Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Конвенсия оид ба мубориза бар зидди тамоку баррасӣ ва тасдиқ гардид

№48 (3033) 19.04.2013

РаёсатҲабдаҳуми апрели соли 2013 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум баргузор гардид.

Бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои зерин ворид шуданд:

1. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор»

2. Дар хусуси Конвенсияи қолабии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ оид ба мубориза бар зидди тамоку

3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо»

4. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ».

Масъалаи аввали рӯзнома -«Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор» баъди баррасӣ бо  Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои такмил додан ба кумитаи масъул баргардонида шуд.

РАИС: -Дар хусуси Конвенсияи қолабии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ оид ба мубориза  бар зидди тамоку сухан ба муовини аввали вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷобирова Саида Бобоевна дода мешавад.

Саида ЧОБИРОВАСаида ҶОБИРОВА:- Муҳтарам Раис, вакилони мардумӣ!

Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ барои инкишоф ва пешрафти соҳаи тандурустии кишвар чораҳои муассир меандешад.

Зикр намудан бамаврид аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ имрӯз маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамокуро яке аз афзалиятҳои соҳаи тандурустӣ қабул намуда, ин иқдоми Сарвари кишвар аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳои баланд гирифтааст. Бо пешниҳод ва иқдоми Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эътирофи Конвенсияи қолабии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ оид ба мубориза бар зидди тамоку, ки яке аз талаботи ҷомеаи ҷаҳонӣ барои пешгирӣ ва кам намудани фавти одамон аз тамокукашӣ равона шудааст, аз манфиат холӣ нест. Айни ҳол 174 давлати дунё конвенсияи мазкурро қабул намуда, барои татбиқи он кӯшиш ба харҷ медиҳанд.

Имрӯз тамокукашӣ яке аз сабабҳои асосии дучоройӣ ба бемориҳои ғайрисироятӣ ва фавти аҳолӣ мебошад. Мутобиқи маълумоти Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ, дар ҷаҳон ҳамасола аз бемориҳои бо тамокукашӣ алоқаманд қариб чор миллион нафар одамон мефавтанд ва ҳангоми нигоҳдории чунин тамоюл фавт  аз тамокукашӣ то соли 2030 то ба 10 миллион нафар меафзояд. Вусъати имрӯза ва ояндаи эпидемияи никотинӣ дар тамоми ҷаҳон аз зарурияти қабули чораҳои байналмилалии мубориза бар зидди тамокукашӣ шаҳодат медиҳад.

Мақсади Конвенсияи қолабии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ оид ба мубориза бар зидди тамоку ҳимояи наслҳои имрӯза ва оянда аз оқибатҳои харобкунандаи паҳншавии тамокукашӣ, инчунин оқибатҳои иҷтимоӣ, экологӣ ва иқтисодии тамокукашӣ ва таъсири дуди тамоку бо воситаи таъмин намудани чаҳорчӯбаи мувофиқ барои мубориза бар зидди тамоку мебошад.

Бо муқаррароти конвенсияи мазкур механизмҳои воридсозии чорабиниҳо оид ба манъ намудани ҳама шаклҳои рекламаи бавосита ва бевосита, сармоягузорӣ, тарғиб, ба таври қочоқ ворид намудани тамоку ва истифода бурдани сиёсати андозбандии маҳсулоти тамоку, ба сифати ченаки тандурустӣ барои ба даст овардани камкунии пайвастаи тамокукашӣ ба танзим дароварда мешаванд.

Қонуни амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» аз 29 декабри соли 2010 таҳти №649 ба меъёрҳои дар конвенсияи мазкур баёншуда мухолифат намекунад.

Конвенсияи мазкур қабул ва анҷом додани чораҳои самарабахши қонунгузорӣ, ки ҳимоя аз таъсири дуди тамокуро дар ҷойи кор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ таъмин мекунад, пешбинӣ менамояд. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» меъёрҳои нишондода қисман пешбинӣ шудаанд.

Ҳамчунин ин конвенсия амалисозии чораҳоеро, ки барои то 50 фоиз зиёд намудани ҳаҷми навиштаҷоти огоҳкунанда дар қуттӣ ва бастаи маҳсулоти тамоку равона шудаанд, тавсия медиҳад. Қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ҳаҷми на кам аз чор фоиз навиштаҷоти тарафҳои қуттии (баста) маҳсулоти тамокуро пешбинӣ менамояд.

Ин конвенсия ворид намудани илова ба навиштаҷоти огоҳкунанда ва зарурияти ҷойгир намудани маълумот дар бораи ҷузъҳои мувофиқи маҳсулоти тамоку ва маҳсули аз онҳо ҷудошавандаро пешбинӣ менамояд. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» муқаррароти нишондодашуда пешбинӣ нашудааст.

Бо муқаррароти конвенсияи мазкур васеъ намудани чораҳои самарабахш дар самти маҳдуди реклама, ҳавасмандкунии фурӯш ва сармоягузории маҳсулоти тамоку тавсия дода мешавад, ки амалисозии онҳо таври якҷоя бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои имкониятҳои кам намудани истеъмоли маҳсулоти тамоку дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

Ҳамзамон бояд зикр намуд, ки вобаста ба «Барномаи рушди соҳаи тамокупарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2015 ва дар бораи тадбирҳои иловагии афзоиши минбаъдаи истеҳсоли тамоку ва беҳбуди сифати он» Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалҳои худро  мувофиқа карда, иттилоъ медиҳад, ки ҳар як тарафи ин конвенсия тибқи қонунгузории миллӣ чораҳои самарабахши қонунгузорӣ, иҷроия, маъмурӣ ё дигар чораҳоеро қабул ва амалӣ менамояд, ки аз  истеҳсолкунандагони маҳсулоти тамоку ба мақомоти давлатӣ ошкор намудани маълумотро барои таркиби маҳсулоти тамоку ва маводи аз онҳо ҷудошаванда талаб менамояд.

Бо назардошти аҳамияти иҷтимоӣ доштани чорабиниҳо оид ба кам кардани тамокукашӣ ва паҳншавии тамоку, рӯзмарра будани таъсири манфии дуди тамоку ба саломатии одамон ва пайравӣ намудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ дар масъалаҳои  назорати тамоку Вазорати тандурустӣ ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Конвенсияи  қолабии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ оид ба мубориза бар зидди тамоку мувофиқи  мақсад мешуморад.

Матни конвенсияи мазкур бо вазорату идораҳои дахлдор мувофиқа карда шудааст. Вазорати тандурустӣ эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ҷиҳати ҳалли масъалаи ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба конвенсияи қолабии мазкур мусоидат намоед. Мавриди зикр аст, ки тамоми давлатҳои аъзои Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ ба конвенсияи мазкур шомил гаштаанд.

РАИС: — Аз рӯйи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Хонов Абдураҳмон Умарович дода мешавад.

Абдурахмон ХОНОВАбдураҳмон ХОНОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Воқеан ҳам масъалаи мазкур дар шароти имрӯза тамоми ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст ва он мушкилоти кулли кишварҳои сайёра ба ҳисоб меравад.

Мувофиқи маълумоти Бонки Умумиҷаҳонӣ, ҳамасола дар кишварҳои пешрафтаи саноатӣ аз 7 то 15 фоизи хароҷоти буҷети давлатӣ ба табобату пешгирии бемориҳои вобаста ба маҳсулоти тамоку сарф мешавад. Ҳамчунин ҳаҷми зараре, ки  бар асари истифодаи тамоку ба вазъи саломатӣ ва молиявии сокинони сайёра мерасад, дар як сол бештар аз 200 млрд. долларро ташкил медиҳад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки ин мушкилот, тасмимҳои ҷиддиро рӯйи даст гирифта, тадбирҳои муҳимро ҷиҳати рафъи ин мушкилот  амалӣ менамояд. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку» аз 29 декабри соли 2010 таҳти №649 мисоли равшани ин гуфтаҳост.

Конвенсияи қолабии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ оид ба мубориза бар зидди тамоку, ки 21 майи соли  2003 дар шаҳри Женева ба имзо расидааст ва аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳамроҳшавӣ пешниҳод шудааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрели соли 2013 таҳти №1807 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуд.

Нуҳуми апрели соли 2013 Конвенсияи қолабии Ташкилоти Умумиҷаҳонии Тандурустӣ оид ба мубориза бар зидди тамоку дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ бо иштироки намояндагони дигар кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифта, ҳамаҷониба дастгирӣ ёфт.

Конвенсияи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз ин рӯ, аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба ҷонибдории он овоз диҳед.

Ҷиҳати қабули конвенсияи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС:- Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» сухан ба директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Назаров Рустам Урмонович дода мешавад.

Рустам НАЗАРОВРустам НАЗАРОВ:- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (аз 10 феврали соли 2012) бо мақсади омодасозии заминаи ҳуқуқӣ ҷиҳати муайян намудани «Тартиби баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва нобуд кардани воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропие, ки аз муомилоти ғайриқонунӣ гирифта шудаанд, инчунин асбобу таҷҳизоти истеҳсоли онҳо» пешниҳод гардидааст, зеро тартиби зикргардида дар қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дақиқу мушаххас ба танзим дароварда нашудааст.

Бинобар ин, зарурият барои ворид намудани тағйирот ба моддаи 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо» ба миён омад.

Тибқи лоиҳаи пешниҳодшуда, қисми якуми моддаи зикргардидаи қонун масъалаҳои баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ, мусодира ва нобуд кардани воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо, инчунин асбобу таҷҳизоти истеҳсоли онҳоро, ки аз муомилоти қонунӣ ва ғайриқонунӣ гирифта шудаанд, ба танзим медарорад.

Дар қисми дуюми моддаи 19 –уми қонун бошад, масъалаи истифодаи минбаъдаи маводи нашъаовар ва асбобу таҷҳизоти истеҳсоли онҳо, бинобар дар муомилот номатлуб донистанашон, муайян карда шудааст. Яъне, истифодаи минбаъдаи маводи нашъаовар ва асбобу таҷҳизоти истеҳсоли онҳо дар муомилот дар ҳолатҳои зерин номатлуб дониста мешаванд:

-бо гузаштани муҳлати коршоямӣ;

-дар сурати корношоям шудани онҳо дар натиҷаи таъсири кимиёвӣ ё физикӣ, ки эҳтимоли барқарорсозӣ ё коркарди онҳоро истисно мекунад;

-арзиши тиббӣ, илмӣ ва ё дигаре надошта бошанд.

Айни ҳол масъалаҳои баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва нобуд кардани воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропие, ки аз муомилоти ғайриқонунӣ гирифта шудаанд, аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар асоси дастурамалҳои алоҳида ба танзим дароварда мешаванд. (Вале дар ин дастурамалҳо масъалаҳои муҳим, аз ҷумла тартиб ва андозаи гирифтани  намунаҳо аз далелҳои шайъӣ- воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ барои ҳамроҳ намудан ба парвандаи ҷиноятӣ муайян нашудаанд).

Ҳамин тавр, қабули лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда ба манфиати фаъолияти тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва судҳои ҷумҳурӣ ҷиҳати баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва нобуд кардани воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропӣ мебошад.

Аз шумо, вакилони арҷманд, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи  пешниҳодшударо дастгирӣ намуда, барои қабули он овоз диҳед.

РАИС:- Аз рӯйи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Холов Саттор дода мешавад.

Саттор ХОЛОВСаттор ХОЛОВ:-  Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини иззатманд!

Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз хатарҳои муосирест, ки ба ҳаёту саломатӣ ва пешрафту тараққиёти олам таҳдид намуда, сарчашмаи сар задани ҷиноятҳои вазнин, ба монанди терроризму экстремизм, қочоқу  нашъаҷаллобӣ ва дигар ҷиноятҳои муташаккилона ба шумор меравад.

Вобаста ба пешгирии оқибатҳои фоҷиабори муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир пайваста аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар мақомоти дахлдори мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас дода мешавад.

Зикр кардан зарур аст, ки дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир Ҷумҳурии Тоҷикистон се конвенсияи байналмилалиро эътироф намуда, тибқи 22 созишнома бо давлатҳои дуру наздик ҳамкории худро ба роҳ монда, дар пешгирии интиқолу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир саҳми арзанда дорад.

Тибқи сиёсати пешгирифта, Тоҷикистон имрӯз омода аст бо тамоми кишварҳои олам дар мубориза бо ин падидаи номатлубе, ки ба зиндагӣ, иқтисодиёту маънавиёт ва пешрафту тараққиёти ҷаҳон таҳдид менамояд, ҳамкории густурда дошта бошад.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо», ки ба баррасии шумо пешниҳод шудааст, давоми мантиқии иқдомот вобаста  ба мубориза бар зидди ин омили марговар мебошад.

Тазаккур бояд дод, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда, он бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 апрели соли 2013 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, дигар кумитаҳо ва барои экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодшуда бо мақсади ба вуҷуд овардани заминаи ҳуқуқӣ барои таҳия намудани лоиҳаи тартиби баҳисобгирӣ, нигоҳдорӣ ва нобуд сохтани воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропие, ки аз муомилоти қонунӣ ва ғайриқонунӣ гирифта шудаанд, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қонуни мазкурро омӯхта, онро ҷонибдорӣ карда, хулосаҳои худро пешниҳод намуданд.

Аз кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кумитаи масъул ҳашт таклиф ворид гардид, ки аз онҳо ҳафт таклиф пурра қобили қабул ҳисобида шуд.

Кумитаи масъул масъалаи зикргардидаро 11 апрели соли 2013 дар ҷаласаи васеи худ бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон ва намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор дод.

Кумитаи масъул, бо назардошти мулоҳизоти иштирокчиёни ҷаласа, ба хулоса омад, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо», бо назардошти таклифу пешниҳодҳои қабулгардида, ҷонибдорӣ карда шавад.

Лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мухолифат надорад ва амалӣ намудани он аз буҷети давлатӣ хароҷоти иловагӣ талаб намекунад.

Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо»-ро ҷонибдорӣ кунед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

РАИС:- Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Низом Қосим дода мешавад.

Низом КОСИМНизом ҚОСИМ: — Муҳтарам  Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини арҷманд!

Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои фарҳанг, аз ҷумла ҳунарҳои бадеии халқӣ, чун яке аз омилҳои муҳими махсусияти миллӣ, рушди анъанаҳо ва баёнгари саргузашту сарнавишти таърихии мардум, таваҷҷуҳи пайваста зоҳир мекунанд. Масъалаҳои соҳаи мазкур тавассути Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ», ки аз қабулаш даҳ сол мегузарад, мавриди танзим қарор гирифтаанд.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ» бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Махфират Хидирова ва Низом Қосим пешниҳод шуда, мақсадаш мутобиқ намудани меъёрҳои қонуни мазкур бо дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ворид намудани тағйиру иловаҳо имконият медиҳанд, ки қонуни мазкур ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», Қонуни ҶумҳурииТоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти иловагӣ» мутобиқ карда шавад.

Бо қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 декабри соли 2012 таҳти №1572 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ» барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон, дигар кумитаҳо, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шуда буд. Ҳафт кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаро комилан ҷонибдорӣ карданд. Аз 19 таклифи пешниҳоднамудаи Кумита оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният, Ҳукумати ҷумҳурӣ ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12-тоаш пурра ва сетоаш қисман қабул шуд.

5 апрели соли равон дар ҷаласаи васеи кумитаи масъул намояндагони ҳамаи кумитаҳо, шуъбаи ҳуқуқ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти фикру мулоҳиза ва таклифҳо, пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкурро ба ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маъқул донистанд.

Тибқи пешниҳод ва маслиҳатҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров, дар ҷаласаи Шӯро моддаи 31 лоиҳа хориҷ ва тавассути таҳрири сархатҳои якуму чорум ва ворид намудани се сархати нав ба моддаи 5-уми қонуни амалкунанда асосҳои давлатии дастгирии ҳунарҳои бадеии халқӣ пурратар карда шуд, ки ба инкишофи минбаъдаи ҳунарҳои бадеии халқӣ мусоидат менамояд. Аз ҷумла мақомоти ҳокимияти давлатӣ танҳо ба таҳияи барномаҳои давлатии соҳаи мазкур маҳдуд нашуда, умуман заминаи меъёрии ҳуқуқии ҳунарҳои бадеии халқиро муҳайё месозанд ва ба таҳсилоти касбии устоҳои ҳунарҳои бадеии халқӣ, тайёр намудани шогирдон ва дар маҷмӯъ ба идомаю равнақи ҳунарҳои бадеии халқӣ, мусоидат мекунанд.

Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва аз буҷети давлатӣ маблағи иловагӣ талаб намекунад. Аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш дорем, ки ба ҷонибдории он овоз диҳед.

Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.

 

Ҷумъахон НАБОТОВ,

Аъзам МӮСОЕВ,

«Садои мардум».

Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ