Густариши ҳамкориҳо бо Парламенти Аврупо

№142 (3127) 09.11.2013

Парламенти Арупо

5 ноябри соли 2013 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо ҳайати бонуфузи Парламенти Аврупо, ки ҳамчун нозирони байналмилалӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок хоҳанд кард, мулоқот намуд.

Ба ҳайат хонум Элизабет Йеггли- узви Гурӯҳи дӯстии Парламенти Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, Йоахим Тселлер- вакили Парламенти Аврупо аз Ҷумҳурии Олмон, хонум Тереза Риера Мадурелл- вакил аз Испания, Франческо Спирони -вакил аз Италия  ва дигарон, ки ҳар як  масъули бахшҳои гуногуни парламентӣ мебошанд, шомиланд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров меҳмонони олиқадрро хайра мақдам гуфта, изҳор дошт, ки вақтҳои охир ҳамкориҳои Тоҷикистон ба давлатҳои Аврупо хеле густариш ёфт. Инак, чанд дафъа аст, ки чунин ҳайати бонуфузи Парламенти Аврупо дар кишвари мо меҳмон мешавад.  Тоҷикистон ба ҳамкории миёни Парламенти Аврупо ва кишварҳои аъзои ин созмони дар арсаи байналмилалӣ бонуфуз арзиши баландеро қоил аст.

Раиси Маҷлиси намояндагон изҳор дошт, ки мо ҳамеша ёриву дастгирии самимии кишварҳои Иттиҳоди Аврупоро дар тамоми самтҳои Стратегияи нави шарикии Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ барои солҳои 2007-2013 дар бахшҳои гуногун эҳсос менамоем. Ҷойи қаноатмандист, ки дар ҷараёни ин фаъолият ҳамкориҳои байнипарламентӣ низ моҳияти бештаре пайдо мекунанд.

Вакилони алоҳидаи Парламенти Аврупо ҳамчун иштирокдорони форумҳо ва конфронсҳои байналмилалӣ, муколамаҳои сиёсӣ оид ба ҳуқуқи инсон, нозирони интихобот аз кишвари мо ва намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Парламенти Аврупо дидан намуданд.

Муҳим он аст, ки чунин мулоқотҳо натиҷаҳои мушаххас дошта, ба беҳбудии зиндагии мардуми кишварҳоямон равона гардидаанд. Барои мисол, масъалаҳо нисбати қонунгузории ҷиноятӣ оид ба шиканҷа, ҷавобгарӣ барои туҳмат, ки ҳангоми мулоқотҳо бо Президент пешниҳод гардида буданд, ҳалли худро пайдо намуданд. Моддаҳои ҷавобгарӣ барои туҳмат ва таҳқир аз Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ карда шуданд.

Раиси Маҷлиси намояндагон ҳамчунин дар бораи як силсила тағйиру иловаҳое, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ҳуқуқу озодиҳои инсон амалӣ карда шуданд, маълумоти муфассал дод.

-Тоҷикистон кӯшиш менамояд, ки ҳамеша бо Иттиҳоди Аврупо ҳамкориҳои пойдору дарозмуддат ва мутақобилан судманд дошта бошад. Мо ҷонибдори густариш ва таҳкими робитаҳо бо ин созмони бонуфуз буда, онро ба сифати шарики муҳими байналмилалии худ арзёбӣ мекунем. Иттиҳоди Аврупо пайваста ба ислоҳоти демократӣ, волоияти қонун, ҳуқуқи инсон, рушди бахшҳои гуногун, ҷалби сармояи хориҷӣ ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ мусоидат менамояд. Мо барои ёриву дастгирие, ки, -гуфт дар идомаи суханаш Шукурҷон Зуҳуров, -аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ба кишвари мо дар доираи лоиҳаҳои сершумори муштараки роҷеъ ба инкишофи демократия, волоияти қонун, муҳофизати сарҳадҳо, мубориза ба муқобили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инкишофи нақлиёт ва энергетика, муҳофизати муҳити зист ва ғайра расонида мешавад, арзиши баландеро қоил ҳастем.

Раиси Маҷлиси намояндагон аз доираи фарохи ҳамкориҳои тарафайн изҳори қаноатмандӣ карда, изҳор дошт, ки кӯмак ва дастгирии Иттиҳоди Аврупо на танҳо ба манфиати Тоҷикистон, балки барои тамоми минтақа ва дар маҷмуъ барои Аврупо низ аз аҳамият холӣ нахоҳад буд. Хусусан, барномаи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар таъмини амнияти сарҳад, мубориза алайҳи гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир қобили таваҷҷуҳ аст. Дар иртибот ба ин мавзуъ дар Душанбе ва ноҳияҳои наздисарҳадӣ як силсила чораҷӯиҳо амалӣ гардидааст.

Мо аз он қаноатмандем, ки -гуфт Раиси Маҷлиси намояндагон, -Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати ба эътидол овардани вазъи Афғонистон тадбирҳои самарабахш амалӣ менамояд

Маълум аст, ки ҳар як кишвар рӯзномаи масъалаҳои миллии худро дорад. Ҳама дар он андешаанд, ки чӣ гуна таҳдидҳои навро пешгирӣ намоянд ва дар ин ҳолат қоидаи умумӣ вуҷуд дошта наметавонад. Он гуна, ки аз тариқи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла Евронюс ва Интернет огоҳӣ дорем, имрӯз дар баъзе кишварҳои Аврупо низ ҳолати ғайриоддии ҳам иқтисодӣ, ҳам иҷтимоӣ ҳукмфармост. Итминон дорем, ки Иттиҳоди Аврупо бо таҷрибаи бузургаш метавонад чунин мушкилотро бартараф намуда, ҷиҳати рафъ намудани таҳдидҳо, ба монанди терроризм, хариду фурӯши одамон, ҷиноятҳои вобаста ба гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ғайра корҳои зиёдеро анҷом диҳад.

Парламенти мо хеле ҷавон буда, ҳамчун парламенти думаҷлиса соли 2000-ум таъсис ёфтааст. Аз ин лиҳоз, барои мо таҷрибаи кишварҳое, ки парламентҳояшон чандин аср боз фаъолият менамоянд, хеле зарур аст. Мо талош дорем, ки чунин таҷрибаҳоро, бо дарназардошти хусусиятҳои миллиамон, мавриди баҳрабардорӣ қарор бидиҳем.

Дар Маҷлиси намояндагон 30 гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо парламентҳои дигар кишварҳо таъсис дода шудааст, ки аз кишварҳои аврупоӣ парламентҳои Белгия, Германия, Латвия, Литва, Франсия, Финляндия, Полша, Эстония ва Парламенти Аврупо дар он шуморанд.

Шукурҷон Зуҳуров дар бораи сохтор ва фаъолияти Маҷлиси намояндагон ва баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меҳмонон маълумоти мухтасар ироа намуд. Вай ҳамчунин ба саволҳои меҳмонон роҷеъ ба масъалаҳои гуногуни ҳаёти кишвар посух дод.

Вакили Парламенти Аврупо хонум Элизабет Йеггли аз пазиройии самимонаи Раиси Маҷлиси намояндагон арзи сипос намуда, изҳори итминон кард, ки аз интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳайати онҳо дар он ҳамчун нозирони байналмилалӣ иштирок мекунанд, бардошти нек хоҳанд дошт.

Котиботи роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суратгир А. ИСОЕВ