Муҳокимаи парламентӣ

Маблағҳо мақсаднок ва замин бояд самарабахш истифода гарданд

№161 (3146) 28.12.2013

Мухокима

24 декабри соли 2013 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокимаи ошкорои  парламентӣ вобаста ба иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2013 оид ба аз худ намудани маблағҳои барои сохтмони асосӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ ҷудошуда дар Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.

Ба муҳокимаи парламентӣ муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев раисӣ намуд.

Зимни суханронии худ Амиршо Миралиев зикр кард, ки яке аз ҳадафҳои асосии кишвар, ки аз Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, ин расидан ба таъмини амнияти озуқавории  мамлакат мебошад.

Баланд бардоштани самаранокии заминҳои кишоварзӣ, дар сатҳи хуб нигоҳ доштан ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративӣ ва ирригатсионии заминҳо дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат самти афзалиятнок  ба ҳисоб рафта, сиёсати давлатро ҷиҳати расидан ба суботи иқтисодию иҷтимоӣ муайян менамояд.

Солҳои охир дар соҳаи хоҷагии оби мамлакат аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ислоҳоти муҳим ба нақша гирифта шуда, амалӣ гардида истодааст, ки мақсади асосии онҳо рушди соҳа, нигоҳ доштани иншооти гидротехникӣ ва ирригатсионии кишвар, ба танзим даровардани муносибатҳои дурусти иқтисодии байни истифодабарандагони об ва ташкилотҳои хоҷагии об мебошад.

Ба сари  ҳар як сокини мамлакат 0,08 гектар замини корами обӣ рост меояд, ки ин дар қиёс бо давлатҳои дигари Осиёи Марказӣ нишондиҳандаи аз ҳама камтарин мебошад. Вале, сарфи назар аз камзамин буданаш, Тоҷикистон имкониятҳои васеи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзиро дорад.

Ҳоло ҷиҳати рушди соҳаи кишоварзӣ нуҳ лоиҳаи сармоягузорӣ бо маблағи зиёда аз як миллиарду 200 миллион сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Танҳо дар панҷ соли охир аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо ба ин мақсад 2 миллиарду 340 миллион сомонӣ маблағ равона шудааст.

Ба хотири барқарорсозии шабакаҳои ирригатсионии идоракунии захираҳои обӣ ва обёрии заминҳо дар ҷумҳурӣ панҷ лоиҳаи инвеститсионӣ мавриди амалишавӣ қарор дорад, ки маблағи умумии онҳо қариб 500 миллион сомониро ташкил медиҳад. Мақсади асосии ҷаласаи имрӯза таҳлили амалишавии барномаҳои қабулгардидаи соҳа ва истифодаи дурусту мақсадноки маблағҳои буҷетӣ дар соҳаи мазкур ба ҳисоб меравад.

ЁқубзодСипас, вобаста ба ин масъала раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Саиди Ёқубзод гузориш дод.

Саиди Ёқубзод, аз ҷумла зикр намуд, ки мақсад аз таҳлили фаъолияти соҳаи мазкур аз он иборат мебошад, ки мелиоратсия ва ирригатсияи заминҳо дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат яке аз самтҳои афзалиятноки стратегӣ ва сиёсати давлат ҷиҳати расидан ба суботи иқтисодию иҷтимоӣ дониста шудааст.

Дар ду соли охир дар соҳаи хоҷагии оби мамлакат аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор ислоҳоти муҳим ба нақша гирифта, амалӣ шуда истодаанд, ки мақсади асосии онҳо рушди соҳа, нигоҳ доштани иншооти нодири ирригатсонии кишвар, ба роҳ мондани муносибатҳои дурусти иқтисодӣ байни обистифодабарандагон ва ташкилотҳои хоҷагии об мебошад.

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 ноябри соли 2011 таҳти №766 «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2012» ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 46,8 млн.сомонӣ маблағ дар назар дошта шудааст, ки аз он 16,0 млн.сомонӣ барои сохтмони асосӣ пешбинӣ гардида буд.

Дар ин давра нақшаи буҷети давлатии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он 30,8 млн.сомонӣ ва иҷрои он 30,8 млн.сомонӣ ё 100 фоизи нақшаи пешбинишударо ташкил дод. Иҷрои маблағҳои сохтмони асосӣ бошад, дар ин давра 16,0 млн.сомонӣ, ё худ 100 фоизи нақшаи солонаро ташкил намуд.

Аз ҷониби ташкилоту идораҳои Агентӣ бо мақсади истифодаи захираҳои об, бо дарназардошти стратегияи тараққиёт, омилҳои демографӣ ва шароити истифодаи замин якчанд барномаҳои давлатӣ, ки бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидаанд, аз ҷумла «Беҳтар намудани таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020», «Азхудкунии заминҳои нави обёришаванда барои солҳои 2008-2012», «Барқарорсозии қубурҳои баландфишор дар пойгоҳҳои обкашии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015», «Беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014» ва «Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015» мавриди татбиқ қарор доранд.

Талаботи молиявии Агентӣ аз ҳисоби маблағҳои мутамарказ барои сохтмони асосӣ ҷиҳати иҷрои барномаҳои давлатӣ, дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барқарорсозии дигар иншоотҳое, ки дар ҳолати садамавӣ қарор доранд ва барои афзалиятҳои соҳавӣ дар соли 2013-ум 67936,4 ҳазор  сомониро ташкил медиҳад.

Агентӣ тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011 таҳти №112 «Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2015», дар соли 2012 аз ҳамаи сарчашмаҳо мебоист ба маблағи 40,1 млн.сомонӣ корҳоро ба иҷро мерасонид. Дар асл бошад, ба маблағи 67,2 млн.сомонӣ (аз ин 5,7 млн.сомонӣ бо тариқи ҳашар) корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба сомон расонида шуда, аз 16111 метр иқтидорҳои ба нақша гирифташуда 9468 метр ба истифода дода шуданд.

Дар соли 2013 тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2012 таҳти №766 «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013» барои Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 63,3 млн.сомонӣ маблағ пешбинӣ карда шудааст, ки аз он 20,0 млн.сомонӣ барои сохтмони асосӣ мебошад.

Иҷрои маблағҳои пешбинишуда ба ҳолати 1 октябри соли ҷорӣ 14,0 млн.сомониро ташкил медиҳад.

Соли 2013 дар назди Агентӣ низ лоиҳаҳои инвеститсионии «Идоракунии захираҳои обии водии Фарғона», «Идоракунии хавфи обхезӣ дар вилояти Хатлон», «Обёрии заминҳои водии Данғара дар масоҳати 1750 гектар (марҳилаи 2)», «Лоиҳаи таъмини шуғли аҳолӣ барои устувории хоҷагии қишлоқ ва идоракунии захираҳои обӣ» бо маблағи умумии 631,07 млн.сомонӣ (132,3 млн.доллари ИМА) татбиқ шудааст.

Азхудкунии маблағҳо аз 1 октябри соли ҷорӣ 68,21 млн.сомонӣ (14,3 млн.доллари ИМА)-ро ташкил медиҳад. Аз давраи татбиқи ҳамаи лоиҳаҳо азхудкунии маблағҳо 328,17 млн.сомонӣ (68,8 млн.доллари ИМА)-ро ташкил менамояд.

Бо мақсади боз ҳам вусъат додани иҷрои чорабиниҳо ҷиҳати беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзӣ, таъмини рушди соҳаи мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун таъминкунанда ва заминаи воқеии амнияти озуқавории мамлакат, муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ иҷрои як қатор чорабиниҳо ба мақсад мувофиқ аст.

Аз беназоратии баъзе мутасаддиёни соҳа, идораҳо ва лоиҳаҳои инвеститсионии татбиқмегардида ба изофанависии ҳаҷми корҳои иҷрогардида, бесифатӣ, сари вақт пардохт накардани андозҳо ба буҷет роҳ дода мешавад. Дар фаъолияти раёсат ва идораҳои зертобеи Агентӣ камбудиҳо, аз ҷумла истифодаи ғайримақсадноки маблағу воситаҳои давлатӣ ошкор гардиданд.

Дар баъзе шаҳру ноҳияҳо маблағҳо аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои иҷрои беҳтар кардани ҳолати мелиоративии заминҳои обёришаванда пешбинӣ гардида, ғайри мақсаднок ва ба дигар соҳаҳо хароҷот карда мешаванд.

Аз сабаби нарасидан ва кӯҳнаю фарсуда будани техникаи лозима мутахассисони баландихтисоси соҳавӣ корҳои вобаста ба таъмиру барқарорсозӣ, тоза намудани заҳбуру заҳкашҳо ба талабот ва меъёрҳои муайянгардида ҷавобгӯй набуда бо сифати бад иҷро мешаванд.

Пойгоҳҳои обкашии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, гарчанде ҳамасола қисман таъмири асосӣ ва ҷорӣ гузаронида шаванд ҳам, дар ҳолати хуби техникӣ қарор надоранд. Ин пойгоҳҳо аз солҳои панҷоҳуми асри гузашта сар карда, то солҳои навадум ба истифода дода шудаанд ва муҳлати истифодабариашон аз рӯйи нишондиҳандаҳои техникӣ гузаштааст.

Муҳандисони соҳаи обёрии мошинӣ ба шумор мондаанд. Дар пойгоҳҳои обкашӣ аз сабаби паст будани маош мутахассисон аз кор мераванд, дар баъзе пойгоҳҳои обкашӣ оилавӣ кор мекунанд ё ин ки занону нафақахӯрон мондаанд.

Ҳомидҷон ҲасановДиректори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомидҷон Ҳасанов дар муҳокимаи ошкорои парламентӣ доир ба  фаъолияти соҳаи мазкур ҷиҳати таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ ва дигар истифодабарандагон бо оби обёрӣ, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, азхудкунии заминҳои нави обёришаванда ва гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузориши муфассал дод.

Аз ҷумла, азхудкунии маблағҳо дар доираи Лоиҳаи «Идоракунии захираҳои обии водии Фарғона» дар соли 2012-ум 19,29 млн.сомонӣ ва соли ҷорӣ бошад 21,56 млн. сомониро ташкил медиҳад.

Мақсади Лоиҳа аз беҳтар намудани таъминоти оби заминҳо ва ҳолати мелиоративии он дар ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Конибодом, мустаҳкамсозии системаи огоҳкунии пешакӣ дар сарбанди Қайроққум ва инчунин гузаронидани тадқиқотҳои муҳандисӣ-геологӣ барои баҳодиҳии хатарҳо, ки ба сарбанд вобастагӣ доранд, иборат аст.

Дар ин давра 117,61 км заҳбурҳои байнихоҷагӣ тоза, 9 адад пойгоҳҳои обкашии мелиоративӣ, 110 адад чоҳҳои амудӣ ва 97 адад чоҳҳои назоратӣ таъмиру барқарор карда шуданд. Ба дарозии 11350 метр қитъаҳои алоҳидаи Канали калони Фарғона бетонпӯш ва 161 адад иншооти канали номбурда таъмир гардида, 1300 метр канали бетонии Конибодом ва 9135 метр саддҳои соҳили обанбори Қайроққум барқарор шуданд.

Иҷрои корҳои барқарорсозӣ имконият дод, ки ҳолати мелиоративии заминҳо дар майдони 6416 гектар ва таъминоти заминҳо бо оби полезӣ дар майдони 7349 гектар беҳтар карда шавад.

Дар натиҷаи татбиқи Лоиҳа 858 ҷойи нави корӣ, аз он ҷумла 818 ҷойи кории мавсимӣ барои мутахассисон ва коргарони маҳаллӣ дар иншоотҳо ва 40 ҷойи кории доимӣ дар 3 ассотсиатсияи истифодабарандагони об ташкил шуд.

Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳомидҷон Ҳасанов инчунин оид ба татбиқи дигар лоиҳаи инвеститсионӣ маълумот дод.

Дар баробари ин, зикр гардид, ки яке аз мушкилиҳо маблағгузории нокифоя барои пурра амалӣ намудани барномаҳои давлатии соҳавист.

Мушкилоти дигар фарсудаву корношоям будани нақлиёту механизмҳо мебошанд, ки муҳлати истифодабариашон  3- 4 маротиба аз меъёр гузаштааст.

Барои гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, барқарор намудани қубурҳои баландфишори системаҳои ирригатсионӣ ва пойгоҳҳои обкашӣ соҳа ба техникаҳои гуногунтамға, механизм ва мошинҳо эҳтиёҷ дорад. Аз ҷумла булдозерҳо -100 адад, экскаваторҳо-230 адад, автомашинаи боркаш -150 адад ва дигар намудҳои гуногуни техника бо шумораи умумии зиёда аз 300 адад ба маблағи умумии 227,8 млн.сомонӣ зарур аст.

Қубурҳои баланфишор дар пойгоҳҳои обкашии Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, айни ҳол дар ҳолати садамавӣ қарор доранд.

Дар ҷумҳурӣ зиёда аз 48 фоизи заминҳои обёришаванда тавассути  пойгоҳҳои обкашӣ обёрӣ мешаванд, ки аксари ин пойгоҳҳо солҳои 1958-1977 сохта, ба истифода дода шудаанд.

Дилмурод ДАВЛАТОВРаиси  Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатов дар баромадаш хотирнишон кард, ки тибқи Нақшаи доирнамудаи муҳокимаи парламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2013, аз тарафи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар собиқ Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиши иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти хароҷот намудани маблағҳои ҷудогардида барои сохтмони асосӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионӣ гузаронида шуд.

Таҳлил давраи солҳои 2012-2013-ро дар бар гирифта, дар рафти он ҳолати хароҷоти маблағҳои ҷудогардида ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои зерин мавриди санҷиш қарор дода шуд:

-«Идоракунии хавфи обхезӣ дар вилояти Хатлон»;

-«Идоракунии захираҳои оби водии Фарғона»;

- «Лоиҳаи дуюми таъмини шуғли аҳолӣ барои устувории хоҷагии қишлоқ ва идоракунии захираҳои обӣ»;

- «Обёрии заминҳои водии Данғара».

Ҳамзамон дар ин  радиф иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2013 дар самти хароҷот намудани маблағҳои барои сохтмони  асосӣ ҷудогардида дар Муассисаи давлатии «Сохтмони асосӣ ва мелиоративӣ»-и Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди санҷиш ва таҳлил қарор дода шуд.

Таҳлили хароҷоти маблағҳои ҷудогардида ҷиҳати татбиқи Лоиҳаи «Идоракунии хавфи обхезӣ дар вилояти Хатлон» нишон дод, ки бо мақсади ба роҳ мондани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, сохтмон ва барқароркунии стансияҳои обченкунӣ ва обуҳавосанҷӣ, тибқи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд басташуда, маблағи умумии 27748,1 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо гардидааст, ки аз ин маблағ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 5,75 млн.доллари амрикоӣ (20,8 фоиз) ва қарзи Бонки Осиёии Рушд 22,0 млн.доллари амрикоӣ (79,2 фоиз)-ро ташкил медиҳад.

Дар давраи таҳлилӣ аз ҳисоби маблағҳои ҷудогардида  барои иҷрои корҳои сохтмонӣ, хариди воситаҳои нақлиёт, таҷҳизот ва хизматрасониҳо, харҷи идоракунии Лоиҳа ва фоизҳои ҳисобшуда маблағи умумии 2938,9 ҳазор доллари амрикоӣ ё баробар ба 14025,70 ҳазор сомонӣ харҷ карда шудааст, ки аз он маблағи 478,69 ҳазор доллари амрикоӣ ё баробар ба 2284,56 ҳазор сомонӣ ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маблағи 2460,17 ҳазор доллар ё баробар ба 11741,17 ҳазор  сомонӣ ҳиссаи қарзи Бонки Осиёии Рушдро ташкил медиҳад.

Аз таҳлилҳо бармеояд, ки ҳадафҳои аслии дар Барнома пешбинишуда ин корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Восеъ ва Кӯлоб, инчунин барқарор намудани истгоҳҳои обченкунӣ дар ноҳияҳо Шаҳритуз, Балҷувон, Восеъ, Фархор, Данғара ва Кӯлоб, ҳамзамон сохтан ва барқарорсозии бахшҳои обуҳавосанҷии ноҳияҳои Ховалинг, Муъминобод ва Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ будааст, ки  мебоист дар давраи солҳои 2007 то 30 июни 2014 ба анҷом расанд. Айни ҳол Барнома пурра иҷро гардидааст. Гарчанде ҳадафҳо иҷро гардида бошанд ҳам, дар фаъолияти молиявии марказ дар маҷмуъ ба маблағи умумии 2819,6 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ ошкор шуд, ки аз ин маблағ ба қадри 1820,1  ҳазор сомонӣ ба тариқи ҳисоббаробаркунӣ ба фоидаи Муассиса ва ба қадри 999,5 ҳазор сомонӣ ба Буҷети давлатӣ барқарор карда шудааст.

Таҳлили рафти татбиқи Лоиҳаи «Идоракунии захираҳои оби водии Фарғона» нишон дод, ки тибқи Созишномаи грантии басташуда байни Ассотсиатсияи байналмилалии Бонки Умумиҷаҳонӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади зиёд намудани маҳсулнокии заминҳои кишоварзии обёришаванда ва даромади аҳолии водии Фарғона соли 2005 ба маблағи 14.2 млн. доллари амрикоӣ ва соли 2010 ба таври иловагӣ ба маблағи 10,0 млн. доллари амрикоӣ ҷудо гардидааст. Аз маблағҳои ҷудогардида ҳиссаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,2 млн.доллари амрикоӣ (8 фоиз)-ро ташкил медиҳад. Муҳлати баанҷомрасии татбиқи Лоиҳаи мазкур 31 майи соли 2014 муқаррар гардидааст. Таҳлилҳо нишон доданд, ки аз давраи оғози татбиқи Лоиҳа то давраи санҷишӣ азхудкунии маблағҳои ҷудогардида ба қадри 22.4 млн.доллари амрикоӣ ё баробар ба 95.2 млн. сомониро ( 92.5 фоиз) ташкил додааст.

Ҳадафҳои аслии Лоиҳаи мазкур обёрӣ намудани ноҳияҳои Конибодом ва Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғдро дар бар мегирад, ки тибқи он 30 ҳазор гектар обёрӣ ва 6450 гектар заминҳо аз нав ба истифода дода мешаванд. Муҳлати анҷоми ин созишнома то 31 майи соли 2014 идома меёбад ва аллакай аксарияти корҳо иҷро шудаанд.

Рафти санҷиш нишон дод, ки изофанависии ҳаҷм ва арзиши корҳо дар ин ҷо ба маблағи 124077,5 сомонӣ ҷой доштааст ва аз ҳисоби ҳақдории пудратчиён дар назди Муассиса ин маблағ кам карда шуд.

Раиси Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилмурод Давлатов ҳамчунин оид ба натиҷаи санҷишҳо дар татбиқи дигар лоиҳаҳо, ошкор намудани камбудиҳо дар самти хароҷоти маблағҳои ҷудошуда гузориш дод.

Дар рафти муҳокимаи парламентӣ вакилон Шодӣ Шабдолов, Мироҷиддин Ҳакимов, Маҳмадамин Ҳисориев, Умаралӣ Ҳисайнов, Шарофиддин Сироҷов баромад намуда, оид ба масъалаи мавриди муҳокима эрод ва пешниҳоду дархостҳои худро баён намуданд.

Дар охир муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев зикр намуд, ки муҳокимаи имрӯзаи масъала нишон медиҳад, ки солҳои охир корҳои муайян дар ин самт анҷом дода шудаанд, вале, дар баробари ин, ҳанӯз ҳам дар ҷумҳурӣ дар соҳаи беҳдошти замин ва обёрӣ мушкилоти ҳалталаби зиёд боқӣ мемонад.

Таҳлили иҷрои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2012-2013 оид ба аз худ намудани маблағҳои барои сохтмони асосӣ ҷудогардида дар Муассисаи давлатии «Сохтмони асосӣ ва мелиоративӣ»-и Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқи маълумотномаи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, нишон медиҳад, ки соли 2012 дар асоси қарорҳо ва фармоишҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва аз ҳисоби маблағҳои мутамарказонидашудаи Буҷети давлатӣ барои сохтмони 58 иншоот маблағи 16008,2 ҳазор сомонӣ ҷудо шуда, маблағ пурра аз худ карда шудааст.

Аз ҷумла барои корҳои сохтмонию васлкунӣ маблағи 14219,4 ҳазор сомонӣ ва барои корҳои лоиҳавию назорати техникӣ 1788,8 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки дар асл ба маблағи 15252,7 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонию васлкунӣ ба анҷом расонида шудааст.

Фаъолияти молиявию хоҷагидории Муассисаи давлатии «Сохтмони асосӣ ва мелиоративӣ» дар соли 2012 аз ҷониби мутахассисони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра мавриди санҷиш қарор дода шуд. Дар натиҷаи санҷиш изофанависии ҳаҷми корҳои сохтмони мелиоративӣ дар 58 иншоот ба маблағи 258351 сомонӣ ошкор гардид. Аз маблағи ошкоргардида 66250 сомонӣ ба буҷети ҷумҳуриявӣ барқарор ва 113052 сомонӣ ба тариқи ҳисоббаробаркунӣ аз ҳисоби ҳақдории пудратчиён дар назди Муассиса кам карда шуд.

Ҳамчунин тибқи маълумотҳо, ҳолати мелиоративии зиёда аз 40 ҳазор гектар замин дар миқёси ҷумҳурӣ ғайриқаноатбахш мебошад.

Аз маълумотҳо бармеояд, ки пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ дар солҳои 2012-2013 мутаносибан 50-56 фоизро ташкил медиҳад ва он ҳам бошад, бо тариқи пӯшонидани ин маблағҳо аз ҳисоби таъмири пойгоҳҳои обкашӣ ва тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо ё амалиёти бартерӣ (додугирифт) бо маҳсулоти кишоварзӣ буда, хилофи қоидаҳои амалкунанда мебошад.

Аз ин рӯ, зарур аст, ки механизми нави иқтисодии муносибатҳои байни ташкилотҳои обрасон ва истифодабарандагони об, аз ҷумла тарифҳо ва пардохти ҳаққи хизмати обрасонӣ коркард ва дар амал татбиқ карда шавад.

Солҳои охир, бинобар аз кор баромадани иншоотҳои обрасонӣ ва пойгоҳҳои обкашӣ, беш аз 30 ҳазор гектар замини корами обӣ ҳамчун замини лалмӣ истифода мешавад, ки албатта, омили манфӣ арзёбӣ мегардад.

Ҳодисаҳои табиии марбут ба об бошад, ҳар сол ба иқтисодиёти  кишвар садҳо миллион сомонӣ зарари иқтисодӣ мерасонад. Бинобар ин, ба Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супориш дода мешавад, ки ҷиҳати анҷом додани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои саривақтӣ андешанд.

Бо дарназардошти таҳлил ва муҳокимаҳои имрӯза, зарур аст, ки Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои дигари дахлдор ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати иҷрои самаранок ва мақсадноки Буҷети давлатӣ, татбиқи қонуну қарорҳо ва барномаҳои қабулгардидаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обу замин чораҳои зарурӣ амалӣ намоянд.

Ҳамчунин аз Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон молиякунонии саривақтии нақшаву барномаҳои соҳавӣ талаб карда мешавад. Вазорати молияро зарур аст, ки дар доираи муҳлатҳои пешбинигардида сари вақт ҷудо намудани маблағҳои буҷетиро, ки баҳри амалӣ ва иҷрои чорабиниҳои барномавӣ истифода мешаванд, таъмин намояд.

Дар раванди таҷдиди ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, беҳдошти замин ва обёрӣ масъалаи марҳила ба марҳила ба мувозинати Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронидани иншоотҳои гидротехникии дохили хоҷагиҳоро, бо дарназардошти хусусиятҳои молиявӣ ва таъминоти моддию техникии онҳо, яке аз вазифаҳои афзалиятнок ҳисоб менамоем.

Доир ба масъалаи муҳокимагашта, бо дарназардошти таклифу дархостҳо, қарор ва тавсияҳои муҳокимаи парламентӣ қабул гардиданд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ