ЛОИҲАИ ҚОНУНИ НАВ БА БЕҲТАРГАРДИДАНИ ФАЪОЛИЯТИ МУАССИСАҲОИТОМАКТАБӢ МУСОИДАТ МЕКУНАД

№50 (3035) 25.04.2013

Бо ибтикори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 19 апрели соли 2013 машварат оид ба баррасии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, намояндагони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиносону мутахассисон аз Ҷумҳурии Белорус ва намояндагону масъулони муассисаҳои томактабии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор гардид.

Машварати мазкурро вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Оқилов ифтитоҳ намуда, баргузор гардидани ин нишастро, ки дар он дар радифи масъулони ниҳодҳои дахлдори мамлакат ҳамчунин намояндагону масъулони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Белорус иштирок доранд, барои тақвият ёфтани ҳамкориҳои ду кишвари дӯст -Тоҷикистону Белорус қадами ҷиддӣ ва устувор арзёбӣ намуд.

Зикр гардид, ки мақсад аз баргузории машварати мазкур бо ҷалби мутахассисони хориҷӣ баррасии ҳамаҷонибаи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», ки аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборова, Махфират Хидирова, Нурулло Оқилов ва Меҳроҷиддин Ҳакимов таҳия гардидааст, мебошад.

Бояд гуфт, ки чунин шакли баррасии лоиҳаи қонун бори аввал сурат гирифта, ҷиҳати дар сатҳи хеле баланд таҳия ва омода шудани лоиҳаи қонуни мазкур мусоидат менамояд.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Марҳабо Ҷабборова зимни суханронии худ изҳор дошт, ки айни ҳол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ислоҳоти соҳаи маориф идома дорад ва барои рушди илму маориф дар мамлакат таҳияи лоиҳаи қонунҳои нави марбут ба соҳа зарур аст. Аз ин рӯ, Маҷлиси намояндагон, бахусус Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон ҷиҳати таҳия ва қабули қонунҳои нав дар ин самт талошҳои муассир доранд. Пешниҳод намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» кӯшишҳои навбатии вакилони аъзои кумитаи мо мебошад.

Зикр шуд, ки мақсад аз таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур раванди мақсадноке мебошад, ки қобилият, шавқу рағбат, хусусиятҳои ҷисмонӣ, равонӣ ва зеҳнии кӯдакони синни томактабиро инкишоф медиҳад.

Роҷеъ ба лоиҳаи ин қонун вакилони Маҷлиси намояндагон Махфират Хидирова, Меҳроҷиддин Ҳакимов, Нодира Турдиматова, муовини вазири маорифи Ҷумҳурии Белорус Василий Будкевич, намояндагону масъулони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои томактабӣ андешаҳои худро баён дошта, таҳия ва қабули қонуни мазкурро барои рушди соҳаи маориф ва беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои томактабӣ муҳим арзёбӣ карданд.

 

Хадамоти матбуотии

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон