Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№112 (3258) 27.09.2014

DSC_0642

26 сентябри соли  2014 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров  ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Доир ба тасдиқи  рӯзномаи ҷаласаи Шӯро қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Масъалаҳои зерини рӯзнома — «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» ва  «Дар бораи  Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати дорои масъулияти маҳдуди сармоягузорӣ ва рушди «ХЕЛИ»-и шаҳри Дунъини Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи сохтмон ва ба истифода додани  корхонаи коркарди нафт дар Минтақаи озоди  иқтисодии «Данғара» — ро раисони кумитаҳои  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният А. Азимов, оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Л. Саидмуродов, оид ба иқтисод ва молия С. Раҷабов  ба баррасии аъзои Шӯро пешниҳод намуда, шарҳ доданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи масъалаҳои мазкур, бо дарназардошти эроду пешниҳодҳои баёнгардида, қарорҳои алоҳида қабул кард. Мутобиқи муқаррароти ин қарорҳо масъалаҳои номбурда ба баррасии Иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум пешниҳод шуданд.

Бо қарорҳои Шӯрои  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои рӯзнома — «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати содирот», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм»,  «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»,«Дар бораи  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фондҳои ғайридавлатии нафақа», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани  иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи гаравхона (ломбард)», «Дар бораи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкории молиявӣ барои солҳои 2012-2013 ва чорабинии махсус оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар доираи маблағҳои махсуси молиявии Фонди энергетикӣ ва иқлимӣ (ФЭИ)», «Дар бораи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Федеративии Германия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкории техникӣ барои солҳои 2012-2013 ва чорабинии махсус оид ба мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар доираи Фонди энергетикӣ ва иқлимӣ (ФЭИ)», «Оид ба Созишнома дар бораи пешниҳод намудани грант байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи фаръии давлатии коммуналии «Хоҷагии манзилию  коммуналӣ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва  Рушд вобаста ба пешниҳоди  гранти инвеститсионӣ аз ҳисоби Фонди махсуси саҳомии БАТР ҷиҳати татбиқи лоиҳа оид ба беҳтар намудани идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Қӯрғонтеппа ва минтақаҳои атрофи он» ва «Дар бораи Созишномаи қарзӣ ва лоиҳа оид ба идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Қӯрғонтеппа байни Корхонаи давлатии фаръии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ»-и шаҳри Қӯрғонтеппа, Корхонаи воҳиди давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд» барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷиҳати пешниҳоди хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.

Тибқи қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум рӯзи якуми октябри соли 2014 соати 1000 даъват карда мешавад. Ҳамзамон  «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи якуми Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Ҷумъахон НАБОТОВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин  ИСОЕВ