КОНСТИТУТСИЯ - ҲУҶҶАТИ МУҚАДДАСУ ТАЪРИХИИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ!

Конститутсия ва рушди Парламент дар Тоҷикистон

№129 (3275) 04.11.2014

Масъалаи қабули Сарқонуни нав ҳанӯз дар давраи аввали ба даст овардани истиқлолият, яъне соли 1991 (бо ба имзо расидани Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ба миён гузошта шуда буд. Аммо вазъи ноороми вақт барои  кор дар ин самт имконият надод. Дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияи нави конститутсионӣ  таъсис дода шуд, ки роҳбарии онро Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Шарифович Раҳмонов ба зимма гирифт. Ин комиссия маҳз бо Конститутсия алоқаманд будани заминаи эъмори давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявиро дарк намуда, ҷиддан ба кор машғул шуд.

Моҳи ноябри соли 1993  дар комиссия ва гурӯҳи корӣ ин масъала аз нав баррасӣ гардид ва давоми шаш моҳ он ду лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро омода намуд, ки ҳар кадоми ин лоиҳаҳо як намуди идоракунии давлатӣ — парламентӣ ва президентиро дар бар мегирифт. Комиссия шакли идоракунии президентиро пазируфта, лоиҳаи омодагардидаро ба муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намуд. Дар давраи муҳокимаронӣ ба ин лоиҳа аз ҷониби мардум зиёда аз ҳаштуним ҳазор пешниҳод ирсол гардид, ки комиссия ҳамаи онҳоро омӯхта, ба инобат гирифт.  Лоиҳа аз тарафи мутахассисони давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ низ омӯхта шуда, сазовори баҳои баланд гардид.

20 июли соли 1994  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул намудан ва мавриди амал  қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки ба раъйпурсии умумихалқӣ пешниҳод шудани лоиҳаи нави Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро эълон намуд. Дар ин ҷо низ пайванди мантиқӣ ҷой дорад. Лоиҳаи нав маҳз халқро баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ  пешбинӣ мекард.

Ниҳоят 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ки дар миқёси кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дуюмин Конститутсияи бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабулшуда буд.

Дар моддаи якуми Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд, ки Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. Эълон намудани ин нуктаҳо хеле муҳим буд, зеро дар он давр ҳам соҳибихтиёрию ҳуқуқбунёдӣ ва  ҳам ягонагии кишвар  таҳти хатар қарор дошт. Қувваҳое вуҷуд доштанд, ки  номи давлати Тоҷикистонро аз харитаи сиёсии олам бардоштанӣ буданд. Вале бо такя ба Конститутсия мардуми Тоҷикистон таҳти сарварии Роҳбари ҷасуру қавиирода  Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд исбот кунанд, ки ин санади тақдирсоз  тасодуфан қабул нашудааст.

Дар Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст ҳокимияти давлатӣ ба се шоха- ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ таҷзия  гардид, ки  он баробар ва мустақиман амал намудани  ҳар яки ин шохаҳоро ифода менамояд. Аз ин ҷост, ки идеяи парламентаризм ба таҷзияи шохаҳои ҳокимият алоқаи бевосита дорад. Аз тарафи дигар парламент ягона мақоми намояндагии кишвар аст. Мутобиқи боби 3 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашмаи ягонаи қонунгузорӣ эътироф гардида, қабули қонунҳо танҳо ба салоҳияти он вогузошта шудааст. Институтҳои парламентӣ – раванди қонунгузорӣ, мақоми вакилони Маҷлиси намояндагон ва узви Маҷлиси миллӣ, муносибат бо Ҳукумат ва ҳизбҳои сиёсӣ низ дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон танзими ҳуқуқии худро ёфтаанд.

Боби 3 ягона боб дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар раванди ислоҳоти конститутсионӣ ба тағйиру иловаҳои ҷиддӣ дучор гардид. Ҳангоми қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне 6 ноябри соли 1994, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои як палата буд ва шакли асосии фаъолияти он Иҷлосия ба шумор мерафт. Иҷлосияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соле на камтар аз ду бор даъват карда мешуд. Ба Маҷлиси Олӣ 181 вакили халқ аз ҳавзаҳои ҳудудии якмандата  интихоб мешуданд.

26 сентябри соли 1999 тавассути             раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Аз ҳама бештар тағйиру иловаҳо ба боби сеюми Конститутсия, ки фаъолияти парламентро ба танзим медаровард, ворид гардиданд. Аз ҷумла мафҳуми Парламент бори нахуст дар Конститутсия тавассути ҳамин тағйиру иловаҳо истифода шуд. Мафҳуми Маҷлиси Олӣ ва Парламент ҳаммаъно нишон дода шуд. Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун  мақоми дупалатагӣ муаррифӣ гардид, ки он аз Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад..

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намуд, ки интихоботи Маҷлиси намояндагон ба таври умумӣ, баробар, мустақим ва бо овоздиҳии пинҳонӣ сурат гирифта, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми доимоамалкунанда ва касбӣ мебошад. Ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синни ӯ аз 25 кам набуда, маълумоти олӣ дошта бошад, метавонад вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шавад.

Интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи муқаррароти Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шакли омехта, яъне ҳам тавассути интихоботи бавосита ва ҳам бо роҳи таъин намудани онҳо аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад. Яъне, аз чор се ҳиссаи  аъзои Маҷлиси миллӣ ба таври ғайримустақим дар Маҷлисҳои якҷояи вакилони халқи Вилояти  Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои онҳо, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ  (якҷоя) бо овоздиҳии пинҳонӣ интихоб мегардад. Дар Маҷлиси миллӣ  Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ намояндагони баробар доранд.

Аз чор як ҳиссаи аъзои Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин мекунад. Ҳар Президенти собиқи Ҷумҳурии Тоҷикистон  узви якумраи Маҷлиси миллӣ мебошад, агар ӯ аз истифодаи ин ҳуқуқ даст накашад.

Шакли фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъватӣ муқаррар шудааст. Барои аъзои  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб ё таъин гардидан синни шаҳрванд бояд аз 35 кам набошад ва ӯ дорои маълумоти олӣ  бошад.

Дар моддаҳои алоҳидаи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон шартҳои вакили Маҷлиси намояндагон ва узви Маҷлиси миллӣ интихоб шудани шаҳрвандон, тартиби гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя ва  алоҳидаи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, интихоби раисону муовинони онҳо, салоҳиятҳои ҳар як палата, тартиби пешниҳод ва қабули қонунҳо, вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагон, ҳуқуқи дахлнопазирӣ доштани онҳо нишон дода шудаанд.

Бо ҳамин васила Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти муътадили Парламенти мамлакатро кафолат додааст.

Тағйироти ба Конститутсия 22 июни соли 2003 воридшуда барои рушди демократия дар Тоҷикистон саҳифаи наве кушод. Бисёр меъёрҳое, ки тавассути раъйпурсӣ қабул гардиданд, дар таърихи Тоҷикистон бори аввал ҷорӣ карда мешуданд. Аз ҷумла дар моддаи 5 инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он арзиши олӣ эътироф гашта, раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот ифодаи олии ҳокимияти халқ дониста шуд. Бевосита амалӣ гардидани ҳуқуқу озодиҳои инсон  дар моддаи 14 кафолат дода, ҳуқуқи дар раъйпурсӣ иштирок кардан ва интихоб намудану интихоб шудан  дар моддаи 22 мушаххас гардонида шудааст. Илова гардидани қисми 2 ба моддаи 28 ҳуқуқи иштироки ҳизбҳои сиёсӣ  дар ҳаёти сиёсии кишварро пешбинӣ мекунад.  Миқдори иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ду баробар зиёд карда шуд. Салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузаронидани ҷаласаҳои якҷоя мушаххас ва тартиби ихтиёран пароканда намудани Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон муайян гардиданд.

Парламентаризм ин назария ва амалияи намояндагии халқ аст. Парламент институти асосӣ дар сегонаи ҳокимияти давлатӣ буда, имконият дорад ба ду шохаи дигари ҳокимият таъсир расонад. Мутамарказ гардидани манфиатҳои ҷамъиятӣ ва ошкоро баён гардидани онҳо ба Парламент имконият медиҳад, ки ихтилофҳои дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин дар ҷомеа ҷойдошта сари вақт бартараф карда шаванд.

Ҳамин тариқ, Конститутсия дар барқарор намудан ва рушди парламентаризм дар мамлакат саҳми босазо дорад. Таҷрибаи татбиқи 20-солаи Конститутсия нишон медиҳад, ки Тоҷикистон дар ин самт ба роҳи дуруст пеш рафта, мавқеи устувори худро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо намудааст.  Ташкил ва густариш ёфтани институтҳои парламентии байналмилалӣ, аз қабили Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои  ИДМ ва Иттиҳоди Иқтисодии АврОсиё далели рушди парламентаризм дар давлатҳои пасошӯравӣ мебошад.

Маҳмадалӣ ВАТАНОВ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон