Марҳалаи нави рушди иқтисоди кишвар

№54 (3039) 06.05.2013

Вобаста ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26 апрели соли 2013) вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии Ашт №17 Азизмат Имомов  бо интихобкунандагон вохӯрӣ доир намуд.

Раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Азизмат Имомов  бо сокинони шаҳраки Шайдон мулоқот кард. Дар суҳбат Азизмат Имомов диққати ҳозиринро ба он  нуктаи  Паём ҷалб намуд, ки дар марҳалаи навини рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар сиёсати давлат ба он равона мешавад, ки тавассути фаъолияти самараноки тамоми мақомоти сохторҳои давлатӣ  барои ҳар як шаҳрванди кишвар шароити арзандаи зиндагӣ таъмин гардад. Бо ин мақсад соли гузашта Стратегияи баланд бардоштани  сатҳи некуаҳволии мардуми Тоҷикистон барои солҳои 2013- 2015 таҳия гашта, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд. Барои татбиқи ин стратегия дар маҷмуъ  30 миллиард сомонӣ пешбинӣ  шудааст.

Дараҷаи зиндагии мардуми деҳот ба рушди соҳаҳои кишоварзӣ вобаста аст. Аз ин рӯ,  барномаҳои қабулнамудаи Ҳукумати кишвар дар самти таъмини ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ муҳим арзёбӣ мешаванд.

Дар бораи мақомоти қонунгузори ҷумҳурӣ ҳарф зада, минҷумла зикр намуд, ки қабули қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади таҳкимбахшии ҳифзи манфиатҳои ҳуқуқӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон равона шудааст.

Баробари ин, тавре дар Паём таъкид шудааст, қонунҳо бояд ҳатмӣ риоя шаванд. Чунончӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ зарурати риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар  бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро таъкид намуд.

Доир ба иҷрои вазифаҳое, ки аз Паём бармеоянд, Азизмат Имомов дар вохӯрӣ бо роҳбарони ташкилоту муассиса, соҳаҳои маорифу тандурустӣ, хоҷагиҳои  деҳқонии ноҳия, сокинони деҳотҳои Понғоз, Пунук, Ориён, Ошоба ва ғайра муфассал маълумот дод.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»