Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Доир ба Суди конститутсионӣ, дар бораи судҳо ва оид ба шикор қонунҳои мукаммал қабул гардиданд

№60 (3206) 07.06.2014

DSC_0782

Чоруми июни соли 2014 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатӣ бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд:

1. Оид ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

2. Оид ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»

3. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шикор ва хоҷагии шикор»

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта».

РАИС:- Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Оид ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба Раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмудзода Маҳкам Аъзам дода мешавад.

МахмудовМАҲМУДЗОДА Маҳкам Аъзам: -Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Дар шароити муосир ҳадафи стратегии ҷомеаи навини тоҷикон таҳкими заминаҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ, дунявӣ, таъмини волоияти қонун ва амнияти ҷомеа, таҳкими дастовардҳои истиқлолият, ҳимояи манфиатҳои умумимиллӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

Дар ин замина Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти судиро ҳамчун рукни мустақили давлат эътироф намудааст, ки он бояд баҳри таҳкими қонуният ва таъмини адолати иҷтимоӣ, эъмори минбаъдаи ҷомеаи демократию ҳуқуқбунёд нақши сазовор дошта бошад.

Аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти олии сиёсии кишвар роҳи рушди давлати муосири миллиро дар заминаи эҳтиром гузоштан ба ғояҳои волои демократӣ пеш гирифта, барои ташаккули ҳокимияти судӣ, беҳтар гардонидани шароити моддиву маишии онҳо ва тарбияи мутахссисони соҳибкасби ин соҳа, бо дарназардошти арзишҳои ахлоқиву маънавӣ, худогоҳиву инсондӯстӣ ва эҳтироми қадру манзалати инсонӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонидааст.

Дар асоси талаботи моддаи 10-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати таъмини волоияти меъёрҳои он дар кишвар падидаи нави давлати демократӣ, мақоми махсуси назорати конститутсионӣ- Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.

Бояд зикр кард, ки дар муддати панҷ соли охир ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ду ҳазор муроҷиат ворид шуд. Дар ин муддат тавассути сомонаи Суди конститутсионӣ зиёда аз сад ҳазор нафар шаҳрвандон бо фаъолияти он шинос гардидаанд.

Давоми фаъолияти Суди конститутсионӣ нисбат ба сад дархосту пешниҳоди субъектҳои муроҷиат ба Суди конститутсионӣ парвандаи судии конститутсионӣ оғоз ва вобаста ба онҳо санадҳои дахлдори судӣ қабул шуданд. Бояд зикр кард, ки аз ҷониби Суди конститутсионӣ дар ёздаҳ маврид дар асоси муроҷиати субъектҳои ҳуқуқ меъёрҳои санадҳои мавриди баҳси конститутсионӣ қароргирифта, бинобар ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон номутобиқ буданашон, ғайриконститутсионӣ арзёбӣ шуда, эътибори худро гум карданд.

Бо дарки муҳимияти мавҷудияти ин ниҳоди мустақили судӣ дар давлати демократӣ, дар заминаи чандин ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ самтҳои фаъолияти Суди конститутсионӣ ташаккул ёфта, дар навбати худ ба таҳкими минбаъдаи пояҳои ҳокимияти судӣ мусоидат намуд.

Баҳри таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ ва идома бахшидан ба ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ дар кишвар дар заминаи Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2009 ва 24 апрели соли 2010 Барномаи нави ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013 таҳия гардида, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011 таҳти №976 тасдиқ шуд.

Бо мақсади иҷрои банди 9-уми Барномаи мазкур ва ҷиҳати боз ҳам такмил додани фаъолияти густурдаи Суди конститутсионӣ, бо дарназардошти таҷрибаи судҳои конститутсионии давлатҳои пешқадами дунё, лоиҳаи нави Қонуни конститутстионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия гардида, тибқи моддаи 58 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баррасии Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардид.

Лоиҳаи пешниҳодшуда давоми мантиқии татбиқи принсипи конститутсионии таҷзияи ҳокимияти давлатӣ дар Тоҷикистон, ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ ва табдил додани ҳокимияти судӣ, аз ҷумла Суди конститутсионӣ ба механизми  эътимодноки ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд ва дигар субъектони ҳуқуқ арзёбӣ мегардад.

Аввалин Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 3 ноябри соли 1995  қабул гардид, ки он ба сатҳи донишҳои назариявӣ, консептуалӣ ва амалию ҳуқуқии замони қабулаш пурра мувофиқат дошт.

Баъд аз қабули қонуни  мазкур бо қонунҳои конститутсионӣ ба он 12 маротиба, яъне 132 тағйиру иловаҳо ворид шуданд.

Дар марҳилаи кунунӣ лоиҳаи қонуни конститутсионӣ ба салоҳияти Суди конститутсионӣ беҳбуд бахшида, дар он фаъолияти мурофиавӣ, тартиби татбиқи салоҳият ва таъмини иҷрои санадҳои судӣ ҷиддан мавриди танзим қарор гирифтанд.

Бояд зикр кард, ки дар  рафти  таҳия ба сохтори лоиҳаи қонун, аз ҷумла алоқамандии мантиқӣ ва мавзӯӣ, пайи ҳам омадани бобу моддаҳо ва институтҳои ҳуқуқи моддӣ ва мурофиавӣ, ки бояд ба мазмуни қонуни конститутсионӣ мувофиқ бошанд, аҳамияти ҷиддӣ дода шуд.

Лоиҳаи қонуни конститутсионӣ аз 15 боб ва 86 модда иборат мебошад.

Боби 1-уми лоиҳа «Муқаррароти умумӣ» номгузорӣ шуда, аз 6 модда иборат буда, дар он ба ғайр аз муқаррароти мавҷуда муқаррароти асосӣ ва бунёдии ташкили назорати конститутсионӣ низ пешбинӣ гардидааст. Дар боби мазкур мақсади таъсиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми мустақили ҳокимияти судӣ нишон дода шудааст.

Дар боби 2-юми лоиҳа — «Ҳайати Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тартиби интихоби он» ҳайати Суди конститутсионӣ, тартиби интихоби Раис, муовини Раис, судяҳои Суди конститутсионӣ ва талабот нисбати онҳо, муҳлати ваколати судяҳо ва матни савганди судяи Суди  конститутсионӣ  пешбинӣ гардидааст.

Боби 3-юми лоиҳа — «Вазъи ҳуқуқии судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 5 модда иборат буда, дар он моддаҳо таври мукаммал таҳрир карда шуда, масъалаҳои марбут ба мустақилияти судяҳои Суди конститутсионӣ, дахлнопазирии онҳо,  боздоштани ваколатҳои судяи Суди конститутсионӣ, бозхонд ва истеъфои судяи Суди конститутсионӣ танзим мешаванд.

Боби 4- «Салоҳияти Раис, муовини Раис ва судя-котиби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номгузорӣ шуда, дар онҳо мувофиқан салоҳиятҳои Раис, муовини Раис ва судя-котиби Суди конститутсионӣ инъикос гардидааст.

Боби 5- «Принсипҳои асосии мурофиаи судӣ дар Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» принсипҳои асосии мурофиаи судии конститутсиониро таври мукаммал  мавриди танзим қарор дода, дар қисми 3 моддаи 19 лоиҳаи қонун пешбинӣ гардидааст, ки бо иҷозати Суди конститутсионӣ истифодаи воситаҳои аксбардорӣ, сабти аудио-видеоӣ, пахши ҷараёни мурофиаи судӣ тариқи радио ва телевизион дар рафти мурофиа роҳ дода мешаванд, ки ин меъёр ҳамзамон имконият медиҳад аз рафти баррасии парванда дар Суди конститутсионӣ аҳолии кишвар огоҳ бошанд.

Дар ин боби лоиҳа моддаи 26 «Рад кардан ё худрадкунии судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» моддаи нав мебошад.

Боби 6 — «Иштирокчиёни мурофиаи судӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо» (мод. 27-33) номгузорӣ шудааст. Дар боби 6-уми лоиҳаи қонун дар баробари ҳуқуқу уҳдадории тарафҳо ва намояндагони онҳо, инчунин ҳуқуқу уҳдадории шоҳид, коршинос, мутахассис ва тарҷумон мушаххас мавриди танзим қарор дода шудааст.

Боби 7- «Салоҳияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 4 модда иборат мебошад.

Агар дар моддаи 15- уми қонуни конститутсионии амалкунанда ба Суди конститутсионӣ танҳо чор салоҳият пешбинӣ шуда бошад, дар моддаи 35-уми лоиҳаи қонуни конститутсионӣ нуҳ салоҳият муайян шудааст.

Дар ин боби лоиҳа моддаи 36  ва моддаи 37, ки аз салоҳиятҳои муҳими Суди конститутсионӣ маҳсуб меёбанд, моддаҳои нав буда, ба Дастур ва Номаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудаанд.

Боби 8 — «Тобеияти  парвандаҳо ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мавриди таҳрири  мушаххас  қарор гирифта,  мукаммал гардонида шудааст.

Аз моддаи  40 (Субъектҳое, ки ҳуқуқи ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат карданро доранд)  сархати 8-уми моддаи 37 қонуни конститутсионии амалкунанда, ки тибқи он се судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  масъалаи ба салоҳияти он мансуббуда муроҷиат кунанд, хориҷ шудааст.

Дар боби 9-уми лоиҳаи қонуни конститутсионӣ моддаи 42 (Муҳлати бо дархост муроҷиат кардан ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон) моддаи нав маҳсуб ёфта, муҳлати муроҷиатро ба Суди конститутсионӣ шаш моҳ муқаррар кардааст. Ин ба таҷрибаи байналмилалӣ мутобиқ мебошад.

Моддаҳои 43 ва 44-уми боби 9-уми лоиҳаи қонуни конститутсионӣ муқаррароти нав буда, сабаб ва асосҳои баррасии парвандаро дар Суди конститутсионӣ танзим менамояд.

Ҳамчунин моддаи 45-уми боби мазкури  (Рад кардан аз оғози мурофиаи судӣ) лоиҳаи қонуни конститутсионӣ, бо дарназардошти  таҷриба ва амалияи фаъолияти Суди конститутсионӣ дар таҳрири нав пешниҳод шудааст.

Дар боби 10 (Баррасии парванда аз ҷониби Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон) масъалаҳои марбут ба муҳлат ва тартиби баррасии парванда, қатъ намудани пешбурди парванда, мавқуф гузоштан ва боздоштани мурофиаи судӣ, оқибати ҳозир нашудани тарафҳо ва намояндагони онҳо, шоҳидон, коршиносон, мутахассисон ва тарҷумон  ба мурофиаи судӣ инъикоси худро  пайдо намуда, пешбинӣ гардидааст, ки парванда дар Суди конститутсионӣ давоми шаш моҳ аз рӯзи  ворид шудани муроҷиат (пешниҳод ё дархост) баррасӣ  мешавад.

Боби 11-уми (Санадҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон) лоиҳа аз 10 модда иборат буда,  дар он моддаҳои 60 (Ҳатмӣ будани иҷрои санадҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон),  61 (Иҷрои қарор ва хулосаи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон), 62 (Оқибати иҷро накардани санадҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон), 63 (Шарҳи санадҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон), 64 (Протоколи мурофиаи судӣ) моддаҳои нав мебошанд.

Боби 12 (Чораҳои ҳимояи мурофиавии фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон)  аз ду модда  иборат буда,  дар онҳо пешбинӣ гардидааст, ки вайронкунандагони тартибот дар мурофиаи судӣ, тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд, агар дар ҳаракатҳои онҳо аломатҳои ҷиноят набошад.

Боби 13-ум «Маблағгузорӣ, таъминоти моддӣ ва ҳимояи иҷтимоии судяҳои Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» номгузорӣ шуда, дар боби мазкур моддаҳои 68 (Кафолатҳои дигари моддӣ барои судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон), 69 (Тадбирҳо доир ба ҳимояи иҷтимоии судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аъзои оилаи ӯ), 71 (Рухсатии меҳнатии судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва 74 (Таъмини нафақаи судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон)  моддаҳои нав мебошанд.

Мавзӯи танзими боби 14 (Дигар масъалаҳои ташкил ва таъмини фаъолияти Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон) мавриди таҳрир қарор дода шуда, дар ин боб моддаи 83 (Нашрияи расмии Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон) моддаи нав мебошад. Дар нашрияи расмии Суди конститутсионӣ, ки ҳамасола чор шумора нашр мешавад, санадҳои Суди конститутсионӣ ва фаъолияти рӯзмарраи он инъикос мегарданд.

Дар боби 15 (Муқаррароти хотимавӣ), аз ҷумла дар моддаи 84 пешбинӣ гардидааст, ки шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи қонуни конститутсионии мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

Тавре зикр гардид, ин қонуни конститутсионӣ, бо дарназардошти таҷрибаи судҳои конститутсионии давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон таҳия гардида, дар он таклифу пешниҳодҳои Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Шӯрои адлия, Вазорати адлия, Прокуратураи генералӣ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ ба инобат гирифта шудаанд.

Ҳамчунин дар лоиҳаи қонуни конститутсионӣ хулосаи коршиносони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи конститутсионӣ аз Комиссияи Венетсиании Шӯрои Аврупо, Федератсияи Россия, Олмон, Арманистон ба эътибор гирифта шуда, ҳамзамон лоиҳа мавриди назари мутахассисон, олимону омӯзгорони факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, инчунин аъзои Шӯрои илмӣ-машваратии назди Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифтааст.

Ҳамчунин зиёда аз сад таклифу пешниҳоди кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади мукаммал намудани лоиҳаи қонуни конститутсионӣ ба он ворид карда шудаанд, барои боз ҳам таҳким ёфтани лоиҳа, ба стандартҳои ҷаҳонии ҳокимияти судӣ ва техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ намудани он, мусоидат карданд.

Аз шумо эҳтиромона хоҳишмандам барои қабули қонуни конститутсионии мазкур овоз диҳед.

РАИС:- Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Самадов Турахон Давлатович дода мешавад.

Тўрахон САМАДОВТурахон САМАДОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Лоиҳа ҷиҳати иҷрои Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ шудааст, таҳия гардидааст. Зарурияти пешниҳоди қонуни конститутсионии мазкур аз он бармеояд, ки давоми амали Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба он тағйиру иловаҳои зиёд ворид шуда, истифодаи онро душвор намудааст. Инчунин зарурати ба техникаи эҷоди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, забони давлатӣ ва муносибатҳои нави ҷамъиятӣ мувофиқ намудани меъёрҳои қонуни конститутсионии мазкур ба вуҷуд омадааст. Лоиҳа тартиби баррасии парвандаҳоро аз ҷониби Суди конститутсионӣ мукаммалтар нишон дода,  инчунин такмил ёфтани тартиби баррасии парвандаҳо, иҷрои санадҳои судии Суди конститутсионӣ, салоҳиятҳои Суди конститутсионӣ ва дигар самтҳои фаъолияти Суди конститутсиониро дар назар дорад. Умуман, тибқи лоиҳа қонун ҳаҷман васеъ шуда, шумораи умумии моддаҳо аз 63 ба 85 расидааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  лоиҳаи қонун барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон  лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкурро омӯхта, ҷиҳати мукаммалгардонии он 233 таклифу пешниҳод ирсол намуданд. Дар натиҷа, 231 таклифу пешниҳод пурра ё қисман    қобили  қабул шуморида, дар мувофиқа бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳа ворид карда шуданд. Ба қонун дебоча илова гардида, 29 модда таҳрир карда шуданд.

Баъзе ҳамкасбон дар бораи таҷдиди назар намудани моддаи 68-уми лоиҳаи қонун дақиқ намудани имкониятҳоро доир ба имтиёзи судяҳои Суди конститутсионӣ ба таъмини манзили истиқоматӣ таклифҳо доштанд. Бо намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба мувофиқа омадем, ки ба қисми 1 моддаи 68 пас аз калимаҳои «Душанбе» калимаҳои «ҳангоми  дар шаҳри Душанбе надоштани  хонаи истиқоматӣ» илова карда шаванд.

Ғайр аз ин, аз қисми 1-и моддаи 11-уми лоиҳаи қонун калимаҳои «ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» хориҷшуда ҳисобида шаванд. Судяҳои Суди конститутсионӣ ҳангоми иҷрои вазифаҳо, баррасии парвандаҳо танҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни констутсионии мазкур итоат мекунанд, ки ин пешниҳоди намояндаи Суди конститутсионӣ буда, ба моҳияти масъала мухолифат надорад.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумхурии Точикистон»-ро ҷонибдорӣ намуда, онро барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Аз шумо хоҳишмандем лоиҳаро дастгирӣ намоед.

Дар муҳокимаи ин масъала вакилон Сӯҳроб Шарипов, Шодӣ Шабдолов, Муҳиддин Кабирӣ иштирок намуданд.

Лоиҳаи қонуни конститутсионӣ модда ба модда ва боб ба боб ба овоз монда, қонун яклухт қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС:- Оид ба лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Нусратулло дода мешавад.

DSC_0837Абдуллозода Нусратулло:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки мавриди баррасии шумо қарор дорад,  ҷиҳати таъмини иҷрои банди 10-и Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 3 январи соли 2011 таҳти №976 тасдиқ шудааст, аз тарафи Суди Олӣ якҷоя бо Суди конститутсионӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Шӯрои адлия ва Вазорати адлия дар таҳрири нав таҳия ва  пешниҳод шудааст.

Зарурати дигари таҳияи лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур аз он иборат аст, ки аз мавриди амал қарор додани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» зиёда аз 12 сол сипарӣ  гашта, дар ин муддат ба он як зумра тағйиру иловаҳо ворид гардида, истифода ва татбиқи меъёрҳои онро душвор намудаанд.

Ҳамчунин ба техникаи эҷоди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, забони давлатӣ ва муносибатҳои нави ҷамъиятӣ мувофиқ намудани меъёрҳои қонуни конститутсионии мазкур қабули онро дар таҳрири нав тақозо менамояд.

Лоиҳаи қонуни номбурда аз 14 боб ва 138 модда таркиб ёфта, бо дарназардошти талаботи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла кодексҳои амалкунандаи мурофиаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, таҳия гардида , асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва принсипҳои асосии сиёсати давлатро нисбат ба ҳокимияти судӣ пешбинӣ намудааст.

Дар лоиҳаи қонун  принсипҳои асосии фаъолият, салоҳият, сохтор ва тартиби таъсиси судҳо, интихоб, таъин, бозхонду озод намудан, тартиби ҳавасмандгардонӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани судяҳо, таъминоти моддию техникӣ ва масоили дигари фаъолияти судҳо, инчунин салоҳияти Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таври васеъ ва мушаххас дарҷ гардидаанд.

Бояд зикр намуд, ки риояи принсипҳои қонуният, эҳтимолияти бегуноҳӣ, баробарӣ дар назди қонун, ошкоро будани муҳокимаи  судӣ, мубоҳиса ва баробарии тарафҳо, забони мурофиаи судӣ ва ғайра барои судяҳо ҳамчун меъёри ҳатмӣ, роҳнамо барои татбиқи дурусти қонунҳо қабули санадҳои қонунӣ ва асоснок равона гардидааст.

Боиси тазаккур аст, ки аксарияти талаботи аз Барномаи ислоҳоти судӣ — ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011 — 2013 бармеомада, бо роҳи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба санадҳои қонунгузорӣ амалӣ шудаанд. Дар ин радиф,  давоми солҳои 2011 — 2013 ба кодексҳои амалкунандаи мурофиаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, инчунин ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» вобаста ба рушди мурофиаҳои тосудӣ ва ғайрисудии ҳалли баҳсҳо, тартиби тақсими парвандаҳо байни судяҳо, пешниҳоди ахбори ҳарсола дар бораи фаъолияти ҳар як судя ва баланд бардоштани масъулияти судяҳо дар қабули қарорҳо, таҳкими тарзи такмили ихтисос ва санҷиши тахассусии судяҳо, баррасии такрории парвандаҳо ҳангоми бекоршавии санадҳои судӣ, қатъи пешбурди парванда бо тартиби содакардашуда, хориҷ кардани марҳилаҳои аппелятсионӣ дар судҳои иқтисодӣ, муайян намудани судяҳои баррасикунандаи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурию оилавӣ ва қисме аз дигар масоили фаъолияти судӣ тағйиру иловаҳо ворид гардидаанд, ки  онҳо дар лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур ҷой дода шудаанд.

Мувофиқи мақсад меҳисобам, ки оид ба баъзе  тағйиру иловаҳои  лоиҳаи мазкур ба шумо маълумот пешниҳод намоям.  Дар лоиҳаи қонуни конститутсионӣ донистани забони давлатӣ барои судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо ҳамчун меъёри ҳатмӣ пешбинӣ гардидааст.

Омадааст, ки судяҳо дорои мақоми ягона буда, танҳо бо салоҳияти худ фарқ мекунанд. Талабот нисбати судя такмил дода шуда, аз ҷумла риояи Кодекси одоби судя ва риояи маҳдудиятҳое, ки аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  мубориза бар зидди коррупсия» бармеоянд, возеҳу равшан ифода ёфтаанд. Аз ҷумла пешбинӣ гардидааст, ки  судя ҳуқуқ надорад туҳфаҳоеро, ки ба иҷрои вазифаҳои  хизматиаш алоқаманд мебошад, қабул намояд. Туҳфаҳое, ки  судя дар вақти гузаронидани маъракаҳои протоколӣ,  сафари хизматӣ ва дигар маъракаҳои  расмӣ гирифтааст,  бо тартиб додани санад ба суде, ки  дар он фаъолият мекунад, супорида мешаванд.

Фарқияти дигари лоиҳаи пешниҳодгардида нисбат ба қонуни конститутсионии амалкунанда дар он аст, ки салоҳияти Пленумҳои Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ, раисон, муовинон ва судяҳои судҳои ҷумҳурӣ,  Шӯрои адлия, Раиси Шӯрои адлия ва муовинони ӯ, Маркази таълимии судяҳо таври васеъ ва мушаххас дар моддаҳои алоҳида ҷой дода шуда, тадбирҳо дар самти муқовимат ба коррупсия ва риояи Кодекси одоби судя иловатан пешбинӣ гардидаанд.

Чунончӣ,  салоҳияти ҷалб намудани аъзои як коллегияи судӣ дар баррасии парвандаҳо дар коллегияи дигари судӣ, ҳалли масъалаҳои ташкили фаъолияти  судҳо, дар хусуси ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқшуда ва ё татбиқшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ба Суди конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намудан ва ғайра дода шудааст.

Ҳамзамон дар лоиҳаи қонуни конститутсионӣ ба раисони Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ ваколати дар муносибатҳои байналмилалӣ ин судҳоро намояндагӣ кардан, маҷлиси якуми  Коллегияи тахассусии судяҳои ин судҳоро даъват ва раисӣ намудан пешбинӣ гардидааст.

Дигар навгонӣ дар он зоҳир мегардад, ки кор дар вазифаҳои роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири адлия, Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони онҳо, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ, агар онҳо қаблан дар вазифаи судягӣ на камтар аз  5 сол  кор карда бошанд, ба собиқаи кори судягӣ ба ҳисоб гирифта мешавад.

Дар лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур  тағйиру иловаҳои зиёди дигар низ ҷой дода шудаанд, ки бо он шумо  шинос буда, мавриди омӯзиш, санҷиш ва таҳлил қарор додаед.

Матни лоиҳаи пешниҳодгардида мувофиқ ба қоидаҳои забони давлатӣ таҳия гардида, ҷобаҷогузорӣ ва пайдарҳамии сохтор ва муқаррароти он аз нигоҳи мазмуну мантиқ таъмин карда шудааст.

Қабули қонуни конститутсионии мазкур дар таҳрири нав ба таҳкими ҳокимияти судӣ, баланд  бардоштани нақши суд, такмили минбаъдаи сохтори судӣ, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии судяҳо, ҷобаҷогузории дурусти кадрҳои соҳа, баланд бардоштани сатҳи тахассусии онҳо, ҳалли дигар масъалаҳои ташкилии фаъолияти судӣ таъсири мусбӣ мерасонад.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории лоиҳаи қонуни конститутсионии пешниҳодгардида овоз диҳед.

РАИС:- Аз рӯйи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Ватанов Маҳмадалӣ Маҳмадуллоевич дода мешавад.

Маҳмадалӣ ВАТАНОВМаҳмадалӣ ВАТАНОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, як қадами навбатӣ дар амалӣ намудани Барномаи  ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 2011 таҳти №976 тасдиқ шудааст, ба шумор меравад.

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мо имсол 20 — солагии онро ҷашн мегирем, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои онро арзиши олӣ  эълон намуда,  уҳдадории таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро маҳз ба зиммаи мақомоти судии кишвар вогузор намудааст.

Дар моддаи 19-уми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар як шахс кафолати ҳифзи судӣ дода шудааст, ки мувофиқи он ҳуқуқ дорад, талаб намояд парвандаи ӯро суди  босалоҳият, мустақил ва беғараз, ки тибқи қонун таъсис дода шудааст,  баррасӣ намояд.

Қонуне, ки таъсиси суди босалоҳият, мустақил ва беғаразро  таъмин менамояд, маҳз ҳамин лоиҳаи қонуни конститутсионӣ мебошад, ки он мавриди баррасӣ қарор дорад.

Дар Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» принсипҳои асосии фаъолият, салоҳият, сохтор ва тартиби таъсиси судяҳо, интихоб, таъин ва бозхонду озод намудани судяҳо, ҳавасмандгардонӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо, таъминоти моддию техникии судяҳо ва дигар фаъолияти онҳо, инчунин салоҳияти Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Фарқияти асосии қонуни дар таҳияи нав пешниҳодшуда аз қонуни конститутсионии амалкунанда, дар он аст, ки дар қонуни ҷадид салоҳияти Пленуми Суди Олӣ, Пленуми Суди Олии иқтисодӣ, раисони судҳои мазкур, судяҳо, Шӯрои адлия, муовинони раиси Шӯрои адлия, маркази таълимии судяҳо таври мушаххас ҷой дода шуда, тадбирҳо дар самти муқовимат ба коррупсия ва риояи Кодекси одоби судя таври илова пешбинӣ гардидааст. Ҳамзамон аксарияти талаботи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ давоми соли 2011 ва то имрӯз ба кодексҳои амалкунандаи мурофиаи ҷиноятию гражданӣ, иқтисодию ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, масъалаҳои  вобаста ба мурофиаҳои тосудӣ ва ғайрисудии ҳалли баҳсҳо, тартиби тақсими парвандаҳо байни судяҳо, механизми пешниҳоди ахбори ҳарсола дар бораи  фаъолияти ҳар як судя ва баланд бардоштани масъулияти судяҳо дар қабули қарорҳо, таҳкими равандҳои такмили ихтисос ва аттестатсияи судяҳо, муҳлати баррасии парвандаҳои гражданӣ, хориҷ кардани марҳилаи аппелятсионӣ дар судҳои иқтисодӣ ва дигар ҷабҳаҳои фаъолияти судӣ, тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №2220  аз   6 январи соли 2014 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи мазкурро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамзамон барои такмил ёфтани он аз ҷониби онҳо 472 таклиф пешниҳод гардид, ки 422 -то қисман ва пурра қобили қабул дониста шуда, 50- тои дигараш қобили қабул дониста нашуд.

Баррасии лоиҳа дар кумитаи масъул нишон дод, ки кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мутахассисон онро дақиқона омӯхта, барои такмили он пешниҳодҳои пурарзиш ирсол намудаанд.

Кумитаи масъул 21 майи соли 2014 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ С.Шоназаров ҷаласаи васеъ гузаронида, он таклифҳое, ки пешниҳод гардиданд, қобили қабул донист.

Ҳамин тавр, аз лоиҳаи қонуни конститутсионии мазкур моддаҳои  37, 60, 69 ва 103 хориҷ карда шуда, ба аксарияти моддаҳо, аз ҷумла моддаҳои 3, 8, 22, 29, 34, 38, 39, 45, 54, 60, 66, 70, 80, 89, 90, 91, 102, 103, 106, 107, 129 ва ғайра муқаррароти меъёрӣ, тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.

Сабаби асосии хориҷ гардидани баъзе моддаҳо ин такрорёбии онҳо дар лоиҳа ва дар дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ гардид. Ҳамзамон лоиҳа бо техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ гардонида шуда, усули баёни он низ сода карда шуд.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиши он мекунам, ки лоиҳаи баррасишавандаро дастгирӣ намоед.

РАИС:- Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Амиршоева Саодат дода мешавад.

Саодат АМИРШОЕВАСаодат АМИРШОЕВА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи нави қонуни конститутсионӣ боиси дастгирӣ буда, дар он як қатор масоили ҳалталаби дар фаъолияти суд ҷойдошта бартараф шуда, меъёрҳои он бо талаботи дигар санадҳои қонунгузории ҷумҳурӣ мутобиқ гардонида шудаанд.

Дар лоиҳа инчунин ба салоҳияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон диққати махсус дода шудааст. Вобаста ба тағйироте, ки ба қонунҳои мурофиавӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд, инчунин бо дарназардошти татбиқи таҷрибаи 13-солаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» бисёр масъалаҳои фаъолияти ин суд танзими ҳуқуқии худро ёфтааст.

Боиси зикр аст, ки тибқи лоиҳаи қонуни зикршуда масъалаи кафолату имтиёзҳо ва таъминоти иҷтимоии кормандони судҳо, ҳуқуқи ба истеъфо баромадани судяҳо ва синну соли ба истеъфо баромадан дуруст ҳал шудааст.

Дар робита бо ин масъала мувофиқи  мақсад мебуд, агар собиқаи кории судяҳои судҳои байналмилалие, ки дар онҳо намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ба инобат гирифта шаванд.

Масъалаҳои ба коромӯз-судяҳо дахлдошта, низ дар лоиҳаи қонуни конститутсионии пешниҳодшуда ҳалли худро ёфтааст. Тибқи лоиҳа шахсоне, ки дорои таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ буда, ҳадди ақал се сол собиқаи кори касбӣ дошта, забони давлатиро медонанд, ба ин вазифа таъин карда мешаванд. Яъне, бо мақсади дуруст интихоб намудан ва ҷобаҷогузории кадрҳои мақомоти судӣ шахсони лаёқатманд интихоб шуда, минбаъд дар мақомот ба мансабҳои гуногун таъин карда мешаванд.

Ҳамзамон Шӯрои адлияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон ва дигар масъулини соҳаро зарур аст, ки ҷиҳати иҷрои муқаррароти лоиҳаи қонуни конститутсионии пешниҳодшуда оид ба ин масъала кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Боварии комил дорам, ки бо қабули лоиҳаи Қонуни конститутсионии мазкур фаъолияти мақомоти судӣ баҳри таъмини волоияти қонун, адолати судӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон боз ҳам шаффофтар ва ҷоннок шуда, зери принсипи судҳо танҳо ба қонун итоат мекунанд, амал менамоянд.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ҷиҳати ҷонибдории лоиҳаи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» овоз диҳед.

Лоиҳаи Қонуни конститутсионии мазкур модда ба модда ва боб ба боб ба овоз монда, қонун яклухт қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шикор ва хоҷагии шикор» сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Ҳисориев Маҳмадамин Исматович дода мешавад.

ҲИСОРИЕВМаҳмадамин ҲИСОРИЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини  гиромиқадр!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шикор ва хоҷагии шикор», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Ватанов, С. Ёқубзод, А.Фелалиев, М. Ҳақдодов ва М.Ҳисориев таҳия шудааст, пешниҳод мегардад.

Мақсад аз пешниҳод гардидани лоиҳаи қонуни мазкур таъмини нигаҳдорӣ ва истифодаи устувори объектҳои олами ҳайвонот, нигоҳдории гуногунии биологӣ, таъсиси системаи идоракунӣ ва самараноки ҳифзу барқароркунии захираҳои ҳайвоноти шикорӣ ва маҳали сукунати онҳо буда, он ҳамзамон асосҳои ҳуқуқии ба шикор машғул шудани шаҳрвандон ва ҷамъиятҳои онҳоро танзим мегардонад.

Дар лоиҳаи қонуни мазкур мафҳумҳои асосии истифода бурдани объектҳои олами ҳайвонот, қоидаву усулҳои шикор, чораҳои бехатарӣ ҳангоми  истифодаи силоҳ, масъулияти риоя накардани қоидаи шикор ва дигар масъалаҳои вобаста ба шикор, ки донистани онҳо барои шикорчӣ, истифодабарандаи шикоргоҳ, молики мурғони шикорӣ шарт ва зарур аст, пурра нишон дода шудааст.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шикор ва хоҷагии шикор» аз 8 боб  ва 48 модда иборат аст. Боби 1 муқаррароти умумӣ, мафҳумҳои асосии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шикор ва хоҷагии шикор, объектҳои муносибат дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор, принсипҳои асосӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикорро дар бар мегирад. Боби 2 идоракунии давлатӣ оид ба ҳифзу назорат ва танзими захираҳои ҳайвоноти шикорӣ, идоракунии давлатӣ оид ба ҳифз, афзун намудан ва истифодаи захираҳои ҳайвоноти шикорӣ, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикорро амалӣ менамоянд.

Истифодаи фонди шикор, ки он аз истифодаи умумӣ ва махсуси фонди шикор, шикоргоҳ, ҳуқуқ барои пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор дар шикоргоҳҳо, боздоштан ва қатъ кардани ҳуқуқи пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор, шикор, гирифтани роҳхати шикор, пардохти маблағи роҳхати шикор ва истифодаи он, ҳуқуқи моликият ба маҳсулоти шикорро дар бар мегирад, дар боби 3-юми лоиҳаи қонун ба танзим дароварда шудаанд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки дар моддаи 17 қисми 2-юми лоиҳаи қонуни мазкур тибқи хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тақсимоти маблағи роҳхати шикор барои рушди соҳа, 40 фоизи он ба мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳоти маҳалли дар ҳудуди он шикори ҳайвоноти шикорӣ амалишуда, муайян карда шудааст.

Ин пешниҳод аз тарафи субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дастгирӣ ёфтааст ва боварӣ дорем, ки ҳавасмандии аҳолии шаҳраку деҳот ба ин соҳа зиёд мешавад.

Дар боби 4 мафҳуми шикорчӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шикорчӣ, ҷамъияти шикорчиён, шаҳодатномаи шикорчӣ, ҳадди камтарини маълумот оид ба шикор ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои шикорчиён пурра нишон дода шудааст.

Боби 5 қоидаҳои шикор, усул ва силоҳи шикор, мавсими шикор, дошта гирифтани ҳайвоноти барои шикор пешбинишуда, бо мақсадҳои илмӣ ва таълимӣ, санитарӣ, ҳамчунин қоидаҳои нигоҳ доштани мурғон ва сагони шикорчӣ  ва барои шикор истифода бурдани онҳоро муайян менамояд.

Боби 6 мониторинг, банақшагирӣ ва пешбурди фаъолияти хоҷагии шикор, ки аз мониторинги захираҳои ҳайвоноти шикорӣ, ҳисоботи истифодабарандагони шикоргоҳ ва тамғазании ҳайвоноти шикоргардида, кадастри ҳайвоноти шикорӣ, муқаррар кардани меъёр ва маҳдудияти дошта гирифтани ҳайвоноти шикорӣ, бунёди шикоргоҳҳои байнихоҷагӣ бо мақсади таъмини нигоҳдошти саршумор ва барқарор намудани  он бо истифодаи оқилонаи ҳайвоноти шикорӣ, банақшагирии хоҷагии шикор, пешбурди фаъолияти хоҷагии  шикор, нигаҳдорӣ, ҳифз ва барқароркунии саршумори ҳайвоноти шикорӣ бо мақсади нигоҳдории захираҳои ҳайвоноти шикорӣ, кам нашудан ва барқароркунии саршумори онҳо ва муҳайё сохтани шароити мусоид барои афзоиши табиии саршумори онҳо равона карда шуда, гузаронидани тадбирҳои биотехникӣ ва мусоидат ба ҳифзи муҳити зисти ҳайвоноти шикорӣ бо роҳи беҳтар намудани сифати шикоргоҳҳо, ҷиҳати беҳдошти хусусиятҳои ғизонокӣ, ҳифз ва барои лонагузорӣ  мувофиқ будани онҳоро дар бар мегирад.

Дар боби 7 назорат дар соҳаи шикор ва хоҷагии шикор, мақсад ва намудҳои назорат, пеш аз ҳама риоя накардани талаботи муқарраргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, риоя нагардидани назорати истеҳсолӣ ва назорати ҷамъиятӣ, назорати риоя шудани шартномаҳо аз тарафи истифодабарандагони шикоргоҳ, ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсони мансабдори назорати давлатии шикорро дар соҳаи ҳифз, барқароркунӣ ва истифодаи объектҳои олами ҳайвонот амалӣ менамоянд, ҳамчунин ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсоне, ки назорати истеҳсолии шикор ва назорати ҷамъиятии шикорро ба зимма доранд, нишон дода шудааст.

Зикр кардан бамаврид аст, ки Ҷамъияти шикорчиён ва моҳигирони ҷумҳурӣ  бо Қарори собиқ Совети Вазирони Ҷумҳурии Сотсиалистии Тоҷикистон аз 15 майи соли 1956 барои муҳофизати олами наботот ва ҳайвонот ва рушди хоҷагиҳои шикор таъсис дода шудааст, ки то имрӯз дар ҷамъият 15 ҳазор аъзо, 500 нафар нозирон  ва бешабонон  (егерҳо) ба қайд гирифта шудаанд.

Барои шикорчиён бо қарори раисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо 36 хоҷагии шикор таъсис дода шудааст, ки масоҳати умумии он як миллиону 642 гектарро ташкил медиҳад.

Фаъолияти кори Ҷамъияти шикорчиён ва моҳигирон  дар асоси талаботи Оинномаи Ҷамъият дар мувофиқа бо Низомнома ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 16 июли соли 1997 таҳти № 324 қабул шуда, дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 декабри соли 2007 таҳти № 385а ба қайд гирифта шудааст, сурат мегирад.

Ҷамъияти шикорчиён то имрӯз фаъолияти кори соҳаро бе истифода аз маблағи Буҷети давлатӣ ба роҳ мондааст. Маблағҳое, ки аз ҳисоби қуруқшиканҳо ва роҳхати шикор ба даст меояд, ба Буҷети давлатӣ супорида мешавад.

Қабул шудани лоиҳаи қонуни мазкур фаъолияти кори кормандони соҳаи шикор ва хоҷагии шикорро боз ҳам пурмаҳсул гардонида, масъулияти ҳар як корманди Ҷамъияти шикорчиён ва моҳигирони ҷумҳуриро дар рушди соҳаи мазкур ва ҳифз намудани олами ҳайвонот зиёд намояд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни баррасишавандаро дастгирӣ намоед.

РАИС: -Аз рӯйи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода дода мешавад.

DSC_0894Хайрулло ИБОДЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи қонуни мазкур, пеш аз ҳама, барои таъмини бехатарии гуногунии биологӣ, ба роҳ мондани истифодаи устувори олами ҳайвонот, пешгирии таъсирҳои манфии фаъолияти хоҷагидорӣ, муайян намудани ҳуқуқи шаҳрвандон ба шикор, ба роҳ мондани  пешбурди соҳаи шикор ва барои ба наслҳои оянда мерос гузоштани намудҳои олами ҳайвонот, аз ҷумла намудҳои нодиру зери хатари нестшавӣ қарордошта, заминаи ҳуқуқӣ мегузорад. Ҳамзамон ба иҷрои уҳадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созишномаи байналмилалӣ оид ба гуногунии биологӣ мусоидат менамояд.

Дар асоси дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон кумита оид ба лоиҳаи қонуни мазкур аз 4 июли соли 2012 ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба 49 модда) ва ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2013 (ба 26 модда) ва дар марҳилаи ниҳоии таҳияи он аз 25 апрели соли равон фикру андешаҳои худро пешниҳод намуда буд, ки ба инобат гирифта шудаанд.

Эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкур дастгирӣ карда шавад.

РАИС: — Вобаста ба ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Садриддинов Бадриддин Талбакович дода мешавад.

DSC_0899Бадриддин САДРИДДИНОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони муҳтарам ва ҳозирини гиромиқадр!

Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шикор ва хоҷагии шикор» пешниҳод карда мешавад.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Ватанов, С. Ёқубзод, А. Фелалиев, М. Ҳақдодов ва М. Ҳисориев пешниҳод шудааст.

Бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 июни соли 2013 таҳти № 1895 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ,  захираҳои об ва замин, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуду буд.

Мақсад аз таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур таъмини нигоҳдорӣ ва истифодаи устувори объектҳои олами ҳайвонот дар доираи шикор, ҳифзу барқароркунии захираҳои ҳайвоноти шикорӣ ва маҳали сукунати онҳо, ташкили хоҷагиҳои шикор, нигоҳдории гуногунии биологӣ, таъсиси системаи идоракунии самаранок, ҳимояи манфиатҳои иҷтимоиву иқтисодии давлат мебошад.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи  ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонунро ҷонибдорӣ намуда, барои такмили он 248 таклифу пешниҳод ирсол намудаанд. Кумита дар мувофиқа бо субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ бо даъват ва иштироки масъулини соҳа, ки шомили гурӯҳи корӣ оид ба такмили лоиҳаи қонун буданд, аз таклифу пешниҳодҳои воридгашта 174-тоашро қабул 39-тоашро қисман  қабул, 35-тоашро қабул накард.

Дар рафти баррасии лоиҳаи қонун дар асоси таклифу пешниҳодҳо дар иштирок ва мувофиқа бо субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба як қатор моддаҳо ва қисмҳои алоҳида илова ва тағйирот ворид, инчунин хориҷи модда, қисмҳои он ва ба лоиҳа ворид намудани моддаҳои нав амалӣ шудаанд.

Тағйиру иловаҳо ба моддаҳо, қисмҳои хориҷ ва дар таҳрири нав овардани онҳо моддаҳои 1, 2, 3, 4, 5, 6, 7, 8, 9, 10, 11, 14, 15, 16, 17, 19, 26, 27, 29, 30, 34-ро фаро гирифта, ба лоиҳаи қонун моддаи нав — моддаи 8 «Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист» дохил шуд. Номи моддаи 15 дар таҳрири нав «Гирифтани роҳхати шикор» ва моддаи 16 «Пардохти маблағи роҳхати шикор ва истифодаи он» ифода гардидаанд.

Номи моддаи 22 дар таҳрири нав «Шаҳодатномаи шикорчӣ» ифода ёфта, ба лоиҳаи қонун моддаи нави 23 «Ҳадди камтарин маълумот оид ба шикор» дохил карда шуд.

Зикр кардан зарур аст, ки вобаста ба мазмун ва талаботи хулосаҳои пешниҳодгашта тамоми матни лоиҳаи қонун мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт.

Баъд аз баррасии лоиҳаи қонун, вобаста ба хулосаҳои пешниҳодгаштаи кумитаҳо, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни омодагашта такроран ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳлил фиристонида шуд. Вобаста ба баррасии такрории лоиҳаи қонуни мазкур аз тарафи шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаи иловагии ҳуқуқӣ ба кумита ворид гашт, ки он дар ҷаласаи васеи кумита ва дар мувофиқа ба субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ бо иштироки мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, таклифҳои қабулгашта ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.

21 майи соли 2014 лоиҳаи қонун дар ҷаласаи  кумита ва 23 майи соли 2014 дар ҷаласаи васеи кумита бо иштироки намояндагони  кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ва бо иштироки мақомоти дахлдори давлатӣ ва ташкилоти ҷамъиятӣ, соҳавӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, бо пешниҳоди иштирокдорони ҷаласаи васеи кумита ба баррасии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд.

Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи қонуни мазкур аз тарафи Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров  ба як қатор моддаҳо ва қисмҳои алоҳидаи лоиҳаи қонун таклифу эродҳо ироа шуда, дар асоси он кумитаи масъул бо даъват ва иштироки субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Х. Мирзоев онҳоро мавриди баррасӣ қарор дод. Эродҳо моддаи 1 бандҳои 3, 9, 13, 18 ва 27, моддаи 3 қисми 2, моддаи 7 бандҳои 11 ва 12, моддаи 16 қисми 1, моддаи 17 қисми 2, моддаи 19 қисми 2, қисми 4 моддаи  38, номи боби 7  ва моддаи 41-ро дар бар мегирифт.

Лоиҳаи қонуни баррасишаванда аз 8 боб ва 48 модда иборат буда, ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.

Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, бо дарназардошти хулосаҳои кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шикор ва хоҷагии шикор»-ро ба Иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуда, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки барои қабули он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун  модда ба модда ва боб ба боб ба овоз монда, бо дарназардошти таклифу пешниҳод қонун яклухт қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта» сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Катаев Амир Ҳабибович дода мешавад.

Амир КАТАЕВАмир КАТАЕВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони арҷманд!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 майи соли 2014 таҳти №2400 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намондагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ҷиҳати иҷрои тавсияҳои Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат бо софкории пул (ФАТФ), «Нақшаи чорабиниҳо оид ба мутобиқгардонии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавсияҳои ФАТФ» аз 11 июни соли 2011 таҳти №2/107 ва иҷрои банди 4.1 Нақшаи чорабиниҳо доир ба Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯйии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сохтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амният барои солҳои 2012-2015 таҳия шудааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар хулосаҳои худ лоиҳаро пурра ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон ворид намудани тағйироти зеринро зарур донистанд.

1. Ба моддаи 14 сархати панҷум бо мазмуни зайл илова карда шавад:

«- ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм дар бораи аҳд ва амалиёти шубҳанок хабар диҳанд. Чунин амал фошкунии махфияти мукотиба ҳисоб намеёбад».

2. Ба моддаи 18 қисмҳои панҷум ва шашум бо мазмуни зайл илова карда шаванд:

«Ташкилотҳои алоқаи почта уҳдадоранд дар бораи иҷрои аҳд ва амалиёти шубҳаноки муштариёни худ (кушиши анҷом додани аҳд ва амалиёти шубҳанок) фавран ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм хабар диҳанд.

Фош намудани маълумот аз ҷониби ташкилотҳои алоқаи почта риоя нашудани талаботи махфияти мукотиба ва дигар муросилоти ба воситаи шабакаи алоқаи почта фиристодашуда ҳисоб намеёбад».

Лоиҳаи қонуни мазкур 22 майи соли 2014 дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифта, пурра ҷонибдорӣ карда шуд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва татбиқи он аз Буҷети давлатӣ маблағҳои  иловагиро талаб намекунад.

Аз шумо эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ