Дастгирии давлатҳое, ки сатҳи камбизоатӣ баланд аст, вусъат меёбад

№143 (3289) 29.11.2014

IMG_1204

Рӯзҳои 19-21 ноябри соли равон бо ибтикори Ташкилоти озуқа ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) ва Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар қароргоҳи ФАО дар шаҳри Рими Италия Конференсияи дувуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои маводи хӯрока баргузор гардида буд, ки дар кори он муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирганд Шабозов иштирок ва суханронӣ кард. Мирганд Шабозов зимни баромадаш зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва дастрасии аҳолӣ ба маводи хӯрокаи босифат тамоми чораҳоро андешидааст. Номбурда ҳамчунин афзуд, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ сатҳи камбизоатӣ дар кишвари мо бамаротиб поён рафта, иқтисодиёт дар марҳилаи рушд қарор дорад. Мирганд Шабозов аз кишвари аграрӣ будани Тоҷикистон ёдовар шуда, зикр намуд, ки бештар аз 70 фоизи аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ менамоянд ва ба маводи хӯрокаи аз ҷиҳати экологӣ тоза ва хушсифат дастрасии комил доранд.

Бояд гуфт, ки   якумин Конференсияи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои маводи хӯрока соли 1992 баргузор гардид буд. Имсол дувумин чунин конференсия баргузор шуда, дар он  асосан  масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар тамоми ҷаҳон баррасӣ гардид. Қарор шуд, ки минбаъд Конференсияи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои хӯрока ҳар 5-6 сол баргузор гардида, аз ҷониби ФАО (Ташкилоти умумиҷаҳонии озуқа ва кишоварзӣ) ба давлатҳое, ки сатҳи камбизоатӣ дар онҳо ниҳоят баланд аст, кумаки амалӣ расонида шавад. Дар ин зимн Мирганд Шабозов ташкилотҳои донориро даъват намуд, ки барои боз ҳам пасттар намудани сатҳи камбизоатӣ  ба кишвари мо таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳама гуна сармоягузориҳо заминаи мусоид фароҳам буда, дар ин раванд якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва барномаҳои давлатӣ қабул шудаанд.

Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки дар кори Конференсияи дувуми байналмилалӣ оид ба масъалаҳои хӯрока 2500  нафар аз 200 кишвари ҷаҳон иштирок намудаанд. Пеш аз шурӯъ шудани кори конференсия намояндагони парлумонҳои кишварҳои иштирокчиро роҳбари Парлумони Испания қабул намуд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар чорабинии зикршуда, ки дар сатҳи бисёр баланд баргузор гардид,  аз намояндагони давлатҳои Осиёи Марказӣ танҳо ба Мирганд Шабозов сухан дода шуд.

Ш. АТОБУЛЛОЕВ,«Садои мардум»