Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№136 (3282) 18.11.2014

17 ноябри соли 2014 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Баъд аз қабули Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тасдиқи рӯзномаи ҷаласаи Шӯро муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия С.Гулов масъалаҳои рӯзнома – «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015», «Дар бораи лоиҳаи Барномаи давлатии қарзгирии берунаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017»  ва «Дар бораи лоиҳаи Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015»-ро ба муҳокимаи аъзои Шӯро пешниҳод намуда, таври муфассал шарҳ дод.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи масъалаҳои муҳокимагардида қарорҳои алоҳида қабул намуд ва ин масъалаҳо барои баррасӣ ба ҷаласаи Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум пешниҳод гардиданд.

Оид ба масъалаи навбатии рӯзнома – «Дар бораи доир намудани муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба татбиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 октябри соли 2011  №460 «Дар бораи Стратегияи миллии муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа барои солҳои 2011-2015» Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Мутобиқи муқаррароти қарорҳои қабулнамудаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои зерини рӯзнома – «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»,  «Оид ба Созишномаи кафолатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии         НБО-и Қайроққум», «Дар бораи Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум», «Оид ба Созишномаи қарзӣ байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум»,  «Оид ба Созишномаи қарзии имтиёзнок байни ШСХК «Барқи Тоҷик» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд оид ба лоиҳаи «Барқарорсозии НБО-и Қайроққум» ва «Дар бораи Созишномаи грантӣ оид ба кӯмаки техникӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд вобаста ба дастгирии Лоиҳаи «Пешгирии гузаштани ВИЧ/СПИД аз модар ба кӯдак дар Тоҷикистон» барои хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷиҳати пешниҳоди хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуданд.

Қарорҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба масъалаҳои охирини рӯзнома — «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» ва  «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» қабул гардиданд.

Ҷумъахон НАБОТОВ, «Садои мардум». Суратгир  Аҳлиддин ИСОЕВ