Дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Лоиҳаи буҷет моҳияти иҷтимоӣ дорад

№134 (3119) 22.10.2013

КУмитаи Рачабов

Ҳаждаҳуми октябри соли равон ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба иқтисод ва молия баргузор гардид.

Раиси кумита Сафаралӣ Раҷабов зикр намуд, ки ба баррасии ҷаласа як масъала: «Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» пешниҳод шудааст. Сипас, муовини раиси кумита Сафаралӣ Гулов суханронӣ намуда, лоиҳаи қонунро муфассал шарҳ дод. Мавсуф минҷумла гуфт, ки дар лоиҳаи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014 ва Нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2015-2016 ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ, аз ҷумла даромадҳои ҷорӣ, грантҳо, қарзҳо барои амалӣ намудани лоиҳаҳои инвеститсионӣ, инчунин маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ, ҷамъ оварда шудаанд.

Дар соли 2014 ҳаҷми умумии даромади Буҷети давлатӣ 13901,0 млн.сомониро ташкил медиҳад, ки он нисбат ба соли ҷорӣ 15,3 фоиз ё 1843,5 млн.сомонӣ зиёд мебошад.

Аз суханронии Сафаралӣ Гулов маълум гардид, ки дар давраи миёнамуҳлат афзоиши миёнаи солонаи даромади ҷории Буҷети давлатӣ дар соли 2014 аз ҳисоби сарчашмаҳои зерин пешбинӣ гардидааст:

Аз ҳисоби Кумитаи андоз -маблағи 6924,0 млн.сомонӣ бо афзоиши 1172,0 млн.сомонӣ нисбат ба соли 2013, ки он 14,3 фоизи ММД ва 62,6 фоизи даромадҳои ҷории буҷетро ташкил мекунад.

Аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ дар соли 2014 ба маблағи 3800,0 млн.сомонӣ бо афзоиши 600,0 млн.сомонӣ нисбат ба соли ҷорӣ, ки ин 34,3 фоизи даромадҳои ҷории Буҷети давлатиро ташкил дода, ба 7,8 фоизи ММД баробар мебошад.

Дар соли 2014 ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ бо дарназардошти маблағҳои Барномаи давлатии инвеститсионӣ, қарзи давлатӣ ва маблағҳои махсуси ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ ба маблағи 14143,1 млн.сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли ҷорӣ ба андозаи 15,3 фоиз зиёд буда, ба 29,2 фоизи ММД баробар мебошад.

Бино ба гуфти Сафаралӣ Гулов, дар сохтори хароҷотии Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаҳои иҷтимоӣ бахши афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар соли 2014 барои маблағгузории ин соҳаҳо, бо дарназардошти соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, 7668,9 млн.сомонӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли ҷорӣ 20,2 фоиз зиёд буда, 54,2 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти Буҷети давлатӣ ва 15,8 фоизи ММД-ро ташкил мекунад.

Масъалаи мавриди баррасиро ҳамчунин вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Наҷмуддинов, вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Раҳимзода, раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Давлатов ва муовини сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Н.Маҳмадов шарҳ доданд.

Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев оид ба ин масъала суханронӣ намуда, ҳамчунин гуфт, ки дар таҳияи лоиҳаи қонуни мавриди баррасӣ, пеш аз ҳама афзалиятҳое, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013, вохӯриҳояшон бо намояндагони аҳли ҷомеа бармеояд, инчунин вазифаҳое, ки аз Стратегияи баланд бардоштани сатҳи некуаҳолии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013-2015, Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2018, Стратегияи рушди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2015 ва қарору барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳоди аъзои Маҷлиси миллӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дархостҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба инобат гирифта шудаанд.

Дар анҷоми ҷаласа оид ба пешниҳод намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2014» ба Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум қарори дахлдор қабул гардид.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум». 

Суратгир А.Исоев