Вакил ва интихобкунанда

Дастурамали муҳим барои фаъолияти минбаъда

№60-61 (3045-3046) 21.05.2013

Тайи бештар аз даҳ рӯз дар шаҳри Ваҳдат ва деҳоти он бо иштироки вакилони  Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, олимону адибон вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон суҳбату мулоқотҳо идома ёфтанд. Аз ҷумла чунин ҷамъомад дар деҳоти «Гулистон» доир гардид, ки дар он раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Убайдулло Давлатов, раиси Кумитаи иҷроияи ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Қурбон Восеъ, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат Раҷабмурод Ҷалилов  ва намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат иштирок доштанд. Баъди баёни нуктаҳои асосии Паём номбурдагон ба суолҳои аҳли нишаст посух доданд.

Дар мулоқоте, ки  дар деҳоти «Абдулло Абдулвосиев» баргузор гардид, намояндагони соҳаҳои маориф, фарҳанг, тиб, имомхатибон, ҷавонон, раисони маҳаллаҳо, кишоварзон ширкати фаъол доштанд. Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Убайдулло Давлатов  вобаста ба нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳи муфассал пешниҳод карда, онро баҳри пешрафти минбаъдаи ҷомеаи кишвар ва некуаҳволии мардум дастурамали муҳим арзёбӣ кард. Дар рафти мулоқот вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихобкунандагон оид ба фаъолияти парлумони кишвар,  дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат ибрози назар карданд.

Чунин вохӯриву мулоқотҳо дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат, мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, толори Қасри фарҳанги шаҳр, деҳоти «Бозорбой Бурунов» низ баргузор гардиданд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум