Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Гузориши мукаммал

№28-29 (3329-3330) 27.02.2015

27 феврали соли 2015 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи хотимавии Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.

Дар рӯзномаи ҷаласаи хотимавӣ як масъала –гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ин бора Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.

Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо МИРАЛИЕВ: — Вакилони муҳтарам! Ба баррасии масъалаи ҷаласа шурӯъ менамоем. Ба таваҷҷуҳи шумо гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» пешниҳод мешавад.

Амиршо МИРАЛИЕВ: - Ба мо лозим аст, ки оид ба ин масъала Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намоем. Ба муҳокимаи шумо чунин лоиҳаи қарор пешниҳод мешавад: «Гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» ба маълумот гирифта шавад.

Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш мекунам нисбати қабули лоиҳаи Қарори мазкур мавқеи худро муайян намоед.

Дар ин бора Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Ба як гурӯҳ вакилон барои иштироки фаъолонаашон дар Парлумони касбӣ бо Ифтихорномаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, орден, медал ва Грамотаи фахрии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои аъзои ИДМ супурда шуд.

Бо ҳамин Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум ба кори худ хотима бахшид.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод)

Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»