Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№47 (3032) 16.04.2013

DSC_132715 апрели соли 2013 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзномаи ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Масъалаҳои нахустини рӯзнома — «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» ва «Дар хусуси Конвенсияи қолабии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ оид ба мубориза бар зидди тамоку»-ро раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия С.Раҷабов, оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон М.Ҷабборова, оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният А.Азимов ва муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Б.Қурбонов ба муҳокимаи аъзои Шӯро пешниҳод намуда, шарҳ доданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти пешниҳоду эродҳои баёнгардида, аз рӯйи масъалаҳои мазкур таври алоҳида қарорҳо қабул карда, ин масъалаҳоро ҷиҳати баррасӣ ба ҷаласаи Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум пешниҳод намуд.

Мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон У.Охунов масъалаи навбатии рӯзнома- «Дар бораи Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъминоти муҳандисии қувваҳои мусаллаҳи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил»-ро ба муҳокимаи аъзои Шӯро манзур намуда, тавзеҳ дод.

Тибқи муқаррароти қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи мазкур барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин барои гузаронидани экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Доир ба масъалаи зерини рӯзнома – «Дар хусуси таъсис додани гурӯҳи корӣ оид ба интишор намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар таҳрири нав» қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои охирини рӯзнома — «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» таври алоҳида қарорҳо қабул кард.

 

Ҷумъахон НАБОТОВ,

 «Садои мардум»

Суратгир А.ИСОЕВ