Масъалаҳо баррасӣ ва арзандаҳо қадрдонӣ шуданд

№77-78 (3062-3063) 25.06.2013

Бисту якуми июни соли ҷорӣ таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Амиршо Миралиев ҷаласаи Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор гардид, ки дар он роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат ширкат доштанд.

Дар рӯзномаи ҷаласаи мазкур ду масъала – «Натиҷагирӣ аз фаъолияти вазорату идораҳо оид ба арзёбии таъсири корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муҳити зист ва саломатии аҳолии ноҳияҳои наздисарҳадии вилояти Суғд ва муайян намудани зарари иқтисодии он» ва «Ҷамъбасти даври аввали озмун оид ба мақолаҳо, филмҳои мустанад ва наворҳои тарғиботии беҳтарин дар мавзуи ҳифзи муҳити зист» мавриди баррасии аъзои комиссия қарор гирифт.

Аз рӯйи масъалаи якуми рӯзнома муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Амиршо Миралиев суханронӣ намуда, аз ҷумла иброз дошт, ки бехатарии экологӣ, ҳифзи муҳити зист, таъмини саломатии аҳолӣ яке аз афзалиятҳои сиёсати Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Мавсуф афзуд, ки солҳои охир сохторҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар масъалаи он, ки гӯё партовҳои истеҳсолии КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ба ҳудудҳои ҷанубии Ӯзбекистон таъсири манфӣ мерасонад, ба СММ, Парлумони Аврупо ва парламентҳои Белгия, Латвия, Нидерландия, Индонезия ва сиёсатмадорони хориҷӣ муроҷиат намуда истодаанд. Дар асл чунин амали давлати ҳамсоя бо истифода аз мавзуи экология воситаи фишори сиёсӣ ба КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ва иқтисодиёти кишварамон буда, мақсади асосиаш бунёди монеаҳо ба сохтмони НБО-и «Роғун» мебошад.

Даъвои навбатии давлати ҳамсоя – Муроҷиати Раиси Палатаи қонунгузории Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон, қарори қабулкардаи Парламенти Ӯзбекистон «Оид ба пешгирии вайроншавии вазъи экологӣ, олудашавии муҳити зист, таҳдид ба саломатии аҳолӣ дар минтақа бо партовҳои КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик», ки дар асоси гузориши Ҳаракати экологии Ӯзбекистон таҳия гардидааст, дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор гирифт.

Дар ҷавоб ба ҷониби Ӯзбекистон, ба ғайр аз овардани факту рақамҳо дар бораи вазъи экологӣ ва чораҳои андешида оид ба ҳифзи муҳити зист дар минтақаи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик», мо зикр намудем, ки агар ба айбдоркунии тарафайн гузарем, тарафи мо низ дар навбати худ метавонад далелҳои илман асоснок ва исботшудаи вайрон гардидани вазъи экологиро дар ҳудудҳои наздисарҳадии шимоли Тоҷикистон аз ҷониби корхонаҳои Ӯзбекистон пешниҳод намояд.

Корхонаҳои бузурги металлургӣ, заводҳои сементбарорӣ, шабакаҳои барқу гармидиҳии дар ноҳияҳои Бекобод ва Олмалиқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷойгиршуда давоми беш аз ним аср инҷониб ҳавои атмосфера ва захираҳои оби ноҳияҳои шимоли Тоҷикистонро олуда месозанд ва ба саломатии зиёда аз 600 ҳазор нафар аҳолии ноҳияҳои Спитамен, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров, Ашт ва Зафаробод таъсири манфӣ мерасонанд, ки зарари он шояд садҳо миллион доллари ИМА-ро ташкил диҳад.

Ба ғайр аз ин, корхонаи маъдани кӯҳии Олмалиқ ба заминҳои ноҳияи Мастчоҳ ва ҷангалзорҳои ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва пасобҳои заминҳои кишоварзии давлати ҳамсоя дар водии Фарғона ба сифати оби дарёи Сир ва обанбори Қайроққум ва саломатии аҳолии вилояти Суғд таъсири манфии зиёд мерасонад.

Таври амиқу дақиқ муайян кардани зарари иқтисодӣ ва таъсири манфии корхонаҳои саноатии давлати ҳамсоя ба саломатии аҳолии кишварро  ҳанӯз соли гузашта, дар асоси муроҷиати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти ҶумҳурииТоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба вазорату идораҳои дахлдор супориш шуда буд, вале он то ба имрӯз аз ҷониби мақомоти масъул пурра муайян карда нашудааст.

Дар ин давра Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Академияи илмҳо ва Академияи илмҳои кишоварзӣ бояд ҳудудҳои зери таъсири корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон қарор дошта, маълумот дар бораи мониторинги ифлосшавии ҳавои атмосфера, обҳои зеризаминӣ ва хоки атрофи  партовгоҳҳои боқимондаи коркарди маъдан, муқоисаи он бо ҳудудҳои назоратии аз он дур, таркиби кимиёвии обҳои зеризаминӣ, таркиби кимиёвии хок ва монанди инҳоро муайян мекарданд.

Муайянсозии таъсири партовҳои корхонаи металлургӣ ва сементбарории Бекобод ба муҳити зист ва саломатии аҳолӣ, тайёр кардани маълумоти оморӣ доир ба касалиҳо дар маҳаллаҳои атрофи Бекобод давоми 5-10 соли охир ва муқоисаи он бо касалиҳои деҳаҳои аз он дар масофаи 3-5 км ҷойгиршуда ва монанди инҳо вазифаи бевоситаи муштараки Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо пажуҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотиаш), Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ба ҳисоб меравад, ки бояд бе чуну чаро ва оҷилан иҷро мегардид.

Ҳисоби сарфи маблағҳо барои барқарор намудани ҳолати мелиоративии заминҳо дар хати наздисоҳилӣ, ҷамъ намудани маълумот дар бораи  истифодабарии об аз обанбор мутобиқи тақсимот байни кишварҳо, сарфи маблағҳо барои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, муайян намудани зарари иқтисодӣ ва хисороти он мебоист аз тарафи Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешуд.

Амиршо Миралиев дар идомаи суханронии худ гуфт, ки бар  замми ин дар чандин ҷаласаҳои Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон масъалаҳои гуногун оид ба ҳифзи муҳити зист, бехатарии экологӣ ва таъмини ҳифзи саломатии аҳолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, аз рӯйи натиҷаҳои онҳо дар назди мақомоту муассиса ва идораҳои дахлдор вазифагузорӣ шуда буд.

Савол ба миён меояд, ки чаро мо дар лаҳзаҳои ҳассос ва тақдирсоз нисбат ба иҷрои супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва вазифаҳои хизматиамон хунукназарӣ мекунем? Магар ҳисси баланди миллию ватандӯстии мо ҳамин қадар аст? Ҳамин аст магар садоқати мо ба халқи худ ва Сарвари давлатамон?

- Бояд ба ҳамаи ин бемасъулиятӣ хотима дода шавад. Вазифаҳое, ки то ин дам буданд ва минбаъд дар назди масъулини соҳа гузошта мешаванд, бояд сари вақт иҷро гардад. Чунки ин масъала оддӣ набуда, он ба масъалаи ору номус ва амнияту бехатарии миллӣ табдил ёфтааст, — хулоса намуд Амиршо Миралиев.

Аз рӯйи масъалаи мазкур дар назди аъзои Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон- вазири мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Бобокалонов, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Т. Салимов ва президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Илолов суханронӣ карда, андешаҳои ҷолиб пешниҳод намуданд.

Вобаста ба масъалаи дуюми рӯзномаи ҷаласаи Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон — «Ҷамъбасти даври аввали озмун оид ба мақолаҳо, филмҳои мустанад ва наворҳои тарғиботи беҳтарин дар мавзуи ҳифзи муҳити зист» А.Миралиев изҳор дошт, ки бо дастгирии роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 декабри соли 2011  доир ба ин масъала қарори дахлдори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд.

Мақсади озмун инъикоси воқеъбинонаи мавқеъ ва сиёсати экологии кишварамон ва ба ин кор бештар ҷалб намудани рӯзноманигорон, олимону коршиносон ва дигар доираҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад.

Ба мақсади тарғиби сиёсати экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инъикоси воқеъбинонаи мушкилоти экологӣ ва ҷалби доираи васеъи гурӯҳҳои эҷодӣ, журналистон, коршиносон, мутахассисон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 январи соли 2013 барои боз ҳам ҳавасманд гардонидани ғолибон барои ҷойи якум 2000 сомонӣ, барои ҷойи дуюм 1500 сомонӣ ва барои ҷойи сеюм 1000 сомонӣ маблағ ва 10 адад туҳфаи хотиравӣ ҷудо шудааст.

Дар даври аввали озмуни имсола ба унвони Комиссияи мазкур зиёда аз 30 мавод бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод гардид, ки аз онҳо 20 мақола барои баррасӣ ба аъзои Комиссия пешниҳод шуд. Мақолаҳо ба инъикоси воқеии масъалаҳои мубрами экологӣ дар дохили ҷумҳурӣ, минтақа ва ҷаҳон, муваффақияту дастовардҳо, мушкилот ва ҳамчунин ба таҳлили мушкилоти ҷудогонаи масъалаҳои экологӣ бахшида шудаанд.

Дар заминаи таҳлили амиқу доманадор мақоми якумро бо натиҷаи 72 хол барои силсилаи мақолаҳояш «Дар бораи ҳимояи НБО-и «Роғун» муҳаррири шуъбаи иқтисодиёт ва иҷтимоиёти рӯзномаи «Садои мардум» Далер Мерганов соҳиб гашт.

Ҷои дуюмро бо натиҷаи 70 хол мақолаи  «Фоҷиаи баҳри Арал» Ҳасан Асоев ишғол намуд.

Ҷои сеюм бо натиҷаи 69 хол ба мақолаи «Шумо боре ангат шинондаед?» Ҷумъа Қувват сазовор дониста шуд.

Инчунин муалифон Тиллав Расулзода барои мақолаи  «Роғун – гарант нашего светлого будущего», Ҷумъахон Наботов ва Бурҳониддин Каримов барои мақолаи «Мо ва муҳити зист» бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз карда мешаванд.

-Бояд зикр намуд, ки сифати мақолаҳои ба озмун пешниҳодшуда хубтар шуда бошад ҳам, ҳануз онҳо пурра ҷавобгӯйи мақсаду вазифаҳои озмун нестанд. Баъзе мақолаҳо хусусияти хабар ё мусоҳиба дошта, таҳлил дар онҳо камтар дида мешавад, — гуфт Амиршо Миралиев.

Дар анҷоми ҷаласа аз рӯйи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон