи қонун талабот нисбат ба шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар моддаи 16 нисбат ба шиносномаи умумишаҳрвандии хориҷии шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар моддаи 19 вобаста ба шиносномаи муваққатии паноҳҷӯянда, дар моддаи 20 шаҳодатномаи гуреза, дар моддаи 23 гувоҳномаи иқомат  барои шаҳрванди хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар моддаи 24 гувоҳномаи иқомат барои шахси бешаҳрванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардидаанд, ки минбаъд Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалишавии меъёрҳои мазкурро ба роҳ мемонад.

Лоиҳаи қонуни мазкур баъди қабул ва амалӣ гаштан имкон медиҳад, ки барои танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, ки ба расмият даровардан, додан, иваз кардан, барқарор намудан, беэътибор донистан, супоридан, гирифтан ва нобуд кардани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият алоқаманданд, заминаи зарурии ҳуқуқӣ муҳайё намояд.

Итминони комил дорем, ки қабули қонуни мазкур ба мақомоти дахлдор имконият медиҳад, ки фаъолияти худро дар ин самт бомуваффақият ва дар сатҳи зарурӣ амалӣ намоянд.

Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Ҳакимов Мироҷиддин Дӯстмуродович дода мешавад.

ҲАКИМОВ ММироҷиддин ҲАКИМОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони гиромӣ!

Дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои шахс муқаддас эълон карда, мафҳум, мазмун ва моҳияти шахсият ва инсон, ки аз он бевосита институти шаҳрвандӣ манша мегирад, муқаррар шудааст. Гарчанде аз қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб 20 сол сипарӣ гардида бошад ҳам, то ҳанӯз қонуни алоҳидае, ки тартиби ба расмият даровардан, додан, иваз намудан, супоридан, гирифтан, нобуд кардан ва умуман гардиши ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсиятро ба танзим медароранд, қабул нашуда буд.

Масъалаҳои мазкур бо якчанд санадҳои зерқонунӣ, бахусус қарорҳо, низомнома ва фармонҳо ба тартиб дароварда мешуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур қадами аввалин дар амри ба вуҷуд овардани заминаи ҳуқуқӣ ва ба ин васила бо қонун мушаххасан муайян намудани номгӯйи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ва талаботи ба онҳо пешниҳодшаванда, ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон, ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар ин замина, расмиёт ва гардиши ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият мебошад.

Зикр кардан ҷоиз аст, ки ҳар як инсон аз рӯзи аввали таваллуд то ба охири умр якчанд давраи ҳаётро тай менамояд ва ҳамчун аъзои ҷомеа мансубияти ӯ ба ин ё он давлат, вазъи ҳуқуқӣ, бахусус қобилияти ҳуқуқдорӣ ва амалкунии ӯ, инчунин иштирокчии бевоситаи муносибатҳои ҷамъиятӣ будани номбурда, танҳо бо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият муқаррар карда мешавад. Дар ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, ҳамчун объекти моддии намунааш тасдиқшуда иттилооти зарурӣ вобаста ба маълумоти фарди шахси воқеӣ сабт гардида, он имконият медиҳад, ки вазъи ҳуқуқии соҳиби он бо мақсади айнияткунонии шахсияташ истифода шавад.

Дар ин замина, ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият ягона воситаи амалӣ намудани институти шаҳрвандӣ буда, танҳо мавҷудияти он ба шахс имконият медиҳад, ки иштирокчии бевоситаи муносибатҳои ҷамъиятӣ гардад. Умуман, бо истифода аз ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият шумораи аҳолии ҳар як кишвар ва дар маҷмуъ сиёсати дохилӣ ва берунии ҳар як мамлакат дар алоҳидагӣ, муайян карда мешавад.

Қабули қонуни мазкур номгӯйи пурраи намудҳои ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрвандро дар шакли шиноснома, шаҳодатнома ва гувоҳнома муайян намуда, асосҳои бунёдии гардиши онҳоро муқаррар менамояд, ки он дар додан, барқароркунӣ, беэътиборӣ (иваз намудан ва супоридан), гирифтан ва истифодаи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият ифода меёбад.

Инчунин бо қабули ин қонун тайёр намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият, ҷамъоварӣ ва пешбурди махзани маълумот якҷоя шуда, низоми омодасозии ҳуҷҷатҳо, автоматикунонии корҳои баҳисобгирии раванди муҳоҷират, таҳия ва ҳамроҳкунии маводи барномавӣ-техникӣ барои мақомоти корҳои дохилӣ ҳамчун монополияи давлатӣ мансуб дониста шудааст, ки он воситаи иловагӣ, таъмини кафолати давлатӣ дар қисми ҳифзи ҳаёти  шаҳрвандон мебошад.

Ҳамин тавр, лоиҳаи қонуни мазкур яке аз фишангҳои асосии амалигардонии ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии шаҳрвандон ба шумор рафта, ба пешгирӣ ва бартараф намудани ҳар гуна зуҳуроти номатлуб дар раванди гирифтани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият равона гардида, ба беҳтар шудани сатҳу сифати фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва шаффофияти он таъсири мусбӣ расонида метавонад.

Эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият»-ро тарафдорӣ намуда, барои қабули он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун модда ба модда ва боб ба боб ба овоз монда, қонун яклухт қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ